,
Ҷумъа, 05-сентябр
Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳар як шахс дар зиндагӣ бо амалҳои нек, хулқу атвори ҳамида, дар кору фаъолият бо дониши баланд, кордониву ташаббускориаш сазовори ҳурмату иззат мегардад. Зеро инсон бо рафтори шоиста ва хислатҳои неки худ дар дили атрофиён ҷой гирифта, ба боварии онҳо ноил мешавад. Маҳз донишу малакаи баланди касбӣ ва қобилияти пешсаф будан имкон медиҳад, ки ӯ на танҳо барои худ, балки барои ҷомеа низ манфиатовар бошад. Дар натиҷа, чунин шахсият ҳамчун намунаи ибрат барои дигарон хизмат карда, номи некаш дар хотираи мардум абадӣ боқӣ мемонад.
Яке аз чунин шахсиятҳо, ки умри худро сарфи таълиму тадрис намуд, Сайвалӣ Гадоев мебошад. Мавсуф аз зумраи омӯзгорони асиле буданд, ки дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ташаккули маҳорати касбии омӯзгорони ҷавон саҳми арзишманд гузоштанд.
Сайвалӣ Гадоев 48 соли умри хешро ҳамчун дар роҳи таълиму тадрис сарф намуда, ба шогирдон дарси илму зиндагӣ омӯхтанд. Озмӯзгори сахтгир, дар айни замон ҳалиму дилсӯз буданд.
Шогирдонашон бо ифтихор иброз медоранд, ки аз тарбия ва таълими он кас баҳравар шудаанд. Бисёре аз шогирдонашон роҳи илмро пеш гирифта, дар муассисаҳои олии кишвар пайи таълиму тарбия ҳастанд. Инчунин, дар мақому мартабаҳои гуногуни хизмати давлатӣ ифои вазифа доранд.
Нақши устод Сайвалӣ Гадоев дар таҳияи барномаҳои таълимӣ, стандартҳои таълимӣ ва Донишномаи донишгоҳи давлатии Кӯлоб хело ҳам бузургу арзимшманд маҳсуб меёбад.
Устоди муҳтарам Сайвалӣ Гадоев ҳамчун падар дар саробонӣ ва таъминоти оила ҳамеша мекӯшиданд, ки фарзандонро дар рӯҳияи шукргузорӣ, қаноатписандӣ ва ахлоқи ҳамида ба камол расонанд. Доимо таъкид мекарданд, “Саъй кун шодмон бошӣ. Агар хоҳӣ хурсанд шавӣ, касеро маранҷон, дасти фитодаеро бигир, Худо туро хурсанд мекунад”. Устод марди хушсуҳбат буданд, доимо лабханд мезаданд ва суханҳои боҳазлу ширин мегуфтанд. Вале бо ин ҳама ҳангоми дарс бо шогирдон ва ҳамкорон шахси ниҳоят ҷиддӣ буданд.
Бешакку шубҳа, муаллиму омӯзгорон машъалафрӯзони роҳи ҳастиянд, онҳо ҳамеша ба мо накӯиву хубиҳоро талқин карда, аз зиштиву бадкирдориҳо ҳазар карданамонро таъкид мекунанд. Бинобар ин, агар шогирдони эшон бо сабақи ӯ ба ҷое бирасанду роҳи дурусти зинадгиро дарёбанд, ин барои муаллим ба ҳукми садақаи ҷория аст.
Устод Сайвалӣ Гадоев 10.01.1949 дар деҳаи Тӯдакафши ноҳияи Кӯлоб дар хонадони хизматчӣ таваллуд шудааст. Математик, омӯзгори фанни информатика, Аълочии маорифи Тоҷикистон (2004), барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон мебошад. Хатмкардаи факултаи физика-математикаи Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1970) буда, таҳсил дар мактаби миёнаи №5 шаҳри Кӯлоб (1963-1966) кардааст. Солҳои 1966-1970 замони донишҷӯӣ ба кори омӯзгорӣ низ машғул буданд. Дар вазифаҳои омӯзгор (1970-1972), муаллими калони кафедраи математикаи олӣ ва ҳисоббарорӣ (1972-1985) ва кафедраи информатика (1987-2001), муовини декани факултаи физика-математика (1976-1978; 1982-1997), декани шуъбаи тайёрии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1982-1993), муовини мудир, мудири кафедра, муовини сардор, сардори раёсати таълими Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон (2001-2013) кор кардааст. Аз соли 2013 мутахассиси пешбари раёсати таълими ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ифои вазифа мекарданд. Оид ба масъалаҳои информатика, математика, таҳияи барнома ва нақшаҳои таълимии низоми кредитии таҳсилот таълифоти бисёре дорад.
Ба осори ӯ инҳо шомиланд: Информатика барои шунавандагони шуъбаи тайёрӣ. Кӯлоб, 1984; Информатика. Барои навомӯзон. Душанбе, 2002; Корҳои лабораторӣ аз фанни информатика. Душанбе, 2003; EXCEL-97. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаҳои иқтисодӣ. Душанбе, 2008; Васоити таълимӣ аз фанни информатика барои донишҷӯёни ҳуқуқшинос. Душанбе, 2005; Таҳияи барномаҳои таълимӣ барои низоми анъанавӣ ва кредитӣ. // Паёми Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон. Душанбе, №1, 2005; Татбиқи теоремаҳои тауберӣ. // Паёми Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон. Душанбе, №2, 2008; Таҳияи стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимӣ барои ихтисосҳои Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон. Душанбе, 2008-2012 ва ғайра.
Таърихи аҳди дурахшони бостонро дар зиндагии худ манзури назар сохтан ва аз рӯйи он ҳақиқатҳои нав ёд гирифтан нишони омӯзгори ҳақиқӣ аст, ки устод ба ин лоиқ буданд.
Устод Сайвалӣ Гадоев аз зумраи омӯзгороне буданд, ки зиндагиашон намунаи беҳтарини рӯзгордорӣ маҳсуб ёфта ва кору пайкорашон ибрате барои дигарон шуморида мешуд.
Бо эътимоди комил метавон иброз дошт, ки таҳияи барномаҳо, стандаратҳои таълимӣ барои макотибти Олии касбӣ ва китобҳои дарсӣ дар шароити кунунӣ ба таври васеъ истифода мешаванд.
Дар маҷмуъ, нақши устод Сайвалӣ Гадоев дар омодасозии кадрҳои соҳаи омӯзгори хело ҳам бузургу арзишманд ифода мегардад.
Равони устоди гиромӣ шоду ёдашон ба хайр бод.
Муслим Усмонзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе