, Панҷшанбе, 18-сентябр

ХОТИРАИ НЕКИ Ӯ АКНУН БА УМҚИ ДИЛҲО РАФТА...


ХОТИРАИ НЕКИ Ӯ АКНУН БА УМҚИ ДИЛҲО РАФТА...

(Ёде аз академик Самариддин Каримов)

Ин нигоштаи банда дар мавлуди 80-солагии академики маҳбуб Самариддин Каримов иншо шуда буд. Чун имрӯз дар зодрӯзи бе соҳибҷашн қарор дорем, бо андӯҳи гарон аз реҳлати олими тавоно, вале бо ифтихору самимият зиндагиномаи пур аз саҳфаҳои рангину мунаққаши рӯзгору фаъолияти илмию омӯзгории шодравон Самариддин Каримовро варақ мезанам, ҳамоно хотираҳои рангину гуворои замони ҳамкориву шогирдии устод пеши назарам падид меоянд.

Агар дар мавлуди 80-солагии устод бо руҳбаландию сурур сухан гуфта будам, дареғо ки имрӯз ҳар як хабари иншои ман ифодагари замони гузашта аст.

 Зиндагии як фард ва роҳи тайнамудаи ӯ дар ҷодаи фаъолияташ дар ин ё он соҳа ба монанди як китоби пур аз авроқи панду ҳикмат ва фазилат бардоштанҳост, ки онро бо чашми сар ва ақлу заковат мебояд мутолиа кард, дуруст сарфаҳм рафт ва воқеан арзёбӣ намуд.

Бароям мояи хушҳоливу сарфарозист, ки дар боргоҳи илму маонӣ -Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ солҳои тӯлонӣ фаъолият дорам ва саодати ҳамкорӣ бо олимону пажуҳишгарони варзидаи ҷумҳурӣ ва машҳургардида дар ақсои олам насибам шудааст.

Каримов Самариддин Каримович аз зумраи он афроди сарсупурдаи роҳи илм ва яке аз пояҳои устувору побарҷои самти илмҳои табиию риёзӣ буданд, ки умри пурбаракати хешро аз соли 1953 то охири ҳаёт бо илму маърифат ва пажуҳишу ихтироъкорӣ, нафъ расонидан ба мардум ва ҳиссаи арзанда гузоштан дар таълиму тарбия, ба камол расонидани шогирдони зиёд ва олимону ҷавонони хушзавқ пурмуҳтаво ва рангину қобили пайравӣ сипарӣ намудааст.

Устод Каримов С. дорои мартабаи бузурги илмӣ, ҷойгоҳи воло дар ҷомеа ва дараҷаи камоли инсонӣ ва дар баробари ифтихор бахшидан ба садҳо шогирону ҳамкорон, худ аз тафохуру ғурур фарсахҳо дур буданду бо шуҳрату маҳбубияту маъруфият (на танҳо дар кишвар, балки берун аз он) амсоли дарахте пурбори илм ва унвону ҷоизаҳояшон инъом ва самари пурхондагиву пуркориву ҷӯёиву навгонӣ оварданашон!

Оре! Маҳз серталабӣ нисбат ба таҳқиқотҳои илмӣ, ҷӯё ва навовар будан дар ҳар коре, ки ба он шуруъ менамуд, Самариддин Каримовро соҳибэҳтиром ва ба мартабаҳои баланд дар соҳаи илму ихтироъкорӣ гардонида буданд.

Бо азму талошҳои пайвастаи академик Самариддин Каримов хеле барвақт ошно гардида будам. Хуб дар хотир дорам, ки ҳар як монографияе, ки устод С. Каримов бо забони русӣ таҳия менамуданд, бо вуҷуди он ки донандаи хуби ин забони муоширати байналмилалӣ буданд, боз ҳам ҳар як нигоштаашонро ба мутахассисони соҳаи забоншиносӣ, бахусус ба шодравон Назримад Қодиров, Турко Дикаев ва дар матбаа ба чандин нафари дигар барои таҳрир месупориданд ва ман ҳамчун як филолог ва мухлиси кори табъу нашр аз он солҳо бо таълифоти эшон шиносоӣ пайдо намуда будам.

Бо гузашти солҳо, зимни фаъолият дар факултети филологияи рус, аз зинаҳои ассистент то муаллими калон расидан ва ҳамкорӣ бо ВАО, суҳбату вохӯриҳо бо устод, ки аллакай дар вазифаи ректори донишгоҳ фаъолият доштанд, ман, як мутахассиси ҷавонро, бо Самариддини Каримовичи муҳтарам наздик мекарданд. Акнун, бо роҳнамоии журналистони варзида оид ба ихтирооту тадқиқотҳои ин олими шинохта, хабарҳои кӯтоҳ нашр менамудам ва ҳамеша аз ифшо кардани исми хеш аснои ба нашр расонидани мавод дар матбуот худдорӣ мекардам ва аз устони бузурги соҳа-Турко Дикаев, Мисралӣ Сониев, Аслон Исломов (равони ҳар се шод бод!) ва дигарон хоҳиш менамудам, ки хабару мақолаҳоро дар бораи таълифоту ихтирооти он кас бо имзои худашон расонаӣ кунанд, зеро ман хуб медонистам, ки Самариддин Каримов яке аз аввалин хонандагону мутолиагарони матбуоти даврӣ буданд ва ба ҳар як нукта ҳамчун як коршиноси универсалӣ баҳои воқеӣ дода метавонистанд, аз ин рӯ ҳаросам бесабаб набуд.

Самариддин Каримов роҳбарии донишгоҳро дар як давраи ниҳоят ҳассос ва вазнин ба уҳда гирифта буданд. Бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, дар пайи нофаҳмию ноумедиҳо даҳҳо мутахассисон ва олимони унвону дараҷаи илмидошта донишгоҳро тарк менамуданд. Буҳрони иқтисодӣ, иваз шудани асъор, нарасидани маводи озуқаворӣ ва дигар омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ пешорӯи роҳбарияти мамлакат, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ қарор дошт. Дар ҳамин вазъияти мураккабу ногувор академик С. Каримов кормандону омӯзгоронро дилбардорӣ менамуданд, хоса мо мутахассисони ҷавонро рӯҳбаланд месохтанд то аз кор дилсард набошем.

Хуб дар хотир дорам, ки дар он солҳо бо камбуди нарасидани нон, муҳтарам С.Каримов раиси иттифоқи касабаи кормандон, устоди шодравон А.Абдулвоҳидов ва муҳосиб Холиқов А.-ро (раҳматӣ Абдухолиқ Холиқов тағоям буданд ва аз забони онҳо борҳо шунида будам) ба ноҳияи Шӯрообод (айни ҳол ноҳияи Шамсиддин Шоҳин) барои ба омӯзгорон дастрас намудани як миқдор гандум сафарбар намуданд ва бо як мушкилоти зиёд, каме ҳам бошад, омӯзгорону кормандон ба як муддате бо нон таъмин шуданд.

Хушбахтона, бо амалӣ гардидани нияту ормонҳои нек ва созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол пойдевори истиқлолияту ваҳдати сартосарии кишвар мустаҳкам гардид ва дар ин замина вазъи илму маорифи кишвар рӯ ба беҳбудӣ овард. Вале яку якбора бартараф намудани камбудиву норасоиҳо, беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълиму тарбия, ҷалби дубораи мутахассисон ба кор саҳл набуд. Дар он замон, пас аз ҳар як аттестасияи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф хатари баста шудани донишгоҳ ба миён меомад ва маҳз бо ифтихори доштани як олими пурдону масъулиятшинос чун академик Каримов ин таҳдиду хатарҳо паси сар мегардиданд.

Ин ҳама заҳмату талошҳо, ба ояндаи нек умед бастанҳои устод С. Каримовро дида мо, ҷавонон низ кӯшиш ба харҷ медодем, ки то дар ҳар ҷодае муваффақият ба даст орем. Дар хотир дорам, ки чанд муддат, бо таъсири нерӯҳои мухолиф ва дар зеҳни мардум ҷой додани хурофотпарастӣ, нодуруст фаҳмонидани аркони дини муъбини ислом, ба факултаи филологияи рус, анқариб касе ҳуҷҷат намесупорид. Ҳамин буд, ки аксари хатмкардагони факултети филологияи рус, ки ҳамзамон омӯзгорони факултет буданд, барои гирифтани маълумоти дуюм ба бахши таъриху филологияи тоҷик ҳуҷҷат супориданд, қисме аз онҳо ба корҳои дигар гузаштанд ва ё ба пойтахти ҷумҳурӣ ба кор рафтанд.

Норасоии кадрӣ рӯз то рӯз мушкилӣ ба бор меовард. Дар кафедраҳои факултаи филологияи рус мутахассисон намерасиданд ва С.Каримов ба мудири шуъбаи кадрҳо дастур доданд, ки бо ман, дар хусуси ба уҳда гирифтани роҳбарӣ ба кафедраи Практикуми нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ суҳбат кунанд. Ростӣ, ман аз ин боварии ректори донишгоҳ хеле шод гардидам, вале як каме нобоварӣ ба малакаҳои худ доштам, ки оё лоиқи ин вазифа ҳастам ё не?

Дар пеш аттестатсияи навбатии донишгоҳ буд ва бо кумаки устодони факултет мо ҳуҷҷатгузориро дар кафедра тибқи талаби Низомномаи кафедраи мактаби олӣ ба роҳ мондем ва бо як сарбаландӣ, аз аттестатсия гузаштем. Дар ин раванд, аввалин таъкиде, ки то имрӯз дар гӯшам садо медиҳад, аз ҷониби ректор, академик Каримов ин буд, ки ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маорифро омӯзед, корро дар доираи талаботи қонун ташкил намоед, он гоҳ шумо ба роҳи дуруст меравед.

Аз ин рӯ, ба ҳар коре, ки ҷиҳати баргузор намудани конфронсу ҳамоишҳои илмӣ, таълифоти монографияву мақолаҳои илмӣ шурӯъ мекардам, ҳатман бо устод Самариддин Каримов машварат менамудам, то кор пухта гардад, зеро “ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд”-мегӯянд.

Ҳамчун муовини ректор оид ба илм ва инноватсия борҳо дар озмунҳои ҳамасолаи Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола дар рӯзи 26 апрел-Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ баргузор мешаванд, дастовардҳои илмию таҳқиқотии устодро муаррифӣ намуда, аз ҳастии чунин гавҳари дурахшони илми кишвар, ки корманди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буд, ифтихору сарфарозӣ намудаам.

Ҳамин тавр, зина ба зина дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият намуда, аз дастуру роҳнамоиҳои академики маҳбуб Самариддин Каримов пайваста бархӯрдор мегаштам. Аз ин олими барҷаста ва ҳамсари меҳрубонашон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Иззатова Муҳаббат Иноятовна бештар китоб хондану мутолиа намудан, ҳақиқатҷӯӣ, фурӯтанию хоксорӣ ва дар роҳи илм пуртоқативу таҳаммулпазӣ омӯхтаам.

Дар роҳи муваффақияту комёбиҳоям ӯро дар баробари дигар олимони варзида ва нигинҳои дурахшони илму маориф чун устод Ғуломов И.Н., устодони шодравон Қ.Сангов, Акбаров Р.А. роҳбару раҳнамои худ мешуморам.

Имрӯз Самариддин Каримов миёни мо нест, вале роҳи тайнамудаи бошарафона ва таълифоти илмии гаронмояи академики маҳбуб барои наслҳои имрӯзу оянда мероси пурарзиш ва маншаи пайравӣ карданҳост. 

Дареғу афсӯс, ки акнун ин ҳама хотираанд ва он меҳру муҳаббат, самимияту роҳнамоиҳои устодонаи академик Каримов С.К. акнун аз дида ба умқи дилҳо маскан гирифтаст.

Сафҳаи даҳр бувад дафтари умри ҳама халқ,

Инчунин гуфт хирадманд, чу андеша гумошт:

Хуррам он кас, ки бар ин дафтари пок аз ҳама ҳарф,

Рақами хайр кашиду асари хайр гузошт...

Руҳу равони устод шоду хонаи охираташон ҷовидонӣ пурнур бод!

Худоидодова Шарофат- дотсенти кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!