,
Панҷшанбе, 18-сентябр
Аз оғози таърих, инсоният дар ҷустуҷӯи маърифат ва дониш буда, ба шарофати ҳамин ниёз ба фаҳмидани ҷаҳони атроф пояҳои тамаддунро гузоштааст. Ҳамон тавре ки оташ инсонро гарм кард, дониш ба ӯ нури шуур бахшид ва илму маориф воситаи асосии гузар аз зулмати ҷаҳолат ба равшании тараққӣ гардид. Бадин минвол, таваҷҷуҳи башарият ба омӯзиш, андешаронӣ ва парвариши наслҳои соҳибдониш ҳанӯз аз давраҳои қадим ба унвони меъёри рушди ҷомеа ва шохисаи асосии тамаддуни инсонӣ арзи ҳастӣ мекунад. Дар ҳамаи марҳилаҳои таърихӣ, сарфи назар аз шароити иҷтимоиву сиёсӣ, илму маориф чун чароғи раҳнамо мақоми худро нигоҳ дошта, инсонро ба сӯи худшиносӣ ва пешрафт раҳнамоӣ кардааст.
Бо гузашти асрҳо ва бо ҳамаи таҳаввулоти фарҳангиву фанноварие, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст, ҷойгоҳи илму маориф на танҳо коҳиш наёфтааст, балки аҳамияти он торафт бештару амиқтар эҳсос мешавад. Дар ҷаҳони пурҳаводиси имрӯз, ки тақдири миллатҳо дар муқобили таҳдидҳои мураккаб, аз фақру камбизоатӣ то нооромиҳои иҷтимоӣ қарор дорад, маҳз илм, маориф ва тарбияи солими насли наврас василаи бақо ва абзори асосии тавоноии ҳар як ҷомеа ба шумор меравад. Ба ин маъно, дигар илму дониш на танҳо сарвати шахсӣ, балки кафили амният, субот ва рушду пешрафти халқияту миллатҳо гардидааст ва дар шароити кунунӣ таъмини рушди устувор, пешрафти иқтисодӣ ва рушди фикрии ҷомеа бидуни таҳкими заминаҳои ин самти ҳаётан муҳим ғайриимкон хоҳад буд.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун яке аз боргоҳҳои бонуфузи илму маърифат дар ҷануби кишвар, дар масири 80 соли фаъолияташ садоқатмандона дар хидмати таҳсилоти олӣ қарор дошта, ба мактаби воқеии тарбияи кадрҳои соҳибкасбу баландихтисос табдил ёфтааст. Бо таълиму тарбияи даҳҳо ҳазор мутахассиси варзида, бахусус дар самтҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ на танҳо ниёзҳои минтақа, балки кишварро дар самти кадрҳо қонеъ сохтааст. Дар радифи омодасозии мутахассисони ҷавон, донишгоҳ ҳамзамон макони парвариши олимон, муҳаққиқон ва донишмандон гардида, нақши он дар ин масир басо муассир ва мондагор аст.
Имрӯз, ки ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ба гиромидошти ҷашни пуршукуҳи 80-солагии таъсисёбӣ омодагӣ мебинад, бозгашт ба корномаи фарзандони ватандӯсту бедордиле, ки дар рушду такомули ин муассиса саҳми муассир гузоштаанд, муҳим ва зарурист. Ин арҷгузорӣ на танҳо ба хотири эҳтиром ба гузашта, балки дарси ибрат барои наслҳои оянда ва заминаи таҳкими эҳсоси масъулият дар назди ҷомеа мебошад. Ҷамъоварии чунин таҷрибаҳо ва ёдоварӣ аз заҳмати шахсиятҳои фидоии илму маориф, ки дар сарнавишти ин донишгоҳи бонуфузу муътабар нақши муассир гузоштаанд, худ як унсури муҳими фарҳанги қадршиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллист.
Яке аз чунин шахсиятҳои хирадманду ватандӯст, ки бо кору пайкори худ номашро дар таърихи илму маорифи кишвар сабт намудааст, Шарифов Фатҳулло Нематович- олим, иқтисоддон, омӯзгор ва ходими давлатӣ, ки тӯли даҳсолаҳо бо садоқат ба миллату давлат хизмат кардааст, ба ҳисоб меравад. Муаллим дар таърихи илм ва маорифи кишвар ҳамчун яке аз олимони воқеан ватанпараст ва зиёии асил шинохта мешавад.
Фатҳулло Нематович 18-уми апрели соли 1957 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, дар оилаи кишоварз ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёнаи №8-и шаҳри Кӯлоб соли 1974 ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) дохил шуда, онро соли 1979 бо муваффақият хатм мекунад.
Пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти омӯзгорӣ ва илмии худро оғоз намуда, аз солҳои 1983 то 1987 ҳамчун аспиранти кафедраи иқтисоди сиёсӣ ва баъдан ҳамчун муаллими калон ва дотсенти кафедраи назарияи иқтисодӣ дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб фаъолият кардааст. Ӯ дар ин марҳилаҳо бо дониш ва таҳқиқоти амиқи илмӣ ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳаи иқтисод шинохта мешавад.
Шарифов Фатҳулло Нематович дар яке аз марҳилаҳои бисёр ҳассоси таърихӣ, солҳои 90-уми асри гузашта, дар масири табдил додани Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ба Донишгоҳи давлатӣ, нақши сарнавиштсоз гузоштааст. Дар воқеъ, яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихӣ дар рушди маорифи минтақа ин табдил ёфтани Институти давлатии педагогии Кӯлоб ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакист. Дар пасманзари ин қарор, ки 24-уми июли соли 1992 аз ҷониби Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, заҳматҳои зиёде нуҳуфтаанд. Яке аз чеҳраҳои калидӣ дар ин раванди мураккаб ва сангин, Шарифов Фатҳулло Нематович, ба ҳисоб меравад.
Ӯ узви фаъоли гурӯҳи кории махсусе иборат аз олимони соҳибтаҷриба, аз ҷумла доктори илми иқтисод Шарипов З.Р., номзади илми иқтисод Шарифов Ф.Н. ва номзади илмҳои физика-математика Тағайназаров С. буд, ки тибқи қарори Раёсати онвақтаи донишкада таъсис ёфта, вазифаи сангин- муайян кардани талаботи мутахассисон дар хоҷагии халқи минтақа ва асосноксозии зарурати таъсиси донишгоҳро ба уҳда дошт. Аз суҳбат бо муаллим маълум гардид, ки ин гурӯҳи корӣ зиёда аз 8 моҳ бо иштироки бевоситаи Шарифов Ф.Н. дар тамоми ноҳияҳои вилоят тадқиқоти илмӣ ва ҷамъоварии маълумот гузаронидааст. Натиҷаи ин талошҳо як гузориши таҳлилӣ ва илмии мукаммал бо ҳаҷми тақрибан 1000 саҳифа будааст, ки баъдан санади асосии қарори таъсиси Донишгоҳ гардидааст.
Бидуни чунин асосноксозии илмӣ ва бе заҳмати ин олимон қабули қарори табдили донишкада ба донишгоҳ мушкил хоҳад буд. Бинобар ин, саҳми Шарифов танҳо ба таълиму таҳқиқ дар самти иқтисод маҳдуд нагардида, балки ӯ меъмор ва саҳими яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихии маорифи минтақа ба шумор меравад.
Яке аз саҳифаҳои муҳим ва мондагори дигари фаъолияти илмиву ташкилии Шарифов Фатҳулло Нематович, ки номи ӯро дар таърихи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ҳарфҳои заррин сабт намудааст, саҳми арзандаи эшон дар таъсиси факултети иқтисодӣ мебошад. Ин факултет, ки дар посух ба талаботи афзояндаи минтақа ва кишвари тозаистиқлол ба мутахассисони соҳаи иқтисодиёт ба миён омада буд, бо ташаббусу талошҳои дурбинонаи як гурӯҳи олимону омӯзгорони соҳибэҳтиром ва мутахассисони соҳавӣ дар моҳи августи соли 1992 ҳамчун сохтори мустақил таъсис меёбад. Шарифов Ф.Н. дар баробари устодони барҷаста, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифов З.С., доктори илмҳои техникӣ, профессор Фазлиддинов С., номзадҳои илми иқтисодӣ Конькова А.А., Қурбоналиев Б.Қ. ва ҳамчунин мутахассисони варзида аз бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла Абдураҳмонов У., Ҷалилов С., Латипов М., Бобоев Ф., Салимов Ш., Бобохуҷаев С., Ғуломнабиев К. ва Ивазов А., дар ташкили ин ниҳоди муҳими таълимӣ-иқтисодӣ нақши калидӣ дорад. Факултети иқтисодӣ, ки ҳоло дар муассиса мутахассисони ин соҳа дар ду факултет омода мегарданд, дар муддати кӯтоҳ ба яке аз марказҳои муҳими омодасозии кадрҳои болаёқат табдил ёфта, барои иқтисоди миллии кишвар мутахассисони соҳибтахассусу рақобатпазир тарбия менамояд.
Масири касбии устод Шарифов бо хизмат дар сохторҳои муҳимми давлатӣ идома меёбад. Соли 1996 Шарифов Ф.Н. бо даъвати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи сармутахассиси шуъбаи молияи Идораи иқтисодӣ ҷалб гардид ва то соли 2000 дар ин вазифа фаъолият кард. Ин давра барои ташаккули сиёсати иқтисодии кишвар низ марҳилаи хеле ҳассос буд ва Шарифов дар таҳияи барномаҳои молиявӣ ва сиёсати иқтисодӣ саҳм гузошт. Сипас, ба кор дар Маркази татбиқи лоиҳаҳои Бонки Осиёгии Рушд ва СММ гузашта, дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими ислоҳоти иҷтимоиву маориф саҳми назаррас гузошт.
Аз соли 2009 то ба нафақа рафтан, ӯ ҳамчун мушовири раиси Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Дар баробари иҷрои вазифаҳои баландпояи давлатӣ, Шарифов ҳамеша ба таҳқиқоти илмӣ машғул гардида, дар омоданамоии кадрҳои соҳаи иқтисод саҳми муносиб дорад ва дар ин радиф осори илмии ӯ аҳамияти амалӣ ва назариявии худро дорост.
Устод зиёда аз 50 мақолаи илмӣ, 7 китоб, барномаҳои таълимӣ ва луғатномаҳои соҳавиро нашр кардааст. Осори илмии ӯ на танҳо донишҷӯён ва омӯзгорони меҳан, балки муҳаққиқони дигар кишварҳоро низ фаро мегирад. Аз ҷумла, китобҳои ӯ “Семейный подряд в условиях рыночных отношений” (Кӯлоб, 1991), “Ресурсҳои меҳнатӣ дар шароити муносибатҳои бозорӣ” (Кӯлоб, 1991), “Барномаи таълимӣ аз фанни муомилоти пулӣ ва қарзӣ” (Душанбе, 2011), “Луғати мухтасари истилоҳоти бонкдорӣ” (Душанбе, 2012) дар мавзуъҳои хоҷагидории деҳот, иқтисоди бозорӣ, муомилоти пулӣ, ресурсҳои меҳнатӣ ва истилоҳоти бонкдорӣ навишта шудаанд, аз арзиши баланди илмӣ ва амалӣ бархурдоранд.
Дар умум, Шарифов Фатҳулло Нематович, на танҳо ҳамчун як олим ва мутахассиси варзида, балки ҳамчун шахсияти ватандӯсту бедордил, зиёии асил ва ходими давлатию ҷамъиятӣ шинохта мешавад. Роҳи тайнамудаи ӯ, ки пур аз заҳмат, муҳаббат ба Ватан ва хизмати содиқона ба халқ аст барои наслҳои ҷавон сармашқи фаъолият ва манбаи илҳом мебошад.
Ҳайати эҷодии рӯзномаи “Анвори дониш”