,
Душанбе, 22-сентябр
Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Адабиёт оинаи зиндагии ҳар халқ, ифодагари орзую омол, фикру андеша, ахлоқу ҳунари ӯст. Вале дар айни замон адабиёт инъикоскунандаи андешаҳои умумибашарӣ, инсонпарварона ва созанда мебошад». Ин суханони арзишманди Пешвои муаззами миллат аҳаммияти калони адабиётро ҳамчун воситаи тарбия ва рушди маънавии ҷомеа нишон медиҳанд.
Дар ҷаҳони муосир, ки бо пешрафти босуръати илму техника ва ҳамзамон бо ихтилофу ноамниҳо рӯ ба рӯст, нақши адабиёт ҳамчун роҳнамо ва ҳидоятгар боз ҳам бештар эҳсос мегардад. Дар чунин шароит ҳар миллат мекӯшад мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намуда, фарҳангу суннатҳои миллии худро ҳифз ва муаррифӣ кунад. Халқи тоҷик аз замонҳои қадим сулҳу суботро сармашқи кори худ қарор додааст ва дар пешрафти ин раванд бузургон ва намояндагони илму адаб саҳми назаррас гузоштаанд. Махсусан, дар давраи соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи давлат ва ҷомеа ба бузургони илму адаб афзуда, рӯзҳои хотирмон ва шахсиятҳои барҷаста бо шукуҳ таҷлил карда мешаванд, ки Рӯзи Рӯдакӣ аз ҷумлаи ин ҷашнҳо ба ҳисоб меравад.
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз бузургтарин шоирон ва нахустин устоди шеъри тоҷик ба ҳисоб меравад, ки номи ӯ бо ибтидои адабиёти классикии тоҷику форс ҳамнишин аст. Дар замони Сомониён, ки забони форсии дарӣ забони расмӣ ва забони илмию адабӣ гардид, Рӯдакӣ бо истеъдоди нотакрори худ шеъру суханро ба сатҳи воло расонд. Маҳз дар ҳамин давра адабиёти тоҷик ба авҷи худ расида, дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳрат пайдо кард. Ва Рӯдакӣ ҳамчун қофиласолор ва бунёдгузори ин адабиёт шинохта шудааст.
Ашъори устод Рӯдакӣ дар баробари маънии баланди фалсафиву ахлоқӣ доштан, таҷрибаи ҳаёт, ҳунари суханварӣ ва руҳи таърихро низ инъикос мекунад. Гарчанде имрӯз тақрибан 1100 байт аз ашъори ӯ ба мо расидааст, аммо манобеи таърихӣ нишон медиҳанд, ки мероси адабии ӯ хеле бузург ва фарогир будааст.
Устод Рӯдакӣ дар жанрҳои гуногуни шеърӣ асар эҷод кардааст. Аз ҷумла, маснавиҳои машҳури ӯ «Калила ва Димна», «Синдбоднома» ва «Даврони офтоб» мебошанд. Аз ин маснавиҳо имрӯз танҳо пораҳои ҷудогона боқӣ мондаанд. Асари «Калила ва Димна» дорои аҳамияти хосса аст, зеро он масоили муҳимми ахлоқӣ ва иҷтимоиро дар шакли қиссаҳои пандомез ба хонанда мерасонад.
Дар баробари маснавиҳо, қасидаҳо низ қисми муҳимми осори Рӯдакиро ташкил медиҳанд. Маъруфтарин қасидаи ӯ «Модари май» мебошад, ки пурра то замони мо боқӣ мондааст ва 94 байт дорад. Ин қасида ба дархости амири Сомонӣ Наср ибни Аҳмад суруда шуда буд ва намунаи равшани мадеҳасароии шоир аст. Қасидаи дигари машҳури ӯ «Шикоят аз пирӣ» мебошад, ки ба эҳтимоли зиёд пурра ба мо расидааст ва дар он шоир дар бораи пирӣ ва таҷрибаи зиндагии худ сухан мегӯяд.
Ғазалҳо, қитъаҳо, рубоиёт ва марсияҳо низ дар эҷодиёти Рӯдакӣ ҷойи махсус доранд. Ғазалҳои ӯ асосан ба ишқ, шодӣ ва лаззати зиндагӣ бахшида шудаанд. Дар онҳо шодмонии ҷавонӣ, васфи маъшуқ, базму тараб ба таври равшан тасвир шудаанд.
Як ҷиҳати муҳимми саҳми устод Рӯдакӣ дар адабиёти тоҷик ин аст, ки ӯ забони шеърро аз таъсири калимаҳои арабӣ озод кард. Вай ба забони форсии тоҷикӣ содагӣ ва равонии хосса бахшид, то ки шеър барои мардум фаҳмо ва наздик бошад. Калимаву истилоҳоти тозаи тоҷикӣ ба осори ӯ ворид шуданд, ки то имрӯз низ истифода мешаванд. Бо ҳамин амали худ Рӯдакӣ шеъри тоҷикро ба сатҳи баланд баровард ва онро аз такаллуфоти зиёди услуби арабӣ раҳо сохт.
Ғояҳои асосии ашъори Рӯдакӣ ба инсон, зиндагӣ ва ҷомеа марбутанд. Ӯ дар шеърҳои худ инсондӯстӣ, адолатпарварӣ, нафрат ба зулму ситам, ишқу муҳаббат ва ватанпарвариро тараннум кардааст. Шоир ба илму дониш аҳамияти калон медод ва мардумро ба донишомӯзӣ даъват менамуд. Дар яке аз байтҳояш гуфтааст:
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст!
Ин байт нишон медиҳад, ки Рӯдакӣ донишро сипари инсон медонист ва онро қувваи бузург барои ҳифзи инсон ва ҷомеа меҳисобид.
Фарҳанг ҳамчун пояи асосии худшиносиву худогоҳӣ ва пешрафти ҳар миллат дар осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯ фарҳангро ҳамчун ганҷи бебаҳо медонад ва мардумро ба ҳифз ва густариши он даъват мекунад. Дар замони имрӯз, ки бархурди тамаддунҳо ва равияҳои гуногун зиёд шудааст, ин андеша боз ҳам муҳимтар мегардад:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ!
Мутаассифона, имрӯз баъзе ҷавонон ба фарҳанг ва суннатҳои бегона тақлид мекунанд ва ба равияҳои номатлуб мепайванданд. Устод Рӯдакӣ бо суханони пурҳикмати худ таъкид мекунад, ки инсон бояд аз гузаштаи таърих ибрат бигирад ва роҳи дурустро интихоб намояд. Ӯ мегӯяд, ҳар касе, ки аз таҷрибаи гузашта наомӯзад, ҳеҷ омӯзгори дигар наметавонад ӯро тарбия кунад.
Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Ҳикматҳои Рӯдакӣ хулосаи таҷрибаи ғанӣ ва зиндагии пурмаънои ӯст. Вай на танҳо шоири бузург, балки мутафаккири тавоно буд, ки бо суханонаш ҷомеаро ба пешрафт, сулҳу ваҳдат ва ахлоқи нек роҳнамоӣ менамуд. Ашъори ӯ барои насли наврас ва ҷавонон ҳамчун китобест, ки онҳоро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунад.
Дар шеърҳои ишқӣ ва васфии устод Рӯдакӣ маҳбуб бо ҷузъиёти нозук ва пуррамз тасвир мешавад. Масалан, дар байти зерин шоир маҳбубро бо зебоии нозук ва ҷазбанда муқоиса мекунад:
Зиҳӣ, фузуда ҷамоли ту зебу ороро,
Шикаста сунбули зулфи ту мушки сороро.
Зулфи маҳбуб бо сунбули шикаста ва хушбӯии мушк муқоиса шудааст, ки ҳам рамзи нармӣ, ҳам ҷазбандагӣ ва ҳам нозукӣ мебошад. Ин образ ба хонанда эҳсоси назокати муҳаббат ва муҳаббати шоирро ба хубӣ мерасонад.
Шеърҳои табиатнигорӣ ва фасли баҳор шодию зиндагию шукуфоии гулҳоро васф мекунанд. Омадани баҳорро Рӯдакӣ ҳамчун рамзи эҳё, шодӣ ва навсозии табиат ба қалам додааст:
Омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тиб,
Бо сад ҳазору нузҳату ороиши аҷиб.
Ин байт ҳаётан ва пурҳашаматии фасли баҳорро нишон медиҳад. Табиат мисли як арӯси пуршукуфо ва зебо тасвир шудааст, ки ҳамаи гулу наботот бо шодӣ ва рангу бӯйи аҷиб зебо шудаанд.
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои пуробу ранг тасвир гардидани шеър аз санъатҳои бадеӣ фаровон истифода кардааст, ки таъсирнокии онро афзудаанд. Чунончи, дар шеърҳои ишқии шоир дидани маҳбуб ҳамчун ид ва шодмонии абадӣ тасвир шудааст:
Як бор бувад ид ба ҳар сол ба як бор,
Ҳамвора маро ид зи дидори ту ҳамвор.
Ҳар дидори маҳбуб барои ошиқ шодии беохир мебахшад ва муҳаббатро ҳамчун ҳиссиёти ҳамешагӣ ва абадӣ баён мекунад. Мӯй ва чеҳраи маҳбуб бо гулҳо ва бунафша муқоиса шудаанд: «Зулфайни ту пайваста бунафшаст ба хирвор». Бунафша рамзи нармӣ ва зебоӣ мебошад ва муҳаббати ошиқро пурқудрат ва пурмазмун нишон медиҳад.
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчунин таъкид мекунад, ки ошиқони ҳақиқӣ бо фишор ва маҷбурӣ идора намешаванд:
Дилсухтагонро натавон баст ба занҷир,
Илло ба мадорову ба ширинии гуфтор.
Муҳаббат танҳо бо лутф, хушмуомилагӣ ва сухани ширин идора мешавад, на бо зӯрӣ ё фишор. Ин яке аз усулҳои амиқи устод Рӯдакӣ дар таълим ва нишон додани арзишҳои инсонӣ ва ахлоқӣ мебошад.
Умуман, ӯ бо истифодаи образҳои нозук, мисолҳои пуррамз ва тасвирҳои пурҳашамат хонандаро ҳам эҳсосан бедор мекунад ва ҳам ба андеша водор месозад.
Боиси ёдоварист, ки устод Рӯдакӣ на танҳо шоир, балки донишманди бузург ҳам ба ҳисоб меравад. Ӯ бо таърихи фалсафаи Юнони қадим, инчунин бо афкори фалсафии замони худ хуб ошно буд. Дар ашъори ӯ ғояҳои фалсафии моддият ва тағйирёбии олам ифода ёфтаанд. Масалан, ӯ ҷаҳонро доимо дар ҳаракат ва тағйир медонист ва бовар дошт, ки ҳар чизе куҳна шавад, нав ба вуҷуд меояд. Ин андешаро ӯ дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ» ба таври шоирона ифода кардааст:
Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест гирду гардон аст,
Ҳамеша, то бувад ойин-ш, гирдгардон буд.
Ҳамон, ки дармон бошад, ба ҷойи дард шавад,
Ва боз дард ҳамон, к-аз нахуст дармон буд.
Куҳан кунад ба замоне, ҳамон куҷо нав буд
Ва нав кунад ба замоне ҳамон, ки хулқон буд.
Басо шикастабиёбон, ки боғи хуррам буд
Ва боғи хуррам гашт, он куҷо биёбон буд...
Эҷодиёти устод Рӯдакӣ оинаи давраи пурталотуми таърихӣ мебошад. Дар он на танҳо зиндагии шахсии шоир, балки воқеаҳои бузурги иҷтимоиву сиёсӣ низ инъикос ёфтаанд. Шеърҳои ӯ гӯё ҳуҷҷати зиндаи таъриханд, ки аз вазъияти ҷомеа, сиёсати давлат ва андешаи мардум дар он давра нақл мекунанд.
Бо вуҷуди он ки аз осори Рӯдакӣ танҳо қисмати каме ба мо расидааст, ҳамон ҳам далели равшани истеъдоди нодири ӯст. Ин пораҳо нишон медиҳанд, ки устод Рӯдакӣ суханвари нотакрор мебошад, ки воқеаҳои зиндагиро на танҳо бо ҳиссиёти баланди шоирона дарк мекард, балки онҳоро бо фалсафаи амиқи худ ҷамъбаст менамуд.
Дар маҷмуъ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун сардафтари адабиёти тоҷик ва устоди маърифату ахлоқ дар ташаккули фарҳанги миллӣ ва маънавияти ҷомеа нақши бузург гузоштааст. Дар замоне ки ҷаҳони муосир бо чолишҳои фарҳангӣ, равонӣ ва ахлоқӣ рӯ ба рӯст, омӯзиши осори устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, на танҳо як амри илмию адабӣ, балки як зарурати маънавию иҷтимоӣ гаштааст. Тавре ишора рафт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкиди жарфу дорои паёми хоса ишора мекунанд, ки адабиёт оинаи зиндагии миллат ва нигаҳбони арзишҳои умумибашарист. Дар ин замина, осори Рӯдакӣ, ки сарчашмаи маърифат, ахлоқ, зебошиносӣ ва ватанпарварист, нақши беназир дар камоли рӯҳӣ ва ахлоқии наслҳо мебозад.
Ҷойгоҳи устоди Рӯдакӣ дар таърихи адабиёт на танҳо ба ҳайси «падари шеъри форсӣ», балки чун бунёдгузори мактаби фикриву ахлоқӣ низ шинохта мешавад, ки бо суханони соддаву равон, вале пурмаънӣ тавонист ҷаҳонбинии инсонро тағйир диҳад. Ашъори ӯ бо андешаи созанда, ғояҳои баланди инсондӯстӣ ва талқини донишомӯзӣ шиносномаи худогоҳии миллӣ ва маърифати ҷомеа маҳсуб меёбад. Маҳз ба ҳамин хотир омӯзиш ва таҳқиқи осори Рӯдакӣ имрӯзу фардо на танҳо як амри илмӣ, балки василаи муассири тарбияи насли бедору бедордил мебошад. Омӯхтани Рӯдакӣ-маънии ошноӣ бо хирад, ахлоқ, зебоӣ ва сулҳ аст.
Шамшоди Ҷемшед, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ