, Чоршанбе, 10-сентябр

ИСТИҚЛОЛИЯТ – РАМЗИ БАҚОИ МИЛЛАТ ВА ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ


ИСТИҚЛОЛИЯТ – РАМЗИ БАҚОИ МИЛЛАТ ВА ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ

Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷумҳуриҳои тозаистиқлол мафҳумҳои «истиқлол», «истиқлоли давлатӣ», «истиқлолияти мардумӣ», «соҳибихтиёрӣ» ва монанди инҳо васеъ истифода мешуданд. Саволе пеш меояд: худи истиқлол чист ва кадом намудҳои он бештар мавриди амал қарор доранд?

Истиқлолият (волоият, ҳокимияти олӣ) ба маънои соҳиб будан ба ҳокимияти мустақил ва озод, новобаста аз таъсири ҳар гуна қудратҳои берунӣ, фаҳмида мешавад. Ин мафҳум вижагиҳо ва аломатҳои асосии ҳар як давлатро ифода мекунад.

Дар истилоҳоти байналмилалӣ бештар мафҳумҳои «истиқлоли давлатӣ», «истиқлоли миллӣ» ва «истиқлоли мардумӣ» ба кор меравад. Ҳамзамон, дар сиёсатшиносии муосир истилоҳоте чун «истиқлоли шахсият» ва «истиқлоли шаҳрванд» низ мавҷуд аст, ки ба озодии қарор қабул кардан ва мустақилияти инфиродӣ ишора доранд.

Истиқлолияти давлатӣ сифату хусусияти ҳуқуқӣ ва сохтории давлатест, ки дорои мақоми соҳибихтиёр мебошад. Он мустақилияти сиёсӣ ва ҳуқуқии давлатро таҷассум намуда, масъулияти олӣ ва арзишҳои муқаддасро ҳамчун субъекти ибтидоии ҳуқуқи байналмилалӣ ифода месозад. Истиқлолият заруратест барои таъмини волоияти истисноии ҳокимияти давлатӣ ва нишони аз ҳокимияти дигар давлатҳо вобаста набудан аст.

Сиву чор сол муқаддам воқеаи бузургу тақдирсози миллат – эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рух дод. Ин рӯйдоди сарнавиштсоз дар аввали моҳи сентябри соли 1991 иттифоқ афтода, санаи 9 сентябр расман ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ эътироф гардид. Аз он замон то ба имрӯз ин рӯз барои мардуми тоҷик ба унвони ҷашни муқаддасу фараҳбахш таҷлил карда мешавад.

Даврони Истиқлолият барои миллати мо шароити воқеиро фароҳам овард, то роҳи имрӯз ва фардои кишварро дар самти рушди устувор ва созанда ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият рамзи волои Ватану ватандорӣ буда, бузургтарин дастоварди давлатсозиву давлатдории мустақил ба шумор меравад. Он ба мо дарси азму талошҳои созандагӣ, ҷустуҷӯи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дода, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро устувор гардонд ва зиндагии озодонаи ҳар фардро таъмин намуд. Ҳамзамон, Истиқлолият ба миллати тоҷик бахти ҳақиқӣ, пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият ва таҷассумгари ормонҳои таърихӣ мебошад. Инчунин, Истиқлолият шиносномаи байналмилалӣ ва нишони шарафу эътибори Тоҷикистон дар ҷаҳони мутамаддин аст.

Имрӯз тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо ифтихор доранд, ки 34 сол пеш нахустин пояҳои истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллӣ гузошта шуда, Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид.

Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорост».

Халқи ранҷкашидаи тоҷик барои таҳкими истиқлолият, ҳифзи якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва интихоби роҳи дурусти рушд Конститутсияи мамлакатро қабул намуд. Ин санади олӣ кафолати зиндагии орому осуда ва озоди ҳар шаҳрванд буда, имкониятҳои васеи меҳнат, таҳсил, истироҳат ва иштирок дар пешрафти кишварро муайян месозад.

Яке аз мушкилоти асосии кишвар масъалаи истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ буд. Барои ҳалли ин масъалаҳо Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали фаъолият тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ карданд. Аз ҷумла, сохтмони нақби Анзоб ибтидои ҳама гуна корҳои роҳсозиву коммуникатсионӣ гардид. Бо татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, сохтмони нерӯгоҳҳо, хатҳои интиқоли барқ, роҳу пулҳо ва иншооти иҷтимоӣ қадамҳои устувор ба сӯи истиқлолияти воқеии иқтисодӣ гузошта шуданд.

Имрӯз, бо истифодаи роҳҳои бузурги байниминтақавӣ, ҳаракати нақлиёт дар дохил ва хориҷи кишвар дар тамоми фаслҳои сол таъмин гардида, вазъи боркашонӣ ва рафтуои мардум ба маротиб беҳтар шудааст.

Бояд ёдовар шуд, ки ҷангу нооромиҳои солҳои аввали истиқлолият тамоми сохторҳои давлатӣ ва иқтисодиро заиф карда буданд. Аммо бо талошҳои пайвастаи роҳбарияти кишвар сулҳу Ваҳдати миллӣ барқарор ва оромии ҷомеа таъмин гардид.

Бо шарофати истиқлолият Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Бо вуҷуди ин, дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза мо ба ваҳдату ҳамраъйӣ, зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию ватандорӣ бештар ниёз дорем. Ин ҳақиқатро Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки ҳамеша ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Дар тӯли таърих миллати мо гарчанде аз шебу фарозҳо ва санҷишҳои сахту сангин гузаштааст, аммо арзишҳои асили фарҳанг, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ ва илму адабиёти оламгири худро ҳифз намуда, то имрӯз ба наслҳои баъдӣ расондааст. Мусаллам аст, ки ниёгони мо бо шиори пурҳикмати «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ормонҳои инсонӣ ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаҳоро ифода намудаанд. Ин андешаи равшан дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хизмат кардааст.

Маҳз ба туфайли чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои ҳаётбахш, тафаккури созанда ва маърифати баланди ақлонӣ буд, ки миллати мо ба ганҷинаи тамаддуни ҷаҳонӣ нобиғаҳои бузургро эҳдо намуд. Аз Зардушту Монӣ то Рӯдакиву Фирдавсӣ, аз Абӯалӣ ибни Синову Носири Хусрав то Умари Хайёму Имом Ғаззолӣ, аз Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ то Саъдиву Ҳофиз, аз Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ то Сайидою Бедил — садҳо шахсиятҳои барҷаста дар илму адаб ва фарҳанги ҷаҳонӣ аз ҳамин сарзамин парварда шудаанд.

Даврони Истиқлолият барои миллати мо шароити воқеӣ фароҳам овард, то роҳи имрӯз ва фардои кишварро дар самти ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи волои Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозиву давлатдории мустақил ва таҷассуми талошҳои пайвастаи созандагист. Он моро ба муборизаи фидокорона барои истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ раҳнамун сохта, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва зиндагии озодонаи ҳар фардро таъмин намуд.

Самараи бузурги истиқлол он аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон ба мактаби омӯзиши сулҳсозӣ дар ҷаҳон табдил ёфта, мояи ифтихори ҳар як фарди тоҷик аст. Мо бояд ба чунин миллати бузург ифтихор намоем ва барои баланд бардоштани обрӯву эътибори он дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста талош кунем.

Бо ҳамин орзую ниятҳои нек мегӯям: бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар як фарзанди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбиҳои нав ба армуғон оварад!

Поянда бод ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

Мазарифова Меҳрангез – докторант (PhD) аз рўи ихтисоси биологияи факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!