, Панҷшанбе, 11-сентябр

МАШЪАЛАФРӮЗИ РОҲИ ИЛМУ ДОНИШ


МАШЪАЛАФРӮЗИ РОҲИ ИЛМУ ДОНИШ

Нимаи дуюми асри гузашта, солҳои 70-ум ва солҳои 90-ум, тибқи маълумотҳои расмӣ барои Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб давраи рушд, такомул ва ҷаҳиши назаррас дар самти тайёр кардани кадрҳои илмӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин солҳо тибқи нишондодҳои ҷумҳуриявӣ ва умумиитифоқӣ Донишкада дар байни муассисаҳои олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯи сатҳи дарёфт намудани унвонҳои илмӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекард.

Маҳз дар ҳамин давра як гурӯҳи мутахассисони ҷавону болаёқат ҳам аз дохил ва ҳам аз донишкадаву донишгоҳои марказӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ ҷалб гардиданд, ки ба пешрафт ва ифтихори соҳа боис шуд.

Устод Шарифов Фатҳулло Нематович аз зумраи ҳамон ҷавонон мебошанд, ки соли 1979 ба ин даргоҳи маърифат бо роҳхат ба кор омада, фаъолияти худро оғоз намудаанд.

Шарифов Фатҳулло Нематович 18 апрели соли 1957 дар хоҷагии Хоҷамуъмини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар оилаи кишоварз ба дунё омадааст. Соли 1974 мактаби мёнаи рақами 8-и шаҳри Кӯлобро хатм намуда, ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, факултаи иқтисодӣ дохил шуд ва соли 1979 онро бомуваффақият хатм намуд. Пас аз хатм, бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси устоди кафедраи иқтисоди сиёсии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) ба кор фиристода шуд.

Солҳои 1982-1983 дар шаҳри Душанбе ҳамчун коромӯз-тадқиқотчии кафедраи иқтисоди сёсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин фаъолият намуда, солҳои 1983-1987 аспиранти кафедраи иқтисоди сёсии донишгоҳи номбурда буданд.

Пас аз хатми аспирантура ва гирифтани унвони илмии номзади илмҳои иқтисодӣ, солҳои 1987-1994 ба ҳайси муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо муваффақият фаъолият кард.

Аз соли 1994 то соли 1996 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб фаъолият намудааст.

Соли 1996 бо дархости Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даъват шуда, то соли 2000 ҳамчун сармутахассиси шуъбаи молияи Идораи иқтисодии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Моҳи августи соли 2000 бо тариқи озмун ба вазифаи сармуҳосиби аввалин Маркази татбиқи Лоиҳаи таҷдиди сектори иҷтимоии Бонки Осиёгии Рушд, ки зери роҳбарии Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид амал мекард, таъин шуд. Аз соли 2002 бо пешниҳоди Бонки Осиёгии Рушд то соли 2005 дар мансаби Роҳбари дастгоҳ-сармуҳосиби Маркази татбиқи Лоиҳаи таҷдиди сектори иҷтимоии Бонки Осигии Рушд адои вазифа намудааст.

 Солҳои 2005 то 2009 бо тавсияи Бонки Осиёгии Рушд дар вазифаи  сармутахассиси (роҳбари гранти Фонди ҷопонии паст кардани сатҳи камбизотӣ) Маркази лоиҳаи ислоҳоти соҳаи маорифи Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Аз моҳи августи соли 2009 то ба нафақа баромаданаш дар вазифаи мушовири раиси Бонки миллии Тоҷикстон кор кардааст.

Устод Шарифов Ф. Н.  дар семинари Бонки Ҷаҳонӣ (Австрия, 1997) оид ба ислоҳоти андоз ва буҷет ва  семинари Бонки Осигии Рушд (Бишкек, 2003) оид ба масълаҳои роҳбарӣ ва харидорӣ иштирок намудааст.

Дар давоми фаъолияти илмӣ ва амалии худ оид ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бештар аз 50 номгӯй корҳои илмӣ, ки аз онҳо 7-тоаш дар шакли китоб мебошанд, рӯи чоп омадааст.

Аз ҷумла: Шаклҳои нави хоҷагидорӣ дар деҳот. Кӯлоб, 1996; Семейный подряд в условиях рыночных отношений. Куляб, 1991; Баъзе воситаҳои фаъолгардонии омили инсонӣ. Кӯлоб, 1991. Ресурсҳои меҳнатӣ дар шароити муносибатҳои бозорӣ. Кӯлоб, 1991; Самаранокии иқтисодию иҷтимоии пудрати оилавӣ дар шароити муносибатҳои байналмилалӣ. Кӯлоб, 1992; Ҷустуҷӯи шаклҳои нави хоҷагидорӣ дар деҳоти Кӯлоб. 1993; Барномаи таълимӣ аз фанни муомилоти пулӣ ва қарзӣ. Душанбе, 2011; Луғати мухтасари истилоҳоти бонкдорӣ.  Душанбе, 2012; Маҷмӯаи мақолаҳо. Кӯлоб, 1992 ва ғайра.

Устод Шарифов Ф. Н. солҳои дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб кор кардан дар  баробари фаъолияти пурсамари илмию омӯзгорӣ, бо хислатҳои олии инсонӣ - хоксорӣ, меҳрубонӣ ва дастгирии ҳамкорон ва донишҷӯён намунаи ибрати ҳамагон буданд. Ӯ ба шогирдони худ на танҳо дониш, балки фазилатҳои неки инсониро омӯзонда онҳоро дар руҳияи ҳувияти миллӣ ва садоқат ба ватани биҳиштосо -Тоҷикистони азиз, ҳидоят менамуданд.

Мавсуф ҳамчун омӯзгори фаъол дар  баробари фаъолияти асосӣ, чи дар донишкадаи такмили ихтисоси муаллимон ва чи дар байни кормандони коргоҳои гуногуни хоҷагии халқӣ вилояти собиқи Кӯлоб оид ба масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ вохӯриҳо гузаронда, маърӯзаҳои илмӣ мекарданд.

Солҳои дар корҳои давлатӣ ва хизматӣ будан низ устод худро ҳамчун мутахассиси соҳибкасбу дорои истеъдоди баланд муъарифӣ намуда, дар пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат саҳм гузоштааст.

Устод яке аз поягузорони факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буда, дар ду соли аввал масъулияти қабули довталабонро ба ӯҳда дошт. Аз ин рӯ саҳми устод дар бунёд ва ташкили базаи моддию техникии факултети номбурдаи навтаъсис, бахусус дар давраи нооромиҳои сиёсӣ ва вазъи муракаби иқтисодӣ хело назаррас мебошад.

Як нуктаи муҳимро қайд кардан лозим аст, ки саҳми устоди гиромӣ Шарифов Фатҳулло Нематович дар яке аз рӯйдодҳои бисёр таърихӣ, ки дар ҳаёти  минтақаи Кӯлоб, бахусус Донишгоҳ мақоми ҷойгузин ва марказиро дар давраи навин ишғол мекунад, яъне бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми июли соли 1992 ба Донишгоҳ  табдил додани Институти давлатии педагогии Кӯлоб  ниҳоят назаррас мебошад. Дар он давраи пасошӯравӣ ҳал кардани чунин масъала коре буд басо мушкил. Ҳақиқати ҳол он аст, ки барои ҳалли ин иқдом заҳмати зиёди як гурӯҳи олимони закию кордони институт назаррас ва ҳалкунанда мебошад. Вақте ки раёсати Институти давлатии педагогии Кӯлоб ва Комиҷроияи вилояти Кӯлоб  ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли ин масъала муроҷиат карданд, ҳукумат дар баробари ин аз онҳо ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунанда, дар асоси тадқиқот ва таҳлилҳои амиқи илмӣ талаб намуд, ки бе онҳо ҳалли масъалаи мазкур номумкин буд.

Аз ин рӯ, мутасаддиёни Институти давлатии педагогии Кӯлобро зарурат пеш омад, ки тартиби муайяншударо иҷро намоянд.

Ба ин хотир бо қарори Раёсати Институти давлатии педагогии Кӯлоб гурӯҳи корӣ аз ҳайати олимони соҳибтаҷриба (доктори илми иқтисод Шарифов З. Р., номзади илми иқтисод, Шарифов Ф. Н. ва номзади илмҳои физика- математика Тағайназаров С.) ҷиҳати гузаронидани тадқиқоти амиқи илмӣ бо мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи минтақа дар даҳсолаҳои минбаъда таъсис дода шуд.

Гурӯҳи корӣ бо як ҳисси масъулияти баланд зиёда аз 8 моҳ дар ҳама ноҳияҳои вилояти Кӯлоб бо ҷалби зиёди масъулини соҳаҳои мухталиф, тадқиқот ва таҳлилҳои мукаммали амалӣ гузаронида, маводҳои заруриро барои муайян намудани талабот ба мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи минтақа дар солҳои минбаъда ҷамъоварӣ намуда, мавриди омӯзиш қарор дод. Дар натиҷаи таҳлилу омӯзиш ва заҳмати зиёди гурӯҳи корӣ ҳисоботи таҳлилию тадқиқотии пурарзиш ва мукаммал дар ҳаҷми қариб 1000 саҳифа бо замимаҳояш (дар шакли ҷадвал) омода ва пешниҳод карда шуд, ки аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ хуб ва саривақтӣ арзёбӣ карда шуд ва дар ин замина барои ба Донишгоҳ табдил додани Институти давлатии педагогии Кӯлоб қарор қабул гардид.

Дар воқеъ, дар он давра ва он шароит ин як дастоварди таърихӣ барои Донишкада ва ҳам вилоят буд.

Барои аҳамият ва муҳимияти табдил додани Донишкада ба Донишгоҳ заҳматҳои гурӯҳи корӣ ба инобат гирифта шуда, аз тарафи роҳбарияти ҳамонвақта,  аъзоёни гурӯҳ, аз ҷумла Шарифов Ф. Н.  қадрдонӣ  гардиданд.

Дар остонаи ҷашни 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб номи устодони гиромӣ, аз ҷумла Шарифов Фатҳулло Нематовичро ёдовар шудан ва ба саҳми арзандаи онҳо дар рушди илму маорифи кишвар арҷгузорӣ намудан, боиси ифтихор ва фараҳмандист.

Ҳақназарзода Фирӯз, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!