, Чоршанбе, 10-сентябр

ИСТИҚЛОЛИЯТИ СИЁСӢ: МОҲИЯТ ВА ХУСУСИЯТҲО (ТАҲЛИЛИ НАЗАРИЯВӢ)


ИСТИҚЛОЛИЯТИ СИЁСӢ: МОҲИЯТ ВА ХУСУСИЯТҲО (ТАҲЛИЛИ НАЗАРИЯВӢ)

Масъалаҳои мухталифи инкишофи тамаддуни муосир, аз ҷумла масъалаи истиқлолияти сиёсӣ таваҷҷӯҳи аксари муҳаққиқони ҷомеашинос, алалхусус сиёсатшиносонро ба худ ҷалб намудааст. Масъалаи истиқлолияти сиёсӣ хосияти мушаххас дошта ба макон, замон ва низоми арзишҳо пайваст аст. Вобастиа ба чунин хосиятҳо донишмандон онро мавриди омӯзиши махсус қарор додаанд. Аз сабабе, ки мафҳуми “истиқлолияти сиёсӣ” вобаста ба мақомаш аҳамияти хоса пайдо намудааст, зарурати дарки амиқи он пеш меояд. Чунин зарурат фақат аз манфиатҳои илмӣ бар намеояд ва он аҳамияти амалӣ низ дорад. Пеш аз ҳама чунин муносибатро зарурати таҳлили тағирот ва азнавсозиҳои воқеӣ талаб дорад. Зеро бе дарки амиқи “истиқлолияти сиёсӣ” фаҳми дурусти тамоюлҳои тағирот, инкишофи ҳаёти сиёсӣ ва тавсифи консептуалии онҳо номумкин мегардад.

Мафҳуми “истиқлолияти сиёсӣ” табиист, ки аз ҷониби муҳаққиқон ҳар хел тафсир карда мешавад. Дар таърихи афкори сиёсӣ мутафаккирони зиёдеро дучор гаштан мумкин аст, ки дар бораи масъалаҳои инкишофи таърихӣ ё шароити кишварҳои алоҳида фаҳми истиқлолият дар маъноҳои гуногун сурат мегирифт. Дар ташаккул ва инкишофи назарияи истиқлолияти сиёсӣ саҳми донишмандон ва муҳаққиқон аз қабили Арасту, Т. Гоббс, Ж.Ж. Руссо, Ж. Боден хеле назаррас аст. Махсусан, падидаи мазкур бештар дар маркази диққати Жан Боден қарор гирифтааст. Беҳуда нест, ки ӯро ҳамчун асосгузори консепсияти истиқлолияти давлатӣ пазируфтаанд. Мафҳуми “Истиқлол” (“суверенитет”) – ро ба низоми илмҳои сиёсии Ғарб ворид намуда, назарияи истиқлолро ҳамаҷониба инкишоф дод. Дар зери мафҳуми “Истиқлол” Ж.Боден хислати олии ҳокимиятро медонист. Ӯ дар асараш “Шаш китоб дар бораи ҷумҳурӣ” хосиятҳои дохилию хориҷии истиқлолро мутафаккирона шарҳ додааст. Суверенитетро ҳамчун ҳокимияти мутлақ ва абадии ҷумҳурӣ ва ҷумҳуриро шакли давлат медонист.

Албатта дар таърихи афкори сиёсӣ андешаҳои дар мавриди хислат, мазмун, таркиб ва хусусиятҳои истиқлолияти сиёсӣ гуногун буданд. Аммо ҷиҳатҳои умумие низ буданд, ки таълимоти донишмандонро ба ҳам наздик менамуд. Аксари онҳо истиқлолияти кишварро дар ду навъи асосӣ: истиқлолияти дохилӣ ва истиқлолияти хориҷӣ медиданд. Ба истиқлолияти дохилӣ ғояҳои парламент ва ғайраҳоро мансуб медонистанд, яъне мавҷудияти чунин институтҳои ҷамъиятию сиёсиро шарти зарурии воқеъияти истиқлолият медонистанд. Ба сифати шарти зарурии истиқлолияти хориҷии кишвар бошад, ҳуқуқи комили давлатҳоро оид ба ҳалли масъалаҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ меҳисобанд. Мутафаккирони замони гузашта, ки асосан ба донишҳои фалсафӣ такя менамуданд, истиқлолиятро дар сатҳи умумӣ ва аз назари замона комил мефаҳмиданд. Масъалаи истиқлолияти кишвар ба мисли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаи ба таври зайл гузашта мешуд: қонунҳо ва қоидаҳои рафтори одамон ва ҷомеаро кӣ тағйир дода метавонад? Чигунагии ҷавоб ба саволи мазкур моҳият ва хусусиятҳои истиқлолиятро ошкор месохт. Ҳокимияти давлатӣ, ки нерӯи пешбари истиқлолият ба ҳисоб меравад, бояд хоситтҳои мазкури масъаларо дар назар дошта бошад. Фаъолияти он боиси тағйири муносибатҳо гардад. Давлат бояд кафили сохтори ҷамъиятӣ, муносибатҳои байниҳамдигарии одамон, муносибатҳи байни умумиятҳои иҷтимоӣ, танзимгари муносибатҳои байналхалқӣ баромад намояд.

Истиқлолият назарияи сиёсиест, ки бо роҳбарияти олӣ ё ҳокимияти сиёсӣ пайваст аст. Мафҳуми “истиқлолият” (шакли ғарбии истифодаи он “суверенитет” мебошад) аз забонҳои лотинӣ ва фаронсавӣ гирифта шуда, (лот. Suverhitet, фр. souveraihete- ҳокимияти олӣ) маънои ҳокимияти олӣ дар ҳудуди муайянро дорад. Дар аксарияти кишварҳо мафҳуми “истиқлолият” раванди қабули қарори сиёсиро дар дохили давлат ва барои идораи корҳои давлатӣ ифода менамояд.

Истиқлолият навъҳои гуногунро соҳиб аст. Аммо истиқлолияти сиёсӣ, истиқлолияти давлатӣ ва истиқлолияти иқтисодии кишвар бештар муҳиманд. Баъзан истиқлолияти сиёсӣ ва давлатиро муҳаққиқони соҳа як мешуморанд, ки ин нодуруст аст. Мафҳуми “истиқлолияти сиёсӣ” нисбат ба мафҳуми “истиқлолияти давлатӣ” васеътар буда, ҳодисаҳои гуногуни ҳаёти сиёсии ҷомеаро фаро мегирад. Истиқлолияти сиёсӣ муносибатҳои байни шаҳрванд ва давлатро ташхис менамояд. Шарти тартиботро ошкор месозад. Асоси истиқлолияти сиёсиро масъалаи кӣ қудрати қабули қонунҳо, муайян намудани тартибот ё тағйири онҳоро дорад, ташкил менамояд. Истиқлолияти сиёсӣ- фаъолияти субъектҳоест, ки ба воситаи “давлат ё дар ҳудудҳои он амал менамояд” ва кафолат медиҳанд, ки мустақилият ва соҳибихтиёрӣ дар инкишофи ҷомеа риоя гардад.

Истиқлолияти давлатӣ ду хосияти асосӣ: дохилӣ ва берунӣ дорад:

- истиқлолияти дохилии давлат ҳолатест, ки ҳокимияти олӣ ва номаҳдудии давлат нисбат ба ҳамаи субъектҳо эътироф карда мешавад. Дар сурати низоми мавҷудаи корҳои давлатиро риоя накардан ё амалҳои мухолифи манфиатҳои давлат ва ҷомеаро ихтиёр намудани ҳар гуна субъектҳои сиёсат мақомоти давлатӣ ҳаққи комил дорад тамоми воситаҳои таъсиррасонӣ ва ҳатто зӯриву фишоровариро истифода намуда, риояи низоми сиёсию ҳуқуқиро таъмин менамояд.

-

-  хосияти берунии истиқлолият маънои ҳокимияти олии давлатро эътироф ва эҳтиром намудани давлатҳои дигар, пеш аз ҳама, давлатҳои бузург ва ҳамҷаводро дорад.

Истиқлолияти сиёсӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ва кишварҳоро тағйироти куллиро ба миён меорад. Он заминаи асосии ҳалли вазифаҳои ҳаёти умумиллӣ ва мубориза дар роҳи пешрафти иҷтимоии кишвар ба шумор меравад. Барои барҳам додани қафомонии иҷтимоию иқтисодӣ, аз байн бурдани ҳар гуна зулму истибдод, хоҳ асосҳои нажодӣ дошта бошанд, хоҳ миллию динӣ ва ғайраҳо, оқилона истифода бурдани захираҳои инсонӣ ва сарватҳои табиат, мутаносибан аз рӯи манфиатҳои кишвар ҷойгиркунонии қувваҳои истеҳсолкунанда ва дигар раванду падидаҳои ҷомеаи инсонӣ замина муҳаё менамояд. Истиқлолияти сиёсӣ имконият медиҳад, ки дар арсаи байналхалқи талаботу манфиатҳои кишвар беҳтар карда шаванд. Кишвари соҳибистиқлол дар ҳалли масъалаҳои гуногуни байналхалқӣ бештар ҳисса гузошта метавонад.

Соҳибистиқлол гаштани кишварҳо дар замон ва макони дигар мазмун ва тобиши нав пайдо менамояд. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки истиқлолият ба даст овардани халқҳо ва кишварҳо масъалаи хеле мураккаб буда, муборизаи пуршиддати сиёсиро зарур мешуморад. Ин муборизаи сиёсӣ дар шаклҳои гуногун ба амал меояд. Аксар вақт истиқлолият дар натиҷаи муборизаи ғайриосоиштаи халқҳо ба даст оварда мешавад. Ин ҷиҳатро таърихи муборизаи мамлакатҳои ба ном “ҷаҳони сеюм” баҳри истиқлолият борҳо тасдиқ намудааст. Дар аксарияти ин мамлакатҳо муборизаи дуру дарози оммаи мардумро нерӯҳои сиёсии ватанпарвар сарварӣ менамуданд. Дар ин айём нерӯҳои сарвари мубориза, асосан аз рӯи манфиатҳои худ амал менамуданд. Яке аз ин гуна қувваҳо буржуазияи навташкилёфтаистода буд, ки кӯшиши аз зери таъсири метрополия баровардани кишварро дошт. Мақсади асосии онро таҳкими ҳукмронии капитали дохилӣ, капитали миллӣ дар охир пурра ҳукмрони ҷомеа гаштан ташкил медод.

Истиқлолияти сиёсӣ зарурати дар давраҳои аввали кишвардорӣ ҳалли масъалаҳои рӯзмарра ва пешомади мамлакатро ба миён мегузорад. Аммо масъалаҳои зерин, ки моҳиятан хосияти стратеги доранд, дар таҳкими истиқлол мақоми хоса доранд:

Муносибатҳои мавҷудаи ҷомеаро ба куллӣ тағйир бояд дод. Бояд тамоми монеаҳои роҳи инкишофи ҷомеа бартараф гарданд. Соҳаҳои гуногуни ҳаёт такмил ёбанд. Ҳам иқтисодиёту иҷтимоиёт, ҳам маънавиёт ва ҳам ҳаёти сиёсӣ ба доираи муносибатҳои нав кашида мешаванд. Муносибатҳое, ки давлатҳои мустақилияти комил ба даст овардаро дар сатҳи мамлакатҳои дигар мегузорад ва бошандагони онҳо низ аз ҷиҳати озодиҳо, таъмини талаботу манфиатҳо аз шаҳрвандони мамлакатҳои собиқ метрополия ҳеҷ монандие надоранд.

Мамлакат бояд ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ аз тобеияти метрополия берун кашида шавад. Ба даст овардани истиқлолият бо қабули эъломияи соҳибистиқлолӣ ба охир намерасад. Хориҷиён назорат ва таъсир расонидан ба ҳаёти иқтисодиро идома медиҳанд. Сиёсати навмустамликадорӣ, ба воситаҳои нав таъсир расонидани мамлакати бузург дар идораи равандҳои нави ҳаёти иқтисоди пеш гирифта мешавад. Аз ин хотир таъмини истиқлолияти иқтисоди вазифаи муҳим ва аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.

Кишвари соҳибистиқлол роҳи минбаъдаи инкишофи худро муайян менамояд. Он имконият дорад, ки ба кадом сохти сиёсию иҷтимоӣ омаданро ҳал намояд. Муносибатҳои иқтисодию иҷтимоиро дар асосҳои муайян ба роҳ монад. Дар ин ҳолат таносуби ҷойгиршавии қувваҳои сиёсӣ аҳамияти бештарро ба худ касб менамояд, таъсири бештар доштани қувваҳои муайяни сиёсӣ хоҳу нохоҳ давлати ҷаҳони соҳибистиқлолро ба каноре мебарад. Дар ин айём таҷриба ва анъанаҳои давлатдории миллӣ, тарзи ҳаёт ва сатҳи тафаккуру маданияти сиёсии бошандагони он аз аҳамият холӣ нестанд. Идеологияи қувваи сиёсии нимон ё ҳоким низ нақши махсус доранд.

Яке аз аввалин чорабиниҳое, ки дар ҷодаи соҳибихтиёрӣ ба амал бароварда мешавад, расман эълон намудани истиқлолияти мамлакат ва кӯшиши ба созмону муассисаҳои байналхалқӣ ҳамкори оғоз намудан мебошад. Дар соҳаҳои дигари ҳаёт аксарияти давлатҳои нав соҳибистиқлол гашта на он қадар фаъол буда, қариб ҳамаи чорабиниҳои онҳо дар нимароҳ мемонад. Дар ин ҳолат онҳо нотавонии худро ҳис намуда, паноҳгоҳи нав меҷӯянд. Дар ҳалли масъалаҳои хоҳ дохилӣ ва ё хоҳ берунӣ ҳамсояи пурзӯр “мадад” ва дар ташхиси самти инкишофи онҳо кӯмак мерасонад. Барои ҳалли масъалаҳо роҳ нишон дода, онҳоро дар зери тасарруфи худ нигоҳ медорад. Яъне тамоми имкониятҳоро истифода намуда, нихоми нави дар тобеъи худ нигоҳ доштанро таъмин месозад.

Фируз Яқубзода, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!