,
Душанбе, 22-сентябр
Сарзамини Тоҷикистон диёри мардони баруманд, фаҳрехта, донишманд ва муаддаб мебошад. Чунин хислатҳоро яке аз олимони намоёни тоҷик Расулов Нуралӣ Сангакович доро мебошанд. Чун ба рӯзгори ин донишманди асил назар меафканем саҳифаҳои умри пурбаракат ва пурмаҳсули ин шахсияти донишманд пеши назар меояд.
Сафари илмиву маърифатии устод аз мактаби миёнаи рақами 5-и шаҳри Кӯлоб оғоз ёфт. Солҳои 1963 то 1973 дар рӯҳи меҳнатдӯстӣ ва садоқат ба дониш парвариш ёфт. Ӯ роҳи илмро дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) пайгирӣ карда, соли 1978 бо дипломи факултаи физика-математика дар даст, вориди саҳнаи таълиму тарбия шуд.
Пас аз хатм, роҳаш ба омӯзгорӣ дар мактаби миёнаи №26 ноҳияи Ҳамадонӣ (собиқ Москва) бурд. Дар ҳамон даврон тухми аввалини муҳаббат ба таълиму тарбия ва шогирдпарвариро кошт. Аз ҳамон лаҳза, ӯ худро ба маънои томи калима ба маориф ва илм бахшид.
Расулов Нуралӣ Сангакович, ки аз оғоз ошиқи илм буд, баъди таҷрибаҳои омӯзгорӣ ба кори илмӣ ворид шуд. Ӯ ҳамчун лаборанти калон, омӯзгори кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо фаъолият дошт ва солҳои 1982-1984 коромӯз-муҳаққиқ буд. Ин муҳит муҳаррик ва заминае шуд барои роҳи ҷиддии илмии ӯ.
Ӯ барои таҳсили аспирантура ба Донишкадаи давлатии педагогии Ленинград ба номи А.И. Герцен (ҳоло Санкт-Петербург) рафт ва дар соли 1987 бо муваффақият рисолаи номзадиро дар мавзуи муҳими назариявӣ, «Аппроксиматсияи нимгурӯҳҳои компактӣ-топологӣ бо ёрии бихарактерҳои бефосила» дифоъ намуд. Ин мавзуи камназир ва мураккаб, яке аз бахшҳои муҳим дар математикаи назариявист, ки танҳо шахсони боистеъдод метавонанд онро амиқ дарк ва таҳқиқ кунанд.
Ӯ аввалин шуда хусусиятҳои назариявии нимгурӯҳҳои муайянро муайян кард, ки тавассути бихарактерҳои бефосила метавонанд шарҳ дода шаванд. Ин таҳқиқот дар илми муосир дорои аҳамияти назаррас гардида, номи устодро ба феҳристи олимони пажӯҳишгари соҳа ворид намуд.
Баъди бозгашт аз Ленинград, устод дар зинаҳои баланди илмӣ ва маъмурӣ фаъолият кард: муаллими калон, дотсент, мудири кафедра, муовини декан, декан ва дар ниҳоят, муовини ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия оид ба таълим. Ҳамаи ин зинаҳоро ӯ бо меҳнат, тавозӯъ ва салоҳият паси сар намуд.
Дар баробари таҳқиқоти тоза дар риштаи математика, таваҷҷуҳи ӯ ба иқтисодиёт ва менеҷмент низ равона гашт. Ӯ дар мавзӯи идоракунии сохторҳои корпоративӣ дар шароити душвори иқтисодӣ корҳои ҷиддии илмӣ анҷом дод ва дар ҳамин самт рисолаи докторӣ таҳия намуд.
Ин ҷо низ, устод на бо назария, балки бо пайванди қавии назария ва амал роҳ пеш гирифт, роҳе, ки имрӯз ба омӯзгорону муҳаққиқон пайваста таъкид менамояд: «Илм бояд барои ҷомеа хизмат кунад».
Устоди азизи мо дар баробари омӯзгорӣ ва таҳқиқот, муаллифи 4 китобу дастури таълимӣ ва беш аз 30 мақолаи илмӣ ва илмӣ-методӣ мебошад. Ӯ дар ин муддат садҳо шогирдро тарбия кард, ки имрӯз дар гӯшаҳои мухталифи кишвар ва хориҷ фаъолият доранд.
Ҳамзамон, меҳнати устод бо мукофотҳои давлатӣ ва илмиву касбӣ қадр шудааст: Нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2002), медали Хизмати шоиста (2021) ва Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - гувоҳи заҳмати содиқонаи ӯст.
Ҳар кӣ бо устод Расулов ҳамсуҳбат шуда бошад, хуб медонад, ки дар вуҷуди ӯ на танҳо илму дониш, балки инсоният, муҳаббат ба одамон, ростгӯӣ ва садоқат маскан дорад. Ӯ дар баробари устод будан, падарвор бо шогирдон муносибат мекунад, онҳоро рӯҳбаланд мекунад, дастгирию раҳнамоӣ мекунад ва ба роҳи дуруст мебарад.
Дар симои ӯ на танҳо устоди донишгоҳ, балки шахсияти миллӣ, ватандӯст ва меҳандӯст қарор дорад. Фаъолияти устоди арзишманд, шахси ҳалиму хоксор, ростқавлу ҳақиқатгӯ ва сиёсатдон намунаи ибрат буда, барои мо шогирдон мактабест, ки меҳнатдӯстӣ, пуртоқатӣ, устуворӣ, тамкину таҳаммул, меҳру муҳаббат ва хислатҳои неки инсониро меомӯзад.
Абдуллозода Хусрав, муаллими калони кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ