, Панҷшанбе, 18-сентябр

НУР БОРАД ОСМОНИ МАЪРИФАТ


НУР БОРАД ОСМОНИ МАЪРИФАТ

Бузургмарде фармудааст:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Роҳи тайкардаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб беихтиёр ин ҳикматро ба хотири кас меоварад ва банда, ки 28 соли умри азизро дар ин даргоҳи муқаддас сипарӣ кардаам, мехоҳам бо далели ин андеша чанд лаҳзаро ёдовар шавам.

Соли 1969, баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ ба кор омадам. Он вақт ин Донишкада ҳамагӣ чор ё панҷ факултет дошт ва дар баробари устодони калонсол дар он бисёр муаллимони ҷавон ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғул буданд. Аз ҷумла, дар факултети забон ва адабиёти тоҷик дар баробари Қодир Рустамов, Мадохир Қурбонов, Соат Чалишев, Иззатулло Тамлихоев, Иброҳим Шукрӣ, Раҳим Саидов, Ҳасанов муаллимони ҷавон чун Қаюм Сангов, Искандар Икромов, Абдулҳай Қаландаров, Ғоибназар Мирзоев, Ёралӣ Содиқов, Саидқул Сабзаев, Раҷабалӣ Асоев, Иброҳим Гурез, Муродалӣ Набиев, Одина Давлатов, ки ҳама  ин Донишкадаро хатм кардаанд, ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғул буданд. Вақте ки баъдтар ба факултет олимон ва ҷавонони болаёқат Бароталӣ Нозимов, Шоҳвалӣ Саидҷаъфаров, Акбар Шарифов, Аҳмад Алиев, Ҳабибуллоҳ Солеҳов, Саломатшоҳ Нилобеков ба кор омаданд, ҷараёни таълиму тарбия боз ҳам қувват гирифт.

Гумон дорам, ки аксаран аз ҳисоби хатмкунандагони худи Донишкадаи Кӯлоб интихоб намудани устодони ҷавон кори басо оқилона буд. Ин ҷавонон бо тамоми ҳастӣ ба корҳои илмиву таълимӣ машғул шуданд ва дар охири солҳои 70-ум Донишкада аз лиҳози мутахассисони соҳибунвон хеле қувват гирифта буд. Дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи факултети забон ва адабиёти тоҷик донишҷӯёни лаёқатманду кунҷков бисёр буданд ва онҳо на танҳо дар синфхона, берун аз дарс низ мо – муаллимони ҷавонро саволборон мекарданд ва мо водор будем, ки ҳамеша пайи ҷустуҷӯ  ва омодаи ҷавоб додан ба саволҳои донишҷӯён бошем.

Рӯзе, дар моҳҳои аввали кориам, донишҷӯе дар майдони назди Донишкада варақеро, ки дар он як байт навишта шуда буд, ба ман дароз карда гуфт:

- Муаллим, мазмуни ин байтро нафаҳмидам. Дар варақ ин  байт сабт ёфта буд:

Доно ба ҳар диёр азизу мукаррам аст,

Лаънат бар он диёр, ки доно бувад азиз.

Рости гап, ин байтро бори аввал мешунидам ва маънояш бароям ғайриодӣ намуд. Аз ин рӯ, «дар хусуси ин байт рӯзи дигар дар дарс сухан мегӯем» гуфта, аз дарҳол ҷавоб додан худдорӣ кардам. Ҳамон рӯз, баъди пешин, гузорам ба муассисаи захираи меваву сабзавоти шаҳр афтод ва дар даромадгоҳи он ба шахсияти басо муътабар, шоир Сомеъ Одиназода, ки дар минтақаи Кӯлоб бо номи мулло Шариф машҳур аст, вохурдам ва аз фурсати муносиб истифода карда, маънии байти дар боло овардаро аз он кас пурсидам. Бобои мулло Шариф як табассум карду гуфт:

- Писар, дар ин байт санъати таҷнис истифода шудааст. Калимаи азиз бори дувум ба маънои камёфт, камчин аст. Дар хона аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ» калимаи азизро дидам, ки дар ҳақиқат як маънии он камёфт, нодир будааст ва ҳатто чун мисол байти мазкур оварда шудааст. Рӯзи дигар ин байт дар аудитория мавриди таҳлил қарор гирифт.

Дар шуъбаи ғоибонаи факултети забон ва адабиёти тоҷик донишҷӯёни аз мо, муаллимони ҷавон, калонсол  ва чун Саидҷон Ҳакимзода, Одина Ҳошим, Гулмурод Зуҳуров, Назар Халил, Ҳабибулло Давлатов, Достӣ Орзуев… аҳли қалам ва эҷод низ таҳсил мекарданд, ки ин ҳолат масъулияти моро дар ҷараёни таълим боз ҳам меафзуд. Кӯшиш менамудем, ки ҳангоми дарс ё санҷишу имтиҳонот  хушмуомила бошем ва малоли хотири эшон нагардем. Он вақтҳо донишҷӯёни шуъбаи ғоибона дар тобистон таҳсил мекарданд ва табиист, ки фасли гармо ба ҷараёни дарс таъсир мерасонд. Бо вуҷуди ин, ҳама дар дарс фаъолона ширкат мекарданд. Акои Одина ҳамеша дар партаи пеш менишаст.

Як мисол. Тахминан соли 1971, Одина Ҳошим дар дарси банда, ки аз фанни адабиёти советии тоҷик буд, ширкат карда натавонист ва танҳо ҳангоми имтиҳон ҳозир шуд. Маълум шуд, ки ба Афғонистон сафари ҳунарӣ доштааст. Акои Одина бо дархости ман чанд ғазали устод Лоҳутиро қироат кард. Хостам, ки  баҳои «аъло» гузорам, вале ӯ «барои ман баҳои «хуб» бас аст» гӯён маро водор намуд, ки ба он кас баҳои «хуб» гузорам. Баъд аз ҷайбаш як варақро бароварда ба ман дароз карду «муаллим, ин шеърро аз Афғонистон овардам, он ҷо дар боғе бо як ҳофизи таҳҷойӣ мусобиқаи сурудхонӣ доштем, чун дар сабқат ғолиб омадам, як мард ин шеърро «ёдгорӣ» гӯён ба ман дод.  Паҳ, як ҷаҳон дард дорад ин шеър» гуфт.

Ин шеър «Як мушт орзу» ном дорад ва устод Одина ба он оҳанги диловезе бастааст. Таваҷҷуҳ  намоед ба банди аввали он:

Оҳе кашид ғамзада пири сафедмӯ,
Афканд субҳгоҳ дар ойина чун нигоҳ.
Дар лобалои мӯйи чу кофури хеш дид
Як тори мӯ сиёҳ…

 Солҳои 70-ум ва 80-уми асри гузашта, махсусан ҳангоми сарварии Иқбол Давлатович Хушвахтов ва Тағай Раҳмонов, айёми гул-гулшукуфии Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб буд. Дар ин давра робитаи ин муассиса ба дигар муассисаҳои олии Тоҷикистон ва, умуман, Иттифоқи Шуравӣ басо қувват гирифт. Устодони ҷавон барои таҳсил дар аспирантура ва такмили ихтисос ба шаҳрҳои Душанбе, Новосибирск, Ленинград, Киев, Маскав… сафарбар мешуданд. Дар Донишкада бо иштироки донишмандони барҷастаи Иттифоқи Шуравӣ конференсияҳо  баргузор мегардид. Устодони Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб низ дар ҳамоишҳои ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ  ширкат ва суханронӣ намуда, баҳои хуб мегирифтанд. Соле набуд, ки дар ҳар кафедра ақаллан як муаллим рисолаи илмии хешро дифоъ накарда, соҳиби дараҷаи илмӣ нашавад.

Ин ҷо мехоҳам як лаҳзаи басо муассирро ёдовар шавам:  муаллими соҳибэҳтироми зиндаёд Одина Давлатов, ки дар факултети методикаи таълими ибтидоӣ аз фанни забони тоҷикӣ дарс мегуфт, дар масъалаи омонимҳои забони тоҷикӣ рисолаи номзадӣ навишт, вале бемории дуру дароз ва марги нобаҳангом имкон надод, ки муаллим кори илмиашро дифоъ карда, ормон шиканад. Банда дар ҷанозааш набудам. Баъди чанд рӯз чун аз  сафар баргаштам, ба хонааш барои фотиҳахонӣ рафтам. Завҷаи марҳум -- Холмоҳ Давлатова вопасин рӯзҳои умри шавҳари ормониашро бо сӯзу гудоз нақл кард. Аз ҷумла, гуфт, ки: «Муаллим бисёр мехост, рисолаи илмиашро дифоъ карда, онро дар шакли китоб дастраси мутахассисону донишҷӯён гардонад. Ҳангоми нафасҳои охирини зиндагӣ дар бораи фарзандонаш, ки хурдсоланд, ягон васият накард, фақат чанд бор гуфт, ки «афсӯс, корамро ҳимоя карда натавонистам». Дидам, ки бисёр бетоқатӣ мекунад, гуфтам: ором бош, ман ҳаракат мекунам, ки рисолаи илмиатро чоп кунонам. Ӯ ором гирифт ва ҷон ба Ҳақ таслим кард». Дар ҳақиқат,  муаллимаи Холмоҳ барои ба чоп расондани кори илмии шавҳараш чанде кӯшиш намуд, ду-се маротиба ба Душанбе рафт, аммо, ба фикрам, муваффақ нашуд.

Яке аз комёбиҳои Донишкада дар солҳои 70-ум ва 80-ум муносибати ҷиддиву дилсӯзонаи роҳбарият ва устодон ба таълиму тарбияи донишҷӯён буд. Устодон то метавонистанд, донишу таҷрибаи худро ба шогирдон  мерасонданд ва онҳоро бо асосҳои дониш ва тарзу усулҳои корбурди он мусаллаҳ мекарданд. Узви вобастаи АМИТ Сайдмуддин Ятимов  дар китоби «Муаллими ман» (2024) аз устодони факултети забон ва адабиёти тоҷик дар солҳои 70-ум ёдовар шуда, оид ба усули таълими се устоди варзида – забоншиносон Рустам Ҷӯраев, Қаюм Сангов ва адабиётшинос Ёралӣ Содиқов бо муҳаббат ва сипосгузорӣ сухан меронад. Дар мақолаи «Зи дониш беҳ андар ҷаҳон нест», ки ба фаъолияти омӯзгории Ёралӣ Содиқов бахшида шудааст, ин донишманд чунин мегӯяд: «Солҳо гузаштанд.  Дар умри худ ба одамони касбу кори гуногун, аз ҷумла, номзадҳо, докторҳои илм ва академикҳо ҳам вохӯрдам. Аммо то ҳол тааҷҷуби ман аз он кам нашудааст, ки чӣ гуна ин муаллимони ҷавон ва беунвони  Донишгоҳи музофотии Кӯлоб дар сӯҳбат бо донишҷӯёни одӣ бо нутқи саршор  аз категория, дефинитсия, қонунмандиҳо, истилоҳот ва иқтибосоти илмӣ сухан мегуфтанд».  

Ҳар сол ба ибтикори Донишкада миёни гурӯҳҳои таълимӣ мусобиқа бакргузор мегардид ва ин сабқат аввал дар факултетҳо ва охири соли хониш дар Донишкада ҷамъбаст мегардид ва гурӯҳи ғолиб ба саёҳат ба мавзеъҳои таърихӣ ва тамошобоби ҷумҳурӣ роҳхат мегирифт. Ёд дорам, ба як гурӯҳе, ки донишҷӯёнаш солҳои 1973-1977 дар факултети забон ва адабиёти тоҷик таҳсил мекарданд, банда роҳбар будам. Сардори ин гурӯҳ ҷавони бомаҳорату ҷиддӣ Сафарбек Нуров буд ва қариб ҳамаи 25 донишҷӯ бо баҳои «хубу» «аъло» таҳсил мекарданд. Ин гурӯҳ дар курси сеюм дар Донишкада ҷойи аввалро соҳиб шуд ва фаъолони он ҳангоми таътил бо роҳхат дар ҷойҳои хушманзараи дараи Варзоб ва Баҳри тоҷик истироҳат намуданд.

Банда солҳои зиёд роҳбари маҳфили «Адибони ҷавон» будам ва дар ин маҳфил ҷавонони зиёди шавқманд аз Донишкада ва Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ширкат меварзиданд ва ҷолиб аст, ки қисмате аз собиқ аъзои маҳфил, мисли Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, Салими Хатлонӣ, Маҷид Салим, Карим Давлат, Сафархон Амирхон, Гулчеҳра Муҳаммадиева, Моҳтоб Зокирова, Ғаффоралӣ Сафар, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Муҳаммадалии Нуралӣ, Наср Бобои Сарафроз, Садрӣ Умар, Мираҳмади Амиршоҳ, Саъдӣ Исматов, Содиқи Завқӣ, Алихон Зарифӣ, чун адибон ва рӯзноманигорони шинохта дар ҷумҳурӣ соҳибэътиборанд.

Чизи дигаре, ки бароям басо хотирмону гуворост, дар Донишгоҳ таъсис ёфтани рӯзномаи бисёртиражаи «Анвори дониш» мебошад, ки ин санаи муборак ба давраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва сарварии Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рост меояд. Соли 1992 чун Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб номи Донишгоҳи давлатии Кӯлобро гирифт ва факултетҳои он зиёд гардиданд, масъалаи таъсис додани рӯзномаи бисёртиража ба миён омад ва бандаро раёсати Донишгоҳ сармуҳаррири он таъйин кард. Нимаи аввали соли 1994 бо ибтикори ноиби ректор  профессор Ибодов Маҳмадулло Орифович корҳои ташкилӣ ба анҷом расид ва ҳамроҳи котиби масъул – Нуриддин Насимов тобистон, ҳангоми рухсатии меҳнатӣ, фаъолият намуда, якуми сентябр шумораи аввали рӯзномаи  «Анвори дониш»-ро манзури устодону донишҷӯён гардонидем. Рӯзнома, баъзан, дар як ҳафта ва, баъзан, дар понздаҳ рӯз як маротиба чоп мегардид ва дар ҳаёти илмӣ ва таълимию тарбиявии  Донишгоҳ ҳиссаи муносиб гузошт. Ин нашрия ҳоло аз ҷиҳати мундариҷа ва ҳам аз лиҳози ороиш такмил ёфтааст ва банда аз он хурсандам, ки ду сол чун сармуҳаррири нахусти  он фаъолият доштам.

Соли 1997, баъди дифои рисолаи докторӣ, маро чун мутахассиси соҳаи матншиносӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор даъват карданд, вале баъди ба Душанбе рафтан ҳам ба ин даргоҳи муқаддас алоқаи ногусастанӣ дорам ва дар корҳои таълимиву тарбиявии факултети филологияи тоҷик ва журналистика ширкат меварзам. Соли 2014 як қисмати калони китобу маҷаллаҳои китобхонаамро ба факултет ҳадя намудам, зеро, чи  хеле ки мегӯянд, нисфи умри беҳтаринам дар ин даргоҳи муқаддас гузаштааст.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  80 сол боз дар рушди фарҳанги миллӣ ва  таълиму тарбияи насли ҷавони ҷумҳурии азизамон  ҳиссагузор аст ва алҳол ҳайати профессорон, устодону донишҷӯён ва дигар кормандони ин боргоҳи маърифат бо сарварии олими ҷавону умедбахш Сафарзода Мунир Ватан бо тамоми ҳастӣ ба ҷашни мубораки 35-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии азизамон омодагӣ доранд ва банда сарфарозам, ки дар ҳаёти 80-солаи илмӣ ва таълимию тарбиявии Донишгоҳ, ба қадри  ҳол, ҳиссагузор ҳастам.

Аламхон Кӯчарзода, профессор, узви вобастаи АМИТ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!