, Панҷшанбе, 11-сентябр

ИНСОНГАРОӢ ДАР МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ ИЛМИИ НАВ


ИНСОНГАРОӢ ДАР МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ ИЛМИИ НАВ

(муҳокимаи рисолаи илмӣ)

Имрӯз, 10 сентябри соли 2025, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии Абдулмаҷидзода Манучеҳр Абдулмаҷид - унвонҷӯи кафедраи умумидонишгоҳии педагогика баргузор шуд. Тадқиқоти ӯ таҳти унвони «Инсонгароӣ ва инсони комил дар осори Ҷалолиддини Балхӣ ва татбиқи он дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон дар шароити муосир» таҳия шуда, зери роҳбарии дотсент Иброҳимов Гурез амалӣ гардидааст.

Рисола барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогика (ихтисоси 13.00.01 - Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот) пешниҳод шуд.

Дар муҳокима мутахассисони соҳа, аз ҷумла дотсент Иброҳимов Гурез - роҳбари илмӣ, Назаров Ҳотам - мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ ва омӯзгорони дигар ширкат карданд.

Ҳамзамон, ҳамчун муқарризони холис Маҳмудзода Мумина, муовини ректори Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ва Исоева Дилором Саидаҳмадовна, номзади илмҳои педагогика, мудири кафедраи психологияи ДДК, назару пешниҳодҳои худро баён намуданд. Арзёбиҳои онҳо ба таҳкими нуқтаҳои муҳим, нишон додани ҷанбаҳои такмилталаб ва равшан кардани аҳамияти мавзӯъ мусоидат карданд.

Дар натиҷа, бо дарназардошти мулоҳизаҳои пешниҳодшуда, рисола анҷомёфта дониста шуда, барои муҳокимаи давраҳои баъдӣ тавсия гардид.

Раёсати донишгоҳ ба унвонҷӯ ва роҳбари илмии ӯ дастоварди илмиро муборакбод гуфта,  барои идомаи кор дар самти таҳқиқ ва такмили рисола ба онҳо барору муваффақият таманно менамояд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!