, Чоршанбе, 27-август

ПАЖӮҲИШГАРИ ЖАРФБИН


ПАЖӮҲИШГАРИ ЖАРФБИН

Адабиёти ҳазорсолаи форс - тоҷик ҳамеша ба пажӯҳандагони андешаманду жарфнигар ниёз дорад. Агар тазкиранависон дар пайи ҷустуҷӯи дарёфтҳои адибон намебуданд, мо хонандагони оддӣ дар воридшавӣ ба жарфои осори гузаштагон дармемондем. Зеро маҳз таҳлилгарони бинишвар метавонанд ба нозукиҳои сухани сараву ташбеҳоти малеҳ, андешаҳои фалсафиву ирфонӣ дарбираванд, он андешаҳоро аз зеҳне ба зеҳни дигар бирасонанд. Устоди зиндаёд Шоҳвалӣ Саидҷаъфаров яке аз он муфассирони шоистаи адабиёт буданд, ки дар умри кутоҳи худ тавонистанд дар дили садҳо ҷавонони донишёб чароғи рӯшноии адабиёти куҳани тоҷиконро фурӯзон кунанд. Агар бигӯем, ки мавсуф шӯридаву мафтуни сухани зебои тоҷикӣ буданд, иштибоҳ нахоҳем кард. Ҳар гоҳ сухан аз ҷойгоҳи шеъри тоҷик дар тарбияти зебоишиносиву сухангустарӣ мерафт, устод  бедиранг, силсилабайтҳое аз ашъори бузургон хонда, онҳоро тафсир менамуданд. Метавон гуфт, дар ҳар маҳфилу ҷамъомадҳое, ки ҳозир мешуданд, дар он ҷо як фазои шеъргӯиву шеършиносӣ эҷод мешуд. Зиндаёд ба бисёре аз шогирдони Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳақи устодӣ доштанд.  Банда шахсан ҳамеша хешро вомдори ин донишманди фарзона ва мураббии ботадбир медонам, зеро маҳз он кас буданд, ки хаёли норасидаи мо шогирдони худро ба вожаҳои зебо, қофияҳои равон, ташбеҳоту истиораҳои расо ҷалб карда, моро ба сайри гулгаштҳои оростаи адаби форсӣ-тоҷикӣ, бурдаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки ба иллати марзбандиҳои сиёсӣ ва азҳам дар ҷудоии фарҳангӣ зистани порсигӯёни Ирон, Хуросон ва Тоҷикистон, адабиётдӯстони ин се кишвар, метавон гуфт, бо офаридаҳои адибони садаи XVI – XX он фалот ошноии шоиста надоранд. Чунончи аксарияти парасторони адабиёт дар Тоҷикистон ба осори Калими Кошонӣ, Толиби Омӯлӣ, Файзи Даканӣ, Қоонии Шерозӣ, Насими Шамол ва монанди онҳо шиносоии боиста надоранд ва ҳамин гуна дар Эрону Хуросон бо офаридаҳои Бадриддини Ҳилолӣ, Шамсиддин Шоҳин, Туғрали Самарқандӣ ва чанде дигарон ба нудрат ошноӣ доштанд. Адабиётшиносони доно ба хотири бебаҳра намондани порсизабонони ин се кишвари дар як паҳнаи адабӣ ҷой дошта, талош варзидаанд то ҷое имкон дорад ҳамзабоноро бо каломи бадеъи эҷодгарони кишварҳои ҳамзабон наздик намоянд. Устод Шоҳвалӣ Саидҷъфаров яке аз он адабиётшиносони пуркоре буданд, ки мавзӯи пажӯҳиши илмии хешро барои дарёфти унвони илмии «номзади фанҳои филологӣ», ба эҷодиёти  шоири тавонманди порсисарои кишвари Ҳиндустон, Толиби Омӯлӣ бахшиданд.

Боиси таассуф аст, ки устод Шовалии Саидҷаъфар натавонист, ҳангоми дар қайди ҳаёт буданашон рисолаи худро, ки арзиши баланди илмиро дорост, ба шакли китоб дароранд ва онро дастраси хонанда гардонад. Имрӯз онро бо забони русӣ дар даст дорем ва умед дорем, ки рӯзе фаро мерасад ҷигарбандашон онро бо забони тоҷикӣ тарҷума намуда рӯи чоп меоранд ва ба дасти хонандаи нуктасанҷ онро мерасонанд.

Донишманди пуркор бо таҳлили густурдаи хоси худ ба паҳлӯҳои гуногуни осори пурсамари ин шоир, нозукхаёлона нигариста, бар асари кундуковҳои хеш адабпарварони Тоҷикистонро на танҳо бо ашъори Толиби Омулӣ, балки бо як идда аз суханофарони боистеъдоди замони зисти шоир ошно сохтаанд.

Ба гумони мо Шоҳвалӣ Саидҷаъфаров яке аз донишёрони ангуштшуморе буданд, ки ба нозукиҳои вазни арӯз дасти дароз дошта, дар варандоз намудани каломи мавзуни шоирони ҷавони муосир саҳми шоён доштаанд. Аз навишторҳои мавсуф  пайдост, ки ҳар гоҳ ба ҳангоми  мутолиа ва таҳлили ашъори шоирон, ба сухани тозаву нобе чашм медӯхтанд, дар маврид бо ихлоси баланд, бо як ризоияту қаноатмандӣ аз дарёфтҳои он сухангустарон суҳбат оростаанд. Гувоҳи ин нукта, мақолаҳои ӯ мебошанд, бахшида ба офаридаҳои шоири ҳамзамони худ, Ҳақназар Ғоиб ва дигар адибони Тоҷикистон, ба вижа адибони минтақаи Кӯлоб, ки  пажӯҳишҳои пурмуҳтавое  мебошанд, дар нақди адабии муосир.

Аз истеъдоди нотакрори ин донишманди доно, на танҳо доираҳои илмиву фарҳангии шаҳри Кӯлоб баҳра мебурданд, балки чуноне ба ёд меояд мақомоти шаҳрдорӣ ва раёсати Донишгоҳ пайваста аз ҳамкориҳои беғаразонаи он кас бархурдор буданд. Банда устод Шоҳвалӣ Саидҷаъфаровро шахси саодатманд мепиндорам, зеро дар баробари анҷом додани кори муқаддасе, чун пайвастани ҷавонон ба дунёи адаби форсӣ – тоҷикӣ, дар хонадони шарифи худ якчанд донишмандони тавоноро ба воя расондаанд. Фарзандонашон Озод Саидҷаъфаров ва Парвина Саидҷаъфарова соҳибунвон буда, яке доктори илмҳои филологӣ ва дигаре духтарашон номзади илмҳои фалсафа буда, кори падарро комёбона давом медиҳанд.

Мо аз таърихи адабиётамон номҳои бинишварони бузурге, чун Рашиди Самарқандӣ, Низоми Арӯзии Самарқандӣ, Шамс Қайси Розӣ, Лутфалибеки Озар, Ғиёсиддини Хондамир, Соммирзои Сафавӣ, Садриддин Айнӣ, Холиқ Мирзозода ва монанди онҳо чандин муҳаққиқони тавонои дигарро медонем, ки аз тариқи кундуковҳову таҳлилҳояшон ба осори бузургони адабиётамон дурусттар ошно шудаем. Яқин аст, ки устод Шоҳвалӣ Саидҷаъфаров кори он бинишварони бузургро пайгирӣ намуда, дар бозёфту бозшинохти нозукиҳои осори офарандагони адабиёти форс-тоҷик ковишҳову нигаришҳои нотакрор кардаанд.

Устод Шоҳвалӣ Саидҷаъфаров дар миёни чеҳраҳои адабшиносии замони мо ҷойгоҳи хосе доранд, зеро на танҳо бо эҳсоси баланду дарки амиқ аз зебоиҳои сухани ниёгон ба омӯзиши осори адибон пардохтанд, балки бо чашми таҳқиқ ва дили муҳаббатбор дар пайванд додани наслҳои нав бо ганҷинаҳои фарҳанги миллиамон нақши муассир гузоштанд. Кори эшон, чун пайванди устуворе миёни дирӯз ва имрӯз, миёни шеъри куҳан ва завқи муосир, миёни донишмандии амиқ ва муҳаббати беғаразона ба адабиёт, намунаи олии садоқат ба илму фарҳанг ва хидмат ба илму адаб мебошад.

Ашурова Нодира Ҷумаевна-доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!