,
Ҷумъа, 05-сентябр
Истиқлолият барои ҳар як миллат чун офтоби дурахшоне мебошад, ки ба зиндагӣ рӯшноӣ мебахшад ва роҳи озодагиро равшан месозад. Тоҷикон низ садсолаҳо орзуи истиқлолро дар дил мепарвариданд. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, халқи тоҷик соли 1991 соҳибистиқлол гардид. Аммо ин неъмат осон ва беозмоиш ба даст наомад.
Яке аз шоирон дар бораи орзуи деринаи миллат гуфтааст:
Озодӣ орзӯи дерини мост,
Роҳи сафеду нурбори мост.
Дар ҳақиқат, истиқлолият рамзи шарафу ифтихор, бақои давлат ва ҳувияти миллӣ мебошад.
Солҳои аввали истиқлолияти Тоҷикистон пур аз мушкилоту санҷишҳои сахт буд. Ҷанги шаҳрвандӣ, нооромии сиёсӣ ва иқтисодӣ кишварро ба бӯҳрони амиқ гирифтор кард. Мардуми тоҷик дар остонаи парокандагӣ қарор дошт.
Дар ҳамин рӯзҳои вазнин шахсе ба саҳнаи сиёсат ворид гардид, ки бо иродаи қавӣ ва ҷонфидоӣ тавонист киштӣ ва сарнавишти миллатро аз гирдоб берун оварад. Он шахс Эмомалӣ Раҳмон буд, ки соли 1992 ба сифати роҳбари давлат интихоб гардид.
Дар таърихи давлатдорӣ шахсиятҳое ҳастанд, ки нақши онҳо сарнавиштсоз мебошад. Барои миллати тоҷик чунин шахсият муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ дар сахттарин давра ба арсаи сиёсат омад ва бо ҷонфидоӣ кишвари моро аз парокандагӣ наҷот дод.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдатро ба кишвар баргардонд, низоми давлатдорио эҳё намуд ва асосҳои рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро гузошт. Имрӯз Тоҷикистон маҳз бо шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Пешвои миллат чун давлати сулҳҷӯ, соҳибистиқлол ва пешрафта шинохта шудааст.
Истиқлолият танҳо рамзи озодӣ нест, балки он ҳифзи ҳувият, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллии мост. Бо шарофати истиқлол миллати тоҷик тавонист таъриху фарҳанги худро аз нав эҳё намояд, забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт, рамзҳои миллӣ қабул шуданд ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам гардид.
Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ин неъмати бебаҳо-истиқлолро ҳифз намояд, зеро он рукни бақои давлат ва пойдории миллат мебошад. Имрӯз ҷавонон ҳамчун давомдиҳандаи роҳи озодӣ бояд дар ҳифзи истиқлол ва таҳкими давлатдорӣ нақши асосӣ бозанд. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки ояндаи Ватан аз ҷавонон вобаста аст.
Бо талоши ҷавонон ва сиёсати созандаи давлат, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар самти иқтисод, илму маориф, фарҳанг ва варзиш ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидааст.
Истиқлолият барои тоҷикон на танҳо рамзи озодӣ, балки сарчашмаи зиндагӣ ва пойдории миллат мебошад. Он ба мо имконият дод, ки соҳиби давлати мустақил, рамзҳои миллӣ ва сиёсати хоси худ бошем. Дар ин роҳ ҷонфидоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихӣ буда, барои ҳар як тоҷик ҳамчун сабақи ибрат боқӣ мемонад. Имрӯз Тоҷикистон зери парчами истиқлол бо қадамҳои устувор ба пеш меравад ва ояндаи дурахшонро пешвоз мегирад.
Чун ҳамапурси, ки истиқлол чист?
Гуямат: - медони ин иқбол чист!
Бахти воло ҳасту толеъи баланд,
Орзуи рафтагон, эй арҷманд
Балки истиқлол ин озодӣ аст,
Пурдиливу хуррамиву шодӣ аст
Дар фазо озод болу пар задан,
Дар замин тоҷи заррин бар сар задан,
Сарбаландиву ғуруру ифтихор,
Дар миёни халқи олам эътибор!
Маҷидзода Муҳтарама Зиёвуддин-ассистенти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ