, Чоршанбе, 10-сентябр

ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ ОЗОДӢ ВА ШУКУФОИИ МИЛЛАТ


ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ ОЗОДӢ ВА ШУКУФОИИ МИЛЛАТ

(Ба истиқболи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ду боли тавоное ҳастанд, ки Тоҷикистонро ба парвозҳои баланд ҳидоят менамоянд. Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 34 - сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи фараҳбахш 9 –сентябри соли 1991 расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Бояд зикр кард, ки сулҳ ва истиқрор мафҳумҳое ҳастанд, ки озодӣ, оромиву ободӣ, ваҳдату истиқлолият ва нишонаи созандагии зиндагии давлату миллатро поягузорӣ мекунанд. Фазои сулҳу дӯстӣ муждарасони озодиву оромиву ободӣ ва ганҷи бебаҳо ва таҷассумгари шодкомиву хушҳолӣ ва пояҳои асосии ватандӯстӣ буда, миллатро ба сӯи шинохти ҳуввияти миллӣ роҳнамоӣ мекунад.

Истиқлолият моҳият ва арзишҳои худро дошта, ба қадр, мӯҳтаво ва асолати он расидан худ кори муқаддас ва бузург аст. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд: «Иқдомоти дар замони соҳибистиқлолӣ амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ ва дар натиҷа ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони бузург бахшиданд. Дар робита ба ин, бори дигар таъкид мекунам, ки фарҳанг ҳастии миллат аст. Агар соли 2000-ум аз буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг ва варзиш ҳамагӣ 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2024-ум ин нишондиҳанда 1 миллиарду 716 миллион сомониро ташкил дод. Тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд».

Ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллати тоҷик назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмӣ аст. Имрӯз бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавон мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ - иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро ғояҳои олии истиқлоли давлатӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи моро имрӯзҳо торафт бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият тавассути гузаронидани як қатор ислоҳотҳо ба муваффақиятҳои назаррас соҳиб гардид, ки таҳия ва қабул гардидани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва қабули стандартҳои давлатии таълимии нави таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, ҷорӣ гардидани низоми дузинагии таҳсилоти олии касбӣ, дар амал татбиқ ёфтани барномаҳои нави таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, аз таъмир бароварда шудани мактабҳо ва сохтмони мактабҳои нав, таҳия ва нашри китобҳои дарсии нави замонавӣ аз зумраи дастовардҳои бузургтарини соҳаи маорифи кишвар маҳсуб меёбад.

Дар ин росто, қабл аз ҳама, бояд дарк кард, ки бо самараи неки истиқлол имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Аз инрӯ бузӯргтарин дастоварди мо дар даврони Истиқлолият, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумӯи кишвар беназиранд. Тавре мушоҳида менамоем дар замони истиқлолият бо ташаббуси Пешвои миллат ташкил намудани конференсия ва сипозиумҳо бахшида ба чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ ва гиромидошти таърих ва фарҳанги миллат ва бузургдошти адибону донишмандони миллат А.Рӯдакӣ, А.Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, 800 - солагии Ҷалолиддини Румӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Имоми Аъзам ва таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардида, доир ба ҷашнвораҳо як қатор асарҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ нашр гардиданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистони имрӯз 34 – умин солгарди худро ҷашн мегирад.

  1. 34- соли муззаффариятҳо, кашфиёти қуллаҳои баланд, комёбиҳои дастрас ва имконпазир.
  2. 34- соли ободониву кабудизоркунии шаҳру ноҳияҳои кишвар, расидан ба некбахтиву озодиву сулҳу ваҳдат.
  3. 34- соли хандаҳои кӯдакон, хурсандӣ ва шодиву нишоти пиру барно.
  4. 34- соли дастовардҳои назаррас дар соҳаи илму маориф.
  5. 34 - соли пурбарор дар самти сиёсати муваффақ.
  6. 34 - соли комгор дар таъмир ва аз навсозии роҳҳои кишвар.
  7. 34 - соли муваффақиятҳо ва комёбиҳо дар сиёсати хориҷии кишвар

Ормонҳои миллати мо чун озодӣ, истиқлолият, ватандӯстиву инсондӯстӣ, озодфикриву илмдӯстӣ, ваҳдати милливу дӯстии байни миллатҳо, таҳаммулгароӣ аз омилҳое мебошанд, ки метавонанд устувории ҷомеаи моро таъмин намоянд.

Каримҷонзода Манучеҳр, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, декани факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!