,
Чоршанбе, 10-сентябр
Абдуллоев Маҳмуд Холович, д.и.т., профессори Донишгоҳи далатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард. Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне 27 - уми июни соли 1997 барои мо, воқеан оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад [5].
Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ тавоноии миллат ва давлат аст, ки дар он нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад.
Мавриди қайд аст, ки Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун поягузори сулҳ ва меъмори ваҳдат дар таърихи навини давлатдории тоҷикон хизматҳоеро ба анҷом расонида тавонистаанд, ки ормонҳои ҳазорсолаи тоҷикистониён ва тоҷикони дунё буданд. Аз ин рӯ, хизматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба эътидол овардани ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва амалӣ гардонидани Созишномаи сулҳи тоҷикон дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик барои ҳамешагӣ бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд. Пешвои миллат на танҳо поягузори сулҳу ваҳдат, балки меъмори фарҳанги навини замони соҳибистиқлолӣ мебошанд, ки дар ин мартаба ҳамкории мардумро барои пайдо намудани ҳадафҳои миллӣ ҳамеша шоистаи кор медонанд. Ваҳдати миллӣ мусоидаткунандаи мавҷудияти фарҳанги бою таҷрибаи таърихии давлатдории тоҷикон аст. Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ сатҳи тараққиёти кишвари азизамонро хеле коҳиш дод, аммо рӯҳи шикастнопазири миллати тоҷикро халалдор карда натавонист, мо дар як муддати кӯтоҳ бо сарварии Пешвои миллат аз уҳдаи ҳадафҳои стратегии дар пеш ниҳодаамон баромада тавонистем [6; с.246].
Бояд тазаккур дод, ки “Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст” [1; с.5].
Ҳамин тавр, рисолати Пешвои миллат бештар ба хислатҳои шахсии ӯ, истеъдод ва маҳорати иҷтимоиаш вобастагӣ дорад, ки дар таҷрибаи зиндагӣ сайқал ёфта, тамоми ҳастии худро ба нафъи мардум ва рушду нумуи Тоҷикистони азизамон сафарбар менамояд. Барои тақвияти ин гуфтаҳо ва баланд бардоштани рӯҳияи ҷавонони ояндасози кишвар мо тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро аз раванди ваҳдати миллӣ сар карда то сохтмону иншоотҳои бузурги аср: НБО-и Роғун, нерӯгоҳҳои Сангтӯда- 1, Сангтӯда- 2, нақби Истиқлол, нақби Хатлон, нақби Озодӣ, нақби Шаҳристон, роҳҳои паҳнбари оҳани Душанбе-Бохтар, Бохтар - Кӯлоб, пулҳои байналмилалӣ дар дарёи Панҷ, сохтмони мактабу бунгоҳҳо, ба таври куллӣ дигаргун сохтани симои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва боз дигар комёбиҳоямонро ҳамеша ба Истиқлолияти сиёсӣ ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд вобастаю пайваста донем. Чунин амал масъулияти худшиносию худогоҳии миллиро дар назди наслҳои нав боз ҳам дучанд намуда, ҳисси ватанхоҳию ватанпарастии мардумро баланд мебардорад [6; с.245].
Маълум аст, ки баъди ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ дар кишвари мо истифодаи мафҳумҳои зиёди сиёсию фарҳангӣ пайдо гардиданд, ки дар радифи онҳо вожаҳои «ягонагӣ», ”худшиносӣ”, «ваҳдат », «сулҳ», ”ҳувият” ва «ҳамгироӣ» аз ҳама фузунтар мавриди истифода қарор ёфтаанд. Хусусан дар баромадҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста садо додани сулҳу ваҳдат у ҳамбастагӣ ба сифати кафили пешрафти ҷомеа дар кишварамон заминаи боэътимоди маънавие пайдо намуд, ки «ваҳдати миллӣ»-ро ҳамчун сармояи бузург тақвият бахшида тавонист.
Албатта, тақсимоти ҳокимият дар назарияҳои сиёсии муосир ба хотири сулҳу салоҳ ва оромии ҷомеа ба назар гирифта мешавад, вале он бештар дар равандҳои муколама ба хотири муътадил гардонидани вазъ ва анҷоми хуби гуфтушунид мебошад. Дар амал иҷрои тақсимоти ҳокимият ба душвориҳои зиёде рӯбарӯ месозад, ки оқибати хеле вазнинро ба бор овард. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки касбияти ҷониби оппозитсия, тақсимоти мансабҳо байни сарварони минтақавии онҳо ва аз уҳдаи кор набаромадани аксарияти ба сари мансаб омадагон дар муҳлати чанд сол вазъиятро боз дучанд мушкил намуданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, чунин таҷрибаи тақсимоти мансабҳо барои ба даст овардани сулҳу салоҳ нишон дод, ки ин агар, аз як ҷониб, ба раванди оромии ҷомеа таъсиргузор буд, аз ҷониби дигар, дар муддати начандон тӯлонӣ маълум гашт, ки аксарияти кадрҳои аз тарафи ИНОТ барои вазифаҳои давлатӣ пешниҳодгардидаи ба истилоҳ “ намояндагони 30 фоиза” аз уҳдаи вазифаҳои идоракунӣ баромада наметавонистанд.
Як гурӯҳ муаллифон фаъолияти сиёсии Пешвои миллатро таҳлил аз ҷула чунин баҳо медиҳанд: “хизматҳои таърихии Эмомалӣ Раҳмон аз иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд. Сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дод. Барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро дар мамлакат амалӣ гардонид...” [1; с.6]
Ҳамаи ин бевосита ба назарияҳои гуногуни ваҳдати миллӣ таъсир расонида, ба корбурди мафҳумҳои нав комилан ғанию рангин боис гардид ва дар қатори онҳо калимаҳои «ваҳдат» ва «ҳамгироӣ» бештар аз ҳама мавриди истифода қарор ёфтанд. Корбурди ин мафҳумҳо ва тибқи муҳтавои онҳо ба роҳ мондани амалияи ҷамъиятӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, то дар як муддати нисбатан кутоҳ на танҳо худро аз вартаи фалокатбори муноқишаҳои дохилӣ раҳо намояд, балки ба як қатор муваффақиятҳо низ ноил гардад.
Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамояд, ки ваҳдату ҳамбастагӣ ба сифати кафили пешрафти ҷомеа навин пайгирона минбаъд низ ҳамчун мафкураи давлатӣ сармашқи фаьолияти кулли ниҳодҳои расмию ғайрирасмии ҷомеа эътироф шавад.
Ин ҳидояти роҳбари сиёсии кишвар ба хотири таъмини сулҳу суботи иҷтимоӣ дар миёни мардум якдилона дастгирӣ пайдо намуда, ба омили муттаҳидии кишварамон табдил ёфт. Бояд эътироф кард, ки нақши сарвари сиёсии кишварамон дар раванди ба эътидол овардани сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ намунаи қиёс надорад. Ба андешаи мо, ин намунаи бузурги ҷасорату шуҷоати шахсиятест, ки барои ваҳдати миллӣ усули ваҳдатгароиро ҳамчун методологияи асосии гуфтугӯ ва муколамаи тарафҳои даргир пешниҳоду дастгирӣ намуда, рушду инкишофи минбаъдаи миллати тоҷикро дар ҳамбастагию оромӣ таъмин намуда тавонист.
Ваҳдати миллии тоҷикон дар барқарор намудани сулҳ ва оромӣ на танҳо дар дохили кишвар, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои пасошӯравӣ таъсири худро гузоштааст. Дар баробари ин таҷрибаи сулқи тоҷикон ба худ моҳияти ҷаҳонӣ гирифтааст. Ба гуфти Муншии генералии СММ Кофи Аннан, Тоҷикистон барои ҳалли низоъҳои дохилии дигар кишварҳо намунаи бехтаринеро дар таърихи сулҳофарӣ ба миён овард [4]. Ин аст, ки як зумра сиёсатшиносон ибрози ақида доранд, ки дар баробари нишони миллӣ, суруди миллӣ ва парчам ваҳдати миллиро низ ҳамчун аломати давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд шуморид [3; с.4].
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳаёти сиёсии бисёр ҷомеаҳо пайдо кардани чунин рамзу шиори дорои нерӯю имконияте, ки кулли афроди ҷомеаро атрофи мақсади умумӣ муттаҳид месозад, кори басо мушкил ва баъзан имконнопазир низ ҳаст. Аз ин лиҳоз, таҷрибаи Тоҷикистон дар ин самт хеле нодир ва воқеан ҳам шоистаи таҳсин аст. Махсусан ба наслҳои минбаъда ва ба кишварҳои мубталои даргирию нооромиҳои идомаёбанда ин таҷрибаи нодир хеле зарурият дорад.
Гуфтан бамаврид аст, ки чунин истиқболи ҷомеаи мо аз падидаи ваҳдат у ҳамбастагӣ марбут ба он суду дастовардест, ки он аз таҳкими ин раванд барои худ пайдо кард ва алҳол рисолати таъмини рушди ҷомеаро таъмин карда тавонист.
Басо рамзист, ки яке аз санаҳои таърихи навини ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо ба унвони таҷассумгари ваҳдати миллии тоҷикистониён шинохта шуда, ҳамасола тибқи тақвими ҷашнҳои умумимиллӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯзи ба имзо расидани муоҳидаи сулҳи саросарии миёни гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ва ҳокимияти давлатӣ аст, ки воқеан ҳам аз муҳтавои мафкураи ваҳдати миллӣ маншаъ мегирад.
Бояд тазаккур дод, ки агар то ин вақт гурӯҳҳои сиёсӣ муқобили ҳамдигар аз сангарҳои оштинопазир мубориза мебурданду мардуми бесилоҳу оддии дар гирдоби ин муноқишаҳо воридгардида азият мекашид, акнун бо ба тасвиб расидани ин муоҳида гурӯҳҳои мазкур барои ҳалли масоили баҳсталаб атрофи мизи гуфтушунид нишастанро пеша карда, мардумро ба ҳаёти осоишта роҳнамун сохтанд. Хисороти моддию ҷонии таҳаммулкардаи он, ҳарчанд хеле сангину ҷуброннопазир буд, вале ба хотири аз байн бурдани чунин зиддияти дар назар оштинопазир тавассути сайъу кӯшиши сарварони тарафҳои даргир ба анҷом расонида шуд.
Агар ба истиқрори ваҳдату сулҳ дар Тоҷикистон аз лиҳози зина ба зина ташаккул ёфтанашон назар андозем, мебинем, ки онҳо пайваста аз ду раванди ба ҳам алоқаманд иборат будаанд, Яке аз онҳо ин раванди асосноккунии назариявии имконияти ҳалли мусолиматомези низои сиёсии ба амаломада ва дигарӣ ҷустуҷӯи роҳҳои татбиқи амалии тарҳҳои дар ин самт пешниҳодшуда буд. Ҳарчанд ҷанбаи дуюми раванди мазкур, яъне ҷустуҷуи роҳҳои татбиқи амалии раванди истиқрори сулҳ дар илми ҷомеашиносии мо муфассал омӯхта шуда бошад ҳам, вале вижагиҳои ҷанбаи аввали ин раванд то ҳол барои бисёриҳо норавшан боқӣ мондааст.
Манзури мо муҳтавои назарҳои дар матбуоти даврӣ нашргашта мебошад, ки солҳои зиёд ҳамрадиф бо амалияи истиқрори сулҳ пайваста кӯшиши асосноккунии назариявиро доранд. Ин назарҳо бо такя ба дастовардҳои илмҳои ҷомеашиносӣ роҳҳои ҳалли проблемаҳоро пеш мегузоштанд, баҳсҳо доир менамуданд ва аҳли ҷомеаро ба ин масъала шинос менамуданд. Маводи дастрас аз ин интишорот маълум менамоянд, ки аҳди ҷомеа имрӯз барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда пайравӣ аз роҳҳои мусолиматомезро афзалтар мешуморанд.
Бояд гуфт, ки масоили марбут ба ваҳдат на танҳо дорои ҷанбаҳои алоқаманд ба таъмини суботу тартиботи ҷамъиятӣ, балки дорои паҳлӯҳои гуногуни ақидавӣ, назариявӣ, таърихӣ ва иҷтимоии хос ба ташкили ҷомеаи инсонӣ, сатҳи робитаи унсурҳои ташкилдиҳандаи онҳо, такомули заминаи робитаҳои иҷтимоӣ ва ғайра низ мебошад. Зеро бидуни ташаккули манзараи илмии оламе, ки инсон дар он зиндагӣ мекунад, имконияти ба даст овардани заминаи ташаккули манзараи диди олами иҷтимоии ӯ нокомил хоҳад монд.
Бинобар ҳамин, агар ба таърихи инсоният назар афканем, мебинем, ки муҳтавои ин ду манзараи диди олам дар ташаккули якдигар мақоми назаррас доранд. Аз ин рӯ, барои нишон додани робитаи ногусастании манзараи диди ваҳдати олам дар маҷмӯь ва ҷомеа дар алоҳидагӣ баррасии мухтасари онҳоро дар ин ҷо бамаврид мешуморем. Назарияҳои мухталифе, ки марбут ба дарки ин мавзуъ мавҷуданд, аслан аз дидгоҳҳои умумифалсафии низоми ташкили олам сарчашма мегиранд.
Шарҳи ин масъала бо дарки он муҳтавои иҷтимоияте, ки инсон дар заминаӣ ҷомеаҳои анъанавию муосир касб мекунанд, ба даст меояд.
Ҳамин тавр, чунон ки ёдовар шудем, ҳар як ҷомеа табиатан ниёз ба ягон шакли ҳамбастагӣ, ваҳдатро дорад, то ба ин васила одамонро ба он одат диҳад, ки эшон дар доираи як ҷомеа умумиятҳои наздик бо ҳамдигар доранд ва ривоҷу нигоҳдошти ин умумиятҳо дархури талаботи инкишофи онҳо аст. Ваҳдати органикӣ хоси ҷомеаҳои муосир буда, он аслан танҳо ба таъкиди умумияти наздики байни аъзои ҷомеа маҳдуд нашуда, пайваста кӯшиши рӯи муносибатҳои хусусияти расмию шартномавӣ дошта, барқарор нигоҳ доштани алоқаву робитаҳои тақвиятдиҳандаи чунин умумиятҳоро ба харҷ медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки масоили марбут ба ваҳдат на танҳо дороӣ паҳлӯҳои гуногуни ақидавию назариявӣ ва таърихии хос ба вижагиҳои дарки вуҷуди олам, сатҳи робитаи унсурҳои ташкилдиҳандаи онҳо ҳастанд, балки дорои ҷанбаҳои алоқаманд ба таъмини суботу тартиботи ҷамъиятӣ, такомули заминаи робитаҳои иҷтимоӣ низ мебошанд.
Бинобар ин, агар ба ташаккули ваҳдати иҷтимоӣ дар масири таърих назар афканем, мебинем ки муҳтавои он бо дигаргун шудани доираи ҷаҳонбинӣ ва сифати низоми иҷтимоӣ ҳамеша дар таҳаввул будааст. Таҷрибаи дар ин равандҳо андӯхтаи ҷомеаи мо собит намуд, ки мо инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ ва таъмини суботи сиёсиро дар сурати ба инобат гирифтани манфиатҳои тамоми қишрҳои аҳолӣ ва бо манфиати умумимиллӣ созгор намудани онҳо метавонем ноил гардем. Ҳарчанд ҷараёни таъмини ин ҳадафҳо вобаста ба давраи муайяни инкишофи ҷомеаи мо равшан аст, вале алҳол зарурати дарки таҳкими бештари ин падидаи нодир дар таъмини инкишофи минбаъдаи ҷомеаи мо дар сафи пеш қарор дорад.
Зарурати роҳандозии сайъу талоши ваҳдатгароии ҷомеаи мо дар даврони кунунии инкишофаш на камтар аз солҳои пешин аст, балки алҳол ба маротиб меафзояд. Зеро шиддати муқовимату рақобати кишварҳо барои дастёбӣ ба захираҳои инкишоф, аз ҷумла захираҳои энергетикию ашёи хоми кишварҳои тараққиёбанда ба таври ошкоро бештар ба назар мерасад. Барои ба ин ҳадаф расидан баъзе аз кишварҳои абарқудрат дар зери ниқоби ҳифзи манфиатҳои миллии худ ва дифоъ аз ҳуқуқи башар на танҳо аз қудрати фишороварию таҳримҳо, ҳатто аксари маворид аз нерӯи ҳарбии худ низ сӯйистифода менамоянд.
Мавриди қайд аст, ки ҳар як давраи таърихӣ дар худ махсусиятҳои хосеро дошта, нақши муайяни иҷтимоию сиёсии худро мерос мегузорад. Аз ин бармеояд, ки ба истиқлоли комил мушарраф гардидани мо хусусияти бевосита дошта, ба системаи муайяни арзишҳо таъсири босазое гузоштааст. Бинобар ин дарки пурраи озодию истиклоли сиёсӣ ва шинохти давлатдории миллӣ барои ҳар як шаҳрванд ва сиёсатмадори касбии Тоҷикистон хусусияти хосса касб намуда, ба раванди истиқлолият тарҳи нав бахшид. Дар ин замон нақши идеологияи сиёсӣ афзун гашт, чунки таҷрибаи сиёсӣ, фаъолияти институтҳои сиёсӣ ва масъалаҳои механизми нави давлатдорӣ ба мадди аввал баромаданд.
Гузариш аз як сохти ҷамъиятӣ ба сохти дигар суботи сиёсии Тоҷикистонро халалдор сохт ва онро ба маркази муноқишаҳои иҷимоию сиёсӣ мубаддал гардонид. Махсусан, воридшавии гурӯҳҳои мухталифи таблиғотии динию мазҳабӣ дар раванди нооромиҳои мамлакат, ки аслан хусусияти мансабталошию ғасбкорӣ ва таҷовузкорона доштанд, шиддати ҷанги шаҳрвандиро боз дучанд тезонид. Дар натиҷа Тоҷикистон вобаста ба минтақаҳои дохилӣ ба якчанд қисмҳо ҷудо шуда, манфиатҳои бақодории он зери суол қарор гирифт. Ба ибораи дигар, ҷанги шаҳрвандии таҳмилии байни тоҷикон хатари аз байн рафтани давлату миллатро ба миён овард.
Ҳамзамон ҳақиқоти дигари таърихӣ он аст, ки тоҷикон дар масири дигаргуниҳои ҷомеа ҳамеша дар меҳвари муборизаҳои шадиди миллату халқиятҳои ғайр қарор доштанд. Онҳо дар байни дигар мардумони Осиёи Миёна мисли сайде ҳамеша мавриди шикор қарор мегирифтанд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ низ маҳсули фаъолияти хоҷагони беруна ва як гурӯҳи исломгароён ва сепаратистони дохилии кишвар буд, ки аз хориҷи кишварамон идора карда мешуд.
Ҳамзамон муноқишаи байни тоҷикон омилҳои субъективӣ ва объективӣ низ дошт. Қабл аз ҳама, вазъи географӣ ва гуногунтаркибии фарҳангию миллии Тоҷикистон ба раванди рушду инкишофи мамлакат то ҷое таъсири манфӣ мерасонд. Ғайр аз ин мавҷудияти ақидаҳои кӯҳнапарастона ва адами рушду инкишофи босуръат ба раванди мазкур таъсири худро дошт.
Ҷанги таҳмилии Тоҷикистонро тамоюли муборизаи ҳизбу ҳаракатҳои ба ном «чапу» «рост», ашхоси муайян ва гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоие, ки дар натиҷаи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигаргуниҳои сиёсии баамаломада зуҳур карда буданд, ташкил медод.
Аммо меҳвари асосии мухолифатҳои мазкур мубориза ба хотири ба даст овардани ҳокимият буд. Дар ҳудуди мамлакат қавму қабилаҳои гуногун ба хотири молик шудан ба қудрати сиёсӣ гурӯҳҳои гуногуни таблиғотии динию мазҳабиро ворид менамуданд, ки онҳо дар ин раванд муборизаи беамонро оғоз намуда буданд. Дар натиҷаи ба ҳам омадани омилҳои субъективию объективӣ Тоҷикистон ба гирдоби кашмакашиҳои даҳшатангез кашида шуд, ки то ҳанӯз тасири фалокатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз зеҳну тафаккури шаҳрвандон дур нагаштааст.
Ҳарчанд дар воқеаҳои февралӣ мухолифин барои барканор намудани роҳбарияти сиёсии он замон муваффақ нагардида бошад ҳам, онҳо тавозуни қувваҳоро тағйир дода тавонистанд. Фоҷеаҳои моҳи феврали соли 1990 рухдода ба амалиёти тарҳрезишудаи пешакӣ хеле шабоҳат дошт ва ноором сохтани вазъият дар шаҳри Душанбе, сипас дар қаламрави мамлакат ҳадафи асосии он буд. Ҳамин тавр, воқеаҳои февралӣ дар таърихи навини Тодикистон аввалин фоҷеаҳои даҳшатнок ба шумор мераванд, ки барои ҷанги шаҳрвандии таҳмилии Тоҷикистон замина гузошта тавонист.
Агар миллати тоҷик ва давлатмардони он идеяи муттаҳидии миллиро амалӣ намекарданд, касе дар ин сарзамин сулҳ оварда наметавонист. Ин нишонаи фарҳангсолорию шуҷоатмандии миллати тоҷик аст, ки ба хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ таъсири худро гузошта тавонист.
Маълум аст, ки Ваҳдат раванди ташакулёбии миллатро метезонад, пас миллат иттиҳоди ризоияти шаҳрвандони як ҷомеа дар як давлати миллӣ мебошад, ки омили асосии унсурҳои ваҳдати миллиро дар як кишвар худи давлати миллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад. Маҳз ҳамин ваҳдати миллӣ сабаб мегардад, ки онро ҳамчун инъикосгари истиқлол ва озодии аз ҳама баланду воло мешиносанд. Нақши Пешвои миллат ҳамчун бунёдгузори сулҳ ва меъмори ваҳдат дар таърихи давлатдории нави тоҷикон ин падидаи нав, рамзи қудрату тавоноӣ, сарҷамъию ободонӣ ва эҳёгари фарҳангу хотираи таърихӣ ва шахсиятҳои мондагори миллат мебошад, ки асоси назариявию методологии мактаби бузурги Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бунёд менамояд.
Ваҳдати миллӣ орзу ва ормони деринаи миллиест, ки барои миллати мо роҳу равиши дарвозаи бахту иқболи навро барои ба даст овардани андешаҳои бузурги миллӣ боз менамояд. Дар баробари ин пояҳои худшиносии миллиро мустаҳакаму устувор намуда, мардумро ба созандагию ҳувиятсозӣ ҳидоят менамояд [6; с.247-248].
Мардуми Тоҷикистон бояд дарк кунанд, ки сулҳ дар кишвар танҳо дар асоси муносибати таҳаммулпазирии қувваҳои гуногун, баъзан қувваҳои мухолифи якдигар. ҳаракатҳо ва ҳизбҳо устувор нигоҳ дошла мешавад, лекин на бо роҳи баргаштани чомеа ба давлати нав- давлати тоталитарй. Барои ин давлати дунявӣ, демократа, ҳуқуқбунёд бо сиёсати хориҷии кушода зарур аст. Сулҳ дар Тоҷикистон имкон дод, ки дар натиҷаи эътироф намудани гуногунрангии шароитҳои зиндагй дар кишвар, яъне дар натиҷаи рад кардани ҳокимияти чизе ё дигарон, имконпазир шуд.
Дар бораи мероси тоҷикӣ, ки имрӯз дар кишвар зинда аст, зарур мебошад, ки принсипи муҳими мавҷудияти он - муттаҳидшавии зиддиятҳои марҳилаҳои гуногун қайд карда шавад, онҳо дар акду дили мо ҳастанд, онхо ифтихори миллӣ ва сарвати миллӣ ба шумор мераванд.
Аммо зарур аст сиёсатеро, ки ин раванди эҳёи миллӣ ба вуҷуд оварда метавонад, дастгирӣ намоем, бояд яке аз ҳолатҳои хеле муҳимро аз даст надиҳем: Таъсири нави таърихӣ вуҷуд дорад, ки бидуни сулҳ ва субот бозмонда наметавонанд. Масалан, мо бояд зарурати истиқрори ҳузури низомии Россия барои субот дар минтақа ва кишварро эътироф намоем.
Дар рушди кишвар, пеш аз ҳама, зарур аст, ки на бо роҳи "тоза кардан", балки бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ гузашт. Ин раванди эволютсионии паноҳгоҳи ваҳдати миллӣ, бо дарназардошти нигоҳдории созиш, субот ва сулҳ идома хоҳад ёфт. Бояд эътироф кард, ки барои бартараф намудани норасоиҳо байни забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, ки аз гузаштагон ба мерос мондааст, зарур аст, ки ба рушди забони давлатӣ аҳамияти бештар дода шавад, аммо дар айни замон нигоҳ доштани забонҳои гуногун низ зарур аст [2; с.42].
Ба андешаи мо, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи он дар кишвар, бояд чунин корҳо ба анҷом расонида шаванд:
арҷ гузоштан ва қуддусияти мафҳумҳои ваҳдат, ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиш ва дастоварди нодир;
ҷудо накардан ва ҳамрадиф донистани якпорчагии кишвар, истиқлолияти давлатӣ бо ваҳдати миллӣ;
ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, бояд вазифаи ҳамгироикунанда дошта бошад;
барҳам додани бунбасти коммуникатсионӣ, бартараф намудани монеаҳо дар байни минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, дар ҳоле, ки шароити ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон то андозае барои наздикшавӣ монеа мегардид;
баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа ва батадриҷ бартараф намудани «падидаи ногувори ҷудоиандозӣ»;
паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ бо ҷалби мутахассисон аз минтақаҳои гуногуни кишвар;
барои таъмин намудани ваҳдати миллӣ истифода бурдани ҷанбаҳои эътиқодии (динии) шаҳрвандон дар ҳоле, ки аксарияти шахрвандони кишвар мусулмонони ҳанафимазҳаб ҳастанд;
тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ ҳамчун як шакли идеяи миллӣ бо дарназардошти халал ворид накардан ба суботи аҳли ҷомеа;
аз ҳама муҳимтар, баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар, савияи маърифатнокӣ ва худшиносии миллӣ;
таҳия намудани як консепсия ё ҳуҷҷати сирф идеологӣ вобаста ба ваҳдати миллӣ;
бедор намудани ҳисси миллӣ ва шуҷоатмандии шаҳрвандон;
- тақвияти ҳувият ва худшиносии миллӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа.
Хулоса, таҳлили самтҳои мухталифи масъалаи ташаккули ваҳдат гароӣ дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷикистониён нишон медиҳад, ки ваҳдати миллӣ асоси пешрафти миллату давлати мо буда, барои таъмини минбаъдаи манфиатҳои ҳаётан муҳиму бақодории миллат зарурати воқеӣ дорад. Ваҳдати миллии тоҷикон дар асл намунаи ваҳдати дигар миллату халқиятҳои ҳамсояи дуру наздик низ ҳаст. Онҳо имрӯз идеяи ваҳдатгароии моро ҳамчун сармашқи ҳалли низоъ ва моҷароҳои гуногун мавриди истифода қарор медиҳанд.
Аз ин рӯ, бо ифтихор бояд гуфт, ки миллати мо бо сарварии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар муддати начандон тӯлонӣ кишварамонро аз вартаи ҷангу ҷидол ва театри ҷангии рақибони дохилию берунӣ раҳо созад. Пас мо қудрату тавоноии дигаре низ дорем, ки арзишҳои ваҳдату созандагӣ ва истиқлоли сиёсии хешро ҳамеша соҳибӣ намуда, ба чунин дастовардҳои бузурги миллӣ ифтихору эҳтироми самимӣ мегузорем. Ваҳдати миллӣ яке аз шартҳои муҳими зиндагӣ ва бедории мардум аст, ки тавоноии кишварро таъмин менамояд.
Адабиёт