, Ҷумъа, 05-сентябр

НУРЕ, КИ ТО АБАД ХОМӮШ НАМЕШАВАД


НУРЕ, КИ ТО АБАД ХОМӮШ НАМЕШАВАД

(Ба ёди муаллимаи меҳрубон ва инсонпарвари асил - Фазиламоҳ Юсуфова)

Дар ҷаҳони пурошӯбу гузаро, ки инсон ҳамеша миёни талоши будан ва боқӣ мондан саргардон аст, вуҷуди баъзе шахсиятҳо чун нури умед дар зеҳни башарӣ шуълавар мегардад. Онҳо на бо қудрат, на бо мансаб ва на бо таърифу тамҷид, балки танҳо бо ҳузури самимӣ, бо муҳаббат, бо фидокорӣ ва бо меҳру самимияте, ки аз аслашон доранд, ҷомеаро равшанӣ мебахшанд. Ба баёни дигар, ин зумра инсонҳо ҳастие доранд аз ҷинси нур, аз табори меҳр, аз насли дилсӯзии поки инсонӣ.

Ин гуна афрод, агарчӣ дар шумори оммавии одамон зиндагӣ мекунанд, аммо ҳарфи ниҳоии онҳоро на дар сухан, балки дар рӯҳу феъл бояд ҷуст. Шинохти эшон на як шиносоии тасодуфӣ, балки баракатест, ки гӯё аз осмон бар дафтари зиндагии мо фуруд омадааст. Инсонҳое ҳастанд, ки зиндагии дигаронро ба маъно меоранд.

Дар воқеъ, зиндагӣ барои мо чунин шахсиятҳоро додааст, ки буданашон паноҳ, гуфторашон таскин ва дидани чеҳраи пурнурашон, агарчӣ як лаҳза бошад ҳам, марҳами рӯҳ аст. Инҳо раҳнамои рӯзҳои тор ва дӯстдори беғаразанд. Шиносоӣ бо чунин инсон, ба гуфти дил на як хушбахтӣ, балки чун чашмае дар биёбони ташнагӣ, чун сояе дар офтоби сӯзон, чун дилбардоре дар замоне ки меҳр нодир шудааст, каромати Илоҳист.

Яке аз чунин афроди вораста ва арзанда, ки бо қалби азим, ахлоқи ҳамида, меҳри беинтиҳо ва садоқати бемисл ба хидмати мардуму донишҷӯён шинохта мешуд, устоди гиромиқадр - Фазиламоҳ Юсуфова буд. Ин зани покнажод ва олимақсад, ки аз домони мардуми некноми деҳаи Деҳдарозаки ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба арсаи зиндагӣ қадам гузошта буд, бо тамоми ҳастӣ ба рисолати омӯзгорӣ ва хидмати башардӯстона камар баста, то нафаси охир роҳи муҳаббат, раҳму шафқат ва маърифатро паймуд.

Дар баробари дониш, масъулият ва ғамхорӣ, ӯ шахсияти зиндадилу болитабъ буд. Ҳар кӣ ӯро мешинохт, медонист, ки муаллима танҳо мураббӣ набуд - як манбаи рӯҳу илҳом, як нерӯи мусбат, як шамъи равшане дар ҳар маҳфил буд. Ӯ ба зиндагӣ бо чашми шодманию умед менигарист ва ин рӯҳияро ба ҳар атрофияш мебахшид.

Зиндадилии ӯ бештар дар замони баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ эҳсос мешуд. Дар он ҳангом, ки шавҳари арҷмандашон - Мадиев Ризо, ба ҳайси мудири бахши фарҳанги муассиса фаъолият дошт, фазои донишгоҳ ба як муҳити пуршукӯҳу санъатпарвар табдил ёфта буд. Ҳар вақте садои мусиқии шево бо овози Ризо Мадиев танинандоз мешуд, аввалин нафаре, ки бо шавқу зиндадилӣ вориди саҳна мегардид, Фазиламоҳ Юсуфова буд. Ӯ дар маҳфилҳо ба мисли ситорагон медурахшид ва ба мисли моҳтоб нур мепошид. Бо рақсҳои зебо ва ҳаракатҳои пурмаъно зебоии саҳна ва гармиву шукуҳи чорабиниро афзун мекард. Дар он лаҳзаҳо, ӯ на танҳо роҳбари иттифоқи касаба, балки рӯҳи зиндаи фарҳанг ва шодии муассиса буд.

Фазиламоҳ Юсуфова, ки аз соли 2000 то охири умр раиси иттифоқи касабаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро бар уҳда дошт, шахсияти нотакроре буд, ки дили ҳар як донишҷӯро ба худ мекашид. Ӯ бо садоқат ба сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пушту паноҳи бечорагон, ятимони кулл, донишҷӯёни камбизоат ва муҳассилини имконияташон маҳдуд гардид. Муаллима Фазиламоҳ ба ҳар як шогирд на танҳо бо чашми як донишҷӯ, балки бо диди як модари меҳрубон менигарист. Ҳар мушкили онҳоро мушкили худ ҳисоб карда, беисту беминнат барои ҳалли он талош меварзид.

Ӯ раиси оддӣ набуд, дӯсти ҷонӣ, машваратчии ғамхору ростин, ҳамдам ва ҳамроз буд. Ҳар коре ки мекард, аз рӯйи сидқ буд. Бо забони ширин ва қалби гарм ба ҳар шогирд «фарзандам» гӯён муроҷиат мекард ва онҳоро пайваста ба роҳи илму маърифат, ҳунаромӯзиву ватандӯстӣ раҳнамоӣ менамуд. Аз ин рӯ, муҳаббати Фазиламоҳ Юсуфова дар қалби ҳар донишҷӯ ҷойи хос дошт. Мисли чароғе буд, ки дар сафаргоҳи илму маърифат роҳро равшан мекард.

Банда, ки ифтихори шиносоӣ бо ин олиҳаи маърифатро дар оғози таҳсилоти донишҷӯӣ доштам, ҳамеша бо лутфи муаллима рӯ ба рӯ будам. Ҳар боре ки дар чорабиниҳо фаъолият доштем, бо чеҳраи пурмеҳр моро ташвиқ мекарданд. Ба шарофати боварии эшон баъд аз хатми курси аввал ба ҳайси мутахассиси иттифоқи касабаи донишҷӯён ба кор ҷалб гардидам. Ин боварии бузург ва дастгирии модарона ба ман ва ҳамсолонам қувват мебахшид. Ӯ то ба охир бо мо буд, дар паҳлӯи мо буд ва то ҳалли комили ҳар масъала моро танҳо намегузошт.

Ҷолиб он буд, ки зиндадилии ӯ танҳо дар маҳфилҳо ва саҳнаҳо маҳдуд намешуд. Дар рӯзгори одӣ низ, бо ҳар сухан ва ҳар нигоҳ, гӯё мехост ба ту фаҳмонад, ки зиндагӣ зебо аст ва бояд бо дили пур аз шукр зиндагӣ кард. Ӯ аз ҳар як рӯз, ҳар як чорабинӣ, ҳар як саҳна як боргоҳи муҳаббат месохт. Маҳз ҳамин руҳи шод ва дили кушодаш буд, ки дар дили садҳо нафар тухми меҳр кошта, он рӯёнда шуд.

Занони асил мисли Фазиламоҳ Юсуфова нодир ба дунё меоянд, вале асари ҳузурашон то абад боқӣ мемонад. Вай на танҳо омӯзгор, балки як шахсияти комил, фариштае дар қолаби инсон буд, ки зиндагии садҳо ҷавонро тағйир дод ва дар дили шогирдон номи худро бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.

Гарчанде имрӯз муаллимаи гиромӣ Фазиламоҳ Юсуфова бо ҷисм дар миёни мо нест, аммо нури вуҷудаш, меҳру муҳаббаташ ва ғамхории бемислаш дар қалби шогирдон ва ҳамкорон то абад боқӣ хоҳад монд. Аз зиндагӣ ва корномаи ӯ, ки саршор аз садоқат, инсондӯстӣ ва хизмати беғараз ба дигарон буд, метавон дарси зиндагии бо муҳаббат ва роҳи ростиро омӯхт. Фаъолият ва корномаи ӯ барои ҳар он ки дар пайи хидмати содиқона ба инсонҳост мактаби бузург хоҳад буд.

Муҳаммадҷони Абдувоҳид-муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!