,
Чоршанбе, 10-сентябр
9-уми сентябри соли 2025 мардуми шарифи Тоҷикистон бо ифтихору сарфарозӣ 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Ин санаи муҳим барои ҳар як шаҳрванд бахусус ҷавонони бедордил ва ватандӯсту ватанпарвар муқаддасу азиз буда, рамзи соҳибихтиёрӣ, сарбаландӣ ва тақдири навини миллати тоҷик мебошад.
Истиқлолият ҳамчун бузургтарин дастоварди таърихи навини миллат, рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 ба даст омад. Ин рӯйдоди сарнавиштсоз барои миллати тоҷик имкони воқеии эҳёи давлатдорӣ, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллиро фароҳам овард.
Аммо роҳи истиқлол осон набуд. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум кишварро ба як вазъи бисёр мушкил дучор кард. Садҳо ҳазор нафар кӯч бастанд, ҳазорон нафар қурбон шуданд. Вале миллати сарбаланди тоҷик, бо роҳбарии фарзанди фарзонаи худ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавонист сулҳро ба кишвар баргардонад ва пояҳои давлатдории миллиро устувор созад.
Дар тӯли 34 соли Истиқлолият, дар кишвар дигаргуниҳои ҷиддӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – маориф, тандурустӣ, иқтисод, энергетика, нақлиёт, фарҳанг ва варзиш рушд карда, Тоҷикистон рӯ ба тараққӣ овард.
Аз ҷумла:
¬─ Бунёди Неругоҳи барқии обии “ Роғун ”, ки рамзи қудрати миллии Тоҷикистон аст;
─ Татбиқи нақшаҳои миллии рушд ва лоиҳаҳои зерсохторӣ;
─ Таъмиру азнавсозии ҳазорҳо мактабу бемористон, роҳҳои мошингард ва пулҳои стратегӣ;
─ Рушди соҳаи сайёҳӣ ва эътирофи байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун кишвари амн ва дорои табиати нотакрор;
─ Пойгоҳи устувори сиёсати хориҷӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим.
Яке аз дастовардҳои муҳим дар замони истиқлол – тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ мебошад. Ҷавонони мо имрӯз дар донишгоҳҳои бонуфузи дохил ва хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, соҳибмаълумот ва фаъол мебошанд ва ояндаи кишвар дар дасти ҳамин насли ҷавону наврас қарор дорад.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон забони давлатӣ мавқеи устуворро касб намуда, фарҳангу суннатҳои миллӣ эҳё гардиданд. Ҳар сол садҳо чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, озмуну фестивалҳо ва конфронсҳо баргузор мегарданд, ки рӯҳияи ифтихор аз миллату давлатро тақвият медиҳанд.
Истиқлолият ба мо имкони зиндагии осуда, озодии андеша ва роҳи худшиносии миллӣ дод. Тоҷикистон дар ин 34 сол нишон дод, ки миллате бо таърихи куҳан ва иродаи қавӣ метавонад дар шароити муосир давлати мустақилу обод бунёд кунад.
Ҳар яки мо вазифадорем, ки барои ҳифз ва мустаҳкам намудани пояҳои истиқлолият саҳмгузор бошем. Зеро ояндаи дурахшон ва пешрафти миллат аз дониш, садоқат ва меҳнати насли имрӯз вобаста аст.
Поянда бод - Тоҷикистони истиқлол ва Ваҳдати миллии тоҷикон!
Давлатов Камолиддин-магистранти соли дуюми факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ