, Ҷумъа, 05-сентябр

«АНВОРИ ДОНИШ» - САДОИ МЕҲР ВА НУРИ МАЪРИФАТ


«АНВОРИ ДОНИШ» - САДОИ МЕҲР ВА НУРИ МАЪРИФАТ

(Ба таърихи таъсиси рӯзнома бахшида мешавад)

Се даҳсолаю як сол равшанӣ бахшидан ба маърифат, ҳамнавоӣ бо эҳёи илму фарҳанг ва пайвандгари рӯҳу андеша бо нури қалам - ин аст рисолати рӯзномаи “Анвори дониш”, ки бо расидани 1-уми сентябри соли 2025 аз замони таъсиси он расо 31 сол сипарӣ шуд. Дар ин фосилаи пурбору пурмаъно, рӯзнома бо қалами содиқ ва рисолати маърифатофарии худ тавонист ҷойгоҳи арзандаи худро дар фазои илмиву фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дар миёни муҳити донишгоҳиву иҷтимоии минтақа касб намояд. “Анвори дониш” бо рӯшноии андеша, бо сухани равшан ва бо паймони ростин дар масири бедории фикрӣ ва эҳёи маънавии ҷомеа қадам ниҳод ва то имрӯз ин рисолати муҳими хешро содиқона идома медиҳад.

Дар ин муддат, рӯзномаи «Анвори дониш» қалбҳои ҳазорон алоқаманди илму донишро бо нури маърифат равшан намуда, дар таҳкими ҷаҳонбинии миллӣ, бедории маънавӣ ва ташаккули афкори солими ҷомеаи донишпажуҳу хирадгустар саҳми беназир гузоштааст. Он ҳамеша талош варзид, ки дар равандҳои илмиву таълимӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ ва сиёсиву ватандӯстӣ фаъолона иштирок намуда, роҳи равшани дониш ва худшиносиро барои насли ҷавон боз намояд.

Рӯзномаи “Анвори дониш” ҳамчун нашрияи расмии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба ҳайси оинаи таърихи муосири донишгоҳ ва забони гуёии дастовардҳои илмиву таълимии он баромад карда, равзанае шуд, ки тавассути он садои донишгоҳ ба гӯши ҷомеа ва афкори умум мерасад. Нашрия дар баробари инъикоси фаъолияти омӯзгорону донишҷӯён, дар рушди андешаи миллӣ, ваҳдати фикрӣ ва тарғиби дастовардҳои истиқлоли давлатӣ нақши муассир гузошта, миёни хонандагони минтақа маҳбубият пайдо кардааст.

Нахустшумораи рӯзномаи “Анвори дониш”-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 1-уми сентябри соли 1994 ба нашр расидааст. Таъсиси рӯзнома бо ташаббус ва роҳнамоии бевоситаи ректори онвақтаи донишгоҳ, доктори илмҳои химия, профессор, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Самариддин Каримов амалӣ гардид. Рӯзнома дар Вазорати матбуот ва ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон) таҳти №285, аз 14.03.1994 ба қайд гирифта шуда буд. Дар асоси зарурати ҳуқуқӣ ва тавсеаи фаъолият, азнавбақайдгирии он дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 31.03.2023 таҳти №364/РЗ-97 сурат гирифт.

Рӯзнома аз рӯзҳои нахустин дар асоси барнома ва уҳдадориҳои Оинномавии худ фаъолият намуда, ҳамеша мақсад дошт, ки дар тарғиб ва ташвиқи арзишҳои илму дониш, инъикоси воқеъбинонаи ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии донишгоҳ ва ҷомеа саҳми созанда гузорад. Бо истифода аз василаҳои таъсиргузори матбуот “Анвори дониш” пайваста кӯшиш кардааст, ки дар тафаккури донишҷӯён ҳисси масъулият, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ бедор намояд.

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, таҳлилӣ ва тарбиявӣ, ки дар рӯзнома мунтазам ба табъ мерасанд, ба бозгӯ намудани комёбиҳои устодону донишҷӯён, муаррифии пажуҳишҳои илмии олимони ватаниву хориҷӣ, инъикоси дастовардҳои ватану миллат ва мустаҳкам кардани рӯҳияи худогоҳии миллӣ равона гардидаанд. Рӯзнома инчунин дар тарғибу ташвиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фармону супоришҳои Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг ва дигар сохторҳои давлатӣ нақши арзанда дошта, ба густариши фазои иттилоотии соҳаи маориф ва фарҳанг дар сатҳи донишгоҳ ва берун аз он мусоидат мекунад.

Солҳои аввал рӯзномаи «Анвори дониш» дар ҳаҷми 2 саҳифа, формати А3 ва бо теъдоди 200-300 нусха нашр мегардид. Бо мурури замон, бо боло рафтани талаботи хонандагон ва густариши мавзуоти таҳлилӣ, шумора ва саҳифаҳои рӯзнома афзоиш ёфтанд. Дар баробари густариши мӯҳтаво, сифати нашр ва шеваи пешниҳод низ беҳтар гардиданд. Саҳифаҳои рӯзнома ба 4 ва теъдоди нусхаҳо ба 800 расонида шуданд. Аз соли 2008 то 2016 ҳаҷми саҳифаҳо ба 8-12 саҳифа афзуд ва аз 1-уми сентябри 2016 то моҳи марти соли 2022 рӯзнома дар ҳаҷми 16 саҳифа, ду маротиба дар як моҳ бо теъдоди 6000 нусха ба табъ мерасид. Аз апрели соли 2022 то имрӯз нашр бо ҳаҷми 16 саҳифа ва теъдоди 5000 нусха идома дорад, ки он дар минтақа аз ҷиҳати ҳаҷм ва теъдод мавқеи намоёнро ишғол мекунад.

Аз соли 2009 то декабри соли 2016 рӯзнома дар чопхонаи МХҲХФ «Мушфиқӣ», аз 1-уми январи соли 2017 то имрӯз дар чопхонаи ҶДММ «Мега-Принт»-и шаҳри Душанбе ба нашр мерасад.

Дар тӯли фаъолияти худ, рӯзнома зери таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти донишгоҳ қарор дошта, ҳамеша барои беҳтар шудани мазмун, сабк ва сифати ҳар шумора машварату дастури роҳнамоёна гирифтааст. Академик С.К. Каримов ва дигар устодони барҷаста, аз ҷумла профессорон М.О. Ибодов, И. Ғуломов, Р. Акбаров, Р. Саидов, дотсентон Х. Аъзамов, Ш. Саидҷаъфаров, Д. Шарифов, Ғ. Мирзоев, Д. Расулов, С. Абдулвоҳидов, М. Набиев, Г. Иброҳимов, С. Ғаффоров, Н. Валиев, А. Алиев, Т. Мустафоқулов, Абдулло Ҳабибулло, Абдусалом Мирализода, Раҳмон Дилшод Сафарбек, Холиқов Сафар ва Шараофат Худойдодова дар ҳамаи марҳилаҳои рушду густариш барои боло бурдани сатҳу сифати нашрия саҳми арзанда гузоштаанд.

Имрӯз низ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан ва ҳайти таҳририя: профессорон- Ибодов Маҳмадулло, Ғуломов Ислом, Абдуллоев Маҳмуд, Мирзоев Салим, дотсентон- Абдусамадзода Эраҷ, Аюбзода Сафар Аюб, Худойдодова Шарофат,  Шарифзода Одинамо Камолзода Шодмон ва Зулфиев Гадомад рӯзнома бо рӯҳияи тозаву нигариши замонавӣ фаъолият дорад.

Рӯзнома дар баробари рисолати аслии худ дар тайёр кардани мутахассисони ҷавон барои соҳаи рӯзноманигорӣ низ саҳм мегузорад. Донишҷӯёни шуъбаи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷик ва журналистика таҷрибаи таълимӣ ва истеҳсолиро дар идораи рӯзномаи «Анвори дониш» мегузаронанд. Ин раванд онҳоро на танҳо бо принсипҳои кори расонаӣ ошно месозад, балки муҳити эҷодии воқеиро барои ташаккули касбии онҳо фароҳам меорад.

Рӯзнома ҳамчунин бо нашрияҳои маъруфи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ- «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Омӯзгор», «Кулябская правда», «Навиди Кӯлоб», телевизиони Кӯлоб ва намояндагии телевизиони “Сафина” дар шаҳри Кӯлоб, инчунин бо рӯзномаи “Ба қуллаҳои дониш”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкориҳои судманд дорад.

Аз замони таъсисёбӣ то имрӯз, 8 нафар устодони донишгоҳ: Аламхон Кӯчаров, доктори илмҳои филология, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ (1994-1996), Нуриддини Насимӣ, доктори илмҳои филология (1996-1998), Алиев Аҳмад, номзади илмҳои филология (1998-2002), Исломов Аслон, рӯзноманигор (2002-2006), Худойдодова Шарофат, номзади илмҳои филология, дотсент (2006-2009), Сафаров Бахтиёр, саромӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика, узви ИЖТ (2009-2016), Ҷаҳонгир Рустамшо, дотсенти кафедраи таърихи забон ва забоншиносӣ, узви ИЖТ (2016-2023) ба ҳайси муҳаррир ва сармуҳаррири рӯзнома фаъолият  намудаанд. Ин устодони фарзона ва аҳли қалам, ҳар кадоме бо диди хос ва равиши худ дар тарбияи завқи рӯзноманигорӣ, боло бурдани сатҳу сифати таҳрир ва афзоиши нуфузу таъсиргузории рӯзнома саҳми сазовор гузоштаанд. Онҳо бо қалами бурро, дониш, таҷриба ва ҷаҳонбинии васеи худ рӯзномаи “Анвори дониш”-ро дар марҳилаҳои гуногун ба як минбари боэътимоди андешаву маърифат табдил доданд.

Аз 25-уми октябри соли 2023, масъулияти сармуҳарририи рӯзномаро муаллифи ин сатрҳо-Муҳаммадҷони Абдувоҳид, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ба уҳда дорад, ки бо баҳрагирӣ аз мактаби устодон, тавсияву роҳнамоиҳои аҳли фазлу хирад, ҳамзамон бо диди тоза ва нерӯи ҷавонӣ, дар талош аст, ки мундариҷаи рӯзномаро тавсеа бахшида, онро ба талаботи замон ҳарчи бештартар мувофиқ гардонад.

Дар ин муддат рӯзнома бо назардошти фаъолияти густурдаи эҷодӣ ба дастовардҳои назаррас мушарраф гаштааст. Аз ҷумла, санаи 4-уми марти соли 2023 дар шаҳри Бохтар, дар озмуни “Нерӯи сухан” аз рӯйи номинаи “Беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавӣ” бо Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон ва Дипломи дараҷаи 1 қадрдонӣ шудааст. Ҳамчунин соли 2023 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар номинаи “Нашрияи муваффақи маҳаллӣ дар соли 2022” бо Ҷоизаи ба номи Асадулло Саъдуллоев мукофотонида шудааст. Дар баробари ин, рӯзнома барои иштироки фаъол дар инъикоси рӯйдодҳои муҳими кишвар аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо Сипоснома сарфароз шудааст. Бори дигар, дар 11 марти соли 2024, дар ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, “Анвори дониш” дубора сазовори Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон ва Дипломи дараҷаи 2 гардид.

Айни замон, рӯзномаи «Анвори дониш» бо эҳсоси баланди масъулият, меҳри хоса ба сухан ва содиқӣ ба рисолати худ пайваста дар талош аст, ки рӯҳияи баланди маънавиро дар ҷомеаи донишгоҳӣ боло бурда, бо мазмуну муҳтавои ҷолиб ва диди васеи таҳлилӣ дар саҳифаи худ симои равшани донишгоҳро бозтоб диҳад.

Ҳайати кормандони рӯзномаи «Анвори дониш» дар шахсияти котиби масъул Тошматов Умарҷон, ҳуруфчин Наҷотова Сафарбӣ, саҳифабанд Иброҳими Юсуф, муҳосиб Одинаев Талабшо ва масъули сомона Мунисаи Маҳмарабӣ бо масъулияти баланди касбӣ, эҳсоси худогоҳӣ ва муҳаббати самимӣ ба касби худ фаъолияти рӯзномаро бо рӯҳи тоза, нерӯи эҷодӣ ва садоқат ба арзишҳои ахлоқиву маънавӣ идома медиҳанд. Ҳар кадоми онҳо дар татбиқи рисолати маърифатпарварӣ ва боло бурдани сатҳи касбии нашрия нақши худро бо эҳсоси масъулиятшиносӣ иҷро менамоянд.

Бо гузашти 31 сол аз оғози фаъолият «Анвори дониш» имрӯз бо рӯи саҳифаҳои пурбор, сабки таҳлилии равшан, андешаронии созанда ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ роҳу равиши хешро идома дода, чун равзанаи нур ба сӯи ояндаи миллат мепайвандад.

Аҳли эҷоди рӯзнома бо шукргузорӣ аз ин фосилаи пурбаракат ва бо умед ба фардои боз ҳам дурахшон бар онанд, ки бо истифода аз имкониятҳои муосир, бо рӯҳи созандагиву навҷӯӣ ва садоқат ба аҳдофи волои миллату давлат фаъолияти худро дар самти боло бурдани фарҳанги мутолиа, густариши андешаи солим ва тарбияи ҷомеаи худогоҳу худшинос идома дода, барои рушду тавсеаи маърифат ва таҳкими заминаҳои фикрии насли созанда саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Имрӯз, бо камоли ифтихор метавон гуфт, ки рӯзномаи «Анвори дониш» танҳо як василаи иттилоотӣ нест-он манбаи нур, рамзи ҳувият, оинаи бедории маънавият ва мактаби воқеии ватандӯстиву худшиносӣ мебошад.

Муҳаммадҷони Абдувоҳид-сармуҳаррири рӯзномаи “Анвори дониш”-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!