,
Панҷшанбе, 11-сентябр
Рӯзи 10 сентябри соли 2025 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии кормандони қисми тарбияи муассиса таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Шарифзода Одинамо Пирназар бо донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ иқомат доранд, баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъулини бахши тарбия, ҷонишинони деканҳои факултетҳо оид ба корҳои тарбиявӣ, мутассадиёни хобгоҳ ва донишҷӯёни истиқоматкунанда иштирок намуданд. Муовини ректор Шарифзода Одинамо зимни суханронии худ масоили марбут ба тартибот ва қоидаҳои будубош дар хобгоҳро шарҳ дода, донишҷӯёнро бо меъёрҳои истифодаи таҷҳизоти техникӣ ва асбобҳои маишӣ шинос намуд.
Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангиву ахлоқии донишҷӯён, гиромидошти арзишҳои миллӣ, ойину фарҳанги ниёгон ва таҳкими раванди таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Муовини ректор донишҷӯёнро ба омӯзиши касбу ҳунар ва мутолиаи мунтазами асарҳои бадеӣ ҳидоят намуда, онҳоро ба масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа даъват кард.
Вохӯрӣ дар руҳияи самимият ва муҳити созанда баргузор гардида, ба донишҷӯён низ дар навбати худ имкони ибрози андешаву пешниҳодҳо дода шуд.