,
Чоршанбе, 10-сентябр
Зиндагӣ осон нест. Бисёре гумон доранд, ки зиндагӣ кардан як амри сода аст. Аммо таҳаммули шебу фарозҳо, сахтиву талхиҳои рӯзгор, на кори ҳар кас аст. Танҳо онҳое метавонанд дар ин роҳ ба қадру манзалат бирасанд, ки бо заҳмат, сабр ва иродаи қавӣ пеш мераванд. Яке аз чунин шахсиятҳои бузург - олими фидоии илм ва омӯзгории дақиқ - профессор Раҳматулло Акбаров буд.
Дар саҳифаҳои таърих низ мебинем, ки ҳар як шахсияти маъруфи илму дониш роҳи пурпечутоберо тай кардааст. Олимон бо ранҷу бедорхобиҳо, ҷудоиҳо ва сахтиҳо рӯ ба рӯ мешаванд, вале ҳаргиз по ақиб намекашанд. Онҳо аз ҳар мавҷи хатар эмин мебароянд ва ҳар лаҳзаи ҳаётро ба омӯзишу эҷод табдил медиҳанд. Ва замоне ки ба қафо менигаранд, ҳамаи он заҳматҳоро ҳамчун бахше аз пирӯзиҳо ва муваффақиятҳо мебинанд.
Хотироти нек, шахсро ба қуллаҳои баланди мурод мерасонад. Танҳо олимонанд, ки бо умеду бовар ба оянда менигаранд ва осори онҳо барои башар чароғи маърифат мегардад. Аз ин рӯ, пос доштани номи олимон - вазифаи маънавии ҳар як соҳибдил аст.
Сухан дар бораи шахсе меравад, ки воқеан маънии зиндагиро дар илм дарёфта буд. Раҳматулло Акбаров 4 январи соли 1939 дар деҳаи Боғи Ҳабиби шаҳри Кӯлоб (ҳоло ноҳияи Муъминобод) ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби 7-солаи №8 ба номи Дмитрев, таҳсилро дар филиали Институти давлатии педагогии Душанбе дар шаҳри Кӯлоб идома додааст. Солҳои 1962-1965 хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адо намуда, аз соли 1965 ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохтааст.
Ӯ дар тӯли зиёда аз 40 соли фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва омӯзгорӣ вазифаҳои муҳими илмиро иҷро намудааст: муаллими калон, дотсент, мудири кафедра, декани факултети математика, профессор ва роҳбари илмӣ. Солҳои 2004-2012 роҳбарии кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳоро ба уҳда дошт.
Раҳматулло Акбаров соли 2009 рисолаи докториро дар мавзӯи “Масъалаҳои канории назарияи функсияҳои аналитикӣ ва умумшуда бо сарбории аъзои озод ва шартҳои шакли моментҳо” дифоъ намудааст. Ӯ муаллифи беш аз 140 корҳои илмӣ мебошад, ки дар байни онҳо 10 монография, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва мақолаҳои илмӣ мавҷуданд. Таҳқиқоти амиқу пурмуҳтавои профессор Раҳматулло Акбаров ва осори илмии ӯ на танҳо саҳми назаррас дар рушди таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо мебошад, балки дар ташаккули мактаби илмии миллӣ низ нақши муассир гузоштааст. Асарҳои ӯ, аз ҷумла силсилаи «Математикаи олӣ», «Ибтидои таҳлили комплексӣ» ва «Интеграли Стилтесс ва татбиқи он», имрӯз дар донишгоҳҳои кишвар ва берун аз он ҳамчун манбаъҳои асосии таълимӣ истифода мешаванд. Ин таълифот на танҳо холигоҳҳои мавҷударо дар илми риёзии тоҷик пур карданд, балки заминаи таҳқиқоти навро барои насли наврас ва муҳаққиқони ҷавон муҳайё сохтанд. Бешак, саҳми профессор Акбаров дар таълиму тадқиқот, тайёр кардани мутахассисон ва густариши маърифати илмии ҷомеа, ҳамчун пояи устувори илми ватанӣ боқӣ хоҳад монд.
Ӯ дар конфронсҳои бонуфузи байналмилалӣ дар Белорус, Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат кардааст. Ҷолиб он аст, ки ӯ аввалин доктори илмҳои физика-математика дар риштаи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо дар байни хатмкардагони ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳисоб меравад.
Ӯ ҳамчунин муаллифи китобҳои дарсӣ барои синфҳои болоӣ дар фанни алгебра буд, ки солҳо дар мактабҳои кишвар истифода мешуданд.
Таҳти роҳбарии ӯ се нафар рисолаҳои номзадии худро дифоъ кардаанд.
Барои хизматҳои шоён дар самти омӯзгорӣ, пажӯҳишҳои илмии сатҳи баланд ва саҳми беназир дар рушду таҳкими илми риёзии тоҷик, профессор Раҳматулло Акбаров бо як қатор мукофотҳои давлатӣ ва нишонаҳои фахрӣ сарфароз гардонида шудааст. Аз ҷумла, ӯ соли 1970 бо медали “Барои меҳнати шоён ба муносибати 100-солагии зодрӯзи В.И. Ленин” қадрдонӣ гардида, боз соли 1959 бо Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз шуда буд. Минбаъд, заҳматҳои пайгиронаи илмӣ ва омӯзгории ӯ бо нишони фахрии “Аълочии маорифи Тоҷикистон” (1986) ва дар сатҳи баландтар бо унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” (1998) арзёбӣ гардиданд. Ин ҳама мукофотҳо гувоҳи онанд, ки фаъолияти ӯ дар сатҳи миллӣ ва давлатӣ пазируфта шуда, мавқеи хосе дар рушду равнақи соҳаи маориф ва илм касб намудааст.
Муаллим шахсиятест, ки аз оғози офариниш бо гили одамӣ сиришта шудааст, то башарро аз торикӣ ба нури доноӣ барад. Тавре ки Д.И. Менделеев фармудааст: «Муаллими ҳақиқӣ ҳамонест, ки дониши ӯ дониши шогирдон гардад».
Профессор Акбаров на танҳо донандаи илми дақиқ, балки инсони хоксору самимӣ, муаллим бо вижагиҳои шахсии нодир буд. Ӯ донишашро бе мамониат ба шогирдон мерасонд ва дӯстдори шогирди босавод буд. Ӯ ба маънои томаш - омӯзгор ва олими фидоии миллат буд. Осораш имрӯз дар донишгоҳҳои дунё истифода мешаванд ва ин мояи ифтихор барои ҳар як тоҷики донишандӯст аст.
Ман, ҳамчун яке аз шогирдони устод, ифтихор дорам, ки аз мактаби ӯ ва дигар устодони бузург, ба мисли Шарифзода Ҷумъа Шариф, Ғуломов Ислом Назарович, Каримов Самариддин, Табарӣ Абдулло, Қодиров Мадқодир, Маҳмудов Туйчӣ, Арабова Зайнаб, Ҳамидов Маҳмадалӣ ва дигарон сабақ гирифтаам. Ҳар он чи ки имрӯз ба даст овардаам, самари талошҳои онҳо ва нури донишест, ки аз онҳо омӯхтам.
Оре, ёди олимон кори соҳибдилон аст. Олимон то ҳастии башар вуҷуд хоҳанд дошт ва то даме ки ҷаҳон ҳаст, илму маърифат бо номи онҳо зинда мемонад.
Акбарова Марҳамбӣ, дотсент, мудири кафедраи фанҳои табиӣ-риёзӣ ва методикаи таълими онҳо, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ