, Якшанбе, 22-декабр

БА ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ДИҚҚАТИ ҶИДДӢ ДОДАН ЛОЗИМ АСТ

 15.02.2023 292

БА ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ДИҚҚАТИ ҶИДДӢ ДОДАН ЛОЗИМ АСТ

Муносибат  нисбат  ба  ватану  ватандӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ҳувияти миллӣ  ҳамчун   арзиши олӣ, ҳеҷ гоҳ  дар ягон  ҳолати  ногувори  ҷамъиятӣ  бояд  аҳамияти  худро  гум  накунанд  ва баръакс, шахсият, ҷамъият ва давлатро ҷиҳати бартараф  намудани  ҳама гуна мушкилоту санҷишҳои таърих раҳнамун созад.

Асри XXI  асри пешрафти технологӣ  буда, ҷавонон дар муқоиса  бо  дигар  қишрҳои  ҷомеа бо  технологияи  иттилоотии муосир  бештар  иртибот доранд.  Дар  ин айёми бисёр  ҳассос,  ки  баҳсу   талошҳои   мафкуравӣ   вусъат  ёфта  истодаанд,  ҷавононро  зарур аст,   ки   худгоҳ, хештаншинос ва қавииродаю  таҳаммулпазир   бошанд, то дар  ҷодаи зиндагӣ ва пешрафту рушди  ҷомеаи  тозабунёдамон  ба иштибоҳе   роҳ   надиҳанд.

Ҳеҷ ҷойи  пӯшида нест, ки дар  ҷомеаи мо ҳанӯз  ҳам ақидаҳое  ҳастанд,  ки решаи онҳо аз  хориҷсероб  гардида (бахусус,  тавассути   шабакаҳои   интернетӣ),  ҳарчанд  қонун манъ карда бошад  ҳам,  бо  кӯмаки  баъзе  нотавонбинони  камхиради   дохилӣ  ҷойгоҳ  пайдо  намуда,  ҷаҳони маънавии  ҷавононро заҳролуд карданӣ мешаванд. Дар байни ҷавонон ҳастанд  нафароне, ки ба равияҳои гуногуни динӣ тамоюли кӯр-кӯрона дошта, гирифтори ташвиқу тарғиботи онҳо мегарданд ва ба роҳи хато, ба роҳи нобахшиданӣ мегузоранд.

Сабаб дар чист, ки қисме аз ҷавонон ба ин гуна ҷараёнҳо гаравида, ҷони худ ва дигаронро дар хатар мегузоранд. Ба ақидаи мо, ин гуна ҷавонон, аввалан, тарбияи дурусти оила ва мактабро надидаанду дониш, фаҳмиш ва ҷаҳони васеи маънавӣ надоранд. Баъдан, на ҳамаи  ҷавонон иттилоот ва дониши тавассути шабакаҳои интернетӣ ба даст овардаашонро қудрати мустақилона ташхису таҳлил кардан доранд. Инчунин, зудбовар  ва то ҷое ҳасуду дунёпарастанд.

Рӯ овардан ба хештаншиносӣ  ва ватанпарастӣ  ҳамчун  арзиши олӣ, ки аҳамияти худро дар ҳеҷдавру замон накардааст, дар рафъи ҳама гуна имтиҳонҳои душвори  таърих, ки ба сари инсоният  омадааст, шароити сазгор фароҳам месозад.

Ватандӯстию ватанпарастӣ  ва худогоҳиву  худшиносии миллӣ  аз хислатҳои хуҷастаи инсонист, ки имрӯз аз дирӯз дида, бештар  ахамият касб карда истодааст.

Ҳодисаҳои нангини Ироқу Сурия, Афғонистон моро, алалхусус, ҷавонро ҳушдор месозад, ки Ватани осудаву ободамон Тоҷикистони азизро аз пештара бештар дӯст дорем, хубу аъло таҳсил намуда, соҳибкасб  гардида, манфиатҳои халқу миллати хешро ҳимоятгар буда, нагузорем, ки боди самуме сӯйи сарзамини биҳиштосоямон вазад.

Ба гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро шомил гардидани чанде аз ҷавонони ҳамватани мо (гарчанде шумораашон кам бошанд ҳам), шаҳодати бепарвоӣ ва беаҳамиятии қисме аз оилаҳо ва муҳити тарбияи нодуруст нисбат ба онҳо мебошад. Бешубҳа, чунин ҷавонон  тарбияи дурусту  қаноаткунанда  надидаанд. Ин гурӯҳи ҷавонони  гумроҳу ба ғалат рафта пас аз дарки  воқеияти ҳаракатҳои  ифродгароёна ва характери зӯроварию қатлу ғорат доштани амалҳои гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро ба худ омада, аз кардаи худ сахт пушаймон мешаванд. Андактар хуб мефаҳманд, ки на танҳо ҳаёти ҷомеа, балки ҳаёти худ ва аҳли оилаашонро низ мувоҷеҳи хатар сохтаанд. Пушаймон мешаванд, вале пушаймонӣ суде намеорад.

Ба ҷавонони саодатманди ҷомеаи хушрӯзамон лозим меояд, ки дар либоси илму дониш мусаллаҳ гардида, дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ, алалхусус, барои инкишоф ва рушди соҳаи маориф, ки калиди ҳама гуна пешравию муваффақиятҳост, ба қадри имкон саҳм гузорем, зеро бидуни илми дунявӣ рушду нумӯи миллату Ватан ғайриимкон аст. Бахши аъзами кишвари моро ҷавонон ташкил медиҳад, аз ин рӯ,  андешаи солим ва дар мизони ақл баркашидашудаи онҳо барои миллати тоҷик ва рушду нумӯи ояндаи он хеле заруру муфид мебошад.

Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ва ояндаи неки онҳо бовар намуда изҳор доштанд: «… мо бояд дар замири насли ҷавон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро талқин  намоем, то онҳо тавонанд дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд».

Ба ҷавонон зарур аст, ки тавассути андешаи солим амал намуда, барои таҳким бахшидан ва пуштибонӣ намудани гуфтаҳои Сарвари кишвар ҷаҳд намоем, то миллату Ватан аз мо розӣ бошаду сарфарозӣ намоянд. Фаромӯш набояд кард, ки мо бояд аз афкори беҳуда ва беасос дур бошем, зеро мафкураи поку солим ва нерӯҳои зеҳнӣ ба пешрафту тараққиёти кули ҷабҳаҳои ҷомеа мусоидат менамояд.

Абдуҷаббори САФАРАЛӢ, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат