,
Ҷумъа, 05-сентябр
Гул саҳар лаб во кунад аз хандаҳои офтоб,
Мекушояд саҳфаҳои фикри одамро китоб.
(Ашӯр Сафар)
Дар оғози зиндагии ҳар инсон, китоб чун чароғе равшан вориди дунёи маънавияш мегардад. Аз нахустин рӯзҳои умр, вақте ки кӯдак ҳанӯз ба калима ва маънӣ ошно нест, бо китоб дӯст карданаш ояндаи ӯро ба самти дониш ва маърифат равона месозад. Китоб на танҳо як ашёи одӣ, балки рамзи ҳаёти маънавӣ ва равзанаи рӯшанӣ ба олами илму ҳикмат аст, ки шахсро ба ҷаҳони андешаҳо ворид месозад.
Дар тӯли таърихи башарият, китоб манбаи асосии дониш ва таҷриба будааст. Ҳамаи бузургони ҷаҳон осори пурарзишашонро дар саҳифаҳои китоб ба ёдгор гузоштаанд, то наслҳои оянда аз он баҳра гиранд. Ҳамон тавре ки гуфта мешавад, китоб дӯстест содиқ, ки ҳеҷ гоҳ инсонро танҳо намегузорад. Дар рӯзҳои сахту пурмашаққат, китоб чун ҳамсуҳбати беозор моро роҳнамоӣ мекунад ва қалбро ба сабру таҳаммул даъват месозад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки миллати тоҷик аз насли фарҳангпарвару тамаддунсоз буда, бояд дар дилҳои фарзандон меҳри китоб ва донишандӯзиро парвариш диҳем: «Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем». Ин гуфтаҳо аҳамияти китобро ҳамчун пояи фарҳанг ва маънавият равшан мегардонанд. Китоб дар баробари омӯзиш, шахсро ба инсони комил, дорои нутқи равон ва зеҳни мустаҳкам табдил медиҳад.
Китоб мисли оташест, ки фурӯғи он ҳамеша равшан аст. Ин оташ дар зеҳну дил шуълавар шуда, рӯҳи инсонро бо нур ва нерӯи маънавӣ ғанӣ месозад. Шахси китобхон ҳамеша бофарҳанг ва босавод буда, дар ҷомеа эҳтиром ва мақоми арзанда дорад. Бо мутолиаи пайваста, инсон шуҷоату далерӣ пайдо мекунад ва зиндагиро бо маънӣ мебинад.
Миллати тоҷик аз қадим бо китоб ва илму маърифат пайванди ҷудонашаванда дошт. Аз замони Пешдодиёну Каёниён ва то давраи Сомониён, тоҷикон китобро чун ганҷи бебаҳо эҳтиром мекарданд. Осори динӣ ва таърихии монанди «Авесто» ва «Аржанг»-и Монӣ далели равшани фарҳанги куҳан ва китобдории ин миллатанд. Ҳамзамон, дар асри Сомониён китобу илму адаб ба авҷи баланд расида, бузургони зиёде бо осорашон ҷаҳонро мунаввар сохтанд.
Дар замони Сомониён, китобхонаҳои азиме чун «Ганҷинаи ҳикмат» дар Бухоро таъсис ёфта буданд. Дар он ҷо китобҳои илмҳои гуногун бо забонҳои мухталиф ҷамъ оварда шуда буданд. Ин ганҷинаи маърифат на танҳо барои донишмандон, балки барои наслҳои минбаъда манбаи нодир боқӣ монд. Ҳатто Абуалӣ ибни Сино аз он китобхона баҳра гирифта, осори нодире дид, ки дар ҷои дигар дастрас набуданд.
Шоҳидии Ибни Сино аз китобхона далолат мекунад, ки китоб на танҳо донандаи гузашта, балки неруи пешбарандаи илму маърифат аст: «Рузе аз ӯ (Нуҳ ибни Мансур) иҷозат пурсидам, ки ба китобхонаи эшон дароям ва ба мутолиа ва хондани китобҳои тиб, ки дар он ҷост, бипардозам. Вай маро иҷозат дод ва вориди сарое шудам, ки хонаҳои бисёр дошта, дар ҳар хонае сандуқҳои китоб болои ҳам чида шуда буданд. Дар як хона китобҳои илмҳои арабӣ ва шеър, дар дигараш китобҳои фиқҳ ва ҳамин тавр дар ҳар хонае китобҳои як илме ҷой дошт. Сипас, феҳристи китобҳои пешиниёнро мутолиа намуда, он чиро, ки бад-он ниёз доштам, хостам. Китобҳоеро дидам, ки бисёр касон ҳатто номашонро нашунидаанд ва ман онҳоро на пеш аз ин ва на баъди ин надидаам. Он китобҳоро хонда судҳо бурдам ва андозаи дониши ҳар мардеро шинохтам».
Воқеан, ҳар як китоб равзанаест ба сӯйи ҷаҳони нав, ки инсонро аз доираи танг раҳо месозад. Бо китоб, наслҳо метавонанд таҷрибаи гузаштагонро ба оянда интиқол диҳанд ва худ низ баҳри пешрафт саҳм гузоранд.
Китобро метавон шиносномаи миллат номид, зеро дар он таърих, фарҳанг, забон ва адабиёт маҳфуз мемонад. Мисли офтоб, ки ҷаҳонро равшан мекунад, китоб низ қалб ва зеҳни инсонро ба нур мунаввар месозад. Ҷомеае, ки бо китоб ҳамнишин аст, ҳамеша пешрафт мекунад, вале дурӣ аз китоб ба зулмат ва ҷаҳолат мебарад. Чунончи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамадуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши даврони бостонӣ, хираду заковати наслҳ ва халқҳоро зинда нигаҳ медорад. Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст».
Бо ибтикороти Пешвои миллат, таваҷҷуҳ ба китобу китобхонӣ боз ҳам бештар гардид. Озмунҳои ҷумҳуриявӣ мисли «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва “Шоҳномахонӣ” қадами бузурге дар рушди маърифат ва китобдӯстӣ дар ҷомеаанд. Ин иқдом на танҳо ҷавононро ба китоб ҷалб мекунад, балки фазои фарҳангиро низ ғанӣ месозад.
Китоб, чунонки Мавлоно Ҷомӣ зебо ба тасвир кашидааст, аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноист. Вақте ки инсон бо китоб менишинад, дар он суҳбати бузургон ва хирадмандонро мешунавад. Китоб на танҳо ҳамсуҳбат, балки роҳнамоест, ки инсонро ба сӯи зиндагии равшан ва пурбор ҳидоят мекунад:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Бувад, бе музду миннат устоде,
Ба дониш бахшадат ҳар дам кушоде.
Хулоса, китобро бояд аз саҳифаҳои аввали зиндагӣ ба ҳамроҳи фарзандон гузошт. Меҳри китоб чун тухми покест, ки агар дар дили кӯдак шинонда шавад, меваи дониш, фарҳанг ва инсони комил медиҳад. Бо китоб инсон ҳамеша рӯ ба рушноӣ меорад ва ҷомеа бо қадамҳои устувор ба сӯи тараққӣ ва пешрафт ҳаракат мекунад.
Азимов Исматулло-магистранти курси 2-юми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики ДДК ба ном А. Рӯдакӣ