, Ҷумъа, 05-сентябр

РАҲНАВАРДЕ ДАР ҶОДАИ  МАЪРИФАТ


РАҲНАВАРДЕ ДАР ҶОДАИ  МАЪРИФАТ

Хатлониён ва умуман аҳолии қисмати ҷанубу шарқии Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатӣ ва Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб (ҳоло Коллеҷи омӯзгорӣ) садоқати бепоён дошта,  ин ду манбаи пурқуввати маърифатро бисёр азизу муътабар медоранд.  Ва ҷолиби диққат аст, ки аввалин устодони варзидаи ин ду боргоҳи маърифат намояндагони марказҳои фарҳангии тоҷикон – Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Душанбе ва дигар шаҳрҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ буданд.  Он устодони рӯзгордида иддае аз шогирдони соҳибистеъдодро водор мекарданд, ки дар роҳи андӯхтани донишу маърифат гомҳои ҷиддитаре бардоранд,  то оянда устодони худро дар соҳаи таълиму тарбия иваз карда тавонанд.

Аз ин рӯ,  аксар шахсоне,  ки аз таълиму тарбияи устодони Донишгоҳи давлатӣ ва Омӯзишгоҳи омӯзгории шахри Кӯлоб бархурдор гардидаанд,  имрӯзҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ҷиддан ҳиссагузорӣ  доранд.  Яке аз шогирдони содиқе, ки  бо ҷаҳду талош  ба дараҷаи устодӣ расида,  худ боиси  ифтихори шогирдони бешуморе гардид,  шодравон Бароталӣ Нозимов (1933– 2000) буд.

Устод Нозимов ба рӯзҳои таваллуди хеш,  ҳатто ба санаҳои комили умри азиз чун 50-солагӣ ва 60-солагӣ эътибор намедод.  Вале аз чӣ бошад, ки бисёр мехост 70-умин солгарди умрашро бо пайвандону дӯстон ҷашн гирад.  Афсӯс, марги беамон ба ин устоди гиромиқадр имкон надод,  ки аз қуллаи ҳафтоди умр ба гузашти зиндагии хеш як назар афканад ва эшон дар синни 67-солагӣ бо хешону алоқамандон ва дӯстону шогирдон абадӣ хайрухӯш намуд.  Марҳум бо номи нек рафт ва месазад, ки ба муносибати 80-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  саҳифаҳои умри ин устоди варзидаро, ки ба ин боргоҳи маърифат иртиботи комил дорад, иҷмолан варақгардон намоем, зеро ба гуфти шоир:

Гар сухан набвад чароғи маҷлиси ёдоварӣ,
Баъди хомӯшӣ зи хотирҳо фаромӯшем мо.

Зиндагӣ аз аввал ба рӯйи Бароталӣ нахандид ва ӯро дар айёми гулгулшукуфти бачагӣ аввал аз падар ва баъд аз модар ҷудо намуда,  бо ду додар ва як хоҳар ба кӯчаи нокомӣ андохт.  Вале ҷавонони айёми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва солҳои аввали баъдиҷангӣ бори ноҳинҷори зиндагиро мардона таҳаммул менамуданд.  Бароталӣ ҳам дар деҳаи Баҳорак ба тамоми ҷиддият ба кори деҳқонӣ машғулӣ мекард. Ӯ дар саҳро замин меронд,  гандум медаравид,  хирман мекӯфт ва ба маркази ноҳияи Шурообод (ҳоло ноҳияи Шамсиддин Шоҳин) мувофиқи шартнома гандум мекашонду барои худ ва хоҳару додараконаш,  ба қавли шоир,  аз санг рӯзӣ ҳосил менамуд.

Бароталӣ, ки устухонаш дар меҳнат сахт гардида,  ба ҳаводиси рӯзгор бо чашми ибрат менигарист,  бо фаросат дарёфт,  ки ояндаи неки Ватани азизаш ба илму дониш вобастагӣ дорад ва ин андеша ҷавонро водор намуд,  ки хеле ҳарисона ба мутолиаи китоб шуғл намояд.  Шавқу завқи илмомӯзӣ ва донишандӯзӣ баъдтар ӯро ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ва пас аз чанд соли муаллимӣ дар  яке аз мактабҳои миёнаи  ноҳияи Маскав ҳоло ноҳияи Амир Сайид Алии Ҳамадонӣ) ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон овард.  Ин ҷавони ташнаи илм ва саршори орзуҳои баландпарвоз бисёр мехост,  ки дар беҳтарин донишгоҳҳои марказии Иттиҳоди Шуравӣ таҳсил дошта бошад.  Бинобар ин,  вақте ки соли 1962 барои таҳсил дар шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград миёни донишҷӯёни соли сеюми факултаи филология озмун баргузор гардид,  Бароталӣ Нозимов яке аз ҳашт нафар  довталабони ин озмун буд ва муваффақ ҳам шуд.  Вале шароити танги маишӣ ӯро маҷбур сохт, ки дар ДДТ монда, ба омӯхтани таърихи забон ва адабиёти ватанӣ боз ҳам маҳкамтар камар бандад. Ин аст ки устодони рашиди факултаи филологияи донишгоҳ – Шарифҷон Ҳусейнзода, Воҳид Асрорӣ, Додоҷон Тоҷиев ва Соҳиб Табаров ӯро ба аспирантура тавсия доданд ва соли 1972 таҳти роҳбарии узви вобастаи АУ Тоҷикистон, доктор ва профессори фахрии ДДМТ С.Ш.Табаров дар мавзуи «Воситаҳои офариниши образҳои типӣ дар повесту романҳои С.Айнӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ намуд.

Устод Нозимов аз соли 1965 тақдири хешро ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб пайваст ва то охири умр (соли 2000)  дар роҳи рушду нумуи ин боргоҳи маърифат худафрӯзӣ намуд. Ӯдаҳ сол мудири кафедраи адабиёти тоҷик ва панҷ соли дигар вазифаи сарварии факултаи филологияи тоҷикро ба уҳда дошт. Дар оғози мудириаш ягон узви кафедра дараҷаи  илмӣ надошт ва устод вазифаи аввалиндараҷаи хешро дар тайёр намудани мутахассисони варзидаи унвондор медонист.  Барқарор ва мустаҳкам намудани робита бо муассисаҳои илмию омӯзгории Душанбе ва фароҳам овардани курсҳои бозомӯзиву такмили ихтисос ба кафедра имконият дод, ки ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.  Ростӣ, дар кафедраи адабиёти тоҷик дифоъ намудани рисолаи номзадӣ ранги як навъ мусобиқаро ба худ гирифта буд.  Дар шабнишиние, ки охири соли 1978 ба шарафи тасдиқи дипломи номзадии Шоҳвалӣ Саидҷаъфаров  баргузор гардида буд, касе аз устод Нозимов суол кард:

– Оё мешавад, ки ягон сол дар кафедраи адабиёти тоҷик дифои рисолаи номзадӣ сурат нагирад?

– Не, намешавад, - гуфт бо ифтихор мудир, - ҳар узви кафедраро, ки навбаташ омад, бояд ҳатман рисолаи номзадиашро дифоъ намояд.

Ҳамин тавр, мо аъзои кафедра – А. Кӯчаров, И. Икромов,  Ё. Содиқов, А.Шарифов (руҳаш шод бошад) ҳар  сол бо навбат ба гирифтани дараҷаи илмӣ мушарраф мегардидему мудири  хайрандеш аз афзоиши рӯзафзуни қудрати илмиву  таьлимии кафедра қабат-қабат гӯшт мегирифт.

Муносибати  устод  Нозимов ба ҳамкорону шогирдон самимона ва ғамхорона буд. Ӯ  чун роҳбар масъулияти зиёде ба дӯш дошт ва дар ғаму шодии ҳамкорон хамвора шарик буда, то метавонист ба ниёзмандон  дасти ёрӣ дароз мекард.  Борҳо иттифоқ афтодааст, ки устод ҳамкоронро пайи корҳои илмию таълимӣ ба шаҳрҳои марказӣ ҳидоят намуда, дарсҳои онҳоро худ иваз намудааст.  Хусусан, ғамхориҳои бедареғи  ӯ нисбат ба муаллифони ин сатрҳо  беканор  буда, борҳо дар вартаҳои мушкили зиндагӣ дастгири беминнатамон гардидааст.

Бароталӣ Нозимов чунин меҳисобид, ки устоди мактаби олӣ бояд аз кори илмӣ ва омӯхтану навиштан лаҳзае фориғ набошад ва худ дар ин ҷода низ намунаи ибрати дигар омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буд.  Устод дар ҳаёти илмию фарҳангии ҷумҳурӣ фаъолона ширкат меварзид, дар конфронс ва симпозиумҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ гузоришҳо медод, дар  саҳифаҳои маҷалла ва рӯзномаҳои бонуфузи мамлакат мақолаҳои ҷолиб ба табъ мерасонд ва чанд китоби илмию таълимӣ низ навишт, ки шумораи умумии таълифоти эшон қариб ба 150 номгӯй мерасад. 

«Воситаҳои офариниши образҳои типӣ дар повесту романҳои С.Айнӣ» (1982) «Хусусиятҳои миллӣ ва интернатсионалии назми М.Турсунзода» (1983), «Тарзу усулҳои офариниши типи бадеӣ дар жанру намудҳои адабӣ» (1991) ном асарҳои олим ва мақолаҳое, ки ба паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти Амир Хусрави Деҳлавӣ, Абдибеки Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Абдураҳмони Чомӣ, Максим Горкий, Саидалӣ Вализода бахшида шудаанд, бо масъалагузорӣ, муҳокима, хулосаҳо ва забони фасеҳу услуби марғуби баён  ҷолибанд.  Вақтҳои охир ба эҷодиёти доманадори Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар таваҷҷуҳи бештаре зоҳир  намуд, сеҳри суханварии адибро дар чанд мақола ва як китоби дастҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор дод ва як пажуҳиши мукаммале бо номи «Шоири маҳбуби халқ» анҷом дода буд, ки алҳол табъ нагардидааст.  Муаллим бисёр менавишту кам ба табъ мерасонд.  Андеша дошт, ки ба сари баъзе навиштаҳояш боз бармегардад.  Алҳол бойгонии устод Нозимов аз тарафи ҷигарбандаш – Саодат чун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ мешавад.  Мерасад рӯзе , ки хонандаи пайгир аз таълифоти номатбуъ ва латифаҳои намакини эшон бархӯрдор мегардад. 

Устод Бароталӣ Нозимов бо тамоми ҳастӣ кӯшиш бар он дошт, ки шогирдони факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб   имкониятҳои маҳдуди донишомӯзӣ ва таҷрибаандӯзии  хешро нисбат ба толибилмони мактабҳои олии марказ ҳарчи камтар эҳсос намоянд.  Бо роҳбарӣ ва мусоидати устод донишҷӯён ба Театри мусиқӣ- мазҳакаи ба номи Вализода мерафтанд, аз лексияву суҳбатҳои донишмандони Душанбе баҳра мебурданд, дар нишастҳои адабии адибони тоҷик ширкат меварзиданд ва бо ҳамин ба ҳаёти маънавии ҷумҳурӣ ҳарчи бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд.

Устод  Нозимов инсони гавҳаршинос буд.  Дӯстро чида-чида интихоб менамуд, барои дӯстони ҳақиқӣ ҷонашро дареғ  намедошт ва дар тамоми қаламрави  ҷумҳурӣ  дӯстон  ва шогирдони содиқи зиёде дошт, ки ҳамеша бо чашми меҳрбор ва дилҳои кушода дар роҳи устод буданд. Ӯ бо адибон  ва суханшиносони  номӣ робитаи ҳасанаи  эҷодӣ ва дӯстӣ дошта, пайваста ба осори онҳо муроҷиат мекард.

Боре ҳангоми таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар мавзеи Саричашма  устод  аз дур мӯйсафедеро дида , ба донишҷӯён мефармояд, ки қаламу дафтарро  зуд омада созанд. Мӯйсафед  зери бори гарон бо  табъи хира меомад,  баъди   дидани устод  чеҳрааш кушода мегардад ва бо ӯ гарму боэҳтиром  ҳолпурсӣ мекунад. Мӯйсафед  шоири халқ  Хок Давлатов будааст . Муаллим ба ӯ суол мекунад: – Ҳа, бобои Хок, аз куҷо пурсем? Мӯйсафед дар ҷавоб мегӯяд:

Аз сӯи Ҷилга гаштум,
Туқуми хар дар пуштум.
Ай иқа азобода,
Парвардигор накуштум!

Маълум мегардад, ки маркаби мӯйсафед ҳангоми сафар дар деҳаи Кавоқ фавтида, боиси азияти ӯ гардидааст. Бо вуҷуди ин,  мӯйсафеди хуштабъ аз дидори ҷавонони қаламбадаст руҳбаланд гардида , дар ҳаққи баъзеашон  қитъаҳое бадоҳатан эҷод намуда , барояшон рубоию чистонҳои тозаю зиёди халқиро қироат намудааст. Чунин лаҳзаҳои хотирмон дар ҳаёти муаллим  зиёд буданд. Ҳар гоҳ ки Нозимов ба аёдати хешовандон ба ноҳияи Маскав  мерафт, бо шунидани ташрифи устод ҳама дӯстону  мухлисон  ҷамъ омада, маҳфили рангини орифона барпо менамуданд. Нахустин Хофизи халқии Тоҷикистон  дар минтақаи Кӯлоб Бобохалил Одинаев бо думра, омӯзгор Ниёз Пӯлод бо доира, бобои Ашӯрмад бо ғижжак, устод  Нозимов бо  ҳазлу шӯхӣ ва латифаҳои сурурбахш ба маҳфил шукӯҳ мебахшиданд  ва он маъво ба тӯйхона мубаддал мегашт. Ҷамъомад ва нишастҳои адабие, ки бо иштироки адибон ва олимони номӣ Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Боқӣ  Раҳимзода, Соҳиб Табаров,  Раҳим Мусулмонқулов, Худойназар Асозода, Ҷӯрахон Бақозода ва дигарон ҳар сари чанд вақт сурат мегирифтанд, дар ташаккули фаъолияти эҷодии Ҳақназар Ғоиб, Саидҷон Ҳакимзода, Сафармуҳаммад Айюбӣ,  Карим Давлат, Муҳаммад Ғоиб,  Сафар Айюбзодаи Маҳзун, Сафар Амирхон, Ғаффоралӣ Сафар,  Нурмуҳаммад Сироҷӣ ва даҳҳо дигар собиқ шогирдони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб саҳми босазое гузоштаанд.Боре ҳангоми вохӯрӣ бо адибони маъруф  Ҷалол Икромӣ, Лоиқ Шералӣ, Жола Бадеъ , Абдулҳамид Самад ва Искандари Хатлонӣ дар донишгоҳ Бароталӣ Нозимов оид ба паҳлуҳои эҷодиёти Ҷалол Икромӣ суханронии пурмуҳтавое  ироа намуд.  Нависанда аз дониши фарогир, таҳлили амиқ ва хулосаҳои фасеҳи Нозимов  басо  мутаассир ва миннатдор гашта,  тамоми рӯзҳои  дар Кӯлоб буданаш гаштаю  баргашта  ин  лаҳзаро ёдовар мешуд. Бароталӣ Нозимов ганҷинаи фарҳанг буд ва ҳар муассисаву фарди толиб аз ин манбаи фарҳанг мувофиқи салоҳдид ва табъу завқи худ истифода мебурд. Дари  китобхонаи шахсии устод, ки нодиртарин китобҳоро аз шаҳрҳои Маскаву Ленинград ва Тошканду  Душанбе гунҷоиш медод, ҳамеша ба рӯйи толибилмон  боз буд. Устод чун узви Шурои бадеии Театри мусиқӣ-мазҳакаи ба номи Вализода ҳамвора  дар нахустнамоиши асарҳои ба саҳна гузошта ширкат варзида, ҳусну қубҳи намоишномаҳоро мавриди муҳокима   қарор медод. Мақолаҳои «Робияи Балхӣ дар саҳна»,  «Солҳои фаромӯшнашаванда», «Шамшер ва  рангинкамон»,  «Гулхани Восеъ» бо таҳлилу таҳқиқи муфассал дар ташаккулу такомули маҳорати ҳунарпешагони театр саҳми муносиб гирифтанд. Ёдамон ҳаст, қаламкашони бисёри ҳаваскор  чакидаҳои хомаашонро назди устод Нозимов меоварданд ва домулло бурдборона он нигоштаҳоро мехонду ба эҷодкоронашон маслиҳатҳо медод. Баъзе муаллифони рӯйинатан бо исрор талаб мекарданд, ки муаллим костагиҳои лафзию маънавӣ ва ноҳамвориҳои вазну қофияи навиштаҳои онҳоро ислоҳ намояд. Дар ин ҳолатҳо устод нимшӯхиву нимҷиддӣ мегуфт:

«О бародар, агар ман маҳорати шоирӣ медоштам, худам шеър менавиштам». Дар ҳақиқат, Бароталӣ  Нозимов зариф буд ва бо зарофатҳои намакинаш чӣ хеле ки мегӯянд, гули сари сабади маҷлиси ёру дӯстон ва ҳамкасбону меҳмонон гардида буд. Дар саҳни Донишгоҳ, вақте ки устод Нозимов пайдо мешуд, дарҳол дар атрофаш  муаллимон ҷамъ меомаданд ва садои ханда ба осмон мепечид. Аксари латифаҳои устод ба мактабу таълиму тарбия дахл дошта, асосан маҳсули эҷоди  худи эшон буданд. Як рӯз, қарибиҳои  имтиҳони дохилшавӣ, марде бо писари дохилшавандааш ба хонаи устод Нозимов меҳмон мешавад ва баъди пурсупос мегӯяд:

– Илтимос , ҳамин ягона фарзандамро  дар имтиҳони дохилшавӣ ёрӣ расонед.

Устод аз дохилшаванда мепурсад:

– Писарам, ба кадом факултет дохил шудан мехоҳӣ?

«Дохилшаванда» бепарвоёна ҷавоб медиҳад:

– Падарам медонад.

Чунин латифаҳо норасоиҳоеро, ки он айём дар соҳаи маорифи мамлакат  ҷой доштанд, хеле рӯшан ошкор сохта, мутасаддиёнро барои боздоштани ин раванди номатлуби таълим ҳушдор медоданд. Комиссияи тақсимоти хатмкунандагони мактаби олӣ аз хатмкунандае мепурсад:

–Ту ба кадом ноҳияи Тоҷикистон ба кор рафтан мехоҳӣ?

Хатмкунанда филфавр мегӯяд:

– Ман дар ҳамин донишгоҳ мемонам, зеро муаллимон ҳангоми дарс мегуфтанд, ки: «Ту бо ин донишат дур рафта наметавонӣ».

Ин эҷодкориҳо адибони шаҳр, хосса Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафарро, ки худ ҳаҷвнигори моҳире буд, ба устод Нозимов боз ҳам қаринтар намуданд. Ашӯр Сафар ва Бароталӣ Нозимов гоҳ ҳарду ва гоҳ ҳамроҳи Хоҷӣ Шариф, Сангаҳмад Даминов, Раҳим Саидов ва Ҳақназар Ғоиб барин шахсиятҳои баруманди шаҳр соатҳо ба сухан либос  мепӯшонданд. Рӯзе  Ашӯр Сафар суҳбаткунон ба назди хонаи устод Нозимов омада мегӯянд:

– Баротҷон, ман ба ту имрӯз як некӣ карданиям.

–Чӣ некӣ, мавлоно?

– Некӣ ҳамин ки ҳозир ба хонаат намеравам ва туро аз азоби пули бисер сарф карда, зиёфат кардан озод мекунам, – гуфта Ашӯр Сафар дасти ҳамсуҳбаташро чанд бор таккон медиҳаду сӯйи хонааш роҳ мегирад. Устод Нозимов ҳангоми хайрухуш дар ҷисми харобгаштаи ин пири рӯзгордида як гароние мушоҳида карда, худ ба худ менолад:

– Дар ин дунё ҳама ғаниматем.

Оре , устод Бароталӣ Нозимов ба ҷараёни пурталотуми зиндагӣ, ба аҳли илму адаби ҷумҳурӣ ва ба ашхоси гуногунпешаи Ватани азиз бо ҳазорон риштаи аёну ноаён пайваст буд ва дар давоми умри бобаракати хеш барои пешбурди сатҳи маънавиёти ҷомеа хизматҳои бедареғ намуд. Месазад, ки  бо камоли эҳтиром  пораи шеъреро ба ёди  устоди гиромӣ пешкаш намоем:

Дасти дуо кушода шукри ҳаёт гӯем,
Шукри дигар зи панди Нозим Барот гӯем.
Чун дод панди мардӣ, бар қулла раҳнавардӣ,
Ҳар ҳарфи панди ӯро дарси наҷот гӯем!

Аламхон  Кӯчарзода, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Нурмуҳаммад  Сироҷӣ, шоир, номзади илмҳои филологӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!