, Душанбе, 08-сентябр

ОМӮЗГОРИ БОТАҶРИБА - ШАХСИЯТИ НЕКУСИРИШТ


ОМӮЗГОРИ БОТАҶРИБА - ШАХСИЯТИ НЕКУСИРИШТ

Пешаи омӯзгорӣ аз замонҳои қадим мақоми баланд ва ҷойгоҳи вижа дошта, ҳамеша ҳамчун чароғи роҳнамо ва рамзи ахлоқу маърифат дар ҷомеа арзёбӣ мешуд. Омӯзгор - ин на танҳо фурӯғбахши илму дониш, балки тарбиятгари насли наврас ва ҳидоятгари маънавии ҷомеа аст. Маҳз заҳмату фидокорӣ, хоксорӣ ва меҳрубонии омӯзгорон сабабгори пешрафт ва рушди ҳар миллату давлат гардидааст. Дар таърихи илму маорифи тоҷик, шахсиятҳои зиёде бо зиндагии пурбаракати худ намунаи омӯзгори асил ва инсони комилро таҷассум намудаанд. Яке аз чунин шахсиятҳои барҷаста - устоди муҳтарам, шахсияти некусиришт ва омӯзгори варзида Ҳафизов Саидҷон Бобораҷабович мебошад, ки умри бобаракати худро сарфи таълиму тарбияи наслҳои шоистаи Ватан намудаанд.

Факултети химия ва биология соли 1993 дар заминаи факултети тиб арзи вуҷуд намудааст. Аввалин декани факултет, муаллими калон Ҳафизов Саидҷон Бобораҷабович буданд. Фаъолияти таъсиси факултет ба даврони ташаккули давлати ҷавони соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Замоне ки кишвар рӯзгори душвори ҷанги шаҳрвандиро паси сар мекард, Ҳафизов С.Б. бо дарки баланди масъулият ва рӯҳияи ватандӯстӣ роҳбарии факултетро ба уҳда гирифтанд.

Дар ин шароити вазнин, факултети химия ва биология тавонист нуфуз ва мавқеи худро ҳифз намояд. Аз ҷумла, таҳияи нақшаи қабул дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона, тартиб додани нақшаи чорабиниҳои солҳои 1993-1996, мустаҳкамсозии пояи моддиву техникӣ, ташкил намудани қитъаи таълимӣ-таҷрибавӣ-саҳроӣ дар ноҳияи Муъминобод ва ҷалби мутахассисони унвондор аз ҷумлаи корҳои назаррасе буданд, ки бо ташаббуси устод амалӣ гардиданд.

Эҷоди созиш ва эътимоди тарафҳо дар ҷанги дохилӣ, бозсозии сулҳу субот ва баргузор намудани чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, ба ташаккули ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам оварданд. Саҳми Ҳафизов С.Б. дар ин давраи ҳассос, ҳамчун шахси фаъолу созанда ва устоди масъулиятшинос, шоистаи таҳсину эҳтиром аст.

Соли аввал дар факултет ихтисосҳои биология ва биология-химия таъсис дода шуданд. Аввалин хатмкунандагони факултет соли 1997 донишгоҳро хатм карданд. Аз ҷумлаи онҳо метавон чунин шахсиятҳои намоёнро ном бурд: доктори илмҳои биология Бобоев М.Т., номзади илмҳои биология Ҳакимов Ф., Ҷуразода Ш., Қадамов Д.С., Амиров З. ва дигарон.

Ҳафизов Саидҷон Бобораҷабович дар баробари фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ, бо хислатҳои олии инсонӣ - хоксорӣ, меҳрубонӣ ва дастгирии ҳамкорон ва донишҷӯён - намунаи ибрати ҳамагон буданд. Ӯ ба шогирдони худ на танҳо дониш, балки муҳаббат ба табиат ва олами вуҳушро низ меомӯзонд, онҳоро ба таҳқиқоти нав ва хизмати содиқона ба Ватан ҳидоят мекард.

Муаллиф хушбахтии худро аз он иброз медорад, ки аз ин омӯзгори ботаҷриба ва шахсияти некном дарс гирифтааст. Аз таълимоти устод на танҳо донишҳои илмӣ, балки дарси одобу ахлоқ, худшиносиву ватандӯстӣ ва инсонгароиро низ фаро гирифтааст. Ҳар сухан ва амали устод роҳнамоест барои шогирдон.

Ҳафизов Саидҷон Бобораҷабович, 10 апрели соли 1944 дар ноҳияи Ховалинг дар оилаи омӯзгор ба дунё омада, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро дар мактаби №1-и ноҳия ба итмом расонидааст. Баъди хатми мактаб (1963), ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуда, дар шаҳри Новосибирск хизмат кардааст. Пас аз адои хизмат, дар факултети биологияи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон таҳсил намуда, соли 1971 онро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатии устод аз соли 1971 оғоз ёфта, то имрӯз дар вазифаҳои гуногун - омӯзгор, саромӯзгор, мудири кафедра ва декан, аз ҷумла омӯзгори фанни биология (1971-1972); омӯзгор ва мудири кафедраи педагогика ва методикаи таълим (1972-1993); декани факултети химия ва биология (1993-1995); мудири кафедраи биология (1995-2005); саромӯзгори кафедраи биология ва методикаи таълими он (2005 то имрӯз) - хизмат намуда истордааст.

Дар тӯли фаъолияти пурсамараш, Ҳафизов С.Б. бо Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон, ректори донишгоҳ ва раиси шаҳри Кӯлоб сарфароз гардидааст. Ӯ дорандаи нишони сарисинагии “Аълочии маорифи Тоҷикистон” (1981) ва унвони “Устоди варзиши оид ба тенниси рӯи миз” (1997) мебошад.

Бо вуҷуди синну соли баланди 81-солагӣ, устод то ҳол бо як эҳсоси баланди масъулият ва меҳри касбӣ фаъолона дар донишгоҳ фаъолият мекунад ва ба шогирдон сабақи зиндагӣ, меҳнатдӯстӣ ва хирад меомӯзад. Ба муносибати ин ҷашни зодрӯз, устодро самимона табрик гуфта, барояшон тансиҳатӣ, хонаободӣ ва баракати умр таманно дорем.

Ҳафизов Саидҷон Бобораҷабович ҳамчун як омӯзгори ботаҷриба, шахсияти нексиришт ва устоди инсонпарвар бо фаъолияти илмию омӯзгорӣ ва хислатҳои волои инсонӣ дар тарбияи наслҳои сазовори миллат саҳми беназир гузоштааст. Ӯ намунаи омӯзгори идеалӣ ва инсони комил аст, ки тамоми умрашро сарфи хидмат ба Ватан ва наслҳои ояндасози миллат намуда, дар дилу дидаи шогирдон ҷойгоҳе хосса дорад. Мақоми ӯ, пешааш ва шахсияташ шариф буда, арҷгузорӣ ба чунин фарзандони накуном - арҷгузорӣ ба илм, ахлоқ ва ояндаи миллат мебошад.

Ҷуразода Шоҳмурод Ҷура- номзади имҳои биология, декани факулети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!