, Чоршанбе, 10-сентябр

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ-НЕЪМАТИ БУЗУРГ ВА БЕБАҲОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК


ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ-НЕЪМАТИ БУЗУРГ ВА БЕБАҲОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

«Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишони олии ҳувият, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии Тоҷикистон мебошад».

 Эмомалӣ Раҳмон

Боиси хушбахтӣ аст, ки Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ҳамчун ҷашни муҳими расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 9-уми сентябр дар саросари сарзамини кишвари азизамон – Тоҷикистон, бо шукуҳу шаҳомати хос ва тантанаҳои фарҳангӣ таҷлил мегардад.

Таҷлили ин иди бузург ва расидан ба ин рӯйдоди таърихӣ дар замири насли наврас ҳисси ватандӯстӣ ва меҳанпарастиро бедор намуда, онҳоро дар роҳи ҳувияти миллӣ, садоқату вафодорӣ ба халқ ва миллати хеш, инчунин ҳифзи Ватан ва дастовардҳои фарҳангӣ ва давлатдорӣ ҳидояту тарбия мекунад.

Аз ин рӯ, Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ, тантанаи адолат бар рӯйдодҳои таърихӣ, омили хушбахтиву саодати мардуми тоҷик ва нишонаи соҳибдавлатию соҳибватанӣ мебошад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвари маҳбубамон, истиқлолияти миллӣ барои рушду нумӯи Тоҷикистони озод ва рӯ ба тараққӣ заминаи густурда фароҳам оварда, гардиши куллӣ ва марҳилаи наву сифатан тозаеро дар таърихи навини давлатдорӣ оғоз ва амалӣ намуд. Маҳз ба шарофати истиқлолият, роҳи имрӯз ва ояндаи миллати тоҷик рӯшан гашта, тоҷикон ва тоҷикистониён ба ҳаёти озоду осоишта мушарраф гардиданд.

Бояд таъкид намуд, ки ҳамаи ин муваффақиятҳо ва пирӯзиҳо маҳз самари сиёсати хирадмандона ва роҳнамоии оқилонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ, тавассути сиёсати оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ, миллати тоҷикро ҷаҳониён ҳамчун миллати дорои таърихи қадим ва тамаддунофар шинохта ва эътироф намуданд.

Дар ҳақиқат, истиқлолият муваффақияти бузург ва ҳамзамон мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Зеро бо шарофати соҳибистиқлолӣ, кишвари азизи мо - Тоҷикистон ба бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва шаҳрвандони озод шарафёб гардид ва фазои мусоиди зиндагии шоистаро барои мардум таъмин намуд.

Истиқлолияти давлатӣ неъмати бузург ва бебаҳо буда, ҳифз ва устувор нигоҳ доштани он вазифаи ҳар як сокини солимақли кишварамон ба шумор меравад.

Ҳифзи истиқлолияти миллӣ бояд яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди Тоҷикистон бошад. Дар ин самт, зарур аст, ки мо - омӯзгорон дар тарбияи насли наврас барои таъмини ояндаи дурахшони кишварамон саҳми арзанда гузорем.

Исмоилова Муборак, дотсенти кафедраи химия ва методикаи таълими он ДДК ба номи А. Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!