,
Якшанбе, 10-ноябр
Ҷаҳони муосир бо суръати баланд дар ҳаракат аст ва ба он таҳаввулоти ҳарлаҳзаина хос мебошад. Шумори ҳарсонияи иттилоот ончунон дар афзоиш аст, ки дигар инсон қобилияти фарогирии онро надорад. Тарбияи инсон дар чунин шароит ба маротиб душвор гардидааст. Омилҳои таъсиррасонии беруна ва иттилооти заҳролудсоз ба инсоният хоҳу нохоҳ ворид мешавад ва ӯро аз кашишҳои меъёрӣ берун месозад. Таълиму тарбияи муосир нисбат ба омилҳои дигари аз онҳо берун то андозае қафо мондааст. Ҷомеаи башарии муосирро хатарҳои зиёд домангир аст. Ҷиҳати фоҷеабори ин хатарҳо боз аз он ҷониб мушкилотро меафзояд, ки онҳо диққати оммаро ба худ ҷалб менамоянд ва дар миёни он буданро ба шахсиятҳои беирода талқин менамояд.
Ифротгароӣ ва дараҷаи олии он терроризму экстремизм ба проблемаҳои глобалии инсоният ворид гардиданд ва онҳо ҷомеаи солими инсониро зери хатар мегузоранд. Мусаллам аст, ки инсони ватандӯст, миллатпарвар, бошараф ва бонангу номус ҳеҷ гоҳ вориди ин доира намешавад ва ҳамеша дар муқобили он истодагарӣ мекунад. Аз дигар тараф мебинем, ки теъдоди ифротгароён тадриҷан меафзоянд.
Новобаста ба ҳама он таасуроте, ки ба одамон мактаб, ҷомеа ва оила медиҳад гароишҳо ва гурӯҳу созмонҳо афзоиш ёфта истодаанд. Барои он ки мо бо ифротгароён ва ифротиҳо мубориза барем, бояд решаи ин ваборо дарёбем ва барои решакан намудани он муташакилона ва беамон мубориза барем.
Омилҳои зиёдеро номбар кардан мумкин аст, ки сабабгори ифротӣ шудани одамон, бахусус қишри ҷавонони ҷомеа мегарданд.
Яке аз омилҳои асосии ба ифротгароӣ мубтало гардидани ҷавононро мо дар тарбияи оилавӣ ва бахшиши ҳаёти ройгон ба фарзандон мебинем.
Ҳама ба як овоз мегӯем, ки барои фарзандон беҳтарин шароитҳоро муҳайё намоем, ки онҳо илм омӯзанд, соҳибмаърифат гарданд, тарбияи дуруст гиранд. Аз дигар тараф нигарем, аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил мешаванд, ки волидайн барояшон тамоми шароитҳоро муҳайё мекунанд ва онҳоро чун гул парвариш карда, масъулиятҳои ҳаётиро аз дӯши онҳо мегиранд.
Имрӯз баъзан ҷавонон аз телефонҳои мобилию компютерҳо ва шабакаҳои интернетӣ нодуруст истифода мекунанд. Аз сӯҳбати ҷавонон дармеёбем, ки онҳо ин воситаҳоро на ба манфиати хеш ва ҷомеа, балки ба зарари худ ва ҷомеа истифода, мекунанд. Кадоме аз волидони мо аз фарзанд мепурсад, ки аз телефон ё компютер чӣ баҳра гирифтӣ? Қонунҳое, ки имрӯз ҷомеа барои истифодаи воситаҳои муосири иттилоотӣ маҳдуд сохтан ба тасвиб расонидааст, аксаран иҷро намегарданд.
Зеҳни баъзе ҷавонон ба киштгоҳи иттилооти носолим табдил ёфтааст. Онҳо худро дар озодии мутлақ тасаввур мекунанд ва бешарафии зумра ё гурӯҳеро, ки алайҳи ҷомеаи солим мубориза мебаранд, мояи ифтихор меҳисобанд ва нисбати қувваҳои зиндагисоз ва бунёдкор тамасхур мекунанд.
Шумораи хонандагон ва донишҷӯёне, ки барои адои вазифаи худ масъуланд дар ҳолати коҳиш аст. Ин омил воситаи хатарзо аст. Вақте ки хонанда ё донишҷӯ бори масъулияти хешро кашидан намехоҳад, хоҳ нохоҳ кашиши дигаре ӯро ба доми хеш меафканад. Аҳли ҷомеа нисбати масъалаи таълиму тарбия бояд дастҷамъона масъул бошанд. Ҳатман ҳар як хонанда бояд ҳунар, касб, илму дониш аз худ намояд. Зеҳни донишомӯзон бояд киштгоҳи маърифат ва сармояи асосӣ бояд илм, дониш, маърифат, фарҳанг, ахлоқ ва маънавиёт бошад. Хонанда бояд худро бо ченакҳои номбаршуда қиёс кунад, дар мавриди бебаҳра мондан аз он бояд дар азоби виҷдон бимонад.
Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои роҳбари давлат интихоб гардиданашон то ба имрӯз ба зиёиён рӯ оварда, онҳоро қувваи пешбарандаи ҷомеа меҳисобад ва таълиму тарбияи инсонро ба як боварии мустаҳкам ба онҳо вогузор намудааст.
Мо бояд суханони пурмуҳтавои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияи ҳаррӯзаи худ дониста шогирдонро аз хӯрдӣ ба ин навъи тарбия машғул намоем. Бигузор хонанда ё донишҷӯ донад, ки эҳтиёҷоти ӯ аз кадом ҳисоб бароварда мешаванд. Нисбати фидокориҳое, ки падару модар дар ҳаққи фарзанд мекунанд, онҳо огоҳӣ дошта бошанд ва ба онҳо фидокорона арҷгузорӣ кунанд.
Албатта, ёдоварӣ аз рӯзгори гузашта баъзан бароямон нохушӣ меорад. Аммо таълиму тарбияи шӯравӣ, ки тавъам бо меҳнат буд, дар тарбиятгиранда беҳтарин сифатҳоро ба вуҷуд меовард. Инсоният ки таълим мегирад ва ҳамзамон меҳнат мекунад ифротгаро буда наметавонад. Аз ин рӯ, рӯ овардан ба тарбияи меҳнатӣ ва иқтисодӣ, дур сохтани ҷавонон аз ҳаргуна гароишҳо мегардад. Имрӯзҳо ҳама бо ифтихор Ватан, миллат, истиқлолият ва ваҳдат мегӯем, ки ин бисёр хуб аст, зеро маҳз инсон зери ин мафҳумҳо комил мешавад. Аммо ин эътимод қалбӣ аст ё забонӣ? Акнун бо боварӣ гуфта метавонем, ки онҳое ба Ватан, миллат ва арзишҳои он хиёнат мекунанду ба пироҳани миллат доғи ношустанӣ мегузоранд, эътимодҳояшон сидқӣ набуда, балки забонӣ мебошанд. Инсони баору номус, бошараф дар мушкилтарин ҳолатҳо бо Ватан, миллат ва арзишҳои он боқӣ мемонад.
Мо зиёиён бо нерӯю қуввае, ки дорем, ҷавононро ба ватандӯстӣ, миллатпарварӣ ва садоқат ба онҳо парвариш намуда, барои пешгирии ҳаргуна падидаҳои номатлуб мубориза мебарем.
Имомов ЗАФАР, Ниёзов ҶОНМАҲММАД, Шарипов Шамсиддин, омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ