,
Панҷшанбе, 18-сентябр
Кулли халқҳои мутамаддини олам таърих, забон, фарҳанг, урфу одат ва адабиёти худро доранд, ки аз якдигар бо хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунанд. Мардуми тоҷик низ чун дигар халқиятҳои ориёнажод дорои тамаддун, фарҳанги қадима ва адабиёти пурғановати бостонӣ мебошад. Ин миллат дар радифи халқҳои бузурги ҷаҳон дар симои поягузорони назми классикии тоҷику форс ва саромадони адабиёти муосири тоҷик ба ганҷинаи адабиёти ҷаҳон ҳиссаи муносиб ҳамроҳ кардаанд.
Яке аз чеҳраҳои шинохтаи фарҳангӣ, ки аз нимаи дуюми асри XX ин ҷониб бо ашъори пурмуҳтавои худ дар густариши муносибатҳои ҳасанаи инсонӣ, арзишҳои миллӣ, эҳсоси ватанпарастӣ, таҳкими сулҳу дӯстӣ, дар таълиму тарбия ва завқи баланди хонандагони тоҷик нақши созгор гузоштааст, Алимуҳаммад Муродӣ мебошад.
Алимуҳаммад Муродӣ 3-юми августи соли 1945 дар деҳаи Қавоқи ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ба гуфти худи шоир «Аз рӯйи нақли калонсолон, дар замонҳои пеш замине, ки ҳоло деҳаи Қавоқ дар он ҳаст, ҷойи машқи тирпарронии сарбозони рус будааст. Чун ин машқгоҳро қавоқ (яъне ҷойи машқи тирандозӣ) мегуфтаанд, номи деҳа ҳам аз он гирифта шудааст».
Хурдсолии Алимуҳаммад Муродӣ дар ду деҳа яке деҳаи Қавоқи ноҳияи Шурообод (ҳозира Шамсиддини Шоҳин) ва дигаре деҳаи Саркокули ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузаштааст. Шоири оянда таҳсили миёнаро аввал дар деҳаи Саркокул баъдан, бо тарғибу ташвиқ ва кумаки директори ин мактаб Ҷиён Раҳмон, дар мактаб-интернати деҳаи Саричашма мегирад.
Шоир лаҳзаи барои идомаи таҳсил ба мактаб-интернати «Коммунизм» азми сафар карданашро чунин ба қалам додааст: «Ин хайру хуш бо деҳа, деҳае, ки хушиву нохушӣ, бозиву мастиҳои кӯдакиям гузашта буданд, хайру хуш бо айёми тифлӣ, оғози сафар ба як фардои нав, дунёи нав буд. Фардои номаълум пур аз умеду орзуҳои шуниданиву ношуниданӣ, дунёи пур аз шикасту рехт, пур аз афтодану нашкастану хестан, пур аз азму ҷазму саъю талош, бохтанҳову сохтанҳо, сӯхтану гудохтанҳо:
Аз диёри кӯдакӣ вақте ки мерафтам
Бо раҳи хам дар хами ноошнои сабз,
Сӯйи як фардо,
Рӯ ба як фардои дури дур,
Аз чароғи орзу пурнур,
Сӯйи як фардои ғарқи гул,
Зиндагии онқадар аз орзу пур-пур,
Ки дар он як гарди навмедӣ намеғунҷид,
Гарчи, медидам, намедидам,
К-осмони деҳа гирён буд,
Бод менолид,
Раъд меғуррид,
Барқ метаркид,
Саддаи танҳои нимахушк
Аз канори деҳа ҳамчун модари пирам
Даст меафшонду меларзид,
Зери борон буд,
Гӯиё як обшори сабзи ларзон буд…».
Таҳсилро дар мактаб-интернати Саричашма, ки директориашро дар он замон Фаттоҳ Самад бар уҳда дошт, давом дод. Алимуҳаммад Муродӣ аз хурдсолӣ ба шеъру шоирӣ ҳавсалаи зиёд дошта, бештар завқи шеърофарӣ дар дилаш дар ҳамин мактаб-интернат пайдо шуда буд, ки худи шоир дар ин масоил мегӯяд: «Аз синфи мо се нафар машқи шеър мекардем. Ман, Аламхон Кӯчаров (ҳоло доктори илми филологӣ, узви вобастаи Академияи улум, профессор) ва Гадобегим Сайфуддинова». Дар мактаб-интернати Саричашма ба монанди Алимуҳаммад Муродӣ дигар шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ аз қабили Кӯчарзода Аламхон, Давлат Халифа, Шаҳбоз Кабиров, Ҳабибулло Солеҳ, Абдуллоев Маҳмуд, Сайдаҳтам Юнус, Набӣ Муродалӣ, Давлатманд Хол, Муқим Салим, Ҷумъахон Сафар таълиму тарбия гирифтаанд.
Соли 1964, пас аз хатми мактаб-интернат Алимуҳаммад Муродӣ ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) супорида, баъд аз хатми донишгоҳ бо рутбаи лейтинантӣ соли 1969 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ равона шуда, соли 1971 аз сафи Қувваҳои Мусалаҳи Иттиҳоди Шуравӣ ба сифати афсари қушунҳои пиёдагард баргашт. Аввалин фаълияти кории Алимуҳаммад Муродӣ дар ноҳияи Ёвон ба сифати муаллими омодагии ҳарбӣ ва муаллими забони тоҷикӣ дар синфҳои русӣ буда, баъдан солҳои зиёде дар матбуот кор карда, чанде сармуҳаррири рузномаи «Ҳақиқати Ёвон»-и ноҳияи Ёвон, мудири шуъбаи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қурғонтеппа», сармуҳаррири редаксияи мусиқии телевизиони ҷумҳурӣ, муҳаррири рӯзномаи «Ҳафтганҷ», мудири шуъбаи нақди адабии маҷаллаи «Садои Шарқ» будааст. Ҳоло дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кору зиндагӣ мекунад.
Ба дафтар коштӣ тухми муҳаббат,
Нагардад номи некат асрҳо гум.
Равону сода эҷоди ту бошад,
Куҷо сераст аз шеъри ту мардум?!
Фаъолияти эҷодии устод Алимуҳаммад Муродӣ аз овони мактабхонӣ шуруъ шуда, аввалин намунаи эҷодиёташ солҳои 70-уми асри гузашта дар рӯзномаю ҳафтанома, маҷалаҳои ҷумҳуриявӣ ба табъ расидаанд.
Эҷодиёти Алимуҳаммад Муродӣ дар қолабҳои мухталиф эҷод шуда, мавзуъҳои гуногунро фаро мегиранд. Ба ашъори шоир шоирону адабиётшиносон, муҳаққиқон ва суханварони дохилию хориҷӣ баҳои баланд дода, доир ба услуби нигориши шоир фикру андешаҳои ҷолиб пешниҳод кардаанд. Дар баробари ашъори суннатӣ дар эҷодиёти Алимуҳаммад Муродӣ шеъри нав ҷойгоҳи ба худ хос дорад. Ба андешаи адиб Муҳаммадалии Аҷамӣ: «Шоир (А. Муродӣ – А.И.) дар жанрҳои гуногуни суннатӣ ҳунари худро таҷриба кардааст, аммо бояд гуфт, ки ӯ дар миёни ҳаводорони шеър бештар бо шеърҳои нимоияш шинохта шудааст».
Доир ба ашъори нимоии Алимуҳаммад Муродӣ адабиётшиносӣ Эрон Алиасғари Шеърдӯст чунин андеша дорад: «Аз шеърҳои Муродӣ чунин бармеояд, ки ӯ бо шеъри нави Эрон ба хубӣ ошност. Метавон иддао кард, шеъри Муродӣ заминаи бумӣ надорад ва аз ҳамон забону фазои шеъри имрӯзаи Эрон бархурдор аст». Ба андешаи дигар адабиётшиносон, ашъори Алимуҳаммад Муродӣ дорои заминаи бумии пурқуввате мебошад.
Албатта, дар эҷодиёти ҳар як шоири асил мавзуъҳои муҳим ва актуалӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор мегиранд. Алимуҳаммад Муродӣ низ бештар бо эҷодиёти рангоранги худ чи дар ашъори суннатӣ ва чи дар шеъри нимоӣ тараннуми Ватан ва ватандорӣ, сулҳу дӯстӣ, ишқу муҳаббати инсонӣ, васфи табиат ва муҳити зисти ҷомеаро мавриди андеша қарор додааст. Ҳамчунин, дар эҷодиёти шоир кутоҳандешиву кутоҳбаёнӣ мавқеъ дорад. Ба андешаи профессор А.Кӯчарзода: «Фишурдаи тасвир, ки ба он шоир муваффақ гаштааст, аз хонанда завқи баланди бадеӣ ва қобилияти расои маънирасиро тақозо дорад, то ӯ муносибати нозуку рамзҳои бадеиро ба ҳаёти пуршури воқеӣ муайян карда, ба умқи маънигириҳои мусаввир расида тавонад».
Дар шеъри «Давлати ватандорӣ» шоир бо роҳи истифодаи моҳиронаи воситаҳои тасвири бадеӣ бо кутоҳбаёнӣ маънии дилчаспу баланди фалсафиро ғунҷонидааст:
Аз ватан рафтагон чӣ меоранд?
– Сарвати пур зи хориву зорӣ.
Дар ватанмондагон чиро доранд?
– Давлати заҳмати ватандорӣ.
Маҳсули қалами Алимуҳаммад Муродӣ тавассути маҷмуаҳои «Дастниҳол», «Боғи мурод», «Нози Наврӯз», «Чароғи рӯзадор», «Роҳи рух», «Хайрбоди баҳор», «Моҳи хасрав», «Шафақи шом» ва асари тарҷумаиҳолии «Сияҳҷангал», «Хирмани умр», инчунин чандин маҷмуаҳои дастҷамъӣ дастраси хонандагон ва ҳаводоронаш гардонидааст. Қисме аз намунаҳои осори устод Муродӣ бо забони русӣ ва узбекӣ ба табъ расидааст.
Соли 2005 адиб барои китоби «Хайрбоди баҳор» сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст ва дар пешгуфтори ин китоб дар хусуси шеър овардааст: «Шеър маро ҳангоми каландзанӣ дар саҳро, суҳбат бо мардум, андешаву мушоҳидаҳои зиндагӣ, шодиву ғам дармеёбад ва маҷбурам мекунад, ки қалам ба даст гирам». Баъдан, ба ҷоизаи Шамсидини Шоҳин ва медали «Барои шуҷоат» мукофонида шудааст.
Аз соли 1987 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони Шоири халқии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.
Азимов Исматулло-магистранти курси 2-юми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ