,
Ҷумъа, 05-сентябр
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор
Шавад тира аз бехирад рӯзгор
Зиёиён чароғи раҳнамои милатанд ва бо тавассути саъю кӯшиши эшон ҷомеаи мо пеш меравад ва сатҳи фарҳангиву маънавии мардум баланд мегардад.
Як қисми аҳли зиёи мамалакати моро омӯзгорони варзида, соҳибкасб, донишманд ва илмдӯст ташкил медиҳанд. Устод Абдуллоев Маҳмуд Холович яке аз чунин шахсиятҳои барҷаста мебошанд. Дар доираи илму фарҳанги минтақаи Кӯлоб ва берун аз он шахсе нест, ки устод Абдуллоев Маҳмуд ё бо ибораи олимони шаҳри Кӯлоб Маҳмуд Холовичро нашиносад. Зиёда аз 55 сол мешавад, ки ин шахсияти сарсупурдаи майдони илму маърифат дар баробари таълифотои густурдаи илмӣ ва маърузаву баромадоҳои сатҳи шаҳриву ҷумҳуриявӣ ба аз пайи таълиму тарбияи насли ҷавони ҷомеаи Тоҷикистон мебошад ва боиси ифтихор ва сарфарозист, ки шогирдони устод чи дар муасисаҳои таълимӣ вав чи илмиву дигар соҳаҳои ҷомеа кору фаъолият намуда истодаанд.
Омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар симои ин инсони комилу муътабар фидоии ҳақиқии илму маърифат, таърихшиноси барҷаста ва болотар аз як шахсияти масъулиятшиносро мебинад. Новобаста аз сину сол ва шикастҳои пайвастаи зиндагӣ, аз даст додани фарзанди баҷону дил баробар, набараи нозанин, ҳамсари азизашон, устод ҳамаи ин дардҳоро таҳаммул намуда, ҳанӯз ҳам бо иродаи устувори хеш фаълияти илмиву таълимии хешро бо сари баланд пеш бурда истодаанд.
Илова бар ин, аз аёми ҷавонӣ низ роҳи пурмашаққати тайкардаи устод дар ҷодаи илму дониш тулонӣ ва хеле душвор буд, вале ӯ ин душвориҳоро бо туфайли ранҷу заҳмат ва машаққатҳои зиёд бо сари баланд паси сар намуд.
Абдуллоев Маҳмуд Холович 1-уми сентябри соли 1948 дар деҳаи Деҳдарозаки ноҳияи Москва (ҳоло Н. Ш. Шоҳин) вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш Абдуллоев Хол (1918-1987) ва модараш Сафарова Рӯзигул (1918-1987) хеле инсонҳои заминӣ ва хоксору меҳнатдӯст буданд ва шояд чунин хислатҳои ҳамидаи инсонии волидайн дар ташаккули шахсияти минбаъдаи устод Абдулоев Маҳмуд нақши муҳим бозид.
Ӯ соли 1955 ба синфи якуми мактаби ибтидоии ба номи М.Я. Свердлова деҳаи Деҳдарозаки ноҳияи Москва рафта то соли 1959 дар он ҷо таҳсил менамояд ва баъди як соли таҳсил дар мактаби № 5-и шаҳри Кӯлоб аз моҳи январи соли 1960 хонданро дар мактаб-интернати ба номи «Комунизм»-и ноҳияи Млсква идома дода онро соли 1966 бо муваффақият хатм менамояд. Худи ҳамон сол ба факултаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб дохил шуда онро бо баҳои аъло ба итмом мерасонад.
Азбаски ба пешаи омӯзгорӣ шавқу рағбати беандоза дошт, фаъолияти меҳнатиашро тибқи роҳхати Вазорати маорифи халқи Ҷумҳурӣ соли 1970 дар мактаби № 7-и шаҳри Кӯлоб ба ҳайси муаллими забон ва адабиёти рус оғоз намуд. Вале ӯ хизмати Модар-Ватанро қарзи виҷдонии худ медонист, бинобар ин аз моҳи ноябри соли 1970 то моҳи ноябри соли 1971 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адои хизмат намуд ва бо сари баланд, бо рутбаи афсари мустаъфӣ мушарраф шуд.
Қадамҳои аввалинро ба шоҳроҳи илм аз Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба ҳайси муаллими кафедраи таърихи ҲКИШ оғоз кард.
Абдуллоев Маҳмуд ҳамеша барои мукаммал намудани дониши худ кӯшиш менамуд, аз ҳамин сабаб аз моҳи феврал то июли 1976 дар Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон (ш. Тошканд), инчунин аз моҳи сентябр то феврали соли 1986 дар Ҷумҳурии Белорус (ш. Минск) курси такмили ихтисоси муаллимони ҷамъиятшиносиро гузаштааст. Вале он оташи дурахшон, ки дар ҷодаи илм дар дилу ӯ ҷой гирифта буд, дар ҳамон ҷода шуълавар гашт. Билохиран соли 1977 ба аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда, дар назди кафедраи таърихи КПИШ онро соли 1980 бо мувафақият хатм намудааст. Минбаъд соли 1982 таҳти роҳбарии доктори илмҳои таърих, профессор Назаршоев М.Н. дар Шӯрои ҳимояҳои дисертатсионии шаҳри Алмо-Ато дар мавзуи «Фаъолияти Партияи Коммуунистии Тоҷикистон оид ба минъбада инкишоф додани мактаби маълумоти умумӣ дар республика» рисолаи номзадиашро дифоъ намудааст.
Устод аз давраи аввали фаъолияти меҳнатиаш тамоми вазифаҳоеро, ки ба ӯ вогузор мешуд, софдилона ва бо дарки баланди масъулиятишиносӣ иҷро намудааст.
Аз соли 1981 аввал ба хайси муаллим, баъдтар маллими калон ва соли 1985 дотсени кафедраи таърихи ҲКИШ - и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб адои вазифа намудааст. Солҳои (1994 - 2002) ҷонишини декани факултаи филологияи тоҷик, аз моҳи марти соли (2002 то соли 2008) мудири кафедраи «Таърихи халқи тоҷик ва назарияи иқтисод», соли 2008 декани факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДК шуда кор кардааст.
Сипас (солҳои 2008 - 2009) мудири кафедраи «Таърихи умумӣ ва методикаи таълими таърих»-и Донишгоҳ, баъдан солҳои (2009 - 2013) мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро ба уҳда доштааст.
Дар баробари вазифаҳои пурмасъули роҳбарикунандаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб устод Абдуллоев Маҳмуд пайваста бо пажуҳишҳои илмӣ машғул шуда, як зара аз илм канда нашудааст. Тадқиқоти марҳилаҳои ташаккули маориф дар Тоҷикистон бахусус маорифи солҳои 60-80-и садаи ХХ маҳсули меҳнати зиёда аз 30 солаи ӯ мебошад, ки самараи хуб ба бор овард. Хушбахтона, соли 2012 Абдуллоев Маҳмуд Холович дар мавзуи «Народное оброзование Таджикистана в 60-80 годы ХХ века. История и пробдеми развития» рисолаи доктори дифоъ намуда, сазовори унвони доктори илми таърих гардидааст.
Аз моҳи сентябри соли 2013 то инҷониб устод ба ҳайси профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДК мебошад.
Дар доираи илми таърихшиносии Тоҷикистон ва берун аз он устод Абдуллоев Маҳмуд ҳамчун муаррихи барҷаста эътироф шудааст. Ба қалами ин шахсияти барҷаста 9 монография, 110 мақолаи илмӣ ва илмӣ-методӣ таалуқ дорад, ки ба масъалаҳои бениҳоят муҳиму рӯзмарраи таърихиву фарҳангӣ бахшида шудаанд, ки чанде аз онҳоро ҳамчун қатрае аз баҳр муаррифӣ мекунем: «Народное оброзование Таджикистана в 60 - 80 годы ХХ века» (Душанбе 2012), «Маорифи халқи Тоҷикистон. Таърих ва воқеият» (Душанбе 2015), «Из истории совеиской школы в Таджикистане» (Душанбе 2015), «Аз таърихи мактабҳои маълумоти умумӣ дар Тоҷикистони Шӯравӣ» (Душанбе, 2015), «Ислоҳот ва рушди ноҳияи Шӯрообод» (Душанбе, 2015), «Ислоҳот ва рушди маорифи Тоҷикистон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ» (Душанбе, 2016) ва ғайраҳо.
Дар тайёр намудани мутахасиссонии илмии донишгоҳ низ хизматҳои устод шоистаи таҳсин аст. Таҳти роҳбарии ӯ 4 нафар соҳиби унвони номзади илм гаштанд, 2 нафари дигар дар арафаи ҳимоя қарор доранд. Шумораи докторантҳои PhD - ву магистрантҳо беҳад зиёданд.
Ногуфта намонад, ки ҳеҷ меҳнату заҳмат бе подош намемонад. Хизматҳои устодро ба назар гирифта ҳамчун сипоси қадрдонӣ ӯро бо унвону мукофотҳои давлатӣ: Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2010), Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011) сарфароз гардиданд.
Дар ҳаёти сиёсии кишвар низ Абдулло Маҳмуд саҳми худро гузоштааст. Аз ҷумла ӯ иштирокчии гуфтушуниди ғайрирасмии тоҷикон оид ба созишномаи сулҳ дар ш. Душанбе солҳои (1994-1995) ва шаҳри Санк-Петербулги Россия дар солҳои 1997 мебошад.
Дар ҷодаи зиндагии оилавӣ низ монанди илму фарҳанг устод шахси намунавӣ мебошанд. Ҳамсари устод муаллимаи дараҷадори олӣ аз фанни забону адабиёти тоҷик буд, ва таълиму тарбияи насли наврасро ба уҳда доштанд (равонашон шод бод). Ҳамроҳи ҳамсар устод Абдулло Маҳмуд фарзандҳои хуби бо маърифату бо фарҳангро ба воя расонидаанд. Ҳамаи фарзанҳои он кас соҳиби маълумоти олӣ буда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъияти кишвар фаъолият мекунанд.
Устод Абдуллоев Маҳмуд ба синни мубораки 77 қадам мегузоранд. Ба бахти шогирдону ҳамкорон ин қадамҳо мустаҳкаму устуворанд. Қатъият, ҷиддият, принсипнокӣ, меҳнатдӯстӣ, садоқат ба кору фаъолияти касбӣ, хизматҳои софдилона ба халқу давлат яке аз хислатҳои беҳтарини устод мебошад, ки барои мо раҳнамо аст. Тули солҳои зиде, ки мо ӯро мешиносем дар рафтор, гуфтор, лубоспушӣ ин шахсият зиёии ҳақиқӣ мебошад.
Дар арафаи зодрӯзи устод, ки ба 1-уми сентябр, яъне таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси Сулҳ рост меояд, мо ин омӯзгори асил, олими барҷастаи соҳаи таърих, шахсияти шинохтаи Донишгоҳи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои таърих, пофессори кафедраи таърихи халқи тоҷик муҳтарам Абдуллоев Маҳмуд Холович пеш аз ҳама саломатӣ, умри дароз, хушбахтиву саодатмандии рӯзгор, дар ҷодаи илму таълим фатҳи қуллаҳои нав ба навро таманно мекунем
Тоиров Шермуҳаммад- муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони ДДК ба номи А. Рӯдакӣ