,
Чоршанбе, 10-сентябр
Дар арсаи таърих бисёр халқҳои ин ё он кишвар дар оғози марҳилаи навини давлатдории хеш ба ихтилофоту дигаргуниҳо рӯ ба рӯ шуданд, ки баҳри устуворӣ ва пойдорсозии дастовардҳои миллиашон пайгирона талош варзидаву ҷоннисориҳо намуданд. Бо тоҷикон низ дар марҳилаи аввали истиқлолият чунин ҳодиса рух дод ва зиддиятҳои гурӯҳӣ ба миён омаданду оташи ҷанги байни ҳамватанон аланга зад ва хатари аз байн рафтани давлати навини тоҷикон, дар баробари ин, боз хатари парокандашавии миллат ба миён омад.
Дар таърихи аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар қасри «Арбоб»-и шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар он давра Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбар барномаи сиёсии хешро ба таври мушахасу возеҳ иброз дошт, ки «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва баргардонидани ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам».
Вале ҳамоно ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Баъди гузашти солҳо ба таърих назар афканда он лаҳзаҳои пурдоғу пурдардро мебинем ва дарк мекунем, ки Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он вақт ҷонашро ба гарави сулҳ монд буд. Чуноне, ки ин абармарди ватанпараст дар рӯзи аввали Роҳбари давлат интихоб шуданаш, чунин гуфта буд: «Ё ман дар Тоҷикистон сулҳ меорам ё дар ин роҳ ҷони худро нисор мекунам».
Иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 48-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи сентябри соли 1993 барои кишвари мо оғози яке аз давраҳои муҳим дар ҷодаи сулҳу амният ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат зимни ин суханронӣ шиори Созмони Милали Муттаҳид:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор-ро
бо забони аслии эҷоди он, яъне бо лаҳни ноби тоҷикӣ қироат намуданд. Дар партави ин шоҳбайти инсонпарастона Пешвои миллат баъдан борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ оид ба масоили муҳимтарини байналмилалӣ ва таҳдиду хатарҳо ба амнияти умумиҷаҳонӣ суханронӣ намуда, роҳи ҳалли онҳоро аз нигоҳи Тоҷикистон арзёби намуд.
Алҳол имрӯз истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро зиёда аз 150 кишвари ҷаҳон муаррифӣ намуда ба расмият шинохтаанд. Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди робитаҳои байналхалқӣ сиёсати дӯстона ва сулҳҷӯёнаро пеш гирифта, дар роҳи расидан ба қуллаҳои баланди истиқлолият ва таъмини сулҳу амният мавқеи худро устувор намуд.
Бояд ёдовар шуд, ки Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои бадастории истиқлолият барои ташаккули пояҳои давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа ва суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид. Вақте Тоҷикистон истиқлолияти худро эълом намуд, пайи ҳам чандин мушкилиҳое пеш омад, ки ҷумҳурӣ дар танҳоӣ имкони ҳаллу фасли онҳоро надошт. Бо вуҷуди мушкилоти дохилӣ ва таъсири харобиовари вазъи маъмулии минтақавӣ мо тавонистем кишвари худ ва истиқлолияти давлатиро ҳифз намоем. Ин раванд дурустии мавқеву манзалати роҳбарияти давлату ҳукуматро собит сохт, ки кишвари мо тавонист аз чунин мушкилии бузурги пешомада раҳоӣ ёбад.
Бисёр ташаббусҳои сиёсии Роҳбарияти Тоҷикистон, аз қабили тариқи гуфтушунид ҳаллу фасл намудани мухолифати шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1997), мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, ташаббусҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ пайдо.
Бояд гуфт, ки бо шарофати истиқлол ва муносибатҳои дустию сулҳҷуёна Тоҷикистон мавқеву манзалати худро дар байни дигар кишварҳои ҷаҳон устувор намуд. Дастовардҳои мо дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар барқарор намудани сулҳу оромӣ ва пойдории ваҳдати миллӣ, инчунин таъмини рушди устувории иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳӣ бо шарофати хиради мардуми соҳибмаърифати тоҷик муяссар гардидааст. Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон тамоми олам мешиносанд.
Хушбахтона имрӯз Тоҷикистон ва мардуми соҳибфарҳанги он дар остонаи ҷашни миллӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ин ҷашн дар шароите таҷлил гардида истодааст, ки бо таҳким бахшидани сиёсати давлат ва фаъолиятҳои ҳукумат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои милливу стратегӣ суръати нав пайдо менамояд.
Имрӯз миқёсу андозаи хатарҳои умумиҷаҳонӣ ва минтақавӣ низ афзуда, ба тақдири кулли инсоният ва амнияти давлатҳою кишварҳои хурду бузург таҳдид менамояд. Ин хатарҳо аз рӯи мазмуну моҳият, ҳадафу мақсадҳои ниҳоӣ, фазои густариш ва ҷанбаи паҳншавӣ хусусияти глобалӣ дошта, бо вуҷуди фазлфурӯшию худсафедкуниҳои дурӯғин, оқибати мудҳиш, фоҷиабор ва ҳалокатовар доранд ва ниҳоят метавонанд сабабгори нест шудани ҳаёт дар саросари кураи замин гарданд. Бояд гуфт, ки дар чунин вазъияти пурпечутоб Тоҷикистонро зарур аст, ки ба роҳ мондани ҳамкории судманди байналхалқиро ба хоти
ри рафъи хатарҳои глобалӣ дар сатҳи шоиста таъмин намояд.
Чунин ҳамкориҳои густурда барои бо ҳамдигар наздик гардидани муносибатҳои ҳамкорӣ байни кишварҳоро ба миён меоварад. Аммо бояд зикр кард, ки дар сурати ба ҳамдигар мувофиқ наомадани манфиати кишварҳо имкони таҳдиди хатар ва коҳиши амният вуҷуд хоҳад дошт. Дар чунин вазъияти мураккаб Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои худ дар муносибатҳои байналхалқӣ бояд аз сиёсате пайравӣ намояд, ки сатҳи муносибатҳои стратегӣ, ҳамкорӣ ва дӯстӣ бо кишварҳои ба таври анъанавӣ дар минтақа нуфуз дошта ва бозигарони нави муносибати байналмилалӣ дар минтақаро поин наорад.
Баҳри ин Президенти мамлакат ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз бахшҳои муҳимтарини сиёсати хориҷӣ муайян намуда, худ низ дар ин ҷода саҳми назаррас пайдо кардааст. Чи тавре собиқ Директори генералии ЮНЕСКО, Коичира Матсуура ба ташаббусҳои сарвари давлати тоҷикон – Эмомалӣ Раҳмон баҳо дода, қайд мекунад: «Мо ба талошҳои бардавоми Президент Эмомалӣ Раҳмон оиди ҷустуҷӯи роҳҳои нав барои ҳалли мушкилотҳои мавҷудаи иҷтимоӣ ва муҳити зист, ки дар фароянд барои манфиатҳои натанҳо як кишвар, минтақа, балки тамоми ҷаҳон хидмат мекунад, баҳои баланд медиҳем».
Лозим ба зикр аст, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмин ва таҳкими сулҳу субот, ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ, амният ва ташаббусҳои созандаю некбинона муассир мебошад. Маҳз бо шарофати сиёсати муваффақонаи Сарвари давлат дар роҳи расидан ба қуллаҳои баланди сулҳ ва ободиву осоиштагии ватани азиз кишвари моро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати тозаистиқлол дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба пуррагӣ мешиносанд.
Асоси ин гуфтаҳо ин аст, ки дар яке аз сафарҳои худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 6 августи соли 2021 дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон дар вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Роҳбарони давлатҳо аҳамияти воҳӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро таъкид намуда, маҷмӯи васеи масоили мубрами ҳамкории минтақавӣ, дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсиву иқтисодӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавиро баррасӣ карданд. Сарвари давлат зимни суханронӣ иброз доштанд, ки дар шароити кунунӣ ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти радикализм ва қочоқи маводи мухаддир андешидани чораҳои таъхирнопазирро тақозо мекунад. Дар ин вохӯрӣ Президенти Туркманистон бо қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ, нахустин мукофоти олӣ – «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ»-ро дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуданд.
Имрӯз Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун як давлати соҳибихтиёру тозаистиқлол ва яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ арзи ҳастӣ дорад. Ин боиси ифтихору ватандории ҳар яки мо мебошад. Ҳамзамон дар сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқ дар муносибатҳои судманди сулҳхоҳона нуфузу эътибори хоса пайдо кардааст.
Ҳамаи ин тадбиру ибтикорҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он овард, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари сулҳдусту инсонпарвар, пайрави арзишҳои демократӣ, тарафдори ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷониба шинохта шудааст. Аз тарафи дигар, Сарвари давлат дар доираи муносибатҳои байналмилалӣ манфиатҳои давлатӣ, ва миллии Тоҷикистонро дар мадди аввал гузошта, тавассути хиради воло дар робитаҳо бо кишварҳои мухталифи дунё тавонист истиқлолияти воқеии ҷумҳуриро таъмин намояд.
Мирзоев Некқадам, унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносиии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ