, Ҷумъа, 19-сентябр

ГУЛЧЕҲРА МУРОДОВА-ЧЕҲРАИ НАМОЁНИ ИЛМ ВА ТАРБИЯ


ГУЛЧЕҲРА МУРОДОВА-ЧЕҲРАИ НАМОЁНИ ИЛМ ВА ТАРБИЯ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи беҳбудӣ, шароити кору зиндагии занон ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш масъалаи занонро мавриди таҳлил қарор дода, роҳҳои ҳалли баланд бардоштани мақоми занро баён менамоянд: «Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад. Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст».

Аз ин рӯ истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан - модар дар ҷомеа тамоми имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд.

Таҷрибаи ҳаёт ва таърихи башарият собит месозад, ки дар ҳар кишваре, ки ба модарону бонувон арҷи бештар гузошта мешавад, аҳолии он осудаву пешрафта мебошад.

Бо ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ  илми тоҷик рӯ ба инкишоф ниҳода, дастовардҳои олимони моро дар риштаҳои илмҳои дақиқ, табиӣ-риёзӣ ва фанҳои ҷамъиятшиносӣ мавриди истифодаи доираи васеъ  қарор медиҳанд ва донишмандони мо низ дар раванди таълиму тарбияи ва баланд бардоштани савияи илмии донишҷӯёну унвонҷӯён ва докторантон (PhD) хело назаррас аст. Маҳз аз зумраи чунин омузгорон муаллимаи Муродова Гулчеҳра  Рузибоевна  мебошад.

Муродова Гулчеҳра 6 сентябри соли 1969 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Ӯ соли 1991 факултети забонҳои шарқ, шуъбаи форсии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи №30 шаҳри Панҷакент оғоз карда, солҳои 1991-1993 дар он ҷо фаъолият намудааст. Баъдан дар мактаби миёнаи №71-и ҳамин ноҳия (1993-2001) ва дар мактаби миёнаи №4-и ноҳияи Қубодиён (2001-2004) ҳамчун омӯзгор кор кардааст. Аз соли 2005 то 2008 ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ буда, баъдан солҳои 2008-2009 ҳамчун муаллими калон ва мудири шуъбаи аспирантураи донишгоҳ адои вазифа намудааст. Солҳои 2011-2012 ҳамчун мутахассиси шуъбаи равобити байналмилалӣ ва аз соли 2012 то 2018 дар вазифаи мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ифои вазифа кардааст.

Аз соли 2012 то 2017 ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ» буд. Ӯ дар вазифаҳои масъул, аз ҷумла декани факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ (сентябри 2017 - декабри 2017), мудири кафедраи таърих, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ (январи 2018 - декабри 2018), мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ (2018-2024) фаъолият намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2024 то имрӯз мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.

Муродова Гулчеҳра соли 2012 рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Ҳизбҳои сиёсӣ дар шароити тағйирёбии ҷомеа»  (Таҷрибаи Тоҷикистон) дифоъ намуда, дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсиро соҳиб шудааст. Таҳқиқоти илмии ӯ ба масъалаҳои фаъолияти ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷомеа, ки яке аз масъалаҳои муҳими сиёсатшиносӣ маҳсуб мешавад, бахшида шудааст. Муаллифи як монография, як китоб, 6 дастури таълимӣ ва зиёда аз 60 мақолаи илмию пулисистӣ мебошад. Бо нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон”(2006) қадр карда шудааст.

Муродова Г. бо мақола ва рисолаҳои илмии худ ба инкишофи илми шарқшиносии тоҷик, аз ҷумла сиёсатшиносӣ саҳми намоёне гузоштаанд. Яке аз хизматҳои дигари муаллима ин тарбия намудани шогирдонашон мебошад. Бо роҳбарии ин донишманди пуркор чандин шогирдон рисолаҳои илмии худро ҳимоя намуда, саҳми худро дар рушди илми сиёсатшиносӣ гузошта истодаанд. Банда низ яке аз шогирдони муаллима Муродова Г.,  буда, бо роҳбарӣ ва дастгириҳои бевоситаи ин муаллимаи донишманд  рисолаи номзадии навишта, ҳимоя намудам.

Дар воқеъ Муродова Г. шахси донишманд, боирода, хоксору самимӣ буда, дар ҳалқаи шогирдон ба мисли офтоб дурахшон аст. Андар шинохти муаллимаи донишманд ва нуктасанҷ сухан басандагӣ намекунад, зеро ин муаллимаи изатманд устодест барои тарбияи насли ҷавон. Ва мо шогирдон шарафманд аз онем, ки бо ин муаллимаи нексиришт кору фаъолият менамоем. Маҳз дасгириҳои пайвастаи муаллима Муродова Г., буд, ки мо қадам бар Донишгоҳ ниҳода ба як зинаи муайяни рӯзгор расидем.

Яке аз натиҷаҳои меҳрубонияшон ин буд, ки ҳангоми дарс гуфтанашон дар шуъбаи докторантура (PhD)  ба мо пайваста насиҳат менамуданд, ки ҳар чӣ зутар Шумо кори илмиатонро ҷамъбаст намуда, сазовори дараҷаи илмӣ шавед. Бо чунин андешаҳои созгори муаллима мо комёб шудем.

Воқеан муаллима модари хоксор, нексиришт, кордон ва ҳимматбаланд ҳастанд.

Муаллимаи меҳрубони мо ҳамеша тансиҳату сарбаланд бошед.

Файзов Рамазон, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!