,
Чоршанбе, 10-сентябр
Миллати тоҷик дорои фарҳанг, тамаддун ва таърихи ҳазорсола мебошад. Тӯли мавҷудияти хеш таҳаввулоти зиёдеро аз сар гузаронидааст: гоҳе соҳибтақдиру мустақил ва гоҳе тобеи дигар қавмҳо будааст. Давлати Сомониён, ки намунаи беҳтарини ҷомеасозии башарӣ ба шумор меравад, тӯли 125 сол ҳукумат ронд ва бо дастовардҳои беназири худ шӯҳратёр гашт. Пас аз суқути ин давлати соҳибэътибор (соли 999), миллати мо зери тасаллути қавмҳои аҷнабӣ қарор гирифт. Орзуи соҳибистиқлол будан ҳазорсолаҳо дар ниҳоди ин миллат нуҳуфта буд, аммо расидан ба он солҳои тӯлонӣ амри муҳол менамуд.
Пас аз сарнагун шудани Аморати Бухоро (соли 1920), ки сулолаи манғитиҳо онро идора мекарданд, миллати тоҷик дубора зери нуфузи русҳо қарор гирифт. Бо вуҷуди таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон, он мустақилияти воқеӣ надошт ва зери фармони мустақими давлати Шӯравӣ қарор дошт. На метавонист арзишҳо ва ҳуқуқҳои комили миллии худро ҳифз намояд.
Фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ саҳифаи наверо дар сарнавишти миллати мо боз кард. Мо тавонистем, истиқлолияти худро ба таври расмӣ ба ҷаҳониён эълон намоем. 9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Ин сана барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аҳамияти бузург дорад. Мо аз асорат раҳо ёфта, роҳи мустақили худро пеш гирифтем. Гарчанде баъзе бадхоҳон аз ин падида норозӣ буданд, вале хушбахтӣ ва бахти нав насиби мо гардид.
Хиради азалӣ ва фарҳанги мардумсолории мо имкон дод, ки барои миллат ҷомеаи арзандае бунёд намоем, ки ифтихори тамоми шаҳрвандон аст. Фарзандони содиқи миллат, ки ба халқи худ муҳаббати бепоён доштанд, тамоми нерӯи худро барои расидан ба истиқлолият сарф карданд.
Дар ин ҷода, нақши фарзанди барӯманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Интихоби оқилонаи намояндагони мардум аз рӯзҳои нахуст ба ин шахсияти соҳибхирад, ҷасур ва мардумдӯст вогузор гардид. Ӯ бо иродаи қавӣ ва нияти нек талош намуд, то вазъи сиёсиро ба эътидол оварда, ваҳдати миллиро пойдор созад. Ба ҳам овардани гурӯҳҳои мухталиф ва хотима бахшидан ба низои дохилӣ мақсади аввалиндараҷаи ӯ буд. Дар муҳлати кӯтоҳ тавонист давлати дар вартаи нобудӣ қарор доштаро наҷот бахшида, асоси давлатдории муосири тоҷиконро гузорад.
Бо даст ёфтан ба истиқлол, миллати тоҷик боз як бор дигар озодии комили худро ба даст оварда, ҳамчун миллати тамаддунсоз ва офарандаи арзишҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Ҳамасола 9 сентябр ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил гардида, мардуми кишвар бо умеди фардои дурахшон ба пеш қадам мегузоранд.
Дастовардҳои истиқлолро шуморидан осон нест, зеро бо роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистони азиз пайваста дар роҳҳои ободкорӣ ва созандагӣ қарор дорад. Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари амн ва боэътимод шинохта мешавад. Дар тӯли даврони истиқлолият ба сари шаҳрвандони мо ҳеҷ таҳдиду хатаре роҳ наёфтааст. Ин фазои орому амн ба эътимоди мардум ба ояндаи дурахшон асос гузошта, онҳоро барои заҳмати созанда ва фаъолияти пурсамар илҳом мебахшад.
Сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, камбизоатӣ коҳиш ёфтааст. Мардум пурра бо ҷойи кор таъмин шуда, дар баробари пешбурди рӯзгор, ба рушди Ватан содиқона хизмат мекунанд. Фарзандони миллат дар ҳамаи зинаҳои таҳсил фаро гирифта шудаанд. Сохтмони муассисаҳои томактабӣ, мактабҳо, коллеҷҳо ва донишгоҳҳо босуръат идома дорад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқи озодона таҳсил кардан дар дохил ва хориҷи кишварро дорост. Мо ба низоми таҳсилоти байналмилалӣ гузаштаем ва мутахассисоне, ки дар мактабҳои олии кишвар таҳсил мекунанд, соҳиби мақоми арзанда мегарданд ва метавонанд дар давлатҳои гуногун фаъолият намоянд.
Роҳбари давлат ба таълим ва саводнокии аҳолӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, онро яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати давлатӣ мешуморад. Ҳамасола ҳазорон лоиҳаҳои муҳим дар бахшҳои мухталиф амалӣ шуда, ба беҳбудии зиндагии мардум мусоидат менамоянд.
Соҳаи тиҷорат низ рӯ ба рушд дорад ва мардум аз самараи он пурра баҳравар мешаванд. Шаҳру ноҳияҳо ва дурдасттарин минтақаҳо бо шарофати истиқлолият ободу пешрафта шудаанд. Касе, ки 20 сол қабл ба Тоҷикистон омада буд, имрӯз шоҳиди дигаргуниҳои куллӣ мегардад.
Иншоотсозӣ дар тамоми гӯшаю канори кишвар босуръат ҷараён дорад. Роҳҳое, ки Тоҷикистонро бо давлатҳои ҳамсоя мепайванданд, мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ сохта шуда, барои амалӣ гардидани ниёзҳои мардуми мо хидмат мекунанд.
Соҳаи энергетика, аз ҷумла истифодаи барқи аз ҷиҳати экологӣ бехатар, дар сатҳи олӣ қарор дорад. Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ неругоҳҳои барқи обии зиёд сохтааст. Арзиши барқ нисбат ба дигар кишварҳо хеле арзон буда, мардум ба он дастрасии пурра доранд. Истифодаи захираҳои табиии зери замин дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Тоҷикистон дорои сарватҳои табиӣ ва канданиҳои фоиданоки зиёд аст ва давлат ҳар сол барои коркарди онҳо тамоми имкониятҳоро истифода мекунад. Захираи ангиштсанг низ фаровон буда, истеҳсоли солонаи он ба миллионҳо тонна мерасад.
Захираҳои оби Тоҷикистон низ бениҳоят фаровонанд ва таъмини мардум ба об зери назорати давлат қарор дорад. Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаи обро кишварҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Тоҷикистон сиёсати “дарҳои боз”-ро пеш гирифтааст ва омода аст бо ҳар давлати ҷаҳон муносибат барқарор кунад.
Истиқлолият барои ҷавонон имкониятҳои фаровон фароҳам овардааст. Таваҷҷуҳи роҳбари давлат ба ин қишри ҷомеа зиёд аст. Барои тарбияи ватандӯстӣ ва рӯҳияи миллӣ миёни ҷавонон шароити мусоид муҳайё гаштааст. Варзиш ба сифати воситаи асосии тарбияи солим арзёбӣ мегардад. Толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ дар саросари кишвар бунёд гардидаанд. Ҷавонони мо дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ширкат варзида, шарафи ватанро ҳимоя мекунанд.
Миллати тоҷик дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад. Ҳар як шаҳрванди кишвар мунтазири таҷлили бошукуҳи он бо дастовардҳои назаррас мебошад.
Мардуми тоҷик зери парчами сулҳу ваҳдат ва якпорчагӣ бо роҳбарии Пешвои миллат устуворона барои ҳифзи истиқлолият ва пойдории давлат қадам мегузоранд.
Самариддинова Зайнаб, дотсент декани факултети физика ва математикаи ДДК ба номи А.Рӯдакӣ
Шарифов Шамсиддин, муаллими калон