, Чоршанбе, 27-август

ИСТИҚЛОЛИЯТ-БУЗУРГТАРИН НЕЪМАТИ ТОҶИКОН


ИСТИҚЛОЛИЯТ-БУЗУРГТАРИН НЕЪМАТИ ТОҶИКОН

Ин мақола бо чунин унвон тасодуфан номгузорӣ нашудааст. Зеро маҳз 34 сол қабл дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд шахсияти миллатдӯсте бо номи Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрати давлат омад. Имрӯз номи ӯ дар дили мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарз ҳамчун рамзи эҳёи давлатдории миллӣ мақоми хосро соҳиб аст.

«Ба нафақа баромада, дар бораи имрӯз ва фардои Ватани худ, халқи ҷафокашидаи худ бисёр меандешидам. Аммо вақте, ки ман Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун шахсият ва сиёсатмадор шинохтам, итминон ҳосил кардам, ки Тоҷикистонро ояндаи дурахшон интизор аст. Халқи тоҷик сарнавишти худро ба дасти шахси боэътимод супурдааст» (Раҳмон Набиев, собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1991-1992).

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвар ба мушкилоти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ шуд. Қувваҳои қудратталаби дохилию хориҷӣ тавонистанд дар муддати кӯтоҳ Тоҷикистони азизро ба гирдоби ҷанги дохилии хунин бикашанд.

Дар остонаи Истиқлолият, тақрибан тамоми 64 шаҳру ноҳияҳои кишвар зери таъсири бемориҳои сироятии хатарнок, аз қабили вабо, домана, гелиотрон, гули зиндонак ва дигарҳо қарор доштанд, ки метавонистанд ба генофонди миллат таъсири манфӣ расонанд. Матбуот пур аз ахбори ҷанг ва талафоти инсонӣ буд. Мақолаҳо ва шеърҳо бо мазмуни мотамӣ нашр мешуданд. Дар як муддат оромгоҳҳо аз ҷасадҳои нав пур гардиданд. Гуристонҳои нав ва ҳатто «гуристонҳои ғарибон» пайдо шуданд. Ҳар рӯз ғорату тороҷи молу мулк, сӯзондани хонаҳо ва баста шудани масоҷид афзоиш меёфт. Давлат бесоҳиб буд ва гурӯҳҳои силоҳбадаст метавонистанд ҳар сиёсатмадори ватаниро аз байн бибаранд.

Бо гузашти айём, пас аз ҳазорсолаҳои таърихӣ ва таҷрибаи талхи миллат, таҳти раҳбарии марди хирадманду ватандӯст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, халқи сарбаланди тоҷик Истиқлоли давлатии худро соҳибӣ карда тавонистанд. Истиқлол ва Озодӣ барои мардуми тоҷик рамзи воқеии ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва заминаи муҳими сохтмони ҷомеаи мутамаддин, зиндагии орому осоишта ва рушди устувори кишвар гардид.

Дар як муддати кӯтоҳ мардуми тоҷик, таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат ба он шарафёб гардидандд, ки Истиқлолияти давлатии худро аз хатарҳои дохилию хориҷӣ ҳимоя кунанд, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшанд ва пояҳои давлатдории миллиро барқарор намоянд.

Бо талошу ҷонфидоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои  Истиқлоли давлатӣ таҳким ёфта, дар кишвар сулҳ таъмин шуд, душманони хориҷию дохилӣ ноком гаштанд, фирориён ба Ватан баргаштанд, ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, мардум нафаси озод кашиданд ва Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста пайдо кард.

Рамзҳои давлатӣ чун Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ қабул гардиданд. Артиши миллӣ ва Қувваҳои мусаллаҳ таъсис ёфтанд. Амнияти миллӣ ва ҳифзи сарҳадҳо таъмин шуд. Конститутсия дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Пули миллӣ ба муомилот баромад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда «Қонуни забон»-ро қабул кард ва Истиқлоли давлатиро иди миллӣ эълон намуд.

Бо ташабуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон кардани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», 2013 «Соли байналмилаллӣ ҳамкори дар соҳаи об», солҳои 2005- 2015 Даҳсолаи байналмилалии  амал «Об барои ҳайёт», солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалӣ «Об барои рушди устувор», соли 2025  Соли байналмилалӣ пиряхҳо», Рўзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар намудани 21-уми март ва таъсиси Бунёди мақсадноки ҳифзи пиряхҳо  дар сатҳи байналмилалӣ бо овозҳои тамом қабул гардидаву мавриди амал қарор доранд. Ҳамзамон 30- уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалӣ сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид. Ҳамаи ин муваффақиятҳо самараи Истиқлол аст.

Имрӯз Тоҷикистон узви фаъол ва боэътимоди як қатор созмонҳои байналмилалӣ мебошад: Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, Созмони Ҳамкории Исломӣ, СААД, СҲШ, Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ва дигарҳо.

Боиси ифтихор аст, ки то имрӯз панҷ ташаббуси бузурги байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус СММ, дастгирӣ ёфта, дар сатҳи сайёра амалӣ мешаванд.

Имрӯз самараҳои Истиқлол дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа-тандурустӣ, маориф, илм, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, бозори меҳнат, занону ҷавонон, варзиш ва дигар бахшҳо эҳсос мешаванд. Ҳар яке аз ин муваффақиятҳо аз файзу баракати Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст.

Мо, мардуми тоҷик, шукрона мекунем, ки таҳти сарварии Президенти маҳбубамон сулҳу амният дар кишвар пойдор аст, ваҳдати миллӣ таҳким меёбад, ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ боло меравад. Тоҷикистони азизамон дар раддабандии давлатҳои тинҷу амн мақоми баландро ишғол мекунад.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол- аз кӯдак то бузургсол, вазифадор аст бо иттиҳоду ваҳдат, меҳнату заҳмати созанда Ватанро боз ҳам ободу зеботар гардонад, нуфузу обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боло барад ва ба қадри Истиқлоли давлатӣ, ки бузургтарин неъмати миллати тоҷик аст, расад.

Шариф Бегиев, муаллими калони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!