, Сешанбе, 09-сентябр

РОҲНАМОИ ИЛМУ МАЪРИФАТ


РОҲНАМОИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

Ҳаёт,  роҳи илмии паймуда ва фаъолияти меҳнатии доктори илми филология, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсӣ-тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Кӯчарзода Аламхон барои наслҳои ҷавон бағоят шавқангез ва ибратомӯз аст. 

Ёд дорам, аввали моҳи сенябри соли 1991, ҳангоми дар курси дуюми факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳсил карданам, нахустин бор бо устод Кӯчарзода Аламхон вохӯрдам. Ӯ бо тамкину оромии ба худ хос вориди синфхона гашта, ба мо донишҷӯёни кунҷков худро шиносонд ва бохабарамон карданд, ки аз ин пас ба мо аз фанни “Назмшиносӣ” дарс мегӯянд. Устод пеш аз оғози дарс таъкид карданд, ки фанни “Назмшиносӣ” аз шохаҳои муҳимми илми адабиётшиносӣ буда, омӯзиши ҷиддиро талаб мекунад. Дар ҷараёни омӯзиш пай бурдем, ки гуфтаҳои устод бепоя набудааст. Новобаста аз душвориҳои зиёд дар роҳи аз худ намудани дониш - пайваста омӯхтани асарҳои илмӣ-пажӯҳишӣ доир ба фанни номбурда, мо шогирдон наметавонистем бидуни дарсҳо ва фаҳмондадиҳии устод Кӯчарзода паҳлӯҳои мушкилфаҳми онро аз худ намоем. Дарсҳо хеле шавқовар мегузаштанд. Устод ҳалиму меҳрубон, аммо дар айни замон хеле сахтгир ҳам буданд. Ӯ на танҳо мураббии асил, инчунин инсони комилу соҳибхирад ва дорои заковати баланди шахсӣ мебошанд. Афзун бар ин, устод ба ҷавонони эҷодкори донишгоҳ низ пайваста ёрӣ мерасонданд. Дар навиштани мақолаҳо, шеъру ҳикояҳо ва дигар эҷодиёти шогирдонаи навқаламон, ба қавли доноён “дасти онҳоро мегирифтанд”, навиштаҳояшонро таҳрир мекарданд ва дар роҳи мушкили пуршебу фарози эҷодкорӣ раҳнамоияшон мекарданд. Як давраи муайян муаллим вазифаи пурмасъулияти муҳарририи рӯзномаи “Анвори дониш”-и Донишгоҳи давлатии Кӯлобро низ ба ӯҳда доштанд, аз ин рӯ навиштаҳои шогирдонаи донишҷӯён дар сафҳаҳои ҳар як шумораи рӯзнома ба чашм мерасид.

Бемуҳобот, метавон гуфт, ки натиҷаи заҳмати устод аст, ки имрӯз аксари он навқаламон дар ҷодаи корҳои илмӣ-пажуҳишӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва рӯзноманигорӣ, аз ҷумла дар шабакаҳои радио ва телевизиони минтақаи Кӯлоб ва берун аз он гомҳои устувор мегузоранд ва дар рушди соҳаҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоии халқ, ба вижа илму маориф ва журналистика саҳми босазо доранд.

Аламхон Кӯчарзода таълимгирифтаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло ДМТ) мебошанд. Дертар ба мо шогирдон маълум гардид, ки муаллим пас аз солиёни зиёд дар донишгоҳи Кӯлоб дарс гузаштанашон ба донишгоҳе, ки замоне он ҷо таҳсил мекарданд, ба кор рафтанд. Аммо эҳсоси муҳаббату хайрхоҳие, ки устод Кӯчарзода нисбат ба донишгоҳи Кӯлоб ва мардуми минтақаи Хатлон доштанд, то имрӯз заррае кам нагардидааст. Робитаи худро аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нагусаста, ҳоло  ба ҳайси устоди ҳамкор дар кафедраи адабиёти тоҷики ин муассиса фаъолият доранд, дар баргузор намудан ва гузаронидани семинарҳо, конфронсҳои илмӣ ташаббус нишон дода, ба омӯзгорон маслиҳатҳои судманд медиҳанд. Мо шогирдон аз маслиҳату роҳнамоиҳои ин шахсияти пуркор, донишманди асил, табиатан хоксору самимӣ пайваста бархӯрдор мегардем. Хусусан аз замоне, ки устод ба Донишгоҳи Кӯлоб дубора ба кор омаданд, бо ӯ ҳар мавқеи созгор вомехӯрем ва аз суҳбатҳои ширину дилнишинашон баҳра мегирем. Ба гуфтан меарзад, ки таҷрибаи рӯзгор на танҳо ба хирад ва маърифаташон нерӯ ва тавон бахшидааст, балки дар ниҳоди ин марди хирад сиришти неки инсониро ба сони  бурдборӣ парвардааст.  

 Феълан то бад-ин поя марҳилаҳои камолот паймудан, устод дар рушду нумӯи илму фарҳанг, мактабҳои олию миёнаи дигари кишвар низ саҳм мегузоранд ва дар омодасозии мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва соҳибунвонҳои илмии муассисаҳои таълимоти олии дигари кишвар низ кӯшишҳои босамар анҷом медиҳанд.

Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бо сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ вазъи аксар донишкадаю донишгоҳҳои дур аз пойтахт ҷойгир буда, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сол то сол рӯ ба завол овард. Устодони соҳибунвон бинобар сабаби нохуб будани вазъи иқтисодӣ аз донишгоҳҳое, ки солиёни зиёд  он ҷо кор мекарданд, ба дигар донишгоҳу донишкадаҳо нақли макон карданд ва ё ба касбу кори дигар гузаштанд. Хавфи барҳам хӯрдан ва ё ба филиали донишгоҳҳои марказӣ табдил гаштани Донишгоҳи Кӯлоб низ ба миён омада буд. Мушкилии пайдошударо аз байни донишмандони тоҷик пеш аз ҳама устод Худоӣ Шарифов (ёдашон ба хайр) дарк кард ва дар пайи ҳалли он чораандешӣ менамуданд. Дар ин кори хайр, яъне тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар соҳаи филология барои минтақаҳои дур аз марказ  муҳаққиқони варзида Кӯчарзода А., Маҳмадаминов А., Мисбоҳиддини Нарзиқул, Мақсудов Б. ва дигар олимон низ камари ҳиммат баста, то имрӯз даҳҳо шогирдони соҳибунвонро барои муассисаҳои олии кишвар омода карданд ва ин иқдом бо маром идома дорад.     

Устод Аламхон Кӯчарзода аз ҷумлаи зиёиёни камшумори тоҷиканд, ки умри бобаракати хешро сарфи ду пешаи пурифтихор: омӯзгорӣ ва муҳаққиқии адабиёти тоҷик намудаанд. Лозим ба гуфтан аст, ки ҳар ду пеша ба якдигар ҳамсанг буда, яке дигареро пурра мекунад. Агар гуфта шавад, ки он кас ҳамчун омӯзгори муассисаи таҳсилоти олӣ, ҳама кӯшишу талошҳои пажуҳишияшро барои шинохт ва омӯзондани адабиёти тоҷик ба харҷ медиҳад, росту дуруст аст. Чуноне ки дар таълифи китоби адабиёти тоҷик (барои синфи 11), дар ҷараёни омӯзондани тарҷумаи ҳоли адиб ва таҳлили осори ӯ барои устуворсозии хотираи шогирд, саҳифаеро ба саволу супоришҳо мебахшад, ҳар як вожаи душворфаҳмро дар поварақи китоб шарҳ медиҳад ва таваҷҷуҳи хонандаро ба назарияи адабиёт ҷалб мекунад. Чунин усули таълифи китоби дарсӣ барои баланд бардоштани савияи дониши шогирд нақши баланд мегузорад. Чунончи агар адиб дар жанрҳои гуногуни роман, повест, ҳикоя ва драма асарҳо офарида бошад, муаллифи китоби дарсӣ,  хусусиятҳои ҳар як жанри адабиро ба таври фишурда ташреҳу тафсир мекунад. Ҳамин аст, ки китоби Адабиёти тоҷик (дар ҳаммуаллифӣ бо Худойназар Асозода, Душанбе соли 2007), дар нисбат ба китобҳои солҳои пешин ба чоп расида, аз нигоҳи мундариҷа ва услуби нигориш дар сатҳи баланд ҷой дорад.

Устод дар солҳои тӯлонӣ ба халқу миллати худ хизмати ҳалол ва фидокоронаю дилсӯзона, ба хотири пешбурди илму адаб  карда истодаанд. Ӯ дарвоқеъ аз чеҳраҳои тобандаи илму фарҳанги нави тоҷик дониста шудаанд ва кору зиндагии устод шоистаи ибрату эҳтироми мо шогирдон ва ҳамзамонон мебошад.

Ҷусторҳои илмии устод дар самти матншиносӣ (текстология) аз арзиши баланди илмӣ бархӯрдоранд. Ҳанӯз соли 1994 ба ин паҳлӯи муҳимми адабиёт аҳамият дода китоберо унвонии «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» (Душанбе «Маориф», 1994) ба чоп расондаанд, ки дар ин бахши омӯзиши адабиёти тоҷик дарёфти  нисбатан нав дониста мешавад.

Огаҳон медонанд, ки таҳрир дар фарҳангу адаб мақоми хосса дошта, барои фаъолияти муназзам ва роҳ надодан ба камбудиву норасоиҳо дар осори чопӣ ва шунидориву дидорӣ саҳми шоиста дорад. Пешаи муҳаррирӣ пешинаи қадим дошта, китобсозиву китобдории тоҷиконро бидуни муҳаррирони хушзеҳну доно тасаввур карда намешавад ва чуноне ки аз таърих пайдост ба кори муҳаррирӣ аслан адибону донишмандони барҷаста машғул мешуданд. Устод Аламхон Кӯчарзода бо нигориши мақолаҳо ва чопи китобе зери унвони «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи Садриддин Айнӣ», ин мавзуи барои ҳар як забоншиносу адабиётшинос муҳимро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, метавон гуфт барои донишҷӯёну донишхоҳон дастури муфиде таҳия намудаанд (Аламхон Кӯчаров, Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи Садриддин Айнӣ, Душанбе, 2013).

Имсол аз баҳори умри ин донишманди тавоно, марди хирад, инсони шарифу асил 79 сол пур мешавад, ки зодрӯзи он кас барои аҳли илм санаи хуҷаста мебошад. Ҳафтодунуҳумин соли умри бобаракати ӯро давраи камолот меҳисобем ва барои устод ва хонаводаи он кас саодати ҷовидон таманно дорем. Мо ба устоди гиромӣ, донишманди фарзона, фидоии илму фарҳанги ҷумҳурӣ, Аламхон Кӯчарзода тандурустиву пирӯзмандӣ, умри дароз ва тамоми хӯшиҳои рӯзгорро орзумандем.

Нодира Ашурова, д.и.ф., профессори кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!