,
Ҷумъа, 05-сентябр
Истиқлол барои мо азизтарин неъмат ва бузургтарин дастоварде мебошад, ки тоҷикон баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба он муяссар гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон
Тоҷикистон-мазраи умедҳо, кишвари офтоб ва кӯҳҳои бузург, кишвари обҳои нуқрагун, талу теппаҳои сабзпӯш, диёри мардумони озода, зебо ва меҳрубон аст.
Кишваре, ки бо гузаштагони барӯманди худ мефахрад, бо субот ва азми хастанопазир имрӯзи Ватанро месозад ва ба фардои дурахшон умедвор аст.
Кишваре, ки ҳаргиз ва ҳаргиз дар пайи ҷанг нест, номи сулҳ, ваҳдат ва ободкорӣ аз забони мардумаш ва аз забони Сарвари ваҳдатофараш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон канда нест.
Кишваре, ки дар тӯли таърих душманон ва бархе аз фарзандони нохалафаш борҳо қоматашро шикастанд, пару болашро канданд, хоку ҳастияшро ба бод доданд, аммо чун як гиёҳ, чун як гули хушбӯ қомат рост кард, сӯхт, сохт, обод кард...
Модари тоҷик дар тӯли таърих чӣ азобҳо дид, чӣ рӯзҳои сахтро пушти сар кард, гуруснаву ташна, бехонаву дар гашт, ба марги фарзандонаш навҳасароӣ кард, аммо ноумед нашуд ва ҳамоно фарзандҳои шуҳраи оламро тарбия кард ва дар домони поки худ парвард.
Сабаби рӯйи қозағ омадани ин навиштаҳо ҳам маҳз МОДАРЕ буд, як модаре бо симои сирф тоҷикона, бо абрувони сиёҳ, бо чашмони андаке маҳзун, бо нигоҳи пуршарм, суханони пурҳикмат ва таҳлилҳои амиқи ҳадафмандона.
Як модари тоҷик, ки авлодонаш солҳои пурдаҳшати Инқилоби Октябр ба кишвари ҳамсояву ҳамзабони мо Афғонистон кӯч бастанд.
Ин модар (ба хотири амният номашро наменависам, аммо номаш ҳам мисли худаш зебо ва тоҷикона аст) қисса мекунад:
-Бибии модарии ман аз Вахё ва падари падарам аз Дарвоз аст. Ӯ Раҳмонпочо ном дошт ва кампири ниҳоят хушнақл ва хушчақчақ буд, рафторҳои аъёну ашроф ва асилзодагонро дошт. Аз рӯйи нақлҳои бибиям падару бобоёнаш дар Вахё аз шахсони босавод, бофазл ва сарватманд буданд. Сарваташон ба шумурдан тамом намешуд.
Ҳамин тавр, ба қавли бибиям “рус омад” шуду падару бобоям тамоми дарҳои хазинаро кушода, ба мардум тақсим карданд ва худ ба лаби дарёи Панҷ рафта, ба сӯйи ғарибӣ гом ниҳоданд.
-Аз он ки ин сарват ба бегонагон мемонад, хешу ақрабо, ҳамсоя ва ҳамдеҳаҳоямон бигиранд, хубтар аст, савоб мешавад, -гуфтанд онҳо.
-Мо ба худ андаке тангаи тилло гирифта будем, -суханашро идома медод бибиям. Ману хоҳаронам дар миёнамон тангаҳои тиллоро баста, ҳамроҳи дигар аҳли хонавода рахти сафар бастем. Амуд ва ё гупсар буд, дар ёдам нест, фақат ҳаминро дар ёд дорам, ки болои он савор шудем ва худро ба дарё андохтем...
Дарёи Панҷ дар туғён буд, мавҷҳояш чун аждар мехост моро ба коми худ фурӯ барад.
Амудвон гуфт:
-Дуо кунед ва садақа диҳед, ки ба дарё ғарқ нашавем.
Мо аз тарси ҷон ҳарчӣ тангаи тилло дар миён доштем, ба амудвон “садақа” додем... Ҳамин тавр, зиндагии камбағалонаи мо дар ғарибӣ сар шуд. Шоҳ будем, гадо шудем...
Мо ба мардуми таҳҷоӣ ҳар ҳунари хубе доштем, ёд додем, аз тозагӣ сар карда, то пӯхтани хӯрокҳои миллӣ, аммо номи мо як умр “муҳоҷиракони пойлуч” монд. Аз ҳама аламовараш он аст, ки мо дар он соҳили дарё “муҳоҷир” ҳастем, дар Тоҷикистони азиз афғон...
Модар ҳарф мезанад ва дар чашмонаш як андӯҳи бузург лона мекунад, ӯ идома медиҳад:
- Ман дар хоки Афғонистон ба дунё омадам ва дар ҳамин ҷо ба шавҳар баромадам. Қисмати авлоди шавҳарам ҳам мисли ман будааст... Бобо, бибӣ ва 5 амаки шавҳарам ба хоки Афғонистон гурехтанду яккаву ягона хоҳарашонро дар хонаи шавҳар тани танҳо монданд... Хусуркалонам усто Мирзо бояд як ҳафта баъд баргашта, духтари ягонаашро бо худ мебурд, аммо сарҳадҳо маҳкам шуданд ва ӯ аз духтараш як умр зиндаҷудо монд... Ин аст, қисмати мо муҳоҷирон... Дар қарибии шаҳри Тахор як деҳаи калоне ҳаст ва мардуми таҳҷоӣ ин деҳаро ҳанӯз ҳам деҳаи муҳоҷирон ном мебаранд.
Аввали солҳои 90-ум боз мавҷи муҳоҷирон ба хоки Афғонистон рехт, вале ба бахти миллати тоҷик зиндагии онҳо дар ин диёр дер давом накард. Бо мадади Худованд ҷавонмарде бо номи Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба Ватани хеш баргардонд...
-Ба бахти шумо Сарвари кишваратон Эмомалӣ Раҳмон марди бохирад, ватандӯст, инсондӯст, сиёсатмадори варзида мебошад. Маҳз хизматҳои ҳамин шахс буд, ки имрӯз Тоҷикистонро дар тамоми олам мешиносанд ва эътироф мекунанд. Шумо хушбахтед, ки озод ҳастед ва Истиқлолияти давлатӣ доред.
Ин модар соатҳо дар бораи Тоҷикистон, ободию озодии он, вазъи кунунии Афғонистон, муносибати толибон ба мардуми таҳҷоӣ, ҷабру зулми онҳо ба занон, аҳволи бади тоҷикзабонон ҳарф мезад. Ман андешаманд ба ӯ нигоҳ мекардам, аз тарзи суханронӣ, фикрронӣ, аз огоҳии сиёсиаш лаззат мебурдам.
Воқеан, яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлоият дар Тоҷикистон ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Бо мадади Худо ва бо шарофати ин марди наҷиб дар кишвар ба ҷанги таҳмилӣ хотима дода шуд, гурезаҳо аз хоки Афғонистон ба Ватан баргаштанд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ҳокимияти конститусионӣ барқарор карда шуд, дар кишвар фазои оромӣ, субот танинандоз ва кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ озод гашт, саноатикунонӣ, энергетика, нақлиёт, сармоягузорӣ, технологияҳои рақамӣ ва иқтисодиёт рушд кард.
Инак, миллати тоҷик имрӯзу фардои худро дар ихтиёр дорад. Ваҳдату ягонагӣ, сулҳу ваҳдат шиори онҳост. Пас ба бахти миллати тоҷик ва ба рағми душманонаш диёри тоҷикон то абад зинда бошад ва худо кунад, ки дигар ҳаргиз тоҷик ғарибӣ ва шаҳди талхи онро начашад!
Ноҳира Ҳақназарзода - омӯзгори кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ