,
Чоршанбе, 10-сентябр
Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат ва давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, яке аз дастовардҳои бузургу беназир ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз бо ба даст овардани истиқлолият давлат соҳиби ихтиёр ва сарнавишти худ мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатиро расман эълон намуд. Хушбахтона, ин истиқлолият аз ҷониби давлатҳои ҷаҳон ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф гардид.
Имрӯз ба истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 сол пур мешавад. Дар ин муддати таърихии, на он қадар тӯлонӣ, кишвари мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки Тоҷикистонро дар масири пешрафт ва музаффариятҳои нав қарор дод. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол - наҷоти давлатдории миллии тоҷикон аз хатари нестшавӣ ва таҳкими пояҳои он мебошад. Мутаассифона, дар оғози истиқлолият, бар асари дахолати қувваҳои беруна ва гурӯҳҳои манфиатҷӯ, кишвар ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки вазъи сиёсиро шадидан мураккаб гардонид.
Истиқлолият ҳамчун неъмати бузургу бебаҳои миллӣ ва дастоварди нодири таърихӣ дар муддати кӯтоҳ собит кард, ки он самараи заҳмату талошҳои содиқонаи халқи тоҷик ва меҳру муҳаббати фарзандони Ватан ба сарзамини аҷдодӣ мебошад. Истиқлолият рамзи пойдории давлат, нишони олии ватандӯстӣ ва ормони ҳазорсолаи миллат аст. Маҳз дар ин давра бо сиёсати пешгирифтаи давлатдории навин, ки бар адолат, инсонпарварӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ асос ёфтааст, тоҷикон дар арсаи таърих ва тамаддуни умумибашарӣ ҳамчун миллате бо анъанаҳои ғании давлатдорӣ ва сулҳпарвар шинохта шуданд.
Дар даврони истиқлолият, Тоҷикистон тавонист дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазовор ва манзалати хос касб намояд. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун давлати озоду обод шинохта мешавад, ки дар он расму ойинҳои миллӣ ва маросимҳои динӣ дар ҳамбастагӣ риоя мегарданд.
Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 1-уми сентябри соли 2015 дар шаҳри Кӯлоб бинои асосии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Ин донишгоҳ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардида, барои анҷом додани таҳқиқот ва ташхис тибқи стандартҳои байналмилалӣ омода шудааст. Ҳамчунин дар факултети химия ва биология озмоишгоҳи инноватсионии илмӣ-таҳқиқотӣ таъсис ёфтааст, ки барои омӯзиш ва ташхиси маводи химиявию биологӣ истифода мешаванд.
Ҳамарӯза магистрантон, докторантон (PhD) ва унвонҷӯён дар ин озмоишгоҳҳо ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд. Кушодашавии ин озмоишгоҳҳо дар доираи амалисозии Барномаи "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" сурат гирифта, заминаи мусоид барои рушди таҳқиқоти илмии ватанӣ фароҳам овардааст.
Илмҳои дақиқ - химия, математика, физика, технологияи иттилоотӣ - ва илмҳои табиатшиносӣ - биология, геология, экология - на танҳо барои пешрафти назариявӣ, балки барои рушди иқтисодиёт, саноат, кишоварзӣ, энергетика ва таъмини амнияти экологӣ аҳамияти калидӣ доранд.
Дар ин давра, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб тавонист як хобгоҳи муассисаро, ки дар он 360 донишҷӯи духтар иқомат мекунанд, ки бо системаи гармидиҳӣ пайваст намояд. Ҳамчунин, бо дастгирии Ҳукумати кишвар як бинои нави таълимии баландошёна ва ду хобгоҳ барои омӯзгорону донишҷӯён бунёд гардида истодааст.
Роҳбарияти донишгоҳ бо ҳадафи баланд бардоштани савияи донишу малакаи кормандони ҷавон, онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Ин моро водор месозад, ки боз ҳам бештар бо масъулияти баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан заҳмат кашем ва дастовардҳои Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
Дастоварди бузурги мо дар ин 34 сол барқарории сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва болоравии ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастист. Ин ҳама ба шарофати хиради азалии мардуми фарҳангдӯст ва роҳбари оқилу фарзонаи миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Маҳз бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ба дастовардҳои назаррас дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, муваффақ гардид. Ба шарофати истиқлолият имрӯз мо дар фазои орому осуда, дар кишвари ободу пешрафта умр ба сар мебарем ва ният дорем ин пешрафтро идома диҳем. Тавре Пешвои миллат таъкид мекунанд: «Гарчи истиқлолияти давлатӣ ҷавон аст, аммо миллати тоҷик ва таърихи давлатдории он ҳазорсолаҳо умр дорад».
Мо - тамоми мардуми кишвар, аҳли илму маориф, устодону муҳассилон, волидону фарзандон - бояд бо истифода аз тамоми донишу маҳорат, хирад ва таҷрибаи худ барои татбиқи ҳидоятҳои Сарвари давлат ва пешрафти Ватан талош варзем.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо пеш аз ҳама саломатӣ ва дар корҳои рӯзмарраашон муваффақиятҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Давлатмуродзода Мирзомурод, мудири кафедраи химия ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ