,
Якшанбе, 08-декабр
Тавре ба ҳамагон маълум аст, солҳои 90-уми асри гузашта миллати мо санҷиши сангинеро, ки ҷанги беамони шаҳрвандӣ ном дошт, дучор гардид. Хавфи барҳам хӯрдани миллати тоҷик ба миён омад. Барои азнавсозии харобаҳо ва эҳёи миллат раҳнамои хирадманде лозим буд. Худованд ба ашки дидагони модарони тоҷик раҳмат карда, шахсеро аз миёни халқ ба роҳбарият барои баҳам овардани миллати пароканда ба сафи пеш равона сохт ва ӯ тавонист сулҳу ваҳдат ва ҳаёти орому осоиштаро баҳри миллати тоҷик барқарор намояд.
Аллбата ҳар як давлату миллат замоне метавонад, худро устувор нигоҳ дорад, ки дар фазои сулҳ ва ваҳдати миллиаш арзи ҳастӣ намояд. Хушбахтона чунин фазо дар кишвари азизи мо бо хиради воло, ақлу заковати устувор ва талошҳои пайгиронаву сулҳҷуёнаи Пешвои миллати тоҷик ва ҷавонони бо нангу номуси диёр муҳайё гардидааст. Бори дигар хиради азалии миллати тоҷик боло гирифт ва давлат аз нав эҳё шуд.
Дар ин марҳилаи тақдирсоз хизматҳои шоён ва бузурги Роҳбари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуда, фарҳанги сулҳофариро пеша кард ва бо ҳисси гарми ватандӯстиву ватандорӣ тақдири ояндаи бақои миллатро ба дасти худ гирифт. Натиҷаи чунин ҷонфидоиҳо ва қаҳрамониҳо буданд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти сартосарӣ пойдор буда, корҳои ободониву бунёдкорӣ авҷ гирифтааст. Сулҳи тоҷикон қутбнамои роҳи ояндаи дурахшон ва шаҳодатномаи таърихии давлату миллат гардид. Бо мақсади пойдор нигоҳ доштани чунин дастоварди таърихӣ яъне таҳкими Ваҳдати миллӣ ҳанӯз 18 –июли соли 1997 «Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил карда шуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон раиси ин созмони ҷамъиятӣ интихоб гардида, то кунун барои мустаҳкам намудани асосҳои ваҳдати миллӣ хизматҳои босазо анҷом дода истодааст.
Пешниҳод ва ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон оид ба об ин қабули Қатъномаи СММ оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028, инчуни ташаббуси байналмиллалии ҳадафмандонаи Пешвои миллат оид ба «Ҳифзи пиряхҳо» мебошад, ки обрӯю нуфузи миллати тоҷикро бо Пешвои худ дар арсаи ҷаҳон боз ҳам балан бардошт. Амалӣ гардидани ҳамаи ин ниятҳои неки миллати тоҷик боиси боз ҳам шукуфон гардидани кишвари соҳибистиқлоли мо мегардад.
Ҳамаи ин азму талошҳои зиёди фарзандони шоистаи миллат буд, ки ваҳдати комили миллиро ба даст овардем, ки бешубҳа меъмори асосии он Сарвари давлат, Пешвои миллати тоҷикони ҷаҳон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Раънои НУРАЛӢ, омӯзгори кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ