,
Якшанбе, 22-декабр
Яке аз масъалаҳои доғе, ки имрӯз тамоми ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст, ин терроризм ва экстремизми динӣ ва мазҳабӣ мебошад. Ба назари муҳаққиқон ва коршиносон, терроризм - сиёсат бар асоси истифодаи мунтазами террор ба ҳисоб меравад. Аммо, новобаста аз қувваи ҳуқуқии истилоҳи «терроризм», таърифи он то кунун духӯра боқӣ мемонад.
Террор яке аз воситаҳои асосию паҳнгаштатарини муборизаи замони инқилоб ва аксулинқилобҳо ба шумор меравад ва ҷомеаро дар давраҳои модернизатсияи сиёсии моҷарогароӣ ва муқовиматҳои иҷтимоӣ қавӣ менамояд. Дар ин замон муҳим нест, ки аввалин шуда кадом ҷониб ва ё кӣ даст ба истифодаи зӯрии канораю ғайриқонунӣ мезанад. Аҳамияти асосиро сатҳи муқовимати қувваҳои сиёсӣ ва маданияти сиёсии онҳо ташкил медиҳад. Вожаи «террор» (лот. terror - ҳарос, даҳшат) дар забони форсӣ-тоҷикӣ ба унвони «ваҳшатаканӣ», «даҳшатафканӣ» ё «ҳаросафканӣ» ном бурда шудааст. Аз рӯйи ҷуғрофия терроризм ба терроризмҳои давлатӣ, фаромиллӣ, маҳаллӣ ва фардӣ тақсим мешавад, вале ин ягона тақсимбандӣ нест. Олимон боз терроризмро ба терроризми сиёсӣ, динӣ, миллигароӣ, терроризми ҷаҳонӣ, наркотерроризм, кибертерроризм ва терроризми ҳастаӣ, кимиёвию биологӣ тақсим намудаанд. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.
Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳама ҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад.
Мо ҳама шоҳиди он мебошем, ки қариб ҳар рӯз дар ҳар гӯшаю канори дунё амалҳои даҳшатноки террористӣ бо истифода аз моддаҳои тарканда, аслиҳаи оташфишон, яроқи сард ва шахсони худкуш ба амал меояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва ин даҳшатро батамом эҳсос менамояд, дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон бо терроризм ва экстремизм мубориза мебарад. Дар ин замина асноди марбута ба тасвиб расидааст, аз ҷумла бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шудааст. Яке аз вазифаҳои марҳилаи аввали татбиқи Стратегияи мазкур муаррифии васеи Стратегия ва ҷалб намудани таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа ба он буда, ҳамзамон бахши махсуси он ба масъалаҳои гендерӣ ва ҷалби занон ба пешгирии экстремизм бахшида шудааст.
Қурбони терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратор ва гуруҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Чи тавре ки Роҳбари давлат қайд карданд, вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон аз ҳамаи мақомотҳои қудратӣ тақозо дорад, ки барои ҳама гуна ҳолатҳо омода бошанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар бояд диққати асосиро ба касбият ва омодабошии ҳайати шахсӣ равона карда, ҳама вақт дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир омода бошанд.
Тавре ки болотар ишора кардем, шинохти терроризм ва экстремизм тақозои замон аст ва бехабарию ноогоҳӣ аз ин навъ таҳдидҳои ҷиддии башарӣ зиндагиро дар сайёраи инсонӣ мушкил месозад. Зеро ки террористон ва экстремистон дар миёни ҳар қавму миллат ва ҷомеа вуҷуд доранд ва илова бар ин, гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ аз ҷониби иддае аз қудратҳои ҷаҳонӣ ва хадамоти махсуси иттилоотии баъзе кишварҳо пуштибонии молию пулӣ ва сиёсию мафкуравӣ меёбад. Ин ҳолат моро водор месозад, ки пайваста ҳушёру зирак бошем ва дар иттиҳоду ҳамбастагии равонӣ, фикрию иҷтимоӣ ва сиёсию мафкуравӣ алайҳи ҳама гуна фишору тааррӯз ва террору ифротгаройӣ муборизаи беамон бубарем.
Шарифова Ҳанифамоҳ, ассистенти кафедраи химия ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ