, Сешанбе, 09-сентябр

БУЗУРГТАРИН САРМОЯИ МИЛЛАТ ИСТИҚЛОЛИЯТ АСТ


БУЗУРГТАРИН САРМОЯИ МИЛЛАТ ИСТИҚЛОЛИЯТ АСТ

“Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк мекунанд, ки истиқлолият ва озодӣ арзиши бисёр бебаҳо дар ҳаёти ҳар як шахси бонангу баори Ватан мебошад. Тули 34 сол аст, ки Суруди миллӣ ва Парчами давлатии мо дар саросари Тоҷикистон ва берун аз хоки он дар чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, маросиму чорабиниҳои сатҳи олӣ ва дигар маъракаҳои муҳим баланд садо дода, партавфишонӣ намуда,  Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву хамзистӣ ва осоиштагиро барои ҳар як хонаводаи  тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард. Ба даст омадани Истиқлолият роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. Маҳз бо шарофати ба даст даровардани истиқлолият ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам омад, ки дониш, қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, ватани худро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам гузоранд.

Истиқлолият зиндагии ноороми мо мардуми тоҷикро ба манзараи рангорангу дилфиреб ва ватани азизамонро ба як биҳишти рӯи замин, макони беназир, бемислу монанд ва макони сайёҳони хориҷӣ табдил дод. То имрӯз дар муддати 34-соли истиқлолият, сарзамини бузурги мо дар тамоми самтҳо аз қабили илму маориф, санъату фарҳанг, иқтисоду иҷтимоиёт ва дигарҳо ба пешравиҳои зиёд ноил гардид.

Як бахши муҳимми дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишварро метавон ба соҳаи маориф марбуд донист. Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо кушишҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат имрӯз Ватани маҳбуби мо ба соҳаи илму маориф диққати ҷиддӣ дода, ҳамасола дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар даҳҳо мактабу сифхонаҳои иловагӣ, муасисаҳои томактабӣ, биноҳои нави Донишгоҳҳо ба истифода дода мешаванд, ки дар онҳо аҳли зиё ба таълиму тарбия ва кору фаъолият машѓул мешаванд.

 Чуноне ки мегӯянд: 

Пояи давлат намонад бе маориф устувор,

Давлати пойдор хоҳи руй ба мактаб биёр.

Ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳама суханрониҳояшон иброз медоранд, ки: «Дар сиёсати кории ман соҳаи маориф дар ҷои аввал меистад», пас мо ҷавонон, аҳли зиё ва тамоми мардуми сарзамини кишварро месазад, ки ба қадри ин ҳама ғамхориҳои ҳукумати кишвар, заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат расида, дар ин сарзамини сулҳофарину соҳибистиқлол бо сари баланд, бо дониши хубу аъло таҳсил ва кору фаолият намуда, ҳамеша барои ободиву озодии ин сарзамини биҳиштосову соҳибистиқлол кӯшиш намоем.

Дар охир ҳаминро гуфтани ҳастам, ки бояд мо миллатӣ тоҷик дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст.  Ҳамзамон бо ин, ба қадри ин неъмати бебаҳо - яъне ватан ва истиқлолияти он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад, ки миллати тоҷик дар роҳи адолат зери пайроҳаи таърих бо шебу фарозоҳо, шикасту пайвастҳо, ахиран  соҳибистиқлол гардид.

Пойдору ҷовидон бод Истиқлолияти Тоҷикистони Азиз!

 Аминҷон Раҷабов, муаллими калони кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  ба номи Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!