, Шанбе, 06-сентябр

ИСТИҚЛОЛИЯТ – САРЧАШМАИ ПЕШРАВИҲО


ИСТИҚЛОЛИЯТ – САРЧАШМАИ ПЕШРАВИҲО

Тараққиёту пешравии ҳар як кишвар ба оромию мустақилияти он сахт марбут аст. Дар тӯли 34 соли Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду нумӯъ ёфт, пеш рафт ва дар тараққӣ аз дигар мамлакатҳои пешрафта кам набуд. Пеш аз ҳама бояд онро зикр намуд, ки мо соҳиби Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ гардидем, ки инҳо рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол мебошанд. 

Солҳои аввали  Исиқлолиятро хуб дар ёд дорем, барои давлати ҷавони мо солҳои ниҳоят вазнин, вале сарнавиштсоз буданд. Ин аз ҳар як фарди кишвар ба хотири таъмини сулҳу субот, барқарор намудани низоми конститутсионӣ ба роҳ мондани фаъолияти рукнҳои фалаҷгардидаи давлатдорӣ ва ба даст овардани ҳамдигарфаҳмию ваҳдати миллӣ, ташкилу амалӣ намудани низоми идоракунии иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар кӯшишу заҳмати шабонарӯзиро тақозо доштанд.

Дар ҳақиқат, бо азму талошҳои Сарвари кордону соҳибмаърифат ва мардуми бонанги тоҷик Тоҷикистони азизи мо рӯз аз рӯз ободу зебо шуд.  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ 20-уми апрели соли 2011 қайд карда буданд: «Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ ва дар айни замон басо пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт».

Инак, мамлакати соҳибистиқлоли мо ҳама он азобу ранҷҳоро пушти сар кард. Аммо мо дигар аз ранҷу азоб сухан намекунем, ҳамеша дар боби ободию пешравӣ ва тараққиёти ин кишвари биҳиштосо ҳарф мезанем. Албатта бунёди иншоотҳои азим, дабистону кӯдакистонҳо, фабрикаву заводҳо, сохтани пӯлу роҳҳо, ободонии гулгашту хиёбонҳо ба ҳусни мамлакати мо ҳусни дигаре зам мекунанд. Шаҳре аз шаҳре дида ободу зебо шуда истодааст.

Агар сафҳаи таърихро варақгардон кунем, мебинем, ки миллати тоҷик баъди ҳуҷуму задухӯрдҳои зиёди бегонагон арзишҳои миллии худро гум накард ва ба ояндагон ба мерос гузошт. Побарҷо нигоҳ доштани он арзишҳоро  фарзандони фарзонаи миллат зи нав эҳё менамоянд, ки яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият низ эҳё кардан ва ба ҷаҳониён муаррифӣ наму¬дани арзишҳои миллию фарҳангии ин куҳандиёр аст.

Ҳамасола ҷашн гирифтани бузургдошти олимону донишмандон ва адибони форсу тоҷик, роҳандозӣ намудани озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бо туҳфаҳои калони пулӣ, туҳфа намудани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ва аз нав эҳё намудани ҷашнҳои миллию байналмилалӣ- Наврӯз, Садда, Меҳргон, Тиргон, ҳунарҳои мардумӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз марзи кишвар худ гувоҳи гуфтаҳои фавқанд.

Ҳамаи ин натиҷаи Истиқлолият ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Тоҷикистонро ҳамчун як мамлакати тараққӣ карда ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянду бо онҳо равобити ногусастанӣ доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи паёму суханрониҳояшон пайваста дар боби ватандорию ватандӯстӣ ҳарф зада, мардумро ба ободкорию созандагӣ даъват менамояд: «…ба қадри ин Ватани биҳиштосо бирасед, онро қадр намоед ва шукрона кунед, ки чунин Ватани зебову обод доред».

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама паёмҳояшон оид ба ободкорию созандагӣ, дӯст доштани ватану аз бегангон ҳифз намудани он сухан ба миён меоваранд. Аз ҷумла дар Паёме, ки 28.12.2023 ба мардуми кишвар ироа намуданд, қайд карданд, ки “Ман ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътимоди комил дорам. Бо итминон изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо кору фаъолияти аҳлона Ватани азизамонро, хусусан, то Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ободу зебо месозем, давлати соҳибистиқлоламонро пешрафта мегардонем ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем”.

Акнун Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар ҷаҳон шуҳрат ёфт. Муаррифгари ин кишвари нуфузёта Сарвари ватандӯсту ватанпарвар,  бофарҳангу бомаданият муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд.

Пас, моро лозим меояд, ки дар атрофи сиёсати хирадмандонаи сарвари хеш ҷамъ омада, баҳри ободию шукуфоӣ ва сарсабзии ин меҳани ҷаннатосо хизмат намоем ва фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, дӯст доштану ҳифз намудани  марзу буми сарзамини хеш тарбия намоем. Истиқлолияти давлатиро қадр ва ҳифз намоем, нагузорем, ки нохалафе, бадтиннате, бадкирдоре ба оромии мо халал ворид намояд.

Имсол мо 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатиамонро ҷашн мегирем. Ин ҷашн ҷашни хурду бузурги ҳар як сокини мамлакат маҳсуб меёбад. Мо аҳли зиё мекӯшем, ки ин ҷашнро сазовор пешвоз гирем ва кӯшиш менамоем, ки дар ободию шукуфоии Ватани биҳиштосоямон саҳмгузор бошем.

Ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мубораку фархунда бод, ҳамдиёрони азиз!

Холиқова Зайналбӣ Кенҷаевна, номзади илмҳои филологӣ, дотсент




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!