, Чоршанбе, 27-август

УСТОД – ОФТОБИ МАЪРИФАТ ВА РӮҲИ БЕДОРИ МИЛЛАТ


УСТОД – ОФТОБИ МАЪРИФАТ ВА РӮҲИ БЕДОРИ МИЛЛАТ

Ҳеҷ кас мисли омӯзгор дар саҳифаҳои зиндагии инсон нақши амиқу пойдор намегузорад. Дар зиндагии ҳар инсон омӯзгоре ҳаст, ки на танҳо ӯро бо алифбо, адад ва формула ошно кардааст, балки бо самимият, меҳрубонӣ ва меҳнатдӯстӣ роҳнамоӣ намудааст. Он омӯзгорон, ки ба хотири як сарчашмаи нурбахш - илм ва инсонпарварӣ, тамоми ҳастии худро бо шукӯҳу муҳаббат нисор мекунанд, сазовори номе ҳастанд, ки аз «муаллим» болотар - «Устоди зиндагӣ»-ст.

Имрӯз, вақте мо ба саҳми омӯзгорон назар меафканем, мебинем, ки дар паси ҳар як шахси муваффақ, донишманд ва босавод, як чеҳраи меҳрубон меистад, ки барояш дарси аввал- дарси одамиятро гуфтааст.

Омӯзгор будан танҳо ба додани дарс ё анҷоми вазифаи касбӣ маҳдуд намешавад. Ин касб, як рисолати азим аст. Рисолати бедор кардани ақлҳо, ташаккули шахсиятҳо ва ба сӯи фардо раҳнамоӣ кардани насли нав.

Ҳамарӯза мо шоҳиди заҳмату садоқати омӯзгорони арзандаем, ки бе таваққуф дар талошанд, то донишҷӯён на танҳо маълумоти касбӣ, балки ғояҳои баланди ахлоқиву ватандӯстиро аз бар кунанд.

Аз ҷумла, дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ наслҳои зиёде бо роҳнамоии устодон ба камол расидаанд. Ин машъалафрӯзони роҳи илму дониш ҳар кадом дар зиндагии донишҷӯёни худ нақши муассир гузоштаанд. Мо ифтихор мекунем, ки чунин шахсиятҳои фидоии маърифат, аз қабилӣ: Ибодов Маҳмадулло Орифович, Ҳоҷиматова Гулчеҳра Масаидовна, Абдуллоев Маҳмуд Холович, Худойдодова Шарофат Зардовна, Раҳимова Савронбӣ Раҳимовна, Сайдалиев Додарбек, Нозимов Абдулҳамид Абдуалимович, Асоева Комилахон Аломиддиновна, Файзуллоева Фирӯза Мадохировна, Ғафурова Моҳира Ғафуровна, Камолова Маҳбуба Расуловна, Ғуломова Садбарг Нозимовна, Кармышева Бунафша Назруллоевна, Исоева Дилором Сайдаҳмадовна, Раҳимова Мавҷуда Раҳимовна, Сайдамирова Клара Ҷумаевна, Салихова Лутфия Назаровна, Нурматова Заррина Шерматовна, Камолов Шодмонҷон, Гиёев Абдуназар Худойназарович, Ашӯров Аззамат Ҷумаевич, Ёқубҷон Эргашевич, Иброҳими Аҳмадхон, Худойдодова Обидамо Зардовна, Мирзоев Суҳроб, Шарипов Сабур Расулович, Муродов Равшан Назриевич, Назарова Рухшона Тағаймуродовна, Ҷумаева Дилором Ҷумаевна, Ёқубова Сайрам бо шукуҳу хоксорӣ ва донишу таҷрибаи худ донишҷӯёни сершуморро ба роҳи дониш, ахлоқ ва инсондӯстӣ раҳнамоӣ кардаанд.

Ин устодон намунаи олии омӯзгори ҳақиқӣ мебошанд, ҳам дар дониши касбӣ, ҳам дар фарҳанги муошират ва ҳам дар масъулияти иҷтимоӣ. Шогирдон на танҳо аз онҳо илм меомӯзанд, балки рафтору гуфтор ва фаҳми зиндагиро низ аз онҳо меомӯзанд.

Омӯзгорон бо вуҷуди мушкилоти рӯзгор пайваста дар фикри пешбурди илм ва камолоти инсонанд. Онҳо қаҳрамонони хомӯшанд, на барои худ, балки барои дигарон зиндагӣ мекунанд.

Он устодон, ки имрӯз дар кафедраҳои донишгоҳ бо самимият ва дониш дарс мегӯянд, шояд садо баланд накунанд, вале таъсири онҳо дар тақдири шогирдон бо сад ҳазор садо танинандоз аст.

Мероси устодон китоб нест, балки инсон аст. Донишҷӯе, ки имрӯз бо ифтихор ном мебарад, ки устодаш Савронбӣ Раҳимовна буд ё Фирӯза Мадохировна, ин худ як нишони умри самарафзои омӯзгор аст.

Дигар ин ки омӯзгор метавонад аз дунё равад, вале нури дониш ва меҳри ӯ дар қалбҳо абадӣ мемонад.

Дар зиндагӣ инсонҳое ҳастанд, ки бо буданашон ҷаҳони мо рангу равшанӣ мегирад. Онҳо мисли шамъеанд, ки дар торикии нодонӣ равшанӣ мебахшанд ва роҳнамо мешаванд. Вақте чунин инсонҳо моро тарк мекунанд, ҷисман шояд набошанд, вале рӯҳан ва хотиран ҳамеша бо моянд. Бо эҳсоси баланди инсонӣ бояд гуфт, ки омӯзгорони ҳақиқӣ намемиранд. Онҳо дар ҷисму ҷони шогирдонашон ҳамеша зиндаанд.

Имрӯз мо бо эҳтиром ва сари таъзим ёд мекунем аз омӯзгорони барҷастае, ки тамоми умри худро ба маърифату одамият бахшида, бо хоксорӣ, дониш ва муҳаббати беинтиҳо ба таълиму тарбияи насли нав камар баста буданд. Мо бо ифтихору эҳтиром ёд мекунем номҳои мондагоре чун, Кадруллоев А.К., Дурнева Т.П., Сайдаҳмадов Л.С., Каримов М.А., Ниёзов А.М., Муродов Т.Н., Давлатова Р.Ҳ., Носиршоев И., ки шогирдонашон имрӯз устод, олим, роҳбар, мутахассис ва шахсияти комили ҷомеа шудаанд. Зиндагии чунин устодон мисли китобе аст, ки ҳар саҳифааш бо меҳру заҳмат навишта шудааст. Онҳо агарчи имрӯз миёни мо нестанд, аммо дар ҳар гӯшаи донишгоҳ, дар ҳар ёди шогирд ва дар ҳар дастоварди шогирдонашон зиндаанд. Онҳо рафтанд, вале нурашон боқӣ  монд.

Бисёр омӯзгорон буданд, ки на барои мартаба, на барои шӯҳрат, балки танҳо ба хотири масъулияти ватанпарварӣ ва инсонгароӣ ба ин роҳ қадам ниҳоданд. Онҳо аз таҳти дил дарс медоданд, ҳарфи нек меомӯхтанд, шогирдонро на танҳо бо дониш, балки бо одамият парвариш медоданд.

Ҳар боре ки номи онҳо ба забон оварда мешавад, қалбҳо аз меҳру эҳтиром, аз қадрдонӣ ва аз эҳсоси қарздорӣ меларзанд. Мегӯянд, ки хотираҳо посдори рӯҳҳои бузурганд. Мо, шогирдон вазифадорем, ки номи чунин устодонро пос дорем. Бигузор донишҷӯёни нав, насли имрӯз бидонанд, ки пеш аз онҳо инсонҳое буданд, ки санги бинои маърифатро ба дӯш бардошта буданд. Ва ҳар дарсе, ки имрӯз гуфта мешавад, сояи заҳмати он бузургонро бо худ дорад.

Онҳо дигар ба аудиторияву кафедра ва факултет намеоянд, лек дар ҳар лаҳзаи муваффақияти мо, дар ҳар калимаи дурусти гуфтаамон, дар ҳар инсонияте, ки ба касе меомӯзем-онҳо ҳастанд. Бигзор рӯҳи поки ҳамаи омӯзгорони фидоии мо шод бошад. Ёди онҳо ҷовидон аст!

Ҳақиқатан, устодон сутунҳои устувори ҷомеаанд, ки бо меҳри беинтиҳо, дониш ва садоқати бемисл ба насли роҳ саодату хушбахтро меомӯзонанд, даст мегиранд, ба камол мерасонанд ва ба ҷодаҳо пургули зииндагӣ роҳнамоӣ мекунанд. Ҳамин аст, ки ояндаи ҳар миллат дар рӯи тахтаи синф оғоз меёбад ва бо қалами устод шакл мегирад. Аз ин рӯ, ҳар як комёбии фардои ҷомеа, таҷаллии заҳмату фидокориҳои омӯзгорони имрӯз аст. Бигзор арҷгузорӣ ба устодон як суннати пойдор бошад, зеро маҳз онҳоанд, ки моро ба роҳи равшани илм, ахлоқ ва инсонгароӣ ҳидоят мекунанд.

Шарифзода Одинамо Пирназар- дотсент, муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии   Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!