,
Сешанбе, 23-сентябр
Дар таърихи пурифтихори миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди мо Исмоили Сомонӣ бо бунёди аркони давлатдории миллӣ, гиромӣ доштани фарҳангу арзишҳои маънавии ниёгон ва ба сатҳи давлатӣ бардоштани забони тоҷикӣ хизматҳои шоён карда бошад, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо осори гаронбаҳо, сухани равону шево ва дурдонаҳои нодири ашъораш ба адабиёти тоҷику форс асос гузоштааст. Ин ду абармард ифтихори мо, ифтихори давлатдорию фахри миллатамон ҳастанд. Ва бо мо, бо миллати сарбаланди худ зинда мемонанд. Устод Рӯдакӣ асрҳо боз чун тараннумгари накӯкорию адолат, дӯстию рафоқат, сулҳу субот ва муҳаббати миёни одамон шуҳрат ёфта, бо унвонҳои волои Одамушшуаро, Султони мулки сухан, Соҳибқирони шоирон, Маликушшуаро, Сардафтари шеъри ноби тоҷику форс ёд мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз падидаҳои рӯшану боризи Истиқлолияти миллии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба таърихи ғанӣ ва илму фарҳанги оламшумули халқ маҳсуб меёбад. Ин, пеш аз ҳама, аз сиёсати фарҳангдӯстонаю адабдӯстонаи Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад, ки дар эҳё намудани фарҳанги миллӣ, санъату адабиёти миллати тоҷик саҳми бориз доранд.
Асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ дар тӯли умри хеш осори зиёде дар жанрҳои гуногуни адабӣ: қасида, ғазал, рубоӣ, қитьа, маснавӣ, марсия офаридааст, ки аз он рӯзгор то ба замони мо ҳамагӣ беш аз ҳазор байт боқӣ мондааст.
Яке аз жанрҳои машҳури илми адабиётшиносӣ ин жанри рубоӣ маҳсуб меёбад.
Бинобар маълумоти Раҳими Мусулмониён “Рубоӣ паҳншудатарин жанри адабиёти хаттиву даҳонии халқи тоҷик аст. «Рубоӣ» калимаи арабӣ буда, навъе аз шакли қадимии шеъри форсӣ-тоҷикӣ ба шумор рафта, ки он дар 24 навъи шаҷараи ахрабу ахрами баҳри ҳазаҷ гуфта шуда, аз ду байт, яъне аз чор мисраъ иборат аст. Мисраъҳои 1, 2 ва 4-уми он ҳамқофия буда, қофияи мисраи 3-юмаш аксар вақт озод аст”.
Аксаран сохти қофияи рубоӣ ааба, яъне мисраи сеюм аз қофия озод аст. Дар ин сурат онро рубоии хасӣ мегӯянд. Гоҳе ҳар чаҳор мисраъ ҳамқофия мешаванд, ки дар ин сурат онро рубоии тарона меноманд.
Рубоӣ ҳамчун як жанри шеърӣ яке аз шаклҳои дӯстдоштатарини шоирони форсу тоҷик маҳсуб меёбад. Адабиётшиноси эронӣ Алиасғари Шеърдӯст дар мавриди рубоӣ чунин фармудаанд: «Муттақадимон ин қолаби куҳани шеъри форсиро бештар барои баёни мазомини ирфониву фалсафӣ ба кор бурдаанд, аммо дар давраи муосир доираи мавзуоти рубоӣ густариш ёфтааст ва мазомини мухталифи ғаноӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ ҳам дар қолаби рубоӣ ба назм кашида мешавад».
Мувофиқи ишораи сарчашмаҳо асосгузори жанри рубоӣ устод Рӯдакӣ аст, аммо ин ривоят пурра қобили қабул набошад ҳам, инаш равшан аст, ки дар ташаккули жанри рубоӣ хизмати устод Рӯдакӣ бағоят бузург мебошад.
Рубоӣ дар эҷодиёти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷойгоҳи махсусеро ишғол менамояд. Рубоиҳои эҷоднамудаи шоир мавзуъҳои гуногунро фаро гирифтаанд. Ба монанди, ишқу муҳаббат, панду насиҳат, некию накӯкорӣ, бедодгариҳои замон, сабру қаноат ва ғайра.
Дар панду андарз ва ҳикматҳои Рӯдакӣ мазмунҳои умумиинсонӣ, аз қабили раҳму шафқат, рафоқату дӯстӣ, сабру қаноат, бурдборӣ, тавозӯъ, фурӯтанӣ ва хоксориро бо роҳи шикастани нафс, пешгирии орзую ҳавасҳои беҳуда ва худдорӣ аз бадию зиштиро тарғиб менамояд. Шоир бо ин роҳ дар тарбияи инсони комил ва парвардани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ то имрӯз ҳисса мегузорад. Рубоии зер исботи гуфтаҳои фавқанд:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
Дар рубоии дигар шоир аз бедодгариҳои замон шиква дорад. Чунончи:
Дар манзили ғам фиканда мафраш моем
В-аз оби ду чашм дил пуроташ моем,
Олам чу ситам кунад, ситамкаш моем,
Дасти хуши рӯзгори нох(в) аш моем.
Мавзуи ишқ дар адабиёти форсу тоҷик паҳншудатарин мавзуъ маҳсуб ёфта, шоиреро пайдо кардан муҳол аст, ки ба ин мавзуъ даст назада бошад.
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар жанри рубоӣ ишқро дар сатҳи олӣ ба риштаи тасвир кашидааст. Рубоиҳои ишқии шоир хеле самимӣ суруда шуда, шоир дар онҳо ишқи реалӣ, воқеӣ ва заминиро тавсиф кардааст. Дар рубоии зер, ки мавзуи фавқуззикрро фарогир аст, қаҳрамони лирикӣ аз оташи ишқ сӯхтанашро чунин иброз медорад:
Дар ишқ чу Рӯдакӣ шудам сер аз ҷон
В-аз гиряи хунин мижаам шуд марҷон.
Алқисса, ки аз дасти азоби ҳиҷрон
Дар оташи рашкам дигар аз дӯзахиён!
Устод Рӯдакӣ дар рубоиёташ аз саноеи бадеӣ фаровон истифода кардааст, ки ин ҷо лозим донистем чанде аз онҳоро баҳри шумо пешкаш намоем:
Санъати ташбеҳ (чизеро ба чизе монанд кардан). Дар рубоии зер рӯйи маъшуқаро ба дарё, ҳуснашро ба лаълу марҷон, ки андаруни дарё ниҳонанд, зулфонашро ба анбар, ки (моддаи муммонанди хокистарранг аст, ки аз меъдаи моҳии анбар (кашалот) гирифта мешавад ва хеле хушбӯй буда, дар саноати атриёт истифода мешавад), даҳони маъшуқаро ба садаф ва дандонҳояшро ба дурр, абрӯро ба киштӣ ва ожангҳои пешониро ба мавҷи дарё, талотуми дарёро ба зери манаҳ, яъне ғабғаб ва чашмони маъшуқаро ба тӯфон монанд кардааст. Дар ин рубоӣ фикрҳо мутаносиб афтода, таносуби сухан хеле хуб риоя шудааст. Чунончи:
Рӯят дарёи ҳусну лаълат марҷон,
Зулфат анбар, садаф даҳан, дурр дандон,
Абрӯ каштию чини пешонӣ мавҷ,
Гирдоби бало ғабғабу чашмат тӯфон.
Санъати талмеҳ (ёдовар шудан аз нақлу ривоёти гузашта). Дар рубоии зер аз достони «Юсуф ва Зулайхо», ки дар адабиёти классикии форсу тоҷик хеле машҳур аст, инчунин дар «Қуръон»-и маҷид сурае зери унвони «Юсуф» омадааст ва зебоии Юсуфтавсиф шуда, машҳури ҷаҳон гардида буд. Ин маъниро устод Рӯдакӣ дар рубоие ба мисоли зеборӯёне мисли Юсуфи канъонӣ ба риштаи тасвир кашидааст. Таваҷҷуҳ фармоед:
Юсуфрӯйе, к-аз ӯ фиғон кард дилам,
Чун дасти занони мисриён кард дилам.
З-оғоз ба бӯса меҳрубон кард дилам,
Имрӯз нишонаи ғамон кард дилам!
Санъати саволу ҷавоб - чунон санъати бадеиест, ки қаҳрамони лирикӣ худаш ҳам савол медиҳад ва ҳам посух. Ба унвони мисол рубоии зерро пешкаши шумо менамоем:
Омад бари ман. Кӣ? Ёр. Кай? Вақти саҳар.
Тарсанда зи кӣ? Зи хасм. Хасмаш кӣ? Падар!
Додам-ш ду бӯса. Бар куҷо? Бар лаби тар!
Лаб буд? На! Чӣ буд? Ақиқ! Чун буд? Чу шакар!
Ҳамин тавр, рубоиёти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун равшангари афкор ва баёнгари хулқу атвори писандида дар сатҳи баланд суруда шудаанд ва бо саҳли мумтанеъ - забону услуби содаву равон, фасеҳу ширин, мазмуни баланд ва ҷаззобияти хос доштанашон қалбу шуури ҳар як хонанда ва шунавандаро тасхир менамоянд.
Холиқова Зайналбӣ Кенҷаевна - номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ