, Панҷшанбе, 18-сентябр

ИСТИҚЛОЛИЯТ – ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ


ИСТИҚЛОЛИЯТ – ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Истиқлолият дар таърихи давлатдории тоҷикон ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи сифатан нав гардида, барои шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуну фарҳанги миллӣ заминаи устувору пойдор фароҳам овард. Имсол 34 сол мешавад, ки мардуми сарбаланди тоҷик дар давлати соҳибистиқлол умр ба сар бурда, бо шарофати ин неъмати бебаҳо дар роҳи давлатдорию давлатсозӣ ва обод намудани Ватан ба дастоварҳои беназир ноил гардидааст.

Дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Зеро истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад Мехоҳам махсус хотирнишон намоям, ки ин рӯзи босаодат, яъне ҷашни 34 солагии истиқлолу озодӣ ва бузургтарин дастоварди ин давра – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ба осонӣ муяссар нашудааст.

Дар зарфи зиёда аз 30 соли сипаришуда барои расидан ба ин лаҳзаҳои пурнишот мо ҳама якҷо таҳдиду хатарҳои зиёд ва мушкилоти ниҳоят сахту сангинро паси сар кардем.

Роҳи таърихие, ки халқи тоҷик, хусусан, дар солҳои аввали истиқлол сипарӣ намуд, як масири пур аз даҳшату фоҷиа, маҳрумияту машаққат ва монеаву мушкилот буд.

Замоне, ки кишвари соҳибистиқлоли мо ҳанӯз аввалин қадамҳои худро мегузошт, хоинони миллати тоҷик ва душманони давлати тоҷикон бо пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ кишвари моро ба гирдоби мухолифати шадиди дохилӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд.

Даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум ва саҳифаҳои таърихи навини кишвар фаромӯш намешавад.

Дар он айёми вазнину мудҳиш фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ пурра фалаҷ гардида, низоми идоракунии давлатӣ амалан барҳам хӯрда, Конститутсия ва дигар қонунҳо поймол ва дар кишвар фазои беҳокимиятиву хушунату зӯроварӣ ҳукмфармо гардида буд.

Бузургтарин фоҷиа дар он рӯзҳо хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик буд. Инро тамоми муҳаққиқон ва аҳли илму адаб таъкид намуда, борҳо дар ин маврид изҳори назар кардаанд.

Ҳамон гуна, ки яке аз собиқ сарварони Амрико гуфтааст: «Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи барои давлаташ бениҳоят мураккаб инони давлатро ба даст гирифт. Аммо ӯ тавонист дар давраи кӯтоҳ сулҳро дар мамлакат барқарор созад ва ба арсаи байналмилалӣ ворид шавад. Чунин сиёсатмадорон ангуштшумор ҳастанд». Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташабусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносад ва дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосаеро дорост.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон кард ва бо ин саҳифаи наве дар ҳаёти мардуми мо кушода шуд. Тоҷикистон соҳиби Истиқлолият гардид. Истиқлолияте, ки орзӯи ҳамешагии ҳар миллати озода аст ва бе доштани он ҳама гуна дастоварди иқтисодиву иҷтимоӣ комил нахоҳадбуд.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Сиёсати “дарҳои кушод” меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад ва дар заминаи татбиқи бомуваффақи ин сиёсат ҳамасола миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Тоҷикистонро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ то имрӯз зиёда аз 190 давлати ҷаҳон ҳамчун давлати озоду соҳибихтиёр ба расмият шинохтааст ва кишвари мо бо 186-тои он муносибатҳои дипломатӣ дорад.

Миллати тоҷик имрӯзҳо меваҳои ширини истиқлолиятро мечашад ва ба ҷаҳониён нишон медиҳад, ки ҳамчун миллати кӯҳанбунёд ва дорои тамаддуни таърихӣ ҳақ дорад, худаш кишварашро бисозад, бо мушкилот худаш дасту панҷа нарм кунад ва дар рушди ҷомеаи Осиёи Марказӣ нақши созандаи хешро гузорад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дарназардошти тамоми мушкилоти мавҷудааш имрӯз дар арсаи ҷаҳон ҳамчун як кишвари озод дорои истиқлоли комил шинохта шуд.

Ҷураева М.З. – ассистенти кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!