,
Чоршанбе, 10-сентябр
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвар ба мушкилоти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ шуд. Қувваҳои қудратталаби дохилию хориҷӣ тавонистанд дар муддати кӯтоҳ Тоҷикистони азизро ба гирдоби ҷанги дохилии хунин бикашанд.
Бо гузашти айём, пас аз ҳазорсолаҳои таърихӣ ва таҷрибаи талхи миллат, таҳти раҳбарии марди хирадманду ватандӯст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, халқи сарбаланди тоҷик Истиқлоли давлатии худро соҳибӣ карда тавонистанд. Истиқлол ва озодӣ барои мардуми тоҷик рамзи воқеии ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва заминаи муҳими сохтмони ҷомеаи мутамаддин, зиндагии орому осоишта ва рушди устувори кишвар гардид.
Дар як муддати кӯтоҳ мардуми тоҷик таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат ба он шарафёб гардиданд, ки Истиқлолияти давлатии худро аз хатарҳои дохилию хориҷӣ ҳимоя кунанд, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшанд ва пояҳои давлатдории миллиро барқарор намоянд. Бо талошу ҷонфидоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои Истиқлоли давлатӣ таҳким ёфта, дар кишвар сулҳ таъмин шуд, душманони хориҷию дохилӣ ноком гаштанд, фирориён ба Ватан баргаштанд, ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, мардум нафаси озод кашиданд ва Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста пайдо кард.
Имрӯз самараҳои Истиқлол дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа-тандурустӣ, маориф, илм, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, бозори меҳнат, занону ҷавонон, варзиш ва дигар бахшҳо эҳсос мешаванд. Ҳар яке аз ин муваффақиятҳо аз файзу баракати Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст.
Мо, мардуми тоҷик, шукрона мекунем, ки таҳти сарварии Президенти маҳбубамон сулҳу амният дар кишвар пойдор аст, ваҳдати миллӣ таҳким меёбад, ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ боло меравад. Тоҷикистони азизамон дар радабандии давлатҳои тинҷу амн мақоми баландро ишғол мекунад.
Истиқлолият орзуи ҳамешагии ҳар миллати озода аст ва бе доштани он ҳама гуна дастовардҳои илмию иқтисодиву иҷтимоӣ комил нахоҳад буд. Даҳҳо давлату миллатҳо орзӯи доштани истиқлолиятро доранду дар ин роҳ аз ҷафои таъриху замон ба нобудӣ рафта истодаанд.
Раванди шаклгирии давлати муосири Тоҷикистон аз як қатор омилҳо вобастагии зич дорад. Аз ҷумла, яке аз омилҳои асосии муайян намудани тамоюли рушди давлати муосири Тоҷикистон ин таҷдиди назар гардидани асосҳои конститутсионӣ ва низоми ташкилии он ба ҳисоб меравад. Дар ташаккули давлати муосири Тоҷикистон таҳия ва қабули Конститутсияи он аҳамияти бузурги назариявӣ ва амалию сиёсиро касб намудааст. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сарнавиштсоз дар роҳи бунёди давлатдории муосири тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти давлатӣ, субот, ваҳдат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад. Зеро дар он асосҳои бунёдии давлати муосири Тоҷикистон инъикоси арзишӣ ва меъёрии хешро пайдо намудаанд.
Воқеан, соҳибистиқлолӣ ва инкишофи мустақилонаи давлат дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои амиқро ба вуҷуд оварда, барои ислоҳоти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва интихоби шакли нави идоракунии давлат замина гузошт. Зарурияти ислоҳоти сиёсӣ дар ҷомеа масъалаи ташаккули давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешиву бисёрҳизбӣ, соҳибихтиёрии халқ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати мавҷудияти моликияти хусусӣ ва дигар принсипҳои муҳими демократиро ба вуҷуд овард, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо ва куллан дигаргун кардани сохти давлатдорӣ қабули Конститутсияи нави кишвар ногузир гардид.
Қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ, ки бори нахуст ба таври раъйпурсии умумӣ сурат гирифт, дар худ самтҳо ва бахшҳои асосиву стратегии рушди давлати муосири Тоҷикистон ва масъулияти муштараки халқ ва ҳокимиятро дар бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ инъикос менамояд. Таҷрибаи таърихии кишварҳои мутамаддини олам гувоҳ аз онанд, ки давлат танҳо дар сурате рушду инкишоф меёбад ва талаботу манфиатҳои тамоми аҳолии он ҳифз мегардад, ки агар дар он Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда ба таври зарурӣ риоя ва иҷро шуда, волоияти қонун ҳамчун нишонаи барҷастаи давлати ҳуқуқбунёд таъмин гардад ва ташаккули муҳимтарин принсипҳои демократияи муосир дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дода шавад. Бояд хотирнишон сохт самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистони биҳиштосо дар дунё чун давлати сулхоҳу сулҳпарвар муаррифӣ гардида, мо тоҷикон пайваста аз ин неъмати бебаҳо мефахрем. Бошад, ки дар Тоҷикистони азизи мо ҳамеша сулҳу субот ва истиқлолият пойдор ва ҷомеаи мо ҳамеша дар ҳоли рушду пешрафти босуръат қарор дошта бошад.
Бобозода Бахтиёр Ҷанги- дотсенти кафедраи химия ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ