,
Якшанбе, 07-сентябр
Мардум, раият бузургтарин неруест, ки дар ҳамаи ҷабҳаи ҳаёт гуфтаву кардааш мондагор аст. Махсусан, назар, гуфтори онҳо, ки эҷодиёти даҳонии халқ ном дорад. Тамоми гуфтори халқ натиҷаи таҷрибаи андухтаи зиндагӣ буда, дорои фалсафаи бузург аст.
Аз рӯзе ки худро шинохтам аз даҳони бузургсолорҳои худ мешунидам, ки «Вақте чашми инсон сер бошад, ҳамраҳаш баракат дорад». Дар назарам як гапи оддӣ буд ва онро назаре медонистам. Чун дар гирдоби фаъолияти пурпечутоб афтидаму бо зиёд нафарон кор кардам, арзиши ин сухан бароям рӯшан шуд. Бо он ки исботи ин суханро дар раванди фаъолияту рӯзгорам дидам, ҳазор маротиб аҳсану офарин ба раият хондам ва завқам дубора ба гуфтори халқӣ зиёд шуд.
Наздики ду даҳсола аст, ки дар корзори мушкилу пурталотуми омӯзгорӣ ба сар мебараму бо ҳазорҳо дарку фаҳм будам, аз суҳбати чеҳраҳои асилу донишмандони фарҳехта баҳра бурдам, махсусан, бо чеҳраҳои намоёну пирони кор, аз ҷумла шоирону нависандагон, олимону омӯзгорони асил ва дигар табақоти шуҳратёри кишвар. Беҳтарин рӯзҳои фаъолият доштем, пешравиҳои чашмгир ба даст овардем, аммо осон не, мисли «Мӯйро аз хамир ҷудо кардан» буд. Аз рӯзгори гузашта хотироти нек зиёд дорам ва мехоҳам саҳфае аз онро поси хидмату ҷонфидоиҳои шахсияти фарҳехтаву маҳбуби дилҳо, инсоне, ки иқбол ҳамеша ҳамраҳаш буд, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусамалом Мустафо дар дидаҳо тоза намоям.
Ба устод Мирализода А.М. ғоибона аз соли 2015 шинос будаму дар мавридаш зиёд мешунидам. Дар борааш ҳамагӣ хотироти нек доштанду аз эшон ба некӣ ёд мекарданд. Ҳама аз адолатпарварӣ, дастгириҳо ва инсонгароиву инсондӯстияш ҳарф мезаданд. Асрори муваффақияти хубгуфторӣ ва тавсиф нисбати устод Мирализода А.М. баъди гузашти як давраи ниҳоят кӯтоҳ, яъне ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таъйин гардиданашон бароям рӯшан шуд.
Вақте устод Мирализода А.М. ба симати ректори донишгоҳи номбурда таъйин гардид, баъди як ҳафтаи фаъолият, ки он замон ба ҳайси дотсенти кафедра фаъолият доштам, даъватам намуда, расо 40 дақиқа суҳбат кардем. Эшон шоҳид аст, ки ягон вазифа нахостам, ғайр аз котиби матбуотӣ ва ё котиби шурои олимон, аниқтараш ҷое, ки танҳо масъулияти навиштану таълиф дошта бошад. Албатта, ин ҷо сабабҳои объективӣ мавҷуд буд. Чун бо устод суҳбат кардам, ба хулосае омадам, ки бо эшон кор кардан мумкин аст. Ҳамон лаҳза таъҷилан фармоишро омода намуда, маро декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика таъйин намуданд.
Мақоли «Дӯстро дар кор, ё дар сафар мешиносӣ» хеле оқилона гуфта шудааст. Ин ҳамкорӣ бароям имкон фароҳам овард, то устод Мирализода А.М.-ро аз наздик шиносам. Ҷавонмардӣ, некандешӣ, раҳму шафқат, дилу нияти пок, дасти сахову ҳимматбаландӣ дар замири устод ҷӯш мезанад. Даҳҳо маротиб дар ғазаб меомад, лекин ҳеҷ гоҳ хулосаи сариву бепоя намебаровард. Дур андеша мекард, вазъиятро дар мизони андеша борҳо бармекашид, сипас онро амалӣ мекард.
Воқеан, баъди ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таъйин гардидани Мирализода А.М. дар як муддати кӯтоҳ дар муассиса пешравиҳои чашмрас рӯи кор омаданд. Эшон дар мансаби роҳбарикунанда масъулияти баландро эҳсос карда, даст ба иқдомҳои ободкорӣ заданд, ки боиси пешрафти кор дар донишгоҳ гардид. Устод дар як муддати кӯтоҳ дар сохтори донишгоҳ ободиву бунёдкориҳо, тақвият бахшидани заминаи моддӣ-техникӣ ва илмии факултетҳо ва ҳавасманд гардонидани заҳмати устодон корҳоеро анҷом дод, ки дар таърихи мавҷудияти муассиса беназир буд.
«…То вақте роҳбари ин муассиса ҳастам намегузорам, ки касе даст ба кисаи омӯзгор ва кормандам барад. Музди маош ҳаққи корманд аст. Вақте омӯзгор ба талаботи мактаби олӣ ҷавобгӯ нест, аз кор пеш мекунам, лекин ба музди маошаш даст дароз намекунам…» - ҳамеша таъкид мекард устод Мирализода А.М. Ин нишони эҳтирому самимият ба инсон, хосатан, омӯзгор ҳамчун арзиши олӣ маҳсуб меёбад.
Сарнавишт фурсати роҳбариро дар донишгоҳ барои устод хеле кам (21.01.2020 то 10.06.2022) ҳамагӣ 2 солу 5 моҳ рақам зад, лекин дар ин муддати кӯтоҳ гомҳои устувор дар роҳи рушд ва пешрафти донишгоҳи азизаш бардошт ва номашро дар саҳифаи таърихи ин даргаҳи маърифатафзо бо хатҳои заррин навишта кард. Имрӯзҳо коллективи донишгоҳ аз устод Мирализода А.М. ҳамчун роҳбари ғамхор, одил, дастгир ва созандаву бунёдкор ба некӣ ёд мекунанд.
Бояд иброз намоям, ки банда ба ҳайси сармуҳаррири нашрияи “Маърифат” фаъолияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро дар замони роҳбарии устод Мирализода А.М. пайгирӣ ва нашр намуда будам. Инак дар арафаи таҷлили ҷашни 80-солагии таъсисёбии донишгоҳи азизам заҳмату талошҳои устодро дар роҳи рушд ва пешрафти ин боргоҳи маърифат муфассалан дар гунаи мухтасар бо саҳфагардонии он рӯзҳои нек мехоҳам ёддошт кунам.
Устод Мирализода А.М. дар як муддати кӯтоҳ дар сохтори донишгоҳ ободиву бунёдкории симои он, тақвият бахшидани базаи моддӣ ва илмии факултетҳо ва ҳавасманд гардонидани заҳмати устодон корҳоеро анҷом дод, ки дар даҳсолаи охири фаъолияти муассиса беназир буд.
Пуштибони зиндагии шоиста
Аз рӯзи ба маснад нишастан устод Мирализода А.М. дар мадди аввал дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, иброз медоштанд, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки барои таъмини зиндагии шоистаи мардум кӯшиш намоед. Пас, мо вазифадорем, ки ин дастури Пешвои муаззами миллатро амалӣ намоем…». Дар ин муддати корӣ (2 сол) новобаста аз вазъи мушкили буҳронӣ дар ду марҳила: марҳилаи аввал 15% ва марҳилаи дуюм аз 1.09.2021 дар ҳа ҷми 10% музди маоши тамоми кормандони донишгоҳро баланд бардоштанд. Музди маоши деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо як баробар баланд карда шуд. Ин иқдоми наҷиби ректори муҳтарамро идомаи корҳои шоиста ва дастгириҳои қаблии ӯ муаррифӣ намуданд. Аз эҳсонкорӣ ва дастгириҳои пайваста ва ба қавле ҷавонмардии муҳтарам Мирализода А.М. шунидаҳо хеле зиёд буданд, лекин он ҳамаро он рӯзҳо амалан бо чашми сар дидем ё ба қавле дубора исботи худро ёфтанд.
Маромаш созандагӣ, бунёдкорӣ ва хизмат ба мардуми буд ва ҳамеша таъкид мекард: «Ҳадафи асосии ман софдилона, бо дилу нияти нек хизмат кардан ба Ватан ва халқу миллатам аст. Кӯшиш менамоям, ки як коллективи муттаҳид созам ва Донишгоҳи давлатии Кӯлобро ба мақоми солҳои 70-80-ум баргардонам. Агар мо коллектив сохта натавонем, як коллектив набошем ҳеҷ гоҳ муваффақ шуда наметавонад ва ин даргоҳи муқаддас рушд нахоҳад кард. Мо аҳли зиё ҳамеша бояд талош намоем, то мушт бошем, на ангушт. Ба андешаи якдигар эҳтиром гузорем, якдигарро дастгирӣ намоем…».
Хизмати таърихӣ
То роҳбарии устод Мирализода А.М. дар донишгоҳ барои ташкили шурои диссертатсионӣ кушишҳо буданд, лекин амалӣ намегардиданд. Маҳз ҳамин мушкилот тавассути устод Мирализода А.М. ҳал гардида, дар назди муассиса шурои диссертатсионии дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз рӯйи ихтисосҳои 6D010300 - Педагогика ва психология (6D010301-Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва маориф; 6D010302-Равоншиносии педагогӣ), 6D012000 - Таҳсили касбӣ (6D012001.02-Назария ва методикаи омӯзиш (таҳсилоти касбӣ) ва оид ба дарёфти дара ҷаи илмии номзади илм аз рӯи ихтисосҳои 13.00.01-Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот, 13.00.08-Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.02 - Назария ва методикаи фанҳои табиӣ, таҳсилоти касбӣ), 19.00.00-Илмҳои равоншиносӣ (19.00.07- Равоншиносии педагогӣ) таъсис дода шуд, ки дар таърихи донишгоҳ бори аввал буд ва то имрӯз фаъолият дорад ва дар он даҳҳо нафар рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд. Инро хизмати арзишманди таърихӣ ном мебаранд. Ин иқдоми наҷиб бо заҳматҳои шабонарӯзии устод Мирализода А.М. амалӣ гардид, ки дар саҳафоти таърихи донишгоҳ бо хатти заррин сабт гардидааст.
Устод Мирализода А.М. шахсияти рӯзгордида, нафари соҳибтаҷриба буда, фаъолияташро аз мақоми лаборанти кафедраи физикаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур) оғоз намуда, то таъйин гардиданаш ба мақоми ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар вазифаи директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ифои вазифа менамуд.
Асрори мудирияти бобарори устод Мирализода А.М. дар масири фаъолият зина ба зина тай намудани мақомҳо маҳсуб меёбад. Барои устод пайроҳаи тайношуда дар соҳаи маориф дигар намонда аст, зеро таҷрибаи кории ӯ нишон дод, ки дар ҳамаи ҷабҳаҳои соҳаи маориф, аз лаборант оғоз намуда, дар сохтори таълим, таҷрибаомӯзӣ, декан, мудири кафедра, роҳбари китобхона ва ниҳоят ректори муассисаи таълимӣ фаъолият кардааст.
Дар тамоми давраи фаъолияти кориии худ профессор Мирализода А.М. аз таҷрибаи мактаби ғании идорияш истифода намуда, дар ҳар мақоми будааш соҳиби обрӯ ва эътибори хосса буд, махсусан, дар замони роҳбарияш ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.
Дар арафаи таҷлили 80-солагии таъсисёбии Донишгоҳи азизам, ки устод Мирализода А.М., узви як қаноте аз ду боли ин боргоҳи илму маърифат маҳсуб меёбад ва хидмату пайкораш дар рушди он беназир хаттотӣ гардидааст, барояш сиҳатмандӣ, бурдборӣ, иқболи наку ва дар рӯзгораш хушиҳои рӯзафзунро таманно дорам. Хидмату заҳамоти Шумо, устоди азиз аз ёду хотири коллективи намакшиносу посдори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳад шуд, зеро ҳар нафаре маҳбуби дилҳо шуд, эҳтиромаш абадӣ хоҳад буд.
Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад, н.и.ф., дотсент, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ