,
Панҷшанбе, 04-сентябр
Ифтихор ва шарафи бузург аст, ки дар кишвари соҳибистиқлоламон ҳамасола 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳ ва шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Зеро Рӯзи дониш дар ҷомеаи мо аҳаммияти бузурги маънавӣ дошта, оғози соли нави таҳсил ва рамзи саъйю кӯшиш дар роҳи донишандӯзӣ ҷиҳати таҳкими пояҳои давлату давлатдорӣ ва ободу зебо гардонидани мамлакати азизамон бо роҳи касби илму маърифат мебошад. Аз ин рӯ, ин рӯз ҳамчун санаи гиромидошти маърифату маънавиёт таҷлил мегардад, ки ин аз ғамхориву таваҷҷуҳи доимиву хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф далолат мекунад.
Ин рӯз на танҳо рӯзи оғози соли нави хониш, балки рӯзи омӯзиши нақши сулҳ ва аҳамияти он барои ҳаёти инсонӣ низ мебошад. Омӯзгорон ҳамчун раҳнамои равшанфикрон, хонандагонро ба роҳи сулҳ ҳидоят мекунанд. Ба ин восита, Дарси сулҳ на танҳо як дарс, балки сабақи зиндагӣ мебошад, ки дар руҳияи ҳар як хонанда нақши муҳимми ахлоқи ҳамидаро бедор мекунад.
Ҳамагон шоҳиди он будем, ки Пешвои миллат Дарси сулҳро бо суханронии пурмуҳтаво оғоз намуда, дар зимн вазифагузориҳои мушаххасро барои рушд ва пешрафти соҳа дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир, нақши сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро дар рушди давлатдории миллӣ муҳим арзёбӣ намуда, таваҷҷуҳи илму мактаб, оила ва ҷомеаро барои гиромидошти илму дониш ва маърифату худшиносии миллӣ ҷалб намуда, такид доштанд, ки “Асре, ки мо дар он кору зиндагӣ карда истодаем, асри илму дониш, кашфиёту ихтироот, техникаву технологияҳои навтарин - замони пешрафту тараққиёти миллату халқҳои босаводу донишманд ва навовару ихтироъкор мебошад”.
Воқеан, суханронии пурмуҳтаво ва вазифагузориҳои мушаххаси Пешвои маҳбуби миллат роҳнамо ва дастурест, ки ҳар як омӯзгор ва аҳли илму маорифи кишварро барои расидан ба ҳадафу мақсадҳои созанда роҳнамун месозад. Дастур ва роҳнамоест, ки ҳар як омӯзгор ҷиҳати муваффақшавӣ дар роҳи иҷрои касби пурмасъулият ва уҳдадориҳои вазифавӣ ба таври васеъ истифода намояд.
Ҳамзамон, муҳтарам Пешвои миллат иброз намуданд, ки: “Ҳангоми Дарси сулҳ аз гузаштаи вазнин ва начандон дури халқамон ёдовар шуда, шогирдон, яъне наслҳои наврасу ҷавонро даъват бояд кард, ки ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ расанд ва ин сарвати бебаҳои зиндагиро, ки самараи азму талош ва фидокориву ҷоннисориҳои ҷавонмардони бонангу ор ва мардуми шарифамон мебошад, пос доранд”. Пешвои маҳбуби миллат дар суханронии пурмуҳтавояшон ба падару модарон рӯ оварда таъкид доштанд, ки “Падару модарони гиромӣ бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки ояндаи равшану пурсаодати фарзандон, қабл аз ҳама, ба сатҳи масъулиятшиносии онҳо дар самти тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ ва руҳию равонии фарзандон вобаста мебошад. Дар ин самт устодону омӯзгорон ва аҳли маориф низ масъулият ва нақши бузург доранд”. Ин ҳидоятҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат барои ояндаи дурахшони насли наврасу ҷавонон аҳаммияти бузург дорад.
Маҳбубияти аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ва аҳли илму маорифу фарҳанг дар хусуси қадру қиммат ва манзалати омӯзгор дар паёмҳои пайвастаи Роҳбари муаззами миллат, билхоса суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш боз ҳам зиёдтар мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли илму маориф таваҷҷуҳи пайваста ва эҳтироми хос зоҳир намуда, иброз доштанд, ки “Ҷомеа бояд дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор ин эҳтиром ба миллат аст”.
Дар масъалаи сифати таълиму тарбия низ суханони Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти хоса доранд, чунки омода намудани кадрҳои баландихтисос ва тарбияи ҷавонони соҳибмаърифату ватандӯст ва сатҳу сифати таълиму тарбия аз муассисаҳои таълимӣ вобастагии зиёд доранд.
Пешвои миллат ҳамасола дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ атрофи беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи ҷавонон пешниҳоду вазифаҳои мушаххас ба миён мегузоранд. Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа Пешвои муаззами миллат иброз намуданд: “Мо вазифадор ҳастем, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимиро боз ҳам бештар дастгирӣ кунем ва манзалату обрӯи онҳоро дар ҷомеа баланд бардорем”. Дар ин робита Президенти мамлакат иброз доштанд, ки “Маҳз омӯзгорон - машъалафрӯзони ҷомеа қодиранд, ки имрӯзу фардои диёрро бо нури маърифат мунаввар созанд ва дар рушду тараққиёти давлату миллат ҳиссаи сазовор гузоранд”. Таваҷҷуҳи рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба омӯзгор ва дар руҳияи инсондӯстӣ тарбият намудани муҳассилин шоистаи таҳсину офарин мебошад.
Бад-ин васила метавон чунин хулоса намуд, ки рушди соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба он афзалият дода мешавад. Чунинчи Пешвои хирадафрӯзи миллат такид намудааснд “Соли 2025 дар қаламрави кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 309 муассисаи таълимӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои беш аз 94 ҳазор ҷойи нишаст идома дошта, то охири сол зиёда аз 200 бинои навбунёд бо тамоми шароити зарурӣ ба истифода дода мешавад”.
Ҳамзамон Роҳбари давлат доир ба саҳми соҳибкорон ватандӯст дар бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ёдовар шуда бо қаноатманди иброз доштанд, ки “Мехоҳам бо қаноатмандӣ хотирнишон намоям, ки тайи даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва шахсони саховатпеша ба маблағи 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ 1435 муассисаи соҳаи маориф бо 231 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст”.
Воқеан ҳам, баргузории Дарси сулҳ ва Рӯзи дониш аз ҳар ҷиҳат ба мафкураи наврасону ҷавонони мо таъсири мусбат расонида, онҳоро дар рӯҳияи гиромидошт ва омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбияву раҳнамоӣ менамояд. Маҳз ин омил, ба ташаккули зеҳнияти насли наврасу ҷавон мусоидат менамояд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки иқдоми наҷиб ва шоистаи таҳсини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз қабили роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ба монанди «Илм - фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба хотири боз ҳам тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии ҷавонон равона гардидааст. Дар ин радиф бо дастури Пешвои миллат ба хотири худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ, тарбияву раҳнамоӣ насли наврас озмуни «Шоҳномахонӣ» ба роҳ монда мешавад. Ин тадбир аз зумраи тадбирҳои хирадмандонаву маърифатпарваронаи Президенти хирадрою адабпарвари кишавари маҳбубамон мебошад.
Дар баробари дигар супоришу роҳнамоиҳояшон Президенти кишвар доир ба таҳияи китобҳо бо стандартҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъмини муассисаҳои таълимӣ ба китобҳои дарсиро яке аз масъалаҳои меҳварии соҳаи маориф арзёби намуданд. Дар ҳамин асос иброз доштанд, ки “Яке аз масъалаҳои муҳимми зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар умум соҳаи маориф таълифи китобҳои дарсии насли нав мебошад. Китоби дарсӣ бояд хонандаро на фақат ба дараҷаи шинохти илм расонад, балки андешаи ӯро бедор созад, дар ниҳоди хонанда ҷаҳонбинии дунявӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро ташаккул диҳад.
Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва Маркази тадқиқоти стратегӣ вазифадор карда мешаванд, ки бо ҷалби олимони соҳибтаҷриба Консепсияи таҳияи китобҳои дарсиро аз нав таҳия ва пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ пеш аз нашр аз ташхиси олимони Академияи миллии илмҳо гузаронида шаванд.
Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки корро дар ин самт тақвият бахшида, то охири соли равон эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимиро ба китобҳои дарсӣ пурра қонеъ намояд”.
Ҳамин тариқ, дар таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бори дигар исбот гардид, ки Раҳбари муаззами миллат, Пешвои азизи мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дастгир ва сарпарасти бевоситаи соҳаи илму маориф, насли имрӯза ва ояндаи Тоҷикистон дар роҳи касби илму дониш, забономӯзӣ, дӯст доштани Ватану миллат, ифтихор аз расму оинҳои миллӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ба гузаштагони пурифтихори мо, таълиму тарбия мебошанд ва барои мо ва кулли ҷомеи кишвар ҳамчун роҳнамои беғараз ва роҳнамои некбину хушназар, роҳбаи оқилу маърифатафзо намунаи ибрат мебошанд.
Алишери Абдулмаҷид- дотсенти кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ