, Чоршанбе, 10-сентябр

РУШДИ СОҲАИ ХИЗМАТРАСОНИИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ


РУШДИ СОҲАИ ХИЗМАТРАСОНИИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо заминаи таърихӣ барои барқарорсозии ҳувияти миллӣ, балки омили муҳими рушду пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла нақлиёти автомобилӣ, гардид. Дар зарфи беш аз се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон тавассути сиёсати созандаи роҳбарияти давлат ба дастовардҳои назаррас дар рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ноил гардид. Дар ин шароит зарурияти таҳлили самаранокии сармоягузорӣ дар корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ ба миён омад, ки ҳадафи асосии мақолаи мазкурро ташкил медиҳад. Мавзуъ дар партави имкониятҳои нав, дастовардҳои даврони истиқлол ва таҳаввулоти иқтисодӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба яке аз кишварҳои обод ва зебо мубаддал гардида, ҳамасола рӯзи 9-уми сентябр ҳамчун ҷашни миллӣ бо ифтихор таҷлил мегардад. Боиси хушнудист, ки маҳз дар даврони истиқлолият соҳаи нақлиёт, аз ҷумла нақлиёти автомобилӣ, ба таври назаррас рушд ёфта, таҳкими инфрасохтор ва ҷорӣ намудани навгониҳои техникӣ дар ин самт таъмин карда шудааст.

Дар шароити муосир, муайянсозии натиҷаҳои воқеии амалиёти сармоягузорӣ яке аз вазифаҳои муҳими таҳлили самаранокии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ ба ҳисоб меравад. Муҳимтарин унсурҳои ин раванд - эътимоднокӣ ва пуррагии маълумоти ибтидоӣ ва дурустии усулҳои истифодашаванда дар таҳлил мебошанд.

Мақсадҳои таҳлили сармоягузории корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ иборатанд аз:

  • арзёбии объективии эҳтиёҷоти нақлиёт, имкониятҳо, миқёс, асоснокӣ, фоиданокӣ ва бехатарии сармоягузории кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат;
  • муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди сармоягузорӣ ва маблағгузории асосӣ дар корхонаҳои нақлиётӣ;
  • таҳияи шартҳои қобили қабул ва самтҳои асосии сиёсати сармоягузорӣ;
  • муайянсозии саривақтии омилҳое (объективӣ ва субъективӣ, дохилӣ ва хориҷӣ), ки ба фарқият байни натиҷаҳои воқеӣ ва банақшагирифташудаи сармоягузорӣ таъсир мерасонанд;
  • асосноксозии қарорҳои оптималии сармоягузорӣ бо мақсади таҳкими афзалиятҳои рақобатии корхонаҳо ва мутобиқати онҳо бо ҳадафҳои тактикӣ ва стратегӣ.

Вазифаҳои таҳлили сармоягузорӣ иборатанд аз:

  • таҳлили ҳамаҷонибаи зарурат ва имконияти сармоягузории дарозмуддат;
  • интихоби манбаъҳои оқилонаи маблағгузорӣ ва арзёбии арзиши сармоя;
  • муайян кардани омилҳои дохилӣ ва хориҷие, ки ба самаранокии иқтисодӣ, буҷетӣ ва экологӣ таъсир мерасонанд;
  • пешгӯии натиҷаҳои эҳтимолии лоиҳаҳо;
  • асосноккунии қарорҳои идоракунии хавф ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои мақсаднок;
  • мониторинги пас аз сармоягузорӣ ва таҳияи тавсияҳо барои беҳбуди натиҷаҳои сифатӣ ва миқдорӣ.

Таҳлили дурусти сармоягузории корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ бояд ба муқоисаи ҳаҷми сармоягузории пешбинишуда бо даромадҳои пулии оянда асос ёбад. Азбаски ин нишондиҳандаҳо ба замонҳои гуногун иртибот доранд, зарурати муҳими муқоисаи дуруст ба миён меояд.

Нуқтаҳои муҳими таҳлили лоиҳаи сармоягузорӣ:

  • пешгӯии ҳаҷми фурӯш бо дарназардошти талаботи эҳтимолии бозор ба хизматрасониҳои нақлиётӣ;
  • арзёбии воридоти пули нақд бо тақсимоти солона;
  • муайян кардани манбаъҳои зарурии маблағгузорӣ;
  • арзёбии қобили қабул будани арзиши сармоя.

Лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки дар раванди таҳияи буҷети сармоя таҳлил мегарданд, дорои мантиқ ва тартиби муайян мебошанд:

  1. Гардиши пули нақд: Ҳар як лоиҳаи сармоягузорӣ бо гардиши пули нақд алоқаманд аст. Ин гардиш метавонад ба таври хуруҷи соф ё воридшавии софи пули нақд ифода шавад. Ҳамеша тамаркуз ба гардиши пули нақд нисбат ба нишондиҳандаи фоида афзалият дорад, зеро он ҳаракати воқеии арзишҳоро нишон медиҳад.
  2. Даврабандии таҳлил: Таҳлил одатан солона гузаронида мешавад, аммо метавонад дар ҳама гуна давраҳо (моҳона, семоҳа, солона) анҷом ёбад. Муҳим он аст, ки таносуби дуруст миёни фоиз, давомнокии давра ва маблағҳо риоя гардад.
  3. Вақти сармоягузорӣ ва даромадҳо: Пешбинӣ мешавад, ки сармоягузорӣ дар охири соли қаблӣ анҷом меёбад ва даромадҳо дар охири ҳар соли минбаъда ба даст меоянд.
  4. Омили вақт (дисконт): Арзёбии лоиҳа бо дарназардошти таъсири вақт ба воситаи алгоритмҳои молиявии дисконткунӣ сурат мегирад. Ин амал имкон медиҳад нишондиҳандаҳо мисли NPV (арзиши холиси ҳозира), IRR (меъёри дохилии фоиз) ва PI (индекси фоиданокӣ) ҳисоб карда шаванд.

Дар натиҷаи таҳлил имкон дода мешавад:

  • муайян кардани арзиш ва меъёри фоидаоварии лоиҳа;
  • арзёбии дараҷаи хавф ва таъсири таваррум;
  • муайян кардани давраи татбиқи лоиҳа;
  • таҳияи сохтори манбаъҳои маблағгузорӣ;
  • арзёбии ҷолибияти сармоягузории корхонаҳои нақлиётӣ.

Объектҳои таҳлили сармоягузорӣ:

Объектҳои таҳлил метавонанд сармоягузориҳои воқеӣ ва молиявӣ бошанд. Намунаи сармоягузории асосӣ метавонад хароҷот барои хариди замин, таҷҳизот, таҷдид ва бунёди биноҳо бошад. Илова бар ин, сармоягузорӣ метавонад ба самтҳои зерин равона шавад:

  • фаъолияти тадқиқотӣ;
  • такмили хизматрасонии нақлиётӣ;
  • таблиғ ва ташкили шабакаҳои фурӯш;
  • бозсозии сохтори ширкат ва тайёр кардани кадрҳо.

Сабабҳои асосии сармоягузорӣ:

  1. Навсозии базаи моддӣ-техникии мавҷуда;
  2. Баланд бардоштани ҳаҷми хизматрасониҳо;
  3. Рушди навъҳои нави фаъолияти корхона.

Дар ҳар кадоме аз ин соҳаҳо дараҷаи масъулият барои қабули қарорҳои сармоягузорӣ фарқ мекунад. Масалан, агар мақсад иваз кардани иқтидорҳои мавҷуда бошад, қабули қарор осонтар аст. Вале дар мавриди васеъсозии фаъолияти асосӣ ё ташкили самтҳои нав, таҳлили амиқ ва муфассали бозор, захираҳо ва имкониятҳо зарур мегардад.

Ҳамзамон, дар қабули чунин қарорҳо сохторҳои гуногун иштирок мекунанд: муҳосибот, шуъбаи молия, маркетинг, муҳандисӣ, таъминот, банақшагирӣ ва идоракунии ҳуқуқиву иқтисодӣ.

Таҳлили раванди рушди соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар даврони истиқлол нишон медиҳад, ки Тоҷикистон тавонист дар муҳити мураккаби сиёсиву иқтисодӣ инфрасохтори нақлиётиро эҳё ва густариш диҳад. Бунёди роҳҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ, воридсозии технологияҳои муосир ва такмили хизматрасониҳои нақлиётӣ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими даврони истиқлол мебошанд.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ ва рақобати озод, таҳлили ҳамаҷонибаи самаранокии сармоягузорӣ дар корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ зарурияти аввалиндараҷа мебошад. Татбиқи фаҳмиши амиқ дар бораи манбаъҳо, хавфҳо, имкониятҳо ва натиҷаҳои пешбинишудаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба рушди устувор ва баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории ин соҳа мусоидат менамояд.

Дар даврони истиқлол, ки марҳилаи эҳёи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба шумор меравад, корхонаҳои нақлиётӣ бояд таҳлилҳои амиқи иқтисодиро асос қарор дода, самтҳои афзалиятноки рушди худро муайян намоянд. Танҳо дар чунин сурат имкон аст, ки рақобатпазирӣ дар бозор таъмин ва хизматрасониҳои нақлиётӣ ба талаботи муосир ҷавобгӯ гарданд.

Хидиров Фарҳод Худойқулович, муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии Кӯлоби ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!