,
Сешанбе, 09-сентябр
Забони давлатӣ яке арзишҳои бузурги миллӣ, нишонаи Истиқлолият ва таҷассумгари таърихи миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Забони тоҷикӣ ба ҳайси муҳимтарин унсури миллатсоз дар давраи Истиқлоли Тоҷикистон шукӯҳи тоза ва мақому мартабаи хос касб намуд. Дар яке аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида буд: “Забон моли халқ, мероси миллат ва сармояи маънавии давлати соҳибистиқлол аст”. Ин ҷо сарвари давлат ба рисолати азалию асосии забони тоҷикӣ ишорат менамояд, ки он беш аз ҳазор сол халқи тоҷик ва фарҳангу тамаддуни онро ривоҷу инкишоф дода, то ба мо расонид. Аз ин рӯ, гиромидошт, эҳтиром ва таъмини тарғибу рушди ин забон вазифаи муҳимми наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Истиқлолият нишонаи озодиву ҳувияти миллӣ ва мояи ифтихори ҳар як соҳибватан, рамзи саодат ва шарти асоситарини бақои миллат ва давлати тоҷикон мебошад. Истиқлолият бо забон робитаи ногусастанӣ дорад. Рушд ва инкишофи забон нишондиҳандаи пешрафт ва муваффақиятҳои миллату давлат мебошад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушд ва ташаккули минбаъдаи забони давлатӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда, ҳама гуна монеаҳоро дар роҳи ташаккули он бартараф намуд.
Забони миллӣ дар пойдории давлати миллӣ нақши мондагор дорад. Забони миллӣ дар давраҳои пурмоҷарои таърих дар таҳкими ваҳдату ягонагии миллат парчами муборизи роҳи озодӣ ва Истиқлол мебошад.
Пешвои муаззами миллат ба муносибати Рӯзи забон чунин иброз намудаанд, ки “Забон баёнгари сарнавишти таърихи халқи тоҷик буда, бо Истиқлоли Ватани мо сахт пайванд дорад, яъне ҳар гоҳ Ватани мо озод ва мустақил будааст, забони мо ҳам шукуфо ва Истиқлол доштааст”.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ марҳалаи нави рушди забони тоҷикӣ бо мақоми давлатӣ гирифтани он оғоз ёфт. Маҳз дар ҳамин давра аз ҷониби Пешвои муаззами миллат оид ба масъалаи инкишофи забони тоҷикӣ чандин масъалаҳо гузошта шуданд. Аз ҷумла, танзими истилоҳот ва меъёрҳои забони давлатӣ, рушди забони адабӣ, таҳқиқ ва нашри грамматикаи илмии забони адабӣ, таҳия ва нашри фарҳангҳои тафсирӣ, Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ, луғатҳои дузабона, сезабона ва амсоли инҳо баррасӣ гардиданд.
Тавре ки маълум мешавад, забон ҳанӯз дар набардҳои таърих яке аз асарҳои муборизаи истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ будааст.
Забон на фақат воситаи муҳимтарини муомилоти инсонӣ ва падидаҳои иҷтимоист, балки нишонаи асосии асолату ҳувияти миллат мебошад.
Ҳамчунин дар ҷашни 10 солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Забони давлатӣ” Сарвари давлат якчанд таклифҳои судманд дар робита ба густариши забон намудаанд, аз ҷумла таҳияи дастури илмии забони тоҷикӣ, таҳияи пайкараи забони тоҷикӣ дар асоси дастовардҳои нави забони компютерӣ, роҳхои асосии густариши забони тоҷикӣ.
Дар даврони Истиқлолият бо ташаббуси Пешвои миллат забони модарии мо рушд карда, ба забони тавонои расмиву давлатӣ табдил ёфт.
Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” заминаҳои истиқлолияти сиёсиро фароҳам сохт, зеро истиқлолияти сиёсӣ бе донистани забони давлатӣ фароҳам намегардад. Дар даврони истиқлол бо сарварии Президенти кишвар барои инкишоф ва пешрафти забони давлатӣ нақши забони давлатӣ ба ҳайси забони давлатӣ ба маротиб афзуд. Масъулияти забони тоҷикӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ забони расмии давлатӣ будан аст, ки ба воситаи он тамоми мукотиботи сиёсӣ, фарҳангӣ, илму техника, конференсияҳо, гуфтушинидҳо, маориф ва маданият ва дигар фаъолиятҳои гуногуни иҷтимоӣ баргузор мегардад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар таълифоти Пешвои миллат дар асарҳои “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Аз Ориён то Сомониён”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, “Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ”, “Забони миллат - ҳастии миллат” инъикос ёфтаанд.
Забони модарӣ сарчашмаи ифтихори миллат ва пояи устувори давлатдорӣ мебошад. Дар давраи нави давлатдори мо, тоҷикон барои арҷгузорӣ ба забони модарии мо соли 2016 ба табъ расидани китоби гаронбаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Забони миллат-ҳастии миллат” мебошад, ки он аз ғамхорӣ ва гиромидощти забони тоҷикӣ гувоҳӣ медиҳад. Дар ин асари бебаҳо Пешвои миллат оид ба вижагиҳои муҳимтарини ин забони нобу шево, таърихи он, мақому манзалати он дар байни дигар забонҳо аз замони гузашта то имрӯз мулоҳизаҳои хешро бо далелу иқтибосҳои дақиқ баён намудааст.
Пешвои миллат дар китоби мазкур таъкид намудааст, ки “Арҷ гузоштан ба забони модарӣ омилест, ки сарчашмаи бақои ваҳдати миллӣ ва яке аз рукнҳои устувори давлатдорӣ ба шумор меравад”
Ҳадаф аз нашри ин китоб воқиф намудан аз бузургиву шаҳомати забони модарии мо мебошад.
Таърих собит сохтааст, ки ҳар як миллат бо доштани забони миллии худ устувор ва пойдор мемонад. Имрӯз мо мегӯем, агар китоб намебуд, агар об намебуд, ё модар намебуд, вале дар асл ҳастии инсон ва бақои миллат дар забони модарӣ таҷассум мегардад.
Дар даврони Истиқлол бо забони давлатӣ эҷод ва чоп гардидани асарҳои илмию бадеӣ ва бознашр гардидани шоҳасарҳо “сармояи маънавии давлати соҳибистиқлол” будани забони тоҷикиро собит намуд ва муҳимтар аз ҳама, хосияти “баҳамоварӣ” ва ё ваҳдатофаринӣ, тавоноӣ ва рақобатпазирии он илман асоснок гардид.
Бояд тазаккур дод, ки ганҷи гаронбаҳои ниёгон, бо ин забон эҷод шудааст, аз ин рӯ муқаддастарин сарвати миллӣ ва беҳтарин сарват ва қимматтарин дороии миллат маҳсуб меёбад.
Тавре ки Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳояш мефармоянд: ”Дар замони Истиқлолият забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо карда, дар асоси меъёрҳои таърихӣ ва адабӣ ташаккул пайдо мекунад ва тадриҷан вазифаи забони муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногуни сокинони кишварро ба дӯш мегирад”.
Ҳамин тариқ, Истиқлоли давлатӣ ҳамчун омили воқеии эҳёи забони мо дониста мешавад. Моро зарур аст, ки ҷавонони имрӯзаро дар рӯҳияи худшиносӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, бахусус, тоза нигоҳ доштани забони ноби тоҷикӣ тарбия намоем.
Мубина Қаюмова-саромӯзгори кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ