, Сешанбе, 23-сентябр

ОЛИМ, ОМӮЗГОР ВА МУРАББИИ АСИЛ


ОЛИМ, ОМӮЗГОР ВА МУРАББИИ АСИЛ

Шахсиятҳое, ки тамоми ҳастии хешро ба кори таълиму тарбия бахшидаанд, насли наврасро барои  хизмати мардум ҳидоят намуданд, дар ҷодаи корҳои илмию тадқиқотӣ монда нашуда, корҳои зиёдеро ба анҷом расонданд ва дар рушди илми тоҷик ҳиссагузор шудаанд,  дар шароити имрӯзаи мо кам нестанд, аммо мо  шогирдон хостем дар бораи номзади илмҳои физика-математика, дотсент, Аълочии мактабҳои СССР, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, дорандаи дипломи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2022, дорандаи чандин ифтихорномаҳо ва  сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон-Ғафоров Сатор, ки имсол ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмиашон  55-сол  пур шуд, барои 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллохи Рӯдакӣ, қатрае аз баҳр гӯем ва ӯро ба ин муносибат табрик намуда, ба ӯ қувваю саломатии бардавом дар кори пешгирифтааш таманно намоем.

Устод 13-уми феврали соли 1949 аз оилаи деҳқон дар деҳаи Шоҳбикаи ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Баъди кӯч бастан ба шаҳри Кӯлоб соли 1955 ба синфи якуми мактаби рақами 2 ба номи К. Ворошилов (ҳозира мактаби рақами 42 ба номи Хуршед Қосимов) қабул шуда, соли таҳсили  1961-62 баъди хатми ин даргоҳи маърифат ба «Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб» ба тариқи озмун дохил шуда, соли 1967 онро бо дипломи аъло хатм намуда, бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ба факултети фзика ва математика, шуъбаи физика дохил шуд. Ин факултетро низ бо дипломи аъло соли 1971 хатм намуда, бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи физикаи умумии Донишкада ба ҳайси муаллим ба кор мононда шуд. Дар давоми соли аввали корӣ имтиҳони номзадиро аз фанни философия супорида, равияи илмии худро муайян намуд ва худи ҳамин сол ӯро ба тариқи озмун ба ҳайси муаллими калон гузарониданд. Соли 1972 ба курси баландбардории ихтисос равона карда шуд ва соли 1977 ба ҳайси коромӯз-тадқиқотчӣ ба Донишкадаи техникаи электронии шаҳри Москва равон карда шуд. Мавсуф давоми панҷ сол дар ин донишкадаи бонуфуз таҳсил карда, курси аспирантураро ба охир расонд ва моҳи декабри соли 1982 рисолаи номзадии худро бомуваффақият  ҳимоя намуда, ба донишкадаи (ҳозира донишгоҳ)  худ баргашт. Инак 55- сол боз дар ин Донишгоҳи давлатии Кӯӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ фаъолияти илмӣ-омӯзгориашро давом дода истодааст. Қайд намудан лозим аст, ки дар солҳои душвори зиндагӣ бисёр муаллимон ҷойӣ кории худро тағйир доданд ва ба донишгоҳу донишкадаҳои дигари ҷумҳурӣ  рафтанд, аммо ӯ ба донишгоҳи худ содиқ монда, то имрӯзҳо фаъолияти омӯзгорӣ, илмӣ ва тарбиявии худро давом дода истодааст.

Дар давоми фаъолияти худ дар бисёр симпозиумҳо, конференсияҳои умумииттифоқӣ ва байналмилалӣ, донишгоҳию донишкадавӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар бо маърӯзаҳо баромадҳо намудааст. Зиёда аз 200 мақолаи илмӣ-методӣ ва оммавӣ нашр намудааст, ки мақолаҳои давраи аввали татқиқотиаш дар маҷаллаҳои умумииттифоқӣ, аз ҷумла, то соли 1991, қариб 80 дарсади ин мақолаҳо  дар саҳифаҳои маҷаллаҳои илмии ИҶШС, серияҳои «Физикаи ҳароратҳои баланд», «Электроника», «Электронная техника», серияи «Материалы», «Физика ва техникаи нимноқилҳо», «Неорганические материалы» ва ғайра рӯйи чоп омадаанд. Монанди: «Исследование  фазовых равновесий в системах Cd-Tl-Cv1 (CV1-Se,Te)», Москва, Изд. АН СССР, журнал «Неорганич. Материалы», т. 17, №8,1981. «Эффект Холла в расплавах    и   », «Физика и техника  полупроводников»,  т.16, № 7, 1982. «Исследование эффекта Холла в расплавах халькогенидов серебра», Ленинград, «Физика и   техника полупроводников», т. 16, № 5, 1982. «Эффект Холла в расплавах GeTe, SnTe и PӣTe», Ленинград, «Физика и   техника полупроводников», т. 16, № 7, 1982. «Эффект Холла, электропроводность  и  термо-эдс в расплавах системы  », Москва, «Электронная техника», серия 6., «Материалы», № 11, 1982. «Исследование эффекта Холла антимонида галлия вблизи температуры   плавления  в жидком состояние»,  Ленинград, «Физика и техника полупроводников»,  т. 16,  № 11, 1982. «Эффект Холла в расплавах  », Москва, «Электронная техника», серия  6, «Материалы» , № 11, 1982. «Электропроводность и коэффициент Холла в жидкомGaSӣ», Ленинград, «Физика и техника полупроводников», ,№12, 1983. «Электропроводность и коэффициент Холла расплавов теллуридов олова и свинца»,  Ленинград, «Физика и техника полупроводников»,  т. 18, № 11, 1984. «Эффект Холла, электропроводность и термо-эдс в расплавах Ge-Te», Москва, «Электронная техника», серия 6,  «Материалы», РТ№ 50, 1986.  «Электропроводность и эффект Холла в расплавах  ».   «Электронная  техника», серия 6,  «Материалы», №  3, 1987 ва ғайра.

Баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон мақолаҳои илмӣ, методӣ, дастурҳо ва китобҳои дарсӣ ба забони давлатӣ дар маҷаллаҳои Ҷумҳурӣ нашр шуданд ва шуда истодаанд. Аз ҷумла,  “Нишондодҳои методӣ аз физикаи умумӣ” барои донишҷӯёни ғоибхон, қисми 1-2, Кӯлоб, Сада-1990, 3,4ҷ.ч. «Дар хизмати   инсон» , (Ба ёрии лекторон ва мутахассисон), Кӯлоб, Сада-1990, 1,9 ҷ.ч. Физикаи молекулавӣ, (Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), Душанбе–2006, 260с. Асосҳои термодинамика ва физикаи молекулавӣ, (Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), Душанбе-2008, 272 с. Истилоҳоти мухтасари физика ва технологияи нимноқилҳо, Кӯлоб, 2010, 65 с.. Курси физикаи умумӣ (электрик ва магнетизм), (Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), Душанбе, 2011, 336с.  Физикаи нимноқилҳо ва диэлектрикҳо, Душанбе-2011, 136c. Физика, химия ва технологияҳои ҷисмҳои сахт, (Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), Душанбе -2015, 379с. Муқаддимаи ихтисос (Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), Душанбе-2016,177с. Электроникаи нимноқилӣ, (Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), К.- «Сада»-2016,183с.  Маҷмӯи масъалаҳо аз физика, (Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), Душанбе-2018, 516с. Физика ва асосҳои биофизика,  (китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), Душанбе-2018, 415с., Нишондодҳои методӣ оид ба иҷроиши корҳои лабораторӣ аз фанни физикаи умумӣ (физ.Электрик ва магнетизм), Д - 2021, 110с. «Электроника», Дастури омӯзишӣ – таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ., Д-2021, 312с., Физико-химические свойства антимонида галлия и легированные образцы вблизи температуры плавления  в твердом и  жидком состоянии, Научнй журнал, Вестник ТНУ (ISSN-2413-452X.), декабр - 2023г. (РИНЦ). Исследование электрофизические свойства в расплавах халькогенидов серебра, Научный журнал, Вестник Дангаринский государственнй университет. Д-2023. Машuулиятҳои лаборатории фанҳои дақиқ самаранокии баландро талаб доранд. //Маводи конференсияи Xумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Саҳми Пешвои миллат дар рушду нумӯи илмҳои табиию риёзӣ», Кӯлоб-2023, 15 - 16. 12.2023, Комплексное исследование электрофизических параметров чистого антимонида галлия и образцы легированных железом, //Материалҳои конф.илмӣ-назариявии Донишгоҳӣ дар мавзӯи «Нимноқилҳо–маводи асосии электроника» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» (солҳои 2020-2040) ва «Саноатикунонии босуръати кишвар» (солҳои 2022-2040). ш. Кӯлоб - 06.01.2022., Интерпретация М-модели к описанию расплава жидкого  антимонида индия, //Материалы Межлународной научно-практической конференции «Развитие математических, точных и естественных наук в современных условий: проблемы и перспективы» , 28-29 апреля 2023 года. ДГУ (Дангаринский госуниверситет), Температурные зависимости электрофизические свойства халькогенидов серебра, Вестник Дангаринского государственного университета, серия естественных наук, №1(23), Д:-2023, Таъсири ҷавҳаронӣ ба хосиятҳои электрофизикии антимониди галлий, //Маводҳои конференс. байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Энергетика соҳаи калидии рушди иқтисодиёти миллӣ», бахшида ба иди касбии энергетикҳо «Рӯзи энергетика-22-декабр» ва эълон гардидани солҳои 2020-2040-«Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», 22декабри соли 2003. ДЭТ (Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон), Полупроводниковые материалы с различным характером межатомными взаимодействиями и их свойства в расплаве, (монография), Душанбе:- изд-во 000 «Сомон-К», 2024 ва ғайраҳо.

С. Ғафоров баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб баргашт ва дар вазифаҳои  гуногун: мудири кафедраи методикаи таълими физика ва технологияи материалҳо (солҳои 1983-1984), мудири кафедраи физикаи умумӣ (солҳои 1984-1989), физикаи назариявӣ (1994-1985), декани факултаи физика (солҳои 1995-2005), сардори шӯъбаи таълим (2005-2006) ва ҳоло дар вазифаи дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ кору фаъолият дорад. Дар баробари ин вазифаҳо ӯ вазифаҳои ҷамъиятии раиси иттифоқи касабаи факултет, котиби ҳизби коммунисти факултет, раиси ташкилотҳои ҷамъиятии донишҷӯён, ҷонишини декан, аъзои ҷамъиятии назорати халқии шаҳри Кӯлоб фаъолият кардааст.

Ӯ яке аз аввалинҳо буд, ки мавзуи шартномавӣ дар байни МИЭТ ва ДДК дар ҳаҷми даҳ ҳазор рубли Шӯроӣ роҳандозӣ намуд. Ин иқдом қадами аввалин барои ташқил намудани мактаби «Физикаи нимноқилҳо» дар ДДК гардид. Инчунин ба ихтироот ва навоварӣ машғул шуда, панҷ патент доир ба ихтироот дар соҳаи физика ва технологияи нимноқилҳоро сазовор шудааст.

Устод яке аз аввалинҳо шуда, доир ба таълими системаи кредитии таҳсилот ба давлати Италия бо гурӯҳҳи корӣ сафар карда,  системаи таҳсилоти кредитии болониро омӯхта, баъди ба донишгоҳ баргаштанд.  Кормандони аввалини ин система Ғафоров Сатор-номзади илмҳои физика ва математика, дотсент, - Роҳбар, Баротов Н.И.-сардори маркази бақайдгирӣ, Хамидова Н.- роҳбар оид ба таъминоти таҷҳизотҳои лозимӣ буданд ва бо дастгирии бевоситаи ректори  донишгоҳ Аъзамов Хурсанд  Саидович –дотсент, дар аввал гурӯҳҳои курси якуми факултети физика бо қарори Шурои олимон ба системаи таҳсилоти кредитӣ гузаронда шуданд.

Солҳои 1996-1997  дар  лоиҳаи  «Рушди  иқтисодии  шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб», соли 2002-2003 дар  лоиҳаи «Рушди  иқтисодии  минтақаи Кӯлоб», аз соли 1982 иҷрокунандаи масъули  лоиҳаи «Тадқиқ ва ҷустуҷӯи материалҳои баландсамараноки нимноқилӣ», зери роҳбарии  академик С. К. Каримов  кору фаъолият кардааст. Шогирдон якҷоя шуда, мактаби нимноқилҳоро бо роҳбарии академик С. К. Каримов ташкил карда тавонистанд, ки дар собиқ Иттифоқи советӣ ва хориҷи кишвар маълуму машҳур буданд. Шогирдоне, ки дар тарбияи онҳо устод Ғафоров Сатор  хиссаи арзандаи худро гузоштааст ва онҳо доимо розигӣ ва миннатдории худро  изҳор мекунанд: Курбатов В. А.-д.и.т., профессор, Бобоев Х.Б. –д.и.т., профессор, Зуҳуров  Бек Сабурович-дотсент, н.и.п., Нуров  Қурбоналӣ-дотсент, номзади илмҳои химия,  Қурбанов Ҷ.-н.и.п.,дотсент, Хумбиев Ф.-н.и.п.,дотсент, Собиров Ҷ.-д.и.ф-м.,профессор, Исозода С. Қ., Баротов Н.И.-н.и.х. Шарипов  А. П.-н.и.т.,  Акрамова Р.Я.- мудирни кафедраҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  Парвинаи Усмон, Қаландарова Манзура н.и.п.,, Лутфияи Ҷурахон - н.и.п.,  Муҳаммад Ғоиб-шоири халқии Тоҷикистон ва бинсёр дигарон, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба ҳайси роҳбар дар  Тоҷикистони азиз  ва Федератсияи Россия  кору фаъолият доранд. Дар байни олимону муҳаққиқони Чумҳурӣ муҳтарам Ғафоров Сатор ҳамчун олими соҳаи физикаи нимноқилҳо шинохта шудааст. Ба бисёр диссертатсияҳои соҳавӣ  ҳамчун муқарризи расмӣ ва холис тақризҳо навиштааст. Зери роҳбарии бевоситаи Ғафоров С. унвонҷӯй Баротов Намоз - мудири кафедраи энергетикаи ДИТРТ  соли 2024 рисоларо барои дарёфти номзади илмҳои химия бомуваффақият дифоъ намуд ва барои давом додани татқиқотҳо фаъолият карда истодааст. Ба аспирантон, унвонҷӯён, магистрантон, коромӯзон пайваста кор ва роҳбарӣ  менамояд, аз ҷумла бо  Гулматов У. А., Назаров Т.,  Аламова Х., Раҳматова Р.  ва дигарон. Ба устоди муҳтарам саломатии бардавом ва муваффақиятҳои нав ба нав орзӯ менамоем.

Аламова Хатича- муаллими калони кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!