,
Чоршанбе, 10-сентябр
Истиқлолияти давлатӣ, ки халқи тоҷик онро 34 сол қабл ба даст овард, самараи талошу муборизаҳои тулонии мардум бо раҳбарии Пешвои миллат дар роҳи пурфарозу нишеби таърих аст. Андешаи истиқлол ва ормони расидан ба давлатдории миллӣ дар зеҳни миллат тӯли ҳазору як сол ҳамеша зинда буд ва имрӯз бо талошҳои пайвастаи наслҳои мухталиф ба ҳақиқат пайваст.
Дар шароити имрӯза таҳкими истиқлолият, таҳким бахшидани пояҳои давлатдорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аҳамияти ҳаётан муҳим касб кардааст. Зеро дар даҳсолаҳои ахир пешрафти босуръати илму техника ва раванди ҷаҳонишавӣ инсониятро ба ҷаҳони комилан нав ворид намуда, заминаи ташаккули низоми фарогири равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иттилоотиро фароҳам овардааст.
Бо вуҷуди ҳамаи ин дастовардҳо, инсоният то ҳол ба орзуи деринаи худ - зиндагии орому обод, бидуни хушунату низоъ - нарасидааст. Баръакс, имрӯз ҷаҳони муосир бо хатару таҳдидҳои нав рӯбарӯ аст: ихтилофоти мафкуравӣ ва мазҳабӣ, бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва дигар чолишҳои глобалӣ инсониятро нигарон сохтаанд.
Дар чунин шароит ҳар як фарди бедордилу ватандӯст бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, барои таҳкими сулҳу субот, рушди кишвар ва ҳифзи истиқлол саҳми худро гузорад.
Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф", ҳамасола баргузор шудани озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили «Илм - фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», нашру тақдими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон - оинаи таърихи миллат», аз ҷумлаи иқдомҳои муҳими маърифатӣ ва фарҳангӣ ба шумор мераванд, ки дар баланд бардоштани сатҳи маърифат ва худшиносии миллӣ нақши бориз доранд.
Илова бар ин, дар доираи омодагӣ ба таҷлили 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар се соли ахир беш аз 34 ҳазор иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Дар баробари ин, ифтитоҳи як қатор иншооти нави хоҷагии халқ низ дар назар аст.
Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ҳастанд, ки сарнавишти минбаъдаи он халқро тағйир медиҳанд. Барои миллати тоҷик, истиқлолият маҳз чунин рӯйдоди тақдирсоз буд.
Истиқлолият ба мардуми тоҷик имконият дод, ки сарнавишти худро ба дасти худ гиранд, роҳи зиндагии шоиставу осуда ва бунёди як давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро дар пеш гиранд.
Давраи соҳибистиқлолӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон рӯҳи тоза бахшида, ҳисси худшиносӣ, ватандорӣ ва ифтихори миллиро тақвият бахшид. Бо таҷрибаи куҳан дар масири давлатдорӣ, миллати тоҷик ба сулҳу ваҳдати миллӣ расид ва дар роҳи амалӣ намудани барномаҳои азими созандагӣ, ки бо тақдири наслҳои имрӯз ва оянда иртиботи мустақим доранд, қадамҳои устувор гузошт.
Ба шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, мо тавонистем, ки лоиҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисодӣ, саноатӣ ва иҷтимоиро амалӣ созем, садҳо километр роҳ, нақб ва пул бунёд намоем, ки имрӯз ба нафъи мардум хизмат мекунанд.
Бо вуҷуди мушкилоти сангини солҳои гузашта, аз ҷумла буҳронҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, Тоҷикистон тавонист рушди устувори иқтисодиро таъмин намояд.
Аммо дар ибтидои роҳи истиқлолият душманону хоинони миллат, ки мазҳари беимонӣ ва хиёнат буданд, кишварро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Онҳо бо истифода аз зӯри силоҳ, тарсонидан ва куштори оммавӣ, кӯшиш доштанд, ки дар Тоҷикистон як низоми ғайримиллӣ ва бегонаро таҳмил намоянд.
Дар натиҷа, сохторҳои давлатӣ фалаҷ гашта, беш аз як миллион нафар ба гурезаи иҷборӣ табдил ёфтанд. Даҳҳо ҳазор нафар, аз ҷумла кӯдакон, занон ва пиронсолон ба ҳалокат расиданд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хатари аз харитаи ҷаҳон маҳв гардидани давлати ҷавони тоҷиконро ба вуҷуд оварда буд.
Дар чунин шароити душвор фарзандони огоҳи миллат ва неруҳои солими ҷомеа ба хотири наҷоти давлат муттаҳид шуда, дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ (ноябри 1992, шаҳри Хуҷанд) аввалин қадамҳо барои қатъи хунрезӣ гузошта шуданд.
Бо ирода ва майли мардуми сарбаланди тоҷик, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии кишвар ҳифз гардид, сохторҳои давлатӣ барқарор ва барои хизмат ба мардум фаъол гаштанд.
Дар ин марҳала болоравии ҳисси худшиносиву ватандорӣ, хоса дар байни ҷавонон, яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлол ба ҳисоб меравад.
Мо вазифадорем, ки ин дастовардҳоро ҳифз карда, наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, донишомӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии муосир тарбия намоем.
Ҳамзамон, дар даврони истиқлол, илму маориф ва фарҳанг ба аркони муҳими иҷтимоӣ табдил ёфта, ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллӣ эътироф шудаанд. Онҳо дар ташаккули маънавии ҷомеа, тарбияи насли наврас, шинохти рисолати таърихӣ ва густариши худшиносии миллӣ нақши муҳим мебозанд.
Ифтихор аз таърих, забон, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ яке аз сутунҳои асосии истиқлолият ба шумор меравад. Мо борҳо таъкид кардаем ва боз мегӯем: истиқлолияти фарҳангӣ барои мо баробари истиқлолияти сиёсӣ арзиш дорад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар замони Шӯравӣ мустақилияти сиёсати хориҷиро надошт, ташаккули муносибатҳои байналмилалӣ баъд аз истиқлолият кори наву хеле муҳим буд. Бо вуҷуди вазъи вазнини дохилӣ, фаъолияти сиёсати хориҷӣ ба ду самти асосӣ равона гардид:
Моҳи ноябри соли 1992, Президенти навинтихобшуда Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI самтҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ба таври зерин муайян намуд:
Ҳукумати кишвар, новобаста аз мушкилоти зиёд, дар ҳамаи ин самтҳо иқдомҳои ҷиддӣ анҷом дод ва дар солҳои душвори 90-ум тавонист, ки на танҳо худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд, балки мактаби воқеии дипломатияи давлатдориро пушти сар гузорад.
Дар натиҷа, обрӯ ва эътибори Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ афзуд. Нишонаи эътирофи ин хизматҳо ҷоизадории ӯ бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ дар соли 2000 мебошад.
Бунёд ва навсозии муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ дар саросари кишвар - аз ҷумла мактабҳо, донишгоҳҳо, беморхонаҳо ва литсейҳо - қисмати муҳими барномаҳои маърифатноксозии ҷомеа мебошанд. Ҳадаф танҳо сохтмон нест, балки фароҳам овардани шароити замонавии таълим, муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияҳои иттилоотӣ ва дигар васоити муосир аст.
Ҳамаи ин ба сӯи таълиму тарбияи насли нав, баланд бардоштани сифати таҳсил, рушди илмҳои дақиқ, забономӯзӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арзишҳои миллӣ равона шудааст.
Пулодов Амирҳамза, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳои ДДК ба номи А. Рӯдакӣ