,
Душанбе, 22-сентябр
Имсол Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба 80-солагии рӯзи таъсисёбии худ мерасад. Ин санаи таърихӣ на танҳо ҷашни як муассисаи таълимӣ, балки арҷгузорӣ ба хизматҳои устодон ва шахсиятҳои барҷастае мебошад, ки бо меҳру садоқати беандоза умри худро баҳри рушду нумуи он бахшидаанд. Яке аз чунин шахсиятҳои намоён устод Расулов Нуралӣ Сангакович аст. Дар урфият мегӯянд омӯзгори асил - шахсест, ки илмро бо ахлоқ меомӯзонад, донишро бо меҳрубонӣ медиҳад ва шогирдро на танҳо донишманд, балки шахсият месозад. Расулов Нуралӣ Сангакович бо амалҳои некаш ҳамчун омӯзгори асил равшангари роҳи шогирдон, устоди зиндагӣ ва тарбиятгари ҷомеа шинохта шудааст.
Мавсуф 27 соли умри зиндагии хешро аз паи илмомӯзӣ ва ба шогирдон таълим додан дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Радакӣ гузаронидааст. Устод аз муаллими қатторӣ то ба зинаҳои роҳбарӣ ба ҳайси чеҳраи зиёӣ ва роҳбари масъулиятшинос дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Радакӣ муаррифӣ мешавад. Фаъолияти илмиву омӯзгории устод асосан ба факултетҳои физика - математика ва иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ марбут аст.
Камина солҳои 2003-2008 факултети иқтисодии ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро, ки устод роҳбарӣ мекараданд, хатм кардам ва аз соли 2008 то 2014 бо устод дар як факултет кору фаъолият кардем. Барои ман мояи ифтихор ва сарбаландист, ки дар даврони роҳбарии устод донишгоҳро хатм кардаву бо ӯ солҳои зиёд кор карда, таҷриба андухтам. Дар замони ҳамкорӣ бо устод сабақи на танҳо ҳамчун фаъолияти омӯзгорӣ, балки роҳбарӣ, сиёсатмадорӣ, дурандешӣ ва поктинативу поквиҷдониро омӯхтам.
Расулов Нуралӣ Сангакович ҳамчун омӯзгори асил ва роҳбари муваффақ дар масири пурифтихори фаъолияташон дар вазифаҳои гуногун аз ҷумла, муаллими мактаби миёнаи №26 ноҳияи Ҳамадонӣ (собиқ Москва, 1978-1979), лаборанти калон (1979), омӯзгори кафедраи алгебраи назарияи ададҳо ва ме¬тодикаи таълими математика (1979-1982), коромӯз-муҳаққиқ (1982-1984), аспиранти кафедраи алгебраи Институти давлатии педаго¬гии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) ба номи Герсен (1984-1987), муаллими калон (1987-1993), дотсенти кафедраи алгебра ва геометрия (1993-1994), муовини декани фа¬култаи иқтисодӣ (1994-1997), мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ (1997-2006), декани факултети иқтисодӣ (2006-2013), му¬дири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2013-2014), сардори раёсати таълими Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия (2014-2015). Аз соли 2015 то соли 2019 муовини аввали ректор, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ва айни замон ба ҳайси декани факултети молия ва қарзи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия таъйин шуда, кору фаъолият мекунад.
Устод Расулов Нуралӣ Сангакович ҳамчун равшанфикр ва зиёии асил ҳамеша аз пайи дониш омӯхтан, таҳқиқот бурдан ва дар ҳар фурсат аз илмомӯзӣ истифода мекунад. Фикри кушода дорад, ҳирс ба дониш дорад, дар илм фурӯтан аст, аз дониш амал месозад, илмро ба нафъи ҷомеа истифода мекунад ва хислати фарқкунандаи ӯ аз дигарон дар он аст, ки барои дарёфти фазилати илм сабру тоқат дорад. Дар мавзуи «Аппроксимат¬сияи нимгурӯҳҳои компактӣ - топологӣ бо ёрии бихарактерҳои бефосила» (1987, Киши¬нёв) рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Идо¬ракунии корхонаҳо, сохторҳои корпоративӣ дар шароити душвори иқтисодӣ» рисолаи докторӣ навиштааст. Муаллифи зиёда аз 10 асару дастури таълимӣ ва беш аз 70 мақолаи илмӣ ва илмӣ-методӣ мебошад. Расулов аввалин бор хусусиятҳои нимгурӯҳҳоеро нишон додааст, ки онҳо нисбат ба предикатҳои маъмул бо ёрии бихарактерҳои бефосила тавзеҳшаванда мебошанд. Бо нишони сарисинагии «Аъло¬чии маорифи Тоҷикистон» (2002), медали Хизмати шоиста (2021) ва Ифти-хорномаи Ҳукумати Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Бо вуҷуди ҳамаи дастовардҳо, шахсияти устод пеш аз ҳама бо хоксорӣ ва самимият маъруф аст. Ӯ шогирдонро на танҳо бо фанн, балки бо арзишҳои ҳаётӣ - масъулият, ростқавлӣ ва садоқат ба меҳнат тарбия менамояд. Ҷаҳонбинӣ ва андешаи васеъ дорад, воқеиятро бо чашми ҳақ мебинад ва ҳамеша роҳи дурустро интихоб мекунад. Ӯ на танҳо ба худ, балки ба ҷомеа низ нур мебахшад. Ҳамин аст, ки шогирдону фарзандони Устод бо роҳи илмомӯзӣ ва касби пуршарафи омӯзгорӣ машғул шудаву инсонҳои соҳибилму шахсиятҳои бофарҳангӣ ҷомеа шудаанд. Мо шогирдон ӯро ҳамчун шахсияти нексиришт, роҳнамои боэътимод ва инсони бофазилат ёд меорем.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки устод беш аз 3 даҳсола умри пурбору бобаракати худро дар донишгоҳҳои Россия ва Тоҷикистон гузаронида, таҷрибаи ғании омӯзгорӣ ва пажӯҳишии худро дар сатҳи байналмилалӣ татбиқ кардааст. Ин фаъолияти берунмарзӣ эътибори ӯро ҳамчун олими фарҳехта ва омӯзгори асил боло бурдааст. Имрӯз, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷашни 80-солагии таъсисёбиашро таҷлил менамояд, саҳми ин омӯзгори асил ва фидоии роҳи илму дониш-Расулов Нуралӣ Сангакович, дар рушди илму маориф ва хидматҳои шоёни ӯ дар факултетҳои физика-математика ва иқтисодӣ бо ифтихор зикр карда мешавад. Ӯ аз зумраи он шахсиятҳоест, ки номи эшон бо саҳифаҳои равшани таърихи донишгоҳ ҳамеша ҳамсадо боқӣ хоҳад монд.
Вазирзода Дилором Раҷамат, номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсенти кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ