, Душанбе, 08-сентябр

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ-ДАСТОВАРДИ БОАРЗИШТАРИН ВА ВОЛОТАРИНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК


ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ-ДАСТОВАРДИ БОАРЗИШТАРИН ВА ВОЛОТАРИНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як давлати навташкил ибтидои давлатдории навини худро бо муноқишаҳои дохилӣ оғоз намуд, ки ин моҷароҳо ба як кишвари навбунёд таъсири манфии сиёсӣ ва иқтисодӣ расониданд. Системаи идоракунӣ комилан фалаҷ шуда, ниҳодҳо ва муассисаҳо аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои худ намебаромаданд. Аксари муҳаққиқон ва намояндагони соҳаҳои гуногун назари манфии худро иброз медоштанд, зеро вазъият бисёр номуташанниҷ буд. Халқи роҳгумзада ба сарваре ниёз дошт, ки онҳоро аз торикии ваҳшатнок берун орад.

Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатии тоҷикон аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати навини тоҷиконро бунёд гузошт. Мактаб ва усули раҳбарии ӯ, ки бар дониш, хирад, мардумсолорӣ, тавоноии дарки орзуву омоли халқи заҳматкаш, додрасӣ, намунаи рафтори раҳбарӣ, қудрати волои суханварӣ, фурӯтаниву хоксорӣ ва олиҳимматии ҷавонмардона асос ёфтааст, дар амал татбиқ гардид. Бо беҳтарин сифатҳои давлатдорӣ - азамати худшиносӣ ва хештаншиносии миллӣ, кордонӣ, ғаюриву далерӣ, бурдборӣ ва нексириштӣ - дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ ному манзалати қадимии миллати тоҷик барқарор гардид. Мардуми олам Тоҷикистонро бо номи ӯ шинохт.

Ин дастовард дар таърихи давлатдории тоҷикон як гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд буда, дар назди насли имрӯза вазифаи пурмасъулияти таърихӣ гузоштааст: бунёди давлати мутамаддин, ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосир. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари таърихии худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» зикр намудааст: «Фарзандони фидоию баномуси миллати мо дар ҳама давру замон, дар ҷое бо хираду фарҳанги воло, дар ҷое бо муросою мадоро талошҳои истиқлолхоҳӣ кардаанд, ки ин омилҳо бо ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандорӣ пайванди ногусастанӣ доранд».

Бо хиради азалӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз миллати тоҷик ҳамчун як халқи соҳибдавлат ва соҳибэҳтиром аз ҷониби кишварҳои дигар шинохта шудааст. Дастоварди бунёдии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдории тамомияти арзии кишвар ба шумор меравад. Маҳз истиқлолият имкон фароҳам овард, ки соҳиби давлати миллии худ гардида, ҳамчун кишвари мустақил дар арсаи байналмилалӣ тамаддун ва фарҳанги миллии худро муаррифӣ намоем.

Дар давоми 34 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардида, ба дастовардҳое расидааст, ки барои рушди минбаъдаи мамлакат аҳамияти бузург доранд.

Истиқлол шароити созгор барои сарҷамъӣ, ваҳдат ва шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб фароҳам оварда, ҳисси ватандӯстӣ ва ватанпарастии мардумро таҳким бахшидааст. Имрӯз, дар гуфтору навишторҳо, иддае таъкид мекунанд, ки истиқлол барои тоҷикон гӯё бо лутфи таърих ва муфт ба даст омадааст. Аммо ба чунин ақида ҳаргиз наметавон розӣ шуд. Зеро агар бо таҳқиқ ва назари амиқ ба паҳнои таърихи пурҳаводиси халқи тоҷик бингарем, ба натиҷаи мантиқӣ ва асосноке мерасем, ки истиқлол бо муборизаву талошҳои озодихоҳона ва хислати тамаддунсозонаи халқи бонангу номусамон иртиботи қавии ногусастанӣ дорад.

Имрӯз, бо шукргузории беандоза, мо ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро дар фазои сулҳ, осоиштагӣ ва ваҳдати комил таҷлил менамоем. Ҳамаи ин дастовардҳо аз заҳмату роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, ки кибру ғурури носозгорро ба ваҳдату созандагӣ табдил дод. Ӯ тавонист дар муддати кутоҳи таърихӣ кишварро, ки дар бӯҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор дошт, ба давлати рӯ ба тараққӣ табдил диҳад, ноумедиҳоро бартараф намояд ва ба мардум неруи тозаи созанда бахшад.

Имрӯз миллати тоҷикро тамоми ҷаҳон ҳамчун қавми бузург эътироф мекунад. Фарзандони ин миллати барӯманд дар саросари дунё дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд. Қариб ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бо Тоҷикистон робитаҳои дӯстӣ ва тиҷоратӣ барқарор кардаанд - ки ин худ аз нишонаҳои бузурги Истиқлол мебошад.

Шоҳбайти машҳури Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ:

“Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем”

таҷассуми равшани рӯҳияи истиқлолхоҳии тоҷикон ва ғуруру ифтихори миллии онҳост.

Ҷашни Истиқлолият муборак бод, Тоҷикистон ва миллати сарбаланди тоҷик!

Ҷуразода Шоҳмурод Ҷура- номзади имҳои биология, декани факулети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!